fbpx

Аз худомӯзии забон то омӯзгорӣ дар Чин. Ҷавони тоҷик чӣ тавр ба кӯдакони чинӣ забони англисӣ ёд медиҳад

Ҳоло кори асосии Бузургмеҳр дар Чин омӯзгорӣ аст, ӯ ба якчанд гурӯҳ ба таври ҳузурӣ ва ба чандеи дигар ба таври онлайнӣ дарс мегузарад.


0
Омӯзгори ҷавони тоҷик дар Чин
Бузургмеҳр ҳангоми дарс. Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии қаҳрамони мақола дастрас гардид

Бузургмеҳр Ҳусейнов дар яке аз мактабҳои пешсафи Чумҳурии мардумии Чин ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ кор мекунад. Ӯ ба хонандагони синфҳои аз 1 то 5 дарс медиҳад. Муаллими ҷавони тоҷик мегӯяд, давоми 6 соли охир ин мактаб дар Пекин аз чиҳати сифати таълим дар ҷойи якум қарор дорад.

Бузургмеҳр ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки чӣ гуна ба Чин роҳ ёфт ва сазовори пешаи омӯзгорӣ шуд.

Насиҳати падар роҳи зиндагиамро дигар кард

Ӯ зодаи шаҳри Душанбе ва хатмкардаи Литсейи иноватсионии пойтахт мебошад. Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси менеҷменти байналмиллалӣ соли 2015 хатм кардааст. Бузургмеҳр асоси муваффақияти хешро аз дастгирии волидонаш медонад.

 “Замоне, ки омӯхтани забони ангисиро шуруъ кардам, мактабхон будам ва он вақт дар кишвар ба омӯхтани забон дар марказҳо чандон аҳамият намедоданд. Аммо падарам маро ба маркази забономӯзӣ бурд ва доимо насиҳат мекард, то ба таври ҷиддӣ омӯзам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Сафарҳои ӯ ба кишварҳои хориҷа ҳанӯз замони дар синфи 10 таҳсил карданаш оғоз ёфтанд. Бузургмеҳр то имрӯз дар мамлакатҳои ИМА, АМА, Туркия, Россия ва Чин зиндагӣ кардааст.

Омӯзгори ҷавони тоҷик дар Чин
Нахустин сафари Бузургмеҳр

Аввалин давлате, ки Бузургмеҳр ба он сафар кард, Амрико буд. Ӯсоли 2010 тавассути барномаи Flex имкон пайдо намуд, то дар ин кишвар таҳсил намояд. Муддате, ки дар онҷо буд, ҳамроҳи дигар донишҷӯёни тоҷик таъриху фарҳанги халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Вале бо сабаби раводиди яксола доштанаш баъди ба итмом расидани муҳлати он ба Тоҷикистон бармегардад.

“Соли 2010 ба ман имкон фароҳам гардид то ба даври ниҳоии озмуни ин барнома роҳхат гирам. Давоми муддате, ки дар онҷо будам, танҳо фарҳанги он миллатро меомӯхтам ва Тоҷикистонро ба онҳо муаррифӣ менамудам. Дар онҷо бо оилаи Амрикоиҳо зиндагӣ мекардем, онҳо урфу одатҳои худро ба мо нишон медоданд ва мо низ тавассути рӯнамоӣ муаррифгари кишвари худ будем”,- ба хотир овард омӯзгори ҷавон.

“Аз кори мушкил ҳарос надорам”

Охири соли 2016 дар як вақт бо чаҳор ширкатҳои хориҷӣ мусоҳибаи онлайнӣ анҷом дода, аз имтиҳони ҳамаи онҳо мегузарад. Акнун Бузургмеҳрро лозим буд то якеро интихоб кунад. Ӯ барои худ кор дар Чинро афзал медонад.

Мавсуф мегӯяд аз анҷоми коре, ки барояш имконнопазир аст, дилшикаста намешавад, баръакс ба он таваҷӯҳ мекунад ва дар иҷрояш худашро месанҷад.

“Нахуст дар меҳмонхонаи “Shangri-La-Guilin”- и шаҳри Гуйлин Чин кор кардам. Вақти озод бисёр доштам, хостам дар ягон ҷо кор кунам. Рӯзе бо як дӯстам аз назди ин меҳмонхона мегузаштем ва ман хостам вориди он шуда, ҷои кор пурсам. Дӯстам гуфт, ки моро ба кор намегиранд, чун ин меҳмонхонаи боҳашамат панҷситорадор буд”,- нақл мекунад Бузургмеҳр.

Аммо баръакси гуфтаҳои дӯсташ ӯ вориди меҳмонхона шуда, аз қабулгоҳ ҳуҷраи бахши кадрро пурсон мешавад. Баъди ним соат суҳбат бо сардори бахши кадрҳои меҳмонхона ғайричашмдошт ҳардро ба кор қабул мекунанд.

“Вазифаи ман пешвози меҳмонони воломақом ва ҳамзамон дар қабулгоҳ ба қайд гирифтани онҳо буд. Дар баробари ин тариқи онлайн аз забони англисӣ дарс медодам”,- ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

“Забондонӣ калиди муваффақияти ҳаётам”

Бузургмеҳр донистани забони хориҷиро барои ҳар як шахс зарур ва муҳим меҳисобад. Зеро ин имкон медиҳад то дар кишварҳои пешрафта кори муносиб пайдо намоӣ ва ё ба дилхоҳ давлат сафар кунӣ.

Бузургмеҳр Ҳусейнов забонҳои англисӣ, русӣ ва чиниро ба таври кофӣ медонад ва сабаби дар хориҷа ройгон таҳсил кардану кори муфовиқ ёфтанашро низ аз забондониаш медонад.

“Дар хориҷа донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан англисӣ ниҳоят муҳим аст, то ба мушкилот дучор нашавӣ. Донистани забон ба ман имконият дод, то таҳсили ройгон гирам ва дар ёфтани ҷойи кор маблағ сарф накунам”,- афзуд ӯ

Қаҳрамони мо дар баробари забондонӣ, инчунин ба футбол ва баскетбол низ шавқ дорад. Барои мухлисӣ ба дастаи дӯстдоштааш ӯро боре дар нишастгоҳи vip-и ҳавопаймо ҷой медиҳанд, ки ин лаҳза барояш хотирмон буд.

“Ман ба варзиш завқи зиёд дорам. Замоне ҳатто мехостам футболбоз шавам. Чи либосе, ки барои худ мехаридам, ҳатман расми футболбоз ё нишони дастае дар он буд. Ҷузвдон доштам, ки дар он расми баскетболбоз Коби Брайант аз дастаи “Лейкерс” акс ёфта буд. Ҳангоми яке аз сафарҳоям намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ пурсид, ки оё мухлиси Коби Брайнт ҳастам. Баъди ҳамсуҳбат шудан, маълум гашт, ки ӯ низ мухлисӣ ин баскетболбоз будааст ва ба ин хотир маро дар нишастгоҳи аввали ҳавопаймо ҷой дод”,- нақл кард ӯ бо эҳсос.

 

Нахустин таҷрибаи муаллимӣ дар хориҷа

Аввалин сафар ва таҷрибаи Бузургмеҳр Ҳусейнов дар самти омӯзгорӣ дар Чин аз соли 2015 оғоз мегардад. Ӯ ба талабаҳои чинӣ забони англисиро тариқӣ онлайн меомӯзонд ва ин то соли 2020 идома ёфт. Баъдан талабгорони омӯхтани забони англисӣ дар шакли онлайн афзуд ва дар байни онҳо ғайр аз забономӯзони чинӣ, инчунин, довталабон аз Русия, Туркия ва Амрико низ буданд.

“То замони ба Чин рафтанам аз соли 2011 дар марказҳои забономӯзии Тоҷикистон кор мекардам ва дар давоми 4 сол нафарони синнусоли гуногунро дарс додам. Дар Чин кори омӯзгориро тариқи интернет шуруъ кардам. Сомонаҳое буданд, ки ҷойи кор эълон мекарданд ва ман ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ карда ба онҳо равон мекардам. Ҳамон вақт бозори меҳнати Чин дар масъалаи забономӯзӣ барои омӯзгорон бисёр хуб буд”,- нақл кард Бузургмеҳр.

Амрикоӣ ё тоҷик?

Бартарияти дигари ин омӯзгори ҷавон он аст, гӯиши хуби амрикоӣ дорад. Ба гуфтаи худаш, ҳангоми суҳбат бо хориҷиҳо ӯро амрикоӣ фикр мекардаанд.

“Вақте бо хориҷиҳо суҳбат мекунам аз онҳо мепурсам, ки ман аз куҷоям ва ҳамсуҳбатони ман тахмин мезананд, ки шояд аз Амрико, Австралия ва ягон кишвари Аврупо бошам. Чун ҳама ҷавоби онҳоро рад карда, мегӯям, аз Тоҷикистонам ва дар ба кишварам маълумот медиҳам, онҳо дар ҳайрат меафтанд”,- гуфт омӯзгори ҷавон.

Омӯзгори ҷавони тоҷик дар Чин

Дар Чин ҳоло кори асосии Бузургмеҳр омӯзгорӣ аст. Ӯ ба якчанд гурӯҳ дарси ҳузурӣ ва ба чандеи дигар онлайнӣ мегузарад.

Бузургмеҳр Ҳусейнов дар яке аз мактабҳои пешсафи Чумҳурии мардумии Чин ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ кор мекунад. Ӯ ба хонандагони аз синфҳои 1 то 5 дарс медиҳад. Муаллими ҷавони тоҷик мегӯяд, давоми 6 соли охир ин мактаб дар Пекин аз чиҳати сифати таълим дар ҷойи якум қарор дорад.

 

“Дар Чин кори омӯзгориро бо кӯдакон оғоз кардам чун мехостам психологияи хурдсолонро хубтар омӯзам, то оянда вақте падар шудам, тавонам фарзандонамро дар роҳи дуруст тарбия намоям”,- шарҳ дод ҷавони тоҷик.

Роҳбари мактабе, ки ӯ ҳоло дар он дарс медиҳад, гуфтааст, ки пеш аз Бузургмеҳр чандин муаллимони забони хориҷӣ ба кор гирифтааст, вале дар интихоби ӯ хато накардааст, зеро дар омӯзгори тоҷик маҳорати баланди омӯзониданро дидаанд.

Бузургмеҳр Ҳусейнов мегӯяд, дар ҳар куҷое буд, Тоҷикистонро муаррифӣ намуд ва хориҷиёнро бовар кунонид, ки дар ин кишвар низ ҷавонони зиёде ҳастанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ талабгорони зиёде доранд ва дар ҳама самт кор карда метавонанд.

Саддамҷон Давлатов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
14
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
5
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend