fbpx

Чаро 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати “шахсони назоратшаванда” дар Русия ворид шуданд

Ба таври муфассал мефаҳмонем, ки ин феҳрист чист, чӣ гуна номи худро тафтиш кардан мумкин аст ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанд, чӣ хавф дорад.


-21
-21 points
Муҳоҷири тоҷик дар Русия
Акси марбута аз интернет

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандони кишварро, ки дар феҳристи шахсони “таҳти назорат” (назоратшаванда)-и Федератсияи Русия қарор гирифтаанд, нашр кард. Ин рӯйхат ҳамагӣ беш аз 120 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки айни ҳол дар Русия қарор доранд.

Ба таври муфассал мефаҳмонем, ки ин феҳрист чист, чӣ гуна номи худро тафтиш кардан мумкин аст ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд, чӣ хавфҳо дар пай дорад.

Чӣ шуд?

Мақомоти Русия маълумоти феҳристи шахсони “таҳти назорат (назоратшаванда)”-ро нашр карданд. Дар ин феҳрист атрофи 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Ҳамаи маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ нисбати шаҳрвандоне, ки ба феҳристи мазкур шомил шудаанд, аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунанд.

Рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи минтақаҳо тақсимбандӣ шудааст, онҳоро дар пайванди поён зеркашӣ карда, маълумоти худро тафтиш кардан мумкин аст.

Дар рӯйхат насаб, ном, номи падар, соли таваллуд ва маҳалли зист нишон дода шудааст.

Рӯйхати шахсон аз рӯи минтақаҳо:

Инчунин маълумоти иловагиро тавассути тамос бо ниҳодҳои дахлдор тавассути телефонҳои зерин ба даст овардан мумкин аст:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон: +992 37 250-32-40, +992 37 250-32-09, +992 37 250-32-42

Хадамоти муҳоҷират: +992 37 225-05-95, +992 37 225-05-89, +992 37 225-05-77

ВКД: +992 37 227-86-31, +992 37 221-98-12, +992 93 876 26 26, +992 93 922 06 84.

Феҳристи шахсони назоратшаванда, яъне чӣ?

Ин рӯйхати шахсоне мебошад, ки барои будубош дар Федератсияи Русия асосҳои қонунӣ надоранд.

Дар феҳрист маълумот дар бораи муҳоҷироне ворид мешавад, ки муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷираташон ба охир расидаст ё бекор карда шудааст, инчунин онҳое, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ содир кардаанд ва ҳоло бояд аз кишвар хориҷ карда шаванд.

Дар рӯйхат, инчунин маълумот дар бораи шаҳрванд ё шахси бешаҳрванд аз рӯзи қатъи асосҳо барои будубоши қонунӣ дар ФР, убури ғайриқонунии сарҳади ФР, қабули қарор дар бораи рад кардани эътирофи гуреза, қарор дар бораи қатъи шаҳрвандии ФР, бекор кардани раводид ё иҷозатномаи истиқомат, қабули қарор дар бораи кӯтоҳ кардани мӯҳлати будубоши муваққатӣ, депортатсия, номатлуб будани будубош (зиндагӣ) дар Федератсияи Русия ва ғайра оварда шудааст.

Ҳамин тавр, ба феҳрист категорияҳои шаҳрвандони дар зер номбаршуда дохил карда мешаванд.

Категорияи хориҷиён Санаи дохилкунӣ ба феҳрист
Бо гузаштани мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ Як рӯз пас аз ба охир расидани мӯҳлати муқарраршуда
Шахсоне, ки сарҳади давлатии Федератсияи Русияро ғайриқонунӣ убур кардаанд Аз лаҳзаи ошкор шудани воридшавӣ ба ФР
Шаҳрвандоне, ки тибқи шартномаи байналмилалии реадмиссия ба ФР интиқол дода шудаанд, аммо барои дар ФР будан асоси қонунӣ надоранд Аз санаи қабули шаҳрванди хориҷӣ аз ҷониби ФР
Бо ҳуҷҷати бекоршуда, ки дар асоси он дар ФР қарор доштанд (масалан, раводид ё иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ) Аз рӯзи бекор кардани ҳуҷҷатҳо
Шаҳрвандоне, ки баррасии дархостҳояшон дар бораи эътирофи мақоми гуреза, додани (тамдиди) паноҳандагии муваққатӣ рад шудааст ё аз мақоми гуреза е паноҳанда маҳрум карда шудаанд Аз рӯзи қабули қарор
Онҳое, ки қарор шудааст, аз ФР хориҷ карда шаванд Аз рӯзи қабули қарори ВКД Русия дар бораи таъйин кардани ҷазо дар шакли ихроҷи маъмурӣ берун аз қаламрави ФР ё ворид шудани нусхаи қарори суд ё ХБФ (ФСБ) Русия ба ВКД Русия
Шаҳрвандоне, ки аз қаламрави ФР берун рафтанашон маҳдуд, вурудашон ба Русияро манъ карда шудааст, муҳлати будубошашон дар ФР кам ё будубоши онҳо дар ФР номатлуб дониста шудааст Аз рӯзи қабули қарори ВКД Русия ё воридшавии нусхаи қарор дар бораи номатлуб будани будубош (зиндагӣ) дар ФР ё надоштани иҷозаи вуруд ба ФР
Мусофирони киштии сайёҳӣ ё гузора Бо гузашти 72 соат пас аз расидан
Шаҳрвандоне, ки нисбати онҳо дар бораи қатъи шаҳрвандии ФР дар сурати надоштани асосҳои қонунӣ барои будубош дар қаламрави ФР қарор қабул шудааст Аз рӯзи қабули қарор
Гунаҳкорон дар содир намудани ҷиноят Аз лаҳзаи ба ВКД Русия ворид шудани нусхаи ҳукми айбдоркунии суди ФР дар бораи гунаҳкор донистани шаҳрванди хориҷӣ дар содир кардани ҷиноят

Ин ба муҳоҷир чӣ хавф дорад?

Пеш аз ҳама хавфи хориҷшавӣ дорад. Яъне, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки дар феҳрист қарор доранд, низоми махсуси ҳуқуқӣ – низоми ихроҷ татбиқ карда мешавад.

Низоми ихроҷ, инчунин тақсимбандии маҷмӯи махсуси ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои марбут ба амали худи ин низомро ба шаҳварнди хориҷӣ пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, хориҷиён метавонанд:

  • аз мақомоти ваколатдор дархост намоянд, ки татбиқи низоми ихроҷро нисбати онҳо асоснок кунанд;
  • аз болои қарорҳо бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят кунанд.

Вазифаҳои шахси назоратшаванда инҳоянд:

  • иштирок аз рӯи даъвати ВКД Русия;
  • иҷрои талабот, манъкунӣ ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни федеролӣ аз 25 июли соли 2002 № 115-ФЗ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” (минбаъд Қонуни № 115-ФЗ);
  • хабар додан ба ВКД Русия дар бораи ҷойгиршавии худ; ҳолатҳое, ки ба хуруҷи саривақтӣ аз ФР монеа мешаванд; иваз кардани ҷои будубош бе иҷозати дахлдори мақомоти ваколатдор, агар чунин тағйирот бо шароити қувваи бартарафнашаванда ба вуҷуд омада бошад; сана, ҷой ва масири баромадан аз ФР.

Инчунин шаҳрванди хориҷие, ки дар феҳрист қарор дорад, ҳуқуқи содир кардани бисёр амалҳои одиро аз даст медиҳад, аз ҷумла, ӯ наметавонад:

  • ширкат таъсис диҳад ё иҷозатномаи соҳибкори инфиродӣ (ИП) гирад;
  • амволи ғайриманқул, мошин ва дигар таҷҳизоти техникӣ бихарад. Вай наметавонад амволи ғайриманқулро ба қайди кадастрии давлатӣ гузорад ё ҳуқуқ ба воситаҳои нақлиётро ба қайди давлатӣ гирад. Инчунин, ӯ ҳатто ронандагӣ карда наметавонад ва ба имтиҳони шаҳодатномаи ронандагӣ роҳ дода намешавад, шаҳодатномаи ронандагиро гирифта ё иваз карда наметавонад;
  • суратҳисоби бонкӣ кушода наметавонад ва амалиёти дигари вобаста карда наметавонад. Ба шахси назоратшаванда танҳо иҷозат дода мешавад, ки пулро барои пардохти пардохтҳои ҳатмӣ тибқи қонунҳои ФР интиқол диҳад, интиқолро ба суратҳисоби худ қабул кунад ва то 30 ҳазор рублро дар як моҳ барои эҳтиёҷоти шахсӣ бозпас гирад;
  • издивоҷ кунад;
  • ҷои истиқомат ё будубошро иваз кунад, агар иҷозати дахлдори мақомоте, ки чунин шахсонро назорат мекунад, ба даст наорад;
  • аз ҳудуди субъекти ФР берун равад (аммо дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст аз Русия берун равад);
  • амалҳои дигареро, ки қонун ба ӯ манъ кардааст, ба монанди муассис ё аъзои ташкилоти ҷамъиятӣ ё динӣ шавад.

Илова бар ин, дар доираи низоми ихроҷ шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд:

  • аз шахси назоратшаванда ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро, ки барои назорат заруранд, талаб карда гиранд;
  • ба биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳое, ки дар онҳо шахси назоратшаванда қарор доранд (зиндагӣ мекунад) ё дар ягон вақти муайян қарор доранд, дастрасӣ дошта бошанд;
  • аз ташкилотҳо, аз ҷумла бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ (қарзӣ-молиявӣ) ва ташкилотҳое, ки намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкиро амалӣ менамоянд, ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи мавҷудият ва рақамҳои суратҳисобҳои бонкии шахси назоратшаванда, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи гардиши маблағҳои пулӣ дар чунин суратҳисобҳо, ки барои назорати шахси назоратшаванда заруранд, аз ҷумла дорои сирри бонкиро дастрас кунанд;
  • дар ҳудуди субъекти ФР, мунисипале, ки дар он шахси назоратшаванда зиндагӣ мекунад (дар он ҷо қарор дорад), ба ҷойҳои эҳтимолии будубоши шахси назоратшаванда раванд ва чунин ҷойҳоро тафтиш кунанд;
  • дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Фератсияи Русияро амалӣ намоянд.

Илова бар ин, аз соли нав ВКД метавонад муҳоҷиронро бе қарори суд аз Русия хориҷ кунад.

Оё маълумотро мустақилона тафтиш кардан мумкин аст?

Қисми оммавии феҳристи шахсони назоратшаванда бояд аз 5 марти соли 2025 ба ба кор дарояд, хабар медиҳад «Парламентская газета».

Дар зерсистемаи пӯшидаи сомонаи ВКД насаб, ном, номи падар, санаи таваллуди муҳоҷир нишон дода мешавад. Ғайр аз он, ҷинс, рақами силсилавӣ ва рақами шиноснома, инчунин маълумот дар бораи қонқншикан дар феҳристи шахсони назоратшаванда сабт мешванд.

Хоҳишмандон метавонанд бубинанд, ки муҳоҷир дар феҳрист ҳаст ё не. Аммо маълумоти дигар эҳтимолан барои пайдо кардани шахс дар пойгоҳи додаҳо ҳангоми дархост кардани маълумот истифода мешавад. Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки барои пешниҳоди дархост бояд майдонҳои ҳатмӣ дар бахши “Реестр контролируемых лиц” дар сомонаи ВКД пур карда шавад.

Сабтином дар феҳрист бояд дар давоми як рӯз пас аз ворид кардани шахс ба он пайдо шавад. Ҳамин тариқ, на дертар аз 24 соат, агар хориҷиро аз он ихроҷ кунанд, вай бояд ҳазф кунад. Илова бар ин, операторони сомона вазифадор карда мешаванд, ки таърихи ҳамаи дархостҳоро дар давоми панҷ соли коркарди онҳо нигоҳ доранд, ҳамин тавр, ВКД метавонад фавран бубинад, ки шаҳрванд дар қайд буд ё не.

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд худро аз рӯи рӯйхатҳои дар боло зикршуда санҷанд, аммо чун рӯйхатҳо нав карда мешаванд, бояд мунтазам тафтиш карда шаванд, аз ҷумла дар сомонаи https://mehnat.tj/.

Дар кадом ҳолат шаҳрванди хориҷӣ аз феҳрист хориҷ карда мешавад?

Қонун як қатор асосҳоро барои истисно кардани маълумоти қаблан ба феҳристи шахсони назоратшаванда дар бораи шаҳрвандони хориҷии мушаххас пешбинӣ кардааст. Ҳамин тавр, маълумот дар бораи шаҳрванд аз ин феҳрист хориҷ карда мешавад, агар:

  • шаҳрванди хориҷӣ Русияро тарк кард;
  • шаҳрванди хориҷӣ барои истиқомат ё будубош дар қаламрави ФР асосҳои қонунӣ гирифт;
  • қароре, ки дар асоси он шаҳрванди хориҷиро ба феҳрист дохил карданд, бекор карда шуд ё суд онро ғайриқонунӣ эътироф намуд;
  • шаҳрванди хориҷӣ вафот кард ё фавтида эълон шуд.

Муҳоҷиронро аз соли нави 2025 дар Русия боз чӣ интизор аст?

Аз соли 2025 мӯҳлати зиёдтарини будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия тағйир меёбад. Агар ҳоло меҳмонон аз кишварҳои дигар дар Русия метавонанд 90 рӯз дар давоми ним сол (180 рӯз) зиндагӣ кунанд, аз ин пас метавонанд ҳамагӣ 90 рӯз дар як соли тақвимӣ дар ин кишвар ба сар баранд.

Аз 5 феврали соли 2025 номгӯйи асосҳое, ки барои хориҷиён ё шахсони бешаҳрвандӣ убури сарҳад ба ҳарду ҷонибро манъ мекунад, меафзояд. Ҳамин тавр, сарҳадбонон ҳатман хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандро роҳ намедиҳанд, агар:

  • ба онҳо вуруд ё баромадан ба/аз Русия манъ аст;
  • онҳо дар баъзе ҳолатҳо маълумоти биометриро пешниҳод накарданд, то онҳо муайян карда шаванд. Агар хориҷӣ ба пешниҳоди маълумоти биометрӣ розӣ шавад, пас пас аз супоридани маълумоти дахлдор ӯро роҳ медиҳанд;
  • сарҳадбонон аз рӯи ягон аломат муайян карданд, ки меҳмони хориҷӣ метавонад ба амнияти Русия таҳдид кунад;
  • шаҳрвандони зикршуда ҳуҷҷати иҷозати вуруд ё баромадро нишон надоданд (онҳоро танҳо то лаҳзаи пешниҳоди чунин ҳуҷҷат дар сарҳад дастгир кардан мумкин аст) ё агар чунин ҳуҷҷат пешниҳод шуда бошад, аммо маълум шуд, ки он қалбакӣ аст;
  • хориҷӣ марзбононро дар бораи ҳадафҳои сафари худ ба Русия фиреб кард.

Илова бар ин, сарҳадбонон ҳангоми ҳалли масъалаи роҳ додани меҳмон аз сарҳад ҳуқуқ доранд, ки хатари будубоши ин шахсро дар ФР мустақилона арзёбӣ кунанд – оё ӯ метавонад ягон амали ғайриқонунӣ, аз ҷумла таҳдид ба амнияти давлатро анҷом диҳад ё не.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-21
-21 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
15
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend