fbpx

Ҳалокати сарбози тоҷик, ки баъди ҷароҳат дар муноқишаҳои марзӣ табобат мегирифт

Мухтасари хабарҳои рӯз


0

Ду соли зиндон ба раиси собиқи Суди шаҳри Хуҷанд

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси собиқи Суди шаҳри Хуҷанд бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон 2 сол равонаи зиндон шудааст. Ба иттилои Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳ рӯзи 11-уми ноябр содир шуда, вале нусхаи ҳукм танҳо имрӯз, 16-уми ноябр ба дасти онҳо расидааст.

То 2 сол зиндонӣ шудани Ҳомидзода дар ҳолест, ки ӯ, бо моддаи 319, қисми 3 гумонбар дониста шуда, ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 10 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Сабаб ба муҳлати камтар аз тақозои қонун зиндонӣ шудани додраси собиқ маълум нест.

Хабари боздошти Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев аввалҳои моҳи май расонаӣ шуд ва дертар Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро дар як посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кардааст.

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон гуфта буд, ки “нисбати Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ва Маҳмадсаидзода Рустам Муҳаммадсаид бо моддаи 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо моддаҳои 36 қисми 5 “шарикони ҷиноят”, 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва 247 қисми 4 банди “б” “қаллобӣ”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда айни замон тафтиши пешакии он идома дорад”.

Он замон Оҷонсӣ дар бораи ҳаҷми маблағи пора хабар надода буд. Вале дертар ду ниҳоди масъул ҳаҷми пораро гуногун гуфтанд.

Аввал раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода бо гирифтани 2,5 ҳазор доллар пора гумонбар мешаванд ва ин маблағ байни онҳо тақсим шудааст.

Баъдан, Оҷонсии зиддифасод гуфт, Муҳаммадзода ва Маҳмадсаидзода зимни гирифтан 4 ҳазор доллар пора дастгир шудаанд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ин ду додраси собиқ тавассути миёнарав Шоҳидҷон Ҳоҷибоев, як вакили дифоъ барои ҳал намудани парвандаи ҷиноятие, ки дар баррасии додраси собиқ Рустам Маҳмадсаидзода қарор дошт, аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ дастгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти боздошти ин ду додрас ва як вакили дифо нимаи моҳи апрели имсол сурат гирифта буд, аммо он замон ниҳодҳои расмӣ ин иттилоъро тасдиқ ва рад накарда буданд.

Рӯзи 30 май Муҳаммадзода, Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як додраси додгоҳи ноҳияи Сино Раҳмиддин Раҳимзода бо фармони раисҷумуҳури кишвар аз вазифа озод шудаанд.

Ҳалокати сарбози тоҷик, ки баъди ҷароҳат дар муноқишаҳои марзӣ табобат мегирифт

Оқилҷон Одиназода, як сарбози тоҷике, ки дар низоъҳои ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон захм бардошта буд, дирӯз, 15 – уми ноябр, аз олам даргузашт ва дар зодгоҳаш ноҳияи Тоҷикобод ба хок супорида шуд. Дар ин бора Сӯҳроб Ваҳҳобзода, як корбари шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, Оқилҷон Одиназодаи 22 сола, баҳори соли 2021 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста буд ва дар яке аз воҳидҳои низомии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд хидмат мекард.

“Дар даргириҳои хунин дар Исфара дар муқобили душмани паймоншикан ҷангид ва шадидан маҷрӯҳ шуд, вале сангари худро тарк накард”, – гуфтааст Ваҳҳобзода.

Ӯ афзуд, марҳум чанд муддат дар бемористони шаҳри Хуҷанд ва як моҳи ахир дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Ду бор ҷарроҳӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар маросими дафни ӯ дар зодгоҳаш муовини фармондеҳи Сарраёсати Қушунҳои Сарҳадии КДАМ, сардори Раёсати КДАМ дар ноҳияи Рашт, сардори Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт, раиси ноҳияи Рашт, раиси ноҳияи Тоҷикобод, командирони воҳидҳои низомии минтақаи Рашт ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон ба иттилои расмӣ 59 нафар ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хонаводаи оилаҳое, ки дар натиҷаи ин низоъҳо аз олам даргузаштанд, кӯмакҳои гуногун ироа кард ва барои поси хотири қурбониён парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро қабул намуд.

Сардори 24 – солаи VIP-и Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт бо корд захмӣ шудааст

Дар Душанбе сардори 24 – солаи толори VIP-и Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт Зафарҷон Самӣ бо корд ҷароҳат гирифтааст. Бо ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тавре аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд, парванда аз рӯи моддаи “авбошӣ” оғоз гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, Зафарҷон Самӣ шоми рӯзи 11 ноябр ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар назди яке аз тарабхонаҳои пойтахт дар маҳалли 112-ум аз зарбаи корд захм гирифтааст.

Сабаби муноқиша, инчунин аз ҷониби кӣ оғоз гардидани ҷанҷол маълум нест.

“Мақомоти тафтишот шахсияти афроди дар ҷанҷол дастдоштаро муайян карда, айни замон ҷиҳати боздошти онҳо чора андешида мешавад”, – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки Зафарҷон Самӣ писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шариф Самӣ аст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, худи Шариф Самӣ ҳодисаи зарб хӯрдани писарашро дар ин муноқиша тасдиқ ва ё рад накардааст.

“Ягон гап нест, ҳама тинҷ аст. Вазорати корҳои дохилӣ чизе гӯяд, ҳамон. Ман дар кор ҳастам”, – гуфтааст ӯ рӯзи 15 ноябр дар як суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ.

Гуфта мешавад, кӯшиши тамос бо худи Зафарҷон Самӣ натиҷа надодааст. Се ҳамкораш дар фурудгоҳи Душанбе гуфтаанд, «ӯ рӯзҳо ба кор намеояд».

Медали тиллои ягона намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба пауерлифтинг

Бахтиёр Раҳимов, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг, ки аз 2-юм то 5-уми ноябр дар шаҳри Орландои Амрико баргузор гардид, соҳиби як медали тилло ва як нуқра гардид.

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод менависад, ки Бахтиёр Раҳимов  ягона намоянда аз Тоҷикистон  дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг буд.

“Бахтиёр дар сабқати пауэрлифтинг сазовори медали тилло ва дар сабқати рост истода бардоштани вазн медали нуқра гирифт”, – навиштааст Кумитаи миллии олимпӣ.

Аз соли 2008 инҷониб чанд сол аст, ки Тоҷикистон ба Паралимпиада шумораи ками варзишгаронро мефиристад, ки аксаран як нафаранд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо медал нагирифтааст.

Дар Бозиҳои XV Паралимпии Рио-2016 низ Тоҷикистонро як варзишгар – Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр намояндагӣ карда буд, вале бемедал баргашт.

Дар Бозиҳои паралимпии соли 2008 дар Пекин Тоҷикистонро ду варзишгар дар мусобиқаи пауэрлифтинг – Зайтуна Розиқова (48 кг) ва Хайрулло Абдураҳимов (67,5 кг) намояндагӣ карданд. Он замон Зайтуна зинаи нуҳумро ишғол намуда, Абдураҳимов бинобар сабаби солиматиаш рақобат карда натавонист.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон майдонҳои варзишие нестанд, ки барои маълулон шароити хуби тамрин дошта бошанд. Дар натиҷа, чунин варзишгарон дар марказҳои варзишии пулакӣ, ё майдонҳои маҳдуди мавҷуда машқ мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend