fbpx

“Муҳра ҳамеша дар мӯд аст”. Шуҳрати дастранҷи Шукрона аз Хоруғ то Аврупо

Бренди ӯ бо номи “Шукрона-дизайн” гарданбанд, миёнбанд, дастбанд, сарбанд ва зеварҳои гуногун истеҳсол мекунад.


2
2 points
Муҳрабофӣ

Шукрона Наврӯзова муддати зиёд аст, ки ҳунари муҳрабофиро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Ӯ ҳанӯз аз синни 12солагияш беш аз 20 сол боз ба ин навъи ҳунари миллӣ машғул аст. Ҳоло вай ҳунари муҳрабофиашро таҳти бренди Шукрона-дизайн пеш мебарад.

Муаллифи Your.tj бо Шукрона ҳамсӯҳбат шуда доир ба фаъолияти ҳунарӣ, нақшаҳои оянда ва роҳҳои ҳифзу эҳёи ҳунарҳои қадима қисса кард.

Шукрона муҳрабоф

Ороишоти муҳрагӣ ҳамеша дар мӯд аст?

Шукрона Наврӯзова зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Вай беш аз 20 сол боз бо муҳрабофӣ машғул буда, баҳри рушди ин навъи ҳунари қадима саҳм мегузорад.  Бренди ӯ бо номи “Шукрона-дизайн” гарданбанд, миёнбанд, дастбанд, сарбанд ва зеварҳои гуногун истеҳсол мекунад, ки аз дохилу хориҷи кишвар таваҷҷӯҳи харидорони зиёдро ҷалб намудааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Шукрона Наврузова (@shukrona_handmade)

Шукрона ин ҳунарро аз модараш омӯхтааст. Модараш омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буда, дар баробари ин ба ҳунармандӣ машғул аст.

“Хурд будам, ки модарам муҳрабофӣ мекарданд. Ман ба корҳои он кас зеҳн монда, нозукиҳои ин ҳунарро аз худ мекардам. Ният доштам, ки дар оянда як бренди худро таъсис диҳам. Чанд вақт аст, ки таҳти бренди таъсис додаам фаъолиятамро пеш мебарам”,- гуфт ҳунарманди ҷавон.

Бонувони мо аз замонҳои пеш аз муҳраву санг ва шаддаву марворид зару зеварҳои гуногун омода мекарданд. Ҳар яке бо нақшҳои миллии ба худ хос оро дода мешуд. Ҷавоҳироти муҳрагин дар ҳар давру замон зуд вориди мӯд мегардид. Шукрона мегӯяд, муҳрабофӣ ҳеҷ гоҳ аз мӯд нарафтаасту намеравад.

“Ба муҳрабофӣ ҳам хоҳиш ҳаст ҳам талабот”

Шукрона Наврӯзова Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанберо хатм кардааст. Ҳамзамон, дар Донишгоҳи санъат ва фарҳанги шаҳри Москва аз рӯйи ихтисоси тарроҳии графикӣ таҳсилашро идома додааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Шукрона Наврузова (@shukrona_handmade)

Мавсуф дар ин миён ҳунари муҳрабофиашро низ сайқал дода, баҳри расидан ба ҳадафҳои худ заминаи устувор гузоштааст. Ӯ то имрӯз ба 40 нафар хоҳишмандон ин ҳунарашро омӯзонидааст.

“Ҳастанд ҷавонони зиёде, ки мехоҳанд ҳунари муҳрабофиро аз худ намоянд. Алҳол қариб 40 нафари онҳо мустақилона аз муҳраҳо ҷавоҳирот ва ороишоти гуногуни занона омода менамоянд. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ба муҳрабофӣ дар Тоҷикистон ҳам хоҳиш ҳаст ҳам талабот. Вале барои боз ҳам рушд ёфтани ин ҳунари қадима бояд корҳои зиёдеро низ анҷом дод”,- иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Қаҳрамони мо гуфт, мехоҳад дар оянда мактаби муҳрабофиро барои кӯдакон низ фаъол намояд. То ин ки анъанаҳои қадимаи тоҷикиро ба насли нав омӯзонда, баҳри моли таърих нашудани боз як навъи ҳунари мардумӣ саҳм гузорад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Шукрона Наврузова (@shukrona_handmade)

Дастранҷи ҳунармандони тоҷик то Аврупо меравад

Дар минтақаҳои Тоҷикистон ороишотеро, ки аз муҳраҳо ва сангҳои ҳархела омода шудаанд семак, марҷон, зеби гардан, хафабанд, гулӯбанд, гарданбанд, кашелак ва ғайра  ном мебаранд. Онҳо дар шаклу ҳаҷм ва аз рӯйи нақшу нигор аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Қаҳрамони мо бештар аз нақшҳои қадимии ориёӣ, исломӣ ва геометрӣ истифода мебарад.

“Ҳунарманд метавонад аз муҳраҳое, ки ҷавоҳирот омода мекунад, ягон асари мукаммал низ офарад. Масалан, мо дар гарданбанд баробари истифодаи нақшҳо аз муҳраҳои ранга расми гул ва ё парандаро низ инъикос мекунем. Имрӯзҳо талаботи мардум ба ҷавоҳироти муҳрагин хеле афзудааст. Дастранҷи моро ҳатто хориҷиҳо харидорӣ менамоянд”,- мегӯяд Шукрона Наврӯзова.

Ҳунарманди ҷавон афзуд, ки тайи чанд соли охир ба маҳсули дастони онҳо мардуми кишварҳои Руссия, Амрико, Ҳиндустон, Канада ва Олмон бештар таваҷҷӯҳ намуда харидорӣ карда истодаанд.

Ҳунар сарҳад надорад

Шукрона Наврӯзова ҷавоҳироти омода кардаашро бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоии Инстаграму Фейсбук ба намоиш гузошта ба ин тариқ фармоиш мегирад. Дастранҷи ӯро бисёртар блогерон ва сарояндагон таблиғ менамоянд. Якчанд офаридаҳои ӯро духтараки африқоӣ, ки имрӯзҳо бо номи Ганҷина машҳур аст тарғиб намудааст.

“Чун шавҳарам коргардони хуб аст, барои тарғиби офаридаҳои ман кӯмак мерасонад. Мо ҳамроҳи шавҳарам расм ва наворҳои рекламавии хурд омода менамоем, ки барои муаррифӣ кардани ҳунар мусоидат менамояд”,- гуфт қаҳрамони мо.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Шукрона Наврузова (@shukrona_handmade)

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, тавассути духтараки африқоӣ тарғиб кардани либоси миллӣ ва ҷавоҳироти муҳрагин нишони дӯстии халқҳо ва ҳадду ҳудуд надоштани бозори ҳунар аст.

Шукрона дар баробари муҳрабофӣ ба тарроҳии либос низ машғул аст. Ӯ алҳол дар  фабрикаи истеҳсоли либоси “Тоҷтекс” хамчун тарроҳи либос фаъолият мебарад.

Ғолиби озмуни “Тарроҳи либоси беҳтарин”

Шукрона Наврӯзова то имрӯз дар даҳҳо озмуну фестивал ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ширкат варзидааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от 11/12/12 December Tajikistan Fashion Week / 11 season (@tfw.official)

Ӯ дар “Анҷумани миллии соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ – узви Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон” тайи се соли охир (солҳои 2021, 2022 ва 2023) ғолиб омадааст.

“Соли 2023 дар озмуни “Тарроҳи либоси беҳтарин” гурӯҳи либоси бачагона дар байни тарроҳони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардида бо дипломи дараҷаи 1 сарфароз гаштам. Қабл аз ин дар озмуни “Тарроҳони беҳтарини Тоҷикистон” ғолиб омада, пайи ҳам се маротиба беҳтарин тарроҳи Тоҷикистон эътироф гардидам, ки аз ин хеле хушҳолам”,- изҳор дошт бонуи ҳунар.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Шукрона Наврузова (@shukrona_handmade)

Шукрона ҳамзамон дар фестивал-озмун ва намоишҳои байналмиллалӣ дар хориҷи кишвар ширкат варзидааст. Мақсади ӯ муаррифӣ кардани либосҳои миллии тоҷикӣ, фарҳангу маданияти бою ғанӣ ва ҳунарҳои нотакрори мардуми тоҷик аст.

Абдуғаффор Шодиев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend