fbpx

Варзиш тавон мебахшад. Чӣ тавр Ҳасанҷон бо як даст гӯштин мегирад?

Бо як даст замин каланд мекунад, об мемонад, сатили пуроб мебардорад.


2
2 points

Ҳасанҷон Ғафуров  аз дасти чап модарзод маҳрум аст. Ӯ дар намуди варзиши дзюдо машқ мекунад. Қаҳрамони мо ҳанӯз 13 сол дорад, вале аллакай  дар чандин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ қувваозмоӣ кардааст. Имрӯз дар хазинаи шахсии ӯ беш аз 30 нишон ҷамъ шудааст, ки қариб 25 адади он тилло мебошад.

Варзишгари наврас зимни суҳбат бо Your.tj  дар хусуси тамринҳо ва нақшаҳояш нақл кард.

Нахустпаҳлавони деҳа

Ҳасанҷон Ғафуров дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омадааст. Оилаи онҳо ҳама варзишгаранд. Падараш Муҳаммадалӣ Ғафуров дар овони ҷавонӣ гӯштингир буд. Се  бародараш ҳам дар намуди варзиши бокс ва футбол тамрин мекунанд.

Ӯ мегӯяд, ки меҳри гӯштин дар дилаш ҳагоми иштирок дар мусобиқаҳои наврӯзӣ  пайдо шудааст.

“Ҳар вақте дар деҳа чорабинии наврӯзӣ мешавад,  як майдоне барои гӯштингирӣ   месозанд. Дар он калонсолон ва ман барин хурдсолон гӯштин мегиранд. Бо ҳамроҳии  падар ва бародарон ба тамошои мусобиқаҳои наврӯзӣ меравем.

Гӯштингирии  ҳамсолонамро дида ҳавас мекардам. Бисёр мехостам, ки ман ҳам тезтар либоси варзишӣ пӯшаму миёнамро бо камарбанд бандам. Ёд дорам, ки дар хона падарам усулҳои гӯштингириро ёд медоданд. Аммо ман мехостам, ки бо бачаҳо дар толор машқ кунам ва нахустпаҳлавони деҳа дар байни ҳамсолон шавам.

Ҳамин тавр, вақте 7 сола шудам, аз падар хостам, ки маро ба толори машқ баранд. Падарам маро ба толор бурданд. Аз ҳамон рӯз сар карда, гӯштингирӣ мекунам. Хушбахтона, имсол дар чорабинии  наврӯзии соли 2022  нахустпаҳлавон дар байни хурдсолон шудам”,   – бо  хушнудӣ нақл мекунад Ҳасанҷон.

Тамрини бе истироҳат

Ба варзишгари наврас падару мураббиаш гуфтаанд, ки  дар таътили  тобистона истироҳат кунад,  машқро баъди таътил давом медиҳад.

Аммо вай ба гапи онҳо гӯш надода, реҷае, ки дар рӯзҳои мактабӣ дошт, се моҳи таътил низ давом додааст.

“Ман машқро тарк кардан намехоҳам, зеро бо варзиш худро ҳамеша солим эҳсос мекунам. Ҳар рӯз аз соати 5 – и субҳ мехезам. Либоси варзишиямро мепӯшам ва дар гирди варзишгоҳе, дар  назди  ҳавлиамон аст, медавам.

То соати 10 машқ мекунам, пасон  бо китобхонӣ ва иҷрои вазифаҳое, ки муаллимон додаанд, машғул мешавам. Аз саломатӣ ва шароити машқ  шикояте надорам.  Падару модарам низ тарафдоранд, ки тамрин кунам. Фақат модарам аз дилсӯзӣ намехоҳад, ки бисёр машқ кунам”,

“Нозпарвар будан намехоҳам”

Муҳаммадалӣ Ғафуров падари гӯштингири наврас аз он изҳори хушнудӣ мекунад, ки  писараш аз надоштани  дасти чап  рӯҳафтода нест.

Мавсуф то ба имрӯз боре ҳам  шоҳид нашудааст, ки  нисбат ба фарзандаш тамғазанӣ сурат гирифта  бошад. Баръакс, писараш дар ҳалқаи ҳамсолонаш  рӯз аз рӯз калон шуда,  нисбатан фаъолтар ва  худбовар гардидааст.

“Ёд дорам, ки Ҳасанҷони аз панҷсолагӣ  ҳамроҳам ба толори машқ мерафт. Ӯ аз синни 7 солагӣ тамрини гӯштини дзюдоро сар кард. Муаллими аввалинаш ман ҳастам.

Акнун ба вай Икром Пирназаров,  Алибек Дилшодзода ва  Комроншоҳи Устопирён ҳаққи устодӣ доранд. Намедонам, ки то ба имрӯз  дар чанд мусобиқаҳои дохили кишвар иштирок кардааст. Чун қариб ҳар моҳ мураббияш занг зада,  шодиёна мерасонад, ки писаратон ҷойи намоён гирифт.

Чанде пеш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар Ӯзбекистону Қирғизистон доир шуд, иштирок кард. Хушбахтона, дар он ҷо ҳам ба нишони тилло сарфароз шуд. Ману модараш аз  бурдҳои писарамон ашки шодӣ мерезем. Чун ӯ тавонист, ки бо як даст гӯштин гирад ва ифтихори мо шавад”, – бо ҳаяҷон афзуд падари гӯштингири наврас.

Тавре аҳли хонаводаи Ҳасанҷон Ғафуров мегӯянд, вай  ягон бор аз тамринҳои зиёд  шикоят накардааст. Баръакс, илова бар тамринҳо дар корҳои хоҷагӣ ба модар ёрӣ медиҳад.

Падар ба вай манъ кардааст, аз ки бори вазнин бардорад. Аммо Ҳасанҷон аз падар пинҳонӣ  кори вазнинро ҳам иҷро карда, бори заҳмати  модару бародаронро кам карданӣ мешавад.

Бо як даст замин каланд мекунад, об мемонад, сатили пуроб мебардорад. Вай ҳеҷ намехоҳад, ки нозпарварди хона бошад. Ҳасанҷон бо ин хурсолӣ мисли калонсолон рафтор мекунад ва дигарон аллакай ба ҳама хулқу атвори  одат кардаанд.

Аҳли оила орзу доранд, ки вай дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами миллиро парафшон кунад. Ҳама ба ин боваранд, он рӯз дур нест, ки бо Ҳасанҷон тамоми Тоҷикистон ифтихор намояд.

Натиҷаҳои аввалин дар дзюдои касбӣ

Алибек Дилшодзода, мураббии  мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини Кохи варзишии “Ланглиф” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аст. Вай дар бораи  шогирдаш Ҳасанҷон Ғафуров  чунин гуфт:

“Ҳасанҷон зеҳни хеле бурро дорад. Усули ҳалуки сари китфро ниҳоят хуб иҷро мекунад.  Дигар услуҳоро ҳам тез аз худ менамояд ва маҳорати дар вақти зарурӣ истифода кардани онро дорад. Аввалин мусобиқааш дар деҳа бо ҳамсинфон ва дигар ҳамсолонаш буд. Дар аввал хеле шармгин буд.

Нобоварӣ ва тарс дар дилаш ҷой дошт. Падараш ҳам нахуст изҳори нигаронӣ карда буд, ки дасти чапаш нест, чӣ хел  гӯштингирӣ мекунад. Падарашро тасаллӣ дода мегуфтем, ки асос завқу ҳавас дорад, боқӣ тарбия мекунем. Ҳамин тариқ,  тамринҳоро  ҷиддан сар  кардем.

Нахуст  Ҳасанҷон дар мусобиқаҳои байнитолорӣ қувваозмоӣ кард. Ҳамин тариқ, дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардем. Чанде пеш дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ, ки дар шаҳри Тошканд барпо гардид, иштирок намудем.

Дар аввал ҳарифонаш ба Ҳасанҷон назарногирона муносибат карданд. Ҳасанҷон чанд тан  ҳарифони мағрурро дар сонияҳои аввал мағлуб кард. Мураббиёни дигар варзишгарони наврас ҳам  гуфтанд, ки бо як даст  гӯштингирӣ ғайриимкон аст. Гӯштингирӣ ӯро рӯҳану ҷисман хароб мекунад.

Дар ҷавоб  ба он гуфтам, ки шогирдамон ҳеҷ шикоят надорад ва аз сабқат кардан бо ҳамсолонаш намеҳаросад. Вақте дар ҳамин мусобиқа шогирдамон бори аввал ба тахтаи фахрӣ баромада, нишони тиллоро ба гарданаш овехт, зери садои суруди миллӣ  ашки шодӣ рехт. Бегумон аз чашми мо ҳам донаҳои  ашки равон шуданд”.

Вақте  Ҳасанҷон Ғафуров  ба синни камолот мерасад,  аз рӯи қонунҳои мавҷудаи соҳаи варзиш бо ҳамсолонаш ба майдони сабқат баромада наметавонад. Аз ин рӯ, вай  имкон дорад, ки қуллаҳои муродро  дар мусобиқаҳои сатҳи баланди параолимпӣ фатҳ намояд.

Файзуллохон ОБИДОВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend