fbpx

Дар Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони каримро дуздиданд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0

600  нафар. Шумораи рекордии мусофирон дар қатораи Кӯлоб – Волгоград

Пас аз таваққуфи дусола, аввалин қатора аз Тоҷикистон ба Русия 15 август ба роҳ баромад.

Равобит тариқи қатора байни Тоҷикистон ва Русия, ки ду сол қабл, бо сабаби пандемия қатъ гардида буд, аз сар гирифта шуд.

Субҳи имрӯз қатори аввал аз Кӯлоб ба Душанбе расид ва 2 соат таваққуф намуд. Назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ дар пойтахт анҷом дода шуд, чун қатора дигар дар ҳудуди Тоҷикистон таваққуф нахоҳад кард.

Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе серодам буд, зеро аксари мусофирони хатсайри мазкур аз Душанбе чипта харидорӣ карда буданд. Байни мусофирон занону кӯдакон ва нафарони солманд низ мушоҳида мешуданд. Ҳамаи онҳо барои сафар ба Русия омодагӣ медид.

Айни замон қатора бо зиёда аз 600 мусофир ба самти Русия раҳсипор аст.

Шароити сафар, фаъолияти кондитсионеру вазъи ҳоҷатхонаҳо, оби гарм барои чой ва дигар шароити роҳати мусофирон баъди ба нуқтаи таъинот расидани қатора маълум хоҳад шуд.

Аз Кӯлоб ба Волгоград қатора рӯзҳои сешанбеи ҳафта раҳсипор гардида, рӯзи ҷумъа ба Волгорад мерасад. Аз Волгоград қатора рӯзҳои ҷумъа ба роҳ баромада, рӯзи душанбе ба Кӯлоб мерасад.

Аз Душанбе ба Волгорад қатора рӯзҳи шанбе раҳсипор гардида, рӯзи сешанбе бозпас бармегардад. Аз Хуҷанд ба Волград қатора рӯзи чоршанбе ба роҳ баромада, рӯзи шанбе бозпас бармегардад.

Қатораҳо барои фаровардан ва гирифтани мусофирон дар як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия таваққуф мекунанд.

Қатораи Кӯлоб – Волгоград дар қаламрави Тоҷикистон дар истгоҳҳои Данғара, Сангтӯда, Вахш, Ёвон, Янги-Бозор (истгоҳи Ваҳдат) ду дақиқагӣ ва дар Бохтар 20 дақиқа таваққуф мекунад.

Истгоҳҳо дар Ӯзбекистон: Кумқӯрғон, Қаршӣ, Самарқанд, Навоӣ, Учқудуқ, дар ду шаҳри Қароқалпоқистон – Мискин ва Қунғурот;

Истгоҳҳо дар Қазоқистон: Бейнеу, Қулсара, Макат, Доссор, Атирау, Ак-Кистау, Исатай ва Ганюшкино.

Дар Русия пас аз убури сарҳад дар Оқсарой (Аксарайская) қатора то расидан ба Волгоград дар шаҳрҳои Верхний Баскунчак, Владимировка ва Волжский меистад.

Дар Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони каримро дуздиданд

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони карим дуздида шуд,

Гуфта мешавад, нусхаи китоби муқаддас шаби 9 ба 10 август рабуда шудааст. Шахсони номаълум нусхаи дастнависи китоби Қуръони каримро, ки дар макони зиёрати “Султон Увайси Қаранӣ” дар маҳаллаи “Балликӯл” дар ноҳияи Чортоқ нигаҳдорӣ мешуд, дуздида, ба самти номаълум ғайб задаанд.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин робита бо моддаи 169 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, ҷараёни тафтишот зери назорати Раёсати умури дохилӣ ва прокуратураи вилоят қарор дорад.

Нусхаи дуздидашудаи Қуръони Карим аз абрешим соли 1874 тайёр шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш – 51 сантиметр ва ғафсиаш – 12 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар ҳар кадоме аз 426 саҳифаи китоб 13 сатр оятҳо навишта шудааст.

Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш

Бар асари оташгирии як мошини бензинкаш дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1 корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳалок шуда,  2 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодиса дирӯз, 15 август тақрибан соати 22:10 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, мошини тамғаи КАМАЗ, ки мутааллиқ ба ҶДММ “Соро ойл” будаву бензин мекашид, дар назди ошхонаи “Давлатовҳо” воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбед бо сабабҳои номаълум оташ гирифтааст.

“Шахси фавтида сокини 28-солаи кӯчаи Заҳматободи шаҳри Душанбе буда, ҷароҳатбардоштагон яке сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Харангони ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини 45-солаи деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор аст”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, аввалӣ 92% аъзои баданаш дар ин сӯхтор сӯхтаву дуюмӣ бо 44 дарсад сӯхтаи баданаш бистарӣ шудааст ва ҳоли якеро духтурон вазнин арзёбӣ кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд.

Семён Григорев – сафири нави Русия дар Тоҷикистон

Владимир Путин, Президенти Русия Семён Григоревро Сафири нави фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон таъйин кард.

Ӯ дар ин маснад Игор Лякин-Фроловро иваз намуд. Лякин-Фролов аз соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон буд.

То замони таъйин шудан ба ин вазифа Семён Григорев дар ВКХ роҳбарии департамент оид ба робита бо субъектҳои Федератсия, парламент ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба зимма дошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ қаблан низ дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовири сиёсии дафтари САҲА фаъолият кардааст. Муддате дар сафорати Русия дар Афғонистон ва Эрон ҳамчун мушовир кор кардааст.

Ҳамчунин, Семён Григорев солҳои 2008-2018 ба ҳайси аввалин сафири Русия дар Ҷумҳурии Абхазия адои вазифа намудааст.

Сафири нав донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва пашту мебошад.

Шумори қурбониёни таркиш дар бозори Ереван ба 16 нафар расид

Шумори умумии ҳалокшудагон аз таркиш дар анбори маводи тарфгарӣ (пиротехника) дар бозори “Сурмалу”-и шаҳри Ереван ба 16 нафар расид.

Дар байни ҳалокшудагон, аз ҷумла кӯдак ва зани ҳомиладор дарёфт шудаанд. Шахсиятҳои ҷасади 9 кас ҳоло шинохта нашудааст.

Гуфта мешавад, айни замон боз 18 нафар бедаракшуда пас аз таркиш дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 август дар анбори маводи тарфгарии маркази савдои “Сурмалу” якчанд таркиш рух дод, ки пас аз он сӯхтор ба амал омада, бино тахриб шуд.

То субҳи 15 август шумори ҳалокшудагон 6 кас, осебдидагон – зиёда аз 60 нафар ва бедаракшудагон – 16 нафар арзёбӣ мешуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend