Хусусияти асосии ҷашни Иди Қурбон забҳи ҳайвон – қурбонист. Чаро кордро тез кардан лозим, чаро гӯшти қурбониро фурӯхтан манъ аст, чаро ҳайвони қурбони мешуда бояд сиҳату фарбеҳ бошад ва дигар қоидаҳои муҳими забҳи чорво ба муносибати Иди Қурбон. Муфассал дар маводи омоданмудаи мо бихонед!
Кадом ҳайвонро бояд қурбонӣ кард?
Шумо метавонед, буқаи ба 7-моҳа расида, бузеро, ки яксола нест, гови 2 соларо, шутури ба 5-солагӣ расидаро қурбонӣ кунед.
Хуб аст, ки ҳайвони қурбонӣ фарбеҳ, калон ва зебо бошад. Бинобар ин ба он пешакй ғизо бояд дод. Ҳайвони қурбонӣ мешуда набояд камбудӣ дошта бошад, ки ба миқдор ва сифати гӯшт таъсири манфӣ расонанд.
Аз ин рӯ, қурбонии ҳайвонҳои ланг, кӯр ва бемор, инчунин ҳайвоноте, ки беш аз нисфи шохаш шикаста ё беш аз нисфи гӯшаш бурида шудааст, ҳаром аст.
Тавсия дода мешавад, ки сеяки гӯштро барои хонаводаи худ истифода кунед, сеяки онро ба камбағалони ҳамсоя ва хешовандон бидиҳед, сеяки онро ба талабгорон садақа диҳед.
Оё куштани ҳайвон шарт аст?
Ҳайвоне, ки аллакай забҳ карда шудааст, қурбонӣ ҳисобида намешавад. Баъзеҳо гӯсфанд мехаранд, аммо ин бештар як ишораи рамзӣ аст ва аз нигоҳи динӣ маъное надорад.
Муҳим он аст, ки маросими забҳ, ки огоҳона ҳамчун нишонаи тавба, поксозии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ анҷом дода мешавад.
Шахс бояд ҳайвонеро (қӯчқор, гӯсфанд, буз, гов, барзагов ё шутур) интихоб намуда бихарад ва ба қассобхона биёрад.
Маросим чӣ гуна сурат мегирад?
Пеш аз забҳ кардани ҳайвон қассоб ва қурбоникунанда бояд, рӯ ба қибла карда, аз Худованд бихоҳад, ки қурбонии онро қабул кунад. Пас аз он ҳайвонро баста, ният кардаа, онро бо сараш ба сӯи қибла ба замин мехобонанд ва соҳиби он ё шахси махсус барои ин кирошуда гулӯи қурбониро мебурад.
Иҷозат дода мешавад, ки ин корро ба қассоӣи касбӣ супоранд, танҳо дар ҳоле ки, ки шахсе, ки аз номи ӯ қурбонӣ карда мешавад, дар забҳ ҳузур дошта бошад.
Агар шахсе, ки ба қурбонӣ омада натавонад, ниятро баён мекунад ва арзиши ҳайвони қурбониро интиқол медиҳад ва аз номи ӯ талаб мекунад.
Бояд гуфт, ки ба наздикӣ шумо метавонед онлайн қурбонӣ кунед. Ин хидмат дар якҷоягӣ бо як барраи қурбонӣ тақрибан 120-150 доллар арзиш дорад.
Метавонед аз ҳар гӯшаи дунё як курбонӣ карда хайр созед, худи шахси масъул гӯштро ба ниёзмандон тақсим мекунад ва тамоми амалҳоро тавассути интернет тамошо карда метавонед.
Ҳангоми қурбонӣ чӣ бояд кард?
Ҳангоми гузаронидани маросими забҳ қоидаҳои муайянро риоя кардан лозим аст: масалан, ба ҳайвони қурбонӣ осеб расонидан мумкин нест, набояд он азоб кашад.
Куштани чорво бояд зудтар ва бедард бошад, бинобар ин муҳим аст, ки корд тез бошад.
Дар назди ҳайвон кордро тез кардан ҳам нодуруст ҳисобида мешавад. Ҳол он ки як чорворо дар пеши назари дигараш куштан мумкин нест.
Ба қассоб, ки ҳайвони қурбониро буридааст, бо гӯшт пардохт карда наметавонед. Шахсе, ки қурбонӣ кардааст, наметавонад аз ҳайвони қурбонӣ чизе бифурӯшад – на гӯшт ва на пӯст, балки метавонад қисматҳои дигарро (сар, дум, рӯда ва ғ.) ба мардуми камбағал тақсим кунад.
Одатан, пас аз забҳ сеяки гӯштро барои таомҳои идона омода мекунанд, дар ҳоле ки як қисми ками он бояд ба хонаводаи шумо боқӣ монад (инро «табаррук» мегӯянд – дуои хайр аз Аллоҳ).
Нархи ҳайвони қурбонӣ чанд пул аст?
Дар соли ҷорӣ арзиши як гӯсфанди қурбонӣ дар Тоҷикистон 2000-3000 сомониро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар соли 2021 онро бо нархи 700-2000 сомонӣ харидан мумкин буд. Як гов вобаста ба чӣ қадар гӯшт медиҳад, аз 5 то 20 000 сомонӣ арзиш дорад.
Масалан, дар соли 2020 нархи як гови миёна дар ҳудуди 6500 сомонӣ буд ва аз он 120 кг гӯшт мешуд. Хохишмандон метавонанд гов ё шутурро (ба як чорво то хафт нафар пул партофта метавонанд) дар якҷоягӣ, забх кунанд.
Бисёре аз фурӯшандагон гаронии қимати чорворо ба он рабт медиҳанд, ки соли гузашта тақрибан бебориш гузашт ва алаф кам буд, ки ба нархи чорво таъсир кард. Илова бар ин, аз кишварҳои ҳамсоя ба ҷумҳурӣ хӯроки омехта ворид карда мешавад, ки мутаносибан нархи онҳо низ боло рафтааст.
Зимнан, дар Русия созмонҳои мухталиф дар масоҷиду хоҷагиҳо барои забҳи чорво, умдатан гӯсфандро ба унвони маъмултарин моли қурбонӣ қабул мекунанд.
Масалан, дар Қазон арзиши як гӯсфанд аз 9 то 15 ҳазор рубл аст. Илова бар ин, онҳо барои буридан ва фиристодани лоша тақрибан 1000 рубл мегиранд.
Ҳайвонро даркуҷо забҳ кардан мумкин аст?
Дар Душанбе аз соли 2017 мақомоти шаҳрӣ барои забҳи чорво ҷойҳои махсус таъсис додаанд. Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, ниҳодҳои зирабти шаҳрро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз забҳи маросими чорво дар ҷойҳои ғайрииҷозат, умдатан дар назди биноҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои амалӣ андешанд. Вайронкорон ҷарима хоҳанд шуд (аз 2000 доллар).
Дар пойтахт 93 чой ҷудо карда шудааст, ки дар он чо барои ид ба куштани чорво ичозат дода шудааст. Нуктаи наздиктаринро барои ин максадхо дар шуъбаи манзил дар чои истикомат ёфтан мумкин аст. Масалан, дар райони Фирдавсй дар шафати бинои комбинати гушт, ки дар кучаи Фучик вокеъ аст, дар райони Сино дар худуди махаллаи «Рохи нав» куштани чорво ба рох монда мешавад.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ забҳи чорворо метавон дар нуқтаи махсусе, ки дар паҳлӯи маҷмааи байторӣ дар қад-қади хиёбони Шерозӣ воқеъ аст, анҷом дод.
Зимнан, чорабиниҳои идона дар масҷидҳо, ҳамчунин маросимҳои қурбонӣ дар ҷойҳои забҳ бояд бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ гузаронида мешавад.