Шодмон Ризоев ҷудокори боистеъдоди тоҷик, ки дар Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ иштирок дошт сазовори мақоми сеюм ва медали биринҷӣ шуд. Ӯ рӯзи 4 – уми август аз Чемпионати Осиё-2022, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, медали нуқра оварда буд. Дар радабандии ҷудочиёни кишвар Шодмон дар зинаи панҷум қарор дорад.
Ӯ ба Your.tj нақл кард, ки чаро варзишгар шуду чӣ гуна пайиҳам дар мусобиқаҳо дастболо шудаистодааст.
Шодмон Ризоев ба нерусанҷӣ аз даври дуюм муқобили варзишгари Тунис – Ҳачем Селлами пардохт. Ҳарифи Шодмон бо дарёфти се “шидо” мағлуб дониста шуд.
Дар чорякниҳоӣ Ризоев бо ҷудокори маъруфӣ ӯзбек – Шарофиддин Болтабоев рӯ ба рӯ шуд. Ҷудокорон рақобати ҷолибу диданӣ нишон дода, Ризоев дар сонияҳои охири қувваозмоӣ тавонист бо истифода аз зиддиусул аз ҷудокори ӯзбек имтиёзи “ваза-ари” касб кунад ва ғолиби ин рақобат гардад.
Мутаассифона дар ниманиҳоӣ Ризоев аз ҷудокори гурҷитабори Имороти Муттаҳидаи Араб – Нугзари Таталашвили шикаст хурд.
Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Шодмон Ризоев варзишгари Қирғизистон – Асад Масабировро бо “иппон” мағлуб кард ва сазовори ҷойи сеюм гашт.
Шодмон мегӯяд, ки дар Чемпионати Осиё медали нуқра гирифта, дар ин мусобиқа барои медали тилло талош дошт.
“Ман тамоман руҳафтода нестам, мағлуб шудам? аз ин бар меояд, ки бояд хубтар тамрин кунам бештар кушиш. Ин барои ман як таҷриба буд, ки дар оянда хатоҳоямро ислоҳ кунам”, – мегӯяд, Шодмон.
ДУШВОРТАРИН РӮЗИ ЗИНДАГӢ
Ҳарчанд Шодмон қаблан дар чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ иштирок намуда бошад ҳам, иштирок дар Чемпионати Осиё-2022 барояш таҷрибаи нав буд.
Дар ин мусобиқа ӯ сараввал бо варзишгари Ҷумҳурии Мардумии Чин қувваозмоӣ намуда, ғолиб омад. Рақиби дуюмаш бошад варзишгари машҳури Қирғизистон Владимир Золоев буд. Ин варзишгар соли гузашта қаҳрамони Чемпионати Осиё гашта бошад ҳам Шодмон аз ӯ наҳаросид ва бо иродаи қавӣ ӯро шикаст дод.
Сипас дар даври нимниҳоӣ бар варзишгари Қирғизистон низ ғалаба намуда, ба даври финали роҳ ёфт. Вале мутаассифона дар даври ниҳоӣ ӯ аз варзишгари ҷопонӣ Сасаки Такеши шикаст хӯрда, соҳиби ҷойи дуюм гашт.
“Рафти мусобиқаи Чемпионати Осиё бисёр мураккаб ва ҷиддӣ буд. Ҳамаи варзишгарон кӯшиш мекарданд, ки тамоми қувваю нерӯи худро нишон дода, ғолибият ба даст оранд. Ман бо чор ҳариф мубориза бурдам ва бароям хеле мушкил буд. Фикр мекунам ҳамон рӯз душвортарин рӯзи ҳаёти ман буд. Вале хушҳолам, ки аз он дасти холӣ барнагаштам”, – иброз дошт, қаҳрамони мо.
ОИЛАИ ПАҲЛАВОНҲО
Шодмон Ризоев 20 декабри соли 2001 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Шодмон аз хурдсолӣ ба варзиш шавқу рағбати беандоза дошт. Дар мусобиқаҳои гӯштин ки дар ҷашнҳои Наврӯз миёни деҳаҳо баргузор мегашт, иштирок менамуд. Метавон гуфт, ки варзиш ба ӯ аз гузаштагонашон мерос мондааст. Дар деҳа оилаи онҳоро ҳамчун оилаи паҳлавонон мешиносанд.
“Ман дар оилаи паҳлавонҳо таваллуд шудаам. Фикр мекунам варзиши гӯштин барои ман як чизи меросӣ ва муқаддас аст. Шавқу рағбати маро дида, амакам маро баъди хатми синфи 5 ба шаҳри Душанбе оварда, дар Мактаб-интернати варзишии шаҳр дохил намуд, ман хатмкардаи ҳамин мактабам”,- нақл мекунад, Шодмон.
АЗ АВВАЛИН НОКОМӢ ТО ДАСТГИРИИ НАЗДИКОН
Шодмон Ризоев аз синни 12-солагӣ ба варзиши гӯштини ҷудо машғул аст ва устоди ӯ дар ин роҳ Ахмедов Салимҷон мебошад. Ҳамчунин ӯ амакаш Ризоев Хайриддинро яке аз аввалин устодони худ меҳисобад, ки барои рушду такомули Шодмон ҳамеша талош менамояд.
Аввалин мусобиқае, ки қаҳрамони мо дар он ширкат намуд, Турнири байналмиллалӣ дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон буд. Ӯ барои иштирок аз ин мусобиқа ду сол тамрин намуда буд, аммо аз ин сафар ноком баргашт.
Шодмон аз нокомии аввали худ рӯҳафтода нашуда, бештар аз пештар аз пайи тамрин шуд. Сипас соли 2017 дар шаҳри Чирчики Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё иштирок намуда, дар вазни 50 кг якбора соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
“Аз нокомии аввалинам дилшикаста нашуда, ҷиддитар аз пайи тамринҳо шудам ва ба ин натиҷаҳо расидам. То имрӯз ҳар дастоварде, ки дорам бо шарофати дастгириҳо амакам Ризоев Хайриддин, дӯсту бародарам Саидмуҳаммад Тоҷидинов ва сарпарасти кулуби варзишии “Вастан” Нуралӣ Шарипов мебошад.
Инчунин аҳли оилаам низ дар ҳама комёбиву нокомиҳо дар бари ман ҳастанд, ки ман аз эшон доиман миннатдорам”, – афзуд, ҳамсӯҳбати мо.
ДАСТОВАРДҲО
Дар баробари дастовардҳо зикрнамудаамон Шодмон Розиев дар чандин мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст. Соли 2019 ӯ дар Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон иштирок карда, унвони чемпионии кишварро соҳиб шуд ва ба Чемпионати Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳхат гирифт.
Дар ин мусобиқа то даври финалӣ рафта сазовори ҷойи дуюм гардид. Сипас тайи ду сол дар Федератсияи Русия ба тамрини ҷиддӣ машғул шуд ва ҳамзамон дар мусобиқаҳои дохилии ин кишвар ширкат варзида, таҷриба ба даст овард. Ӯ дар чандин Турнирҳои умумирусиягӣ сазовори ҷойи аввал гашт.
Моҳи декабри соли гузашта Шодмон ба Ватан баргашт ва дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштин миёни ҷавонон иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал шуд. Сипас ба Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ки дар шаҳри Лубнони кишвари Ливан баргузор гардид, роҳхат гирифта дар он соҳиби медали тилло ва унвони Қаҳрамони Осиё миёни ҷавонон гардид.
Шодмон донишҷӯи Донишкадаи тарбияти ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов буда, мақсад дорад, ки дар ояндаи қаҳрамони бозиҳои олимпӣ гардад.
Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ