fbpx

“Конибодом” дар сари сарбозон. Парвандаи ҷиноятӣ барои акси таҳқиромез

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Таҳқири сарбозони тоҷик
Акс аз сомонаи Прокуратураи генералӣ

Подполковник баъди тамаъҷӯйӣ ва дастдарозӣ аз мансаб барканор шуд

Подполковник Дилмурод Шодизодаро аз мансаби сардори Раёсати тафтишоти Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд рондаанд. Қаблан як зан ӯро ба таҷовуз ва тамаъҷӯйӣ муттаҳам карда буд.

Зане ки даъво дорад муфаттиши шаҳри Хуҷанд дастдарозӣ кардааст
Шаҳло Давлатова

Мақомот сабаби рондани Дилмурод Шодизодаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Вале як манбаи Радиои “Озодӣ” сабаби барканории ӯро “суистифода аз вазифа” гуфтааст.

Намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба шарти фош нашудани номаш гуфтааст, барканории афсари баландпоя рост аст, вале “тасмим ба даъвои сокини Хуҷанд Шаҳло Давлатова рабт надорад”.

“Ҳоло дар захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст ва сарнавишти баъдияш маълум нест”,- илова мекунад ӯ.

Қаблан Дилмурод Шодизода тасдиқ карда буд, парвандаи Шаҳло Давлатоваро таҳқиқ кардааст. Аммо гирифтани 30 ҳазор доллар ва дастдарозӣ ба номуси ӯро рад карда буд.

Шаҳло Давлатова, сокини шаҳри Хуҷанд, моҳи майи имсол иддао кард, ки Дилмурод Шодизода аз ӯ дар ивази қатъи парвандааш 30 ҳазор доллар ситонда, як дафъа ба номусаш таҷовуз намудааст.

Мақомот ин занро ба иттиҳоми муомила бо доллар моҳи ноябри соли 2022 дастгир ва чаҳор сол аз озодӣ маҳрум карданд. Иҷрои ҳукм то замони ба ҳаштсолагӣ расидани кӯдаки хурдияш ба таъхир афтодааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми май иддаои Шаҳло Давлатоваро “комилан дурӯғ” номида, худи ӯро ба “муомилаи ғайриқонунӣ бо доллар, судхӯрӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва монеъ шудан ба кори муфаттиш” муттаҳам кард.

“Конибодом” дар сари сарбозон. Парвандаи ҷиноятӣ барои акси таҳқиромез

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки нисбати ду сержанти қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои таҳқири 9 сарбоз парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Таҳқири сарбозони тоҷик
Акс аз сомонаи Прокуратураи генералӣ

Манбаъ менависад, баъди нашри мақола бо номи “Дар сари фарзанди мардум номи ноҳияи Конибодом….” ва акси ҳолати ба таври таҳқиромез кам кардани мӯйи сари сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

“Муайян гардид, ки 14 январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич ӯҳдадор гардидааст, ки тибқи талабот мӯйи сари сарбозонро кам карда, тартиб ва намуди зоҳирии онҳоро ба низом дарорад”,- омадааст дар хабар.

Номбурда бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ сарбозони навдаъватшуда Б.Л. Кароматзода, М.А. Азамзода, С.Н. Қурбонов, И.М. Гулмирзоев, И.Р. Раҳматуллозода, К.Р. Кенҷаев, Р.Н. Раҷабов, Н.У. Мирзоев ва К.С. Ғуломзодаро барои бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намудан ва нишон додани бартарии ҷисмонии худ, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон кардаааст.

“Ӯ ба намуди зоҳирии сарбозони қатории номбаршуда таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”,- меафзояд манбаъ.

Баъдан бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти хурд А.М. Давлатов ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст.  А.М. Давлатов акси мазкурро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур 16 июни соли 2023 нисбати хизматчиёни ҳарбӣ  М.Н. Исмоилов ва А.М. Давлатов бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар чанд моҳи охир ин мавриди дувуми ба ҷавобгарӣ кашидани сарбозони собиқ барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон аст.

Суди олии Тоҷикистон моҳи майи имсол як афсар ва ҳафт сарбози собиқро ба латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ гунаҳкор ва аз 9 то 11 сол зиндонӣ кард.

Онҳо дар охири моҳи апрели имсол ва дар пайи пахши навори латукӯби сарбозон дар як қисми марзбонӣ боздошт шуданд.

Меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон мушкили куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расиданд.

Бебарқ мондани беш аз 50 ҳазор нафар дар Узбекистон дар натиҷаи шамоли сахт

Зиёда аз 50 ҳазор сокини вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд ва Ҷиззахи Узбекистон дар натиҷаи шамоли сахти рӯзи 19-уми июн бе барқ мондаанд.

Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар додааст, ки дар натиҷаи шамоли сахт интиқоли нерӯи барқ ба 600 ҳазор сокини Бухоро ва 23 ҳазору 560 сокини Навоӣ қатъ карда шуд.

Ҳамчунин рӯзи 19-уми июн нуҳ ҳазор сокини ноҳияҳои Самарқанд низ бе барқ мондаанд.

Дар Самарқанд ва вилоятҳои дигари Узбекистон рӯзҳои охир тундбоди шадиди ғуборолуд мушоҳида мешавад.​

Ярмарка ба муносибати Иди Қурбон дар Душанбе

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар арафаи Иди Қурбон ярмарка ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдорро ба имзо расонидааст.

Ярмарка дар Душанбе
Акси марбута аз интернет

Аз 21 то 27-уми июн дар бозорҳои Душанбе ярмаркаҳо баргузор шуда, ба сокинон бо нархи дастрас молу маҳсулот пешниҳод карда мешаванд.

Аз ҷумла, ярмаркаҳо дар бозори Меҳргон, дар чорроҳаи кӯчаҳои Ҳусейнзода ва М.Турсунзода (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон), дар майдони назди бозори “Қарияи боло”, бозори “Саховат” ва “Бозори деҳқон” (Гипрозем) ташкил карда мешаванд.

Иди Қурбон яке аз идҳои муқаддас дар ислом аст. Дар ин рӯз қурбонӣ кардан анъана шудааст.

Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти пешакии Шӯрои уламои Тоҷикистон, имсол ин ид 28-уми июн таҷлил мешавад.

Ба ин тартиб, аввали ҳафтаи оянда тоҷикистониён ба ҳисоби рӯзи якшанбе чор рӯз пай дар пай истироҳат хоҳанд кард. Тибқи қарори “Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари корӣ дар соли 2023” рӯзи шанбеи 24-уми июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26-уми июн гузаронида мешавад.

Мутаносибан, якшанбеи 25-уми июн ва душанбеи 26-уми июн рӯзҳои истироҳат буда, 27-уми июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ (рӯзи истироҳат) ва 28-уми июн Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат маҳсуб мешавад, таҷлил мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend