fbpx

Омӯзгорони Роштқалъаро маҷбур кардаанд, ки зидди тазоҳуротгарон дар телевизион суханронӣ кунанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Омӯзгорони Роштқалъаро маҷбур кардаанд, ки зидди тазоҳуротгарон дар телевизион суханронӣ кунанд

Ду муаллима аз ноҳияи Роштқалъа хабар додаанд, ки мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро барои суханронӣ дар телевизиони маҳаллӣ маҷбур сохта, таҳдид намудаанд, ки нисбаташон парвандаи маъмурӣ мекушоянд. Ҳоло дар пайи ин амал омӯзгорон бо оила ва наздиконашон ба нофаҳмиҳо дучор омадаанд.

Инҳо омӯзгорони мактаби рақами 46-и деҳаи Шикуш Наргис Ҷонмирзоева ва Азиза Қарачабекова мебошанд.

Ба гуфтаи муаллимаҳо, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта онҳоро ба Раёсати ВКД дар Бадахшон даъват намуда, маҷбур кардаанд, ки тариқи телевизиони маҳаллӣ  эътирозҳои моҳи ноябр ба амал омадаро маҳкум созанд ва чанде аз эътирозгаронро ҷинояткор бихонанд.

“Моро ба он ҷо даъват карданд, то ки ба яке аз омӯзгоронамон хислатнома (характеристика) бидиҳем. Вақте омадем, кормандони шуъбаи кор бо ноболиғон Майсара Азибекова ва нафаре бо насаби Шоимардонов ба фишороварӣ нисбати мо пардохта, маҷбур карданд, ки матни омода кардаашонро назди камера бихонем. Дар ин матн эътирозгарон ва чанде аз одамон ҷинояткор номбар мешаванд, лекин мо ин корро рад кардем. Сипас гуфтанд, ки нисбати мо парвандаи маъмурӣ боз мешавад ва мо доғи судӣ хоҳем дошт, инчуин маошамон ҳам метавонад кам шавад. Фишор хеле зиёд буд. Мо маҷбур будем, ки розӣ шавем, зеро мехостем, ки ҳарчи худтар аз он ҷо биравем”, – гуфтанд омӯзгорон.

Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд онҳо танҳо он қисматеро хондаанд, ки дар он дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон сухан мерафт, бо вуҷуди ин, хешовандон ва ҳамдиёронашон онҳоро барои ин амалашон маҳкум мекунанд.

Омӯзгорон изҳор доштанд, ки сабаб дар он аст, ки аҳолӣ дигар ба телевизиони маҳаллии “Бадахшон” эътимод надорад, “зеро тариқи он бадному сиёҳкунии аҳолӣ сурат мегирад”.

“Ман худам ба ин телевизион бовар надорам. Пештар Майсара Азизбекова ба деҳаи мо омада буд, ба ӯ гуфта будем, ки ҳамаро ҷинояткор номиданро бас кунанд. Тӯтишо Амришоеви дар ҷараёни эътироз кушташуда шогирди мо ва ҷавони хеле хуб буд. Дар артиш хидмат карда, дар Хуҷанд таҳсил кард, сипас ба мактаби олии Хоруғ қабул шуда, ба варзиш машғул мешуд. Ӯро ҷинояткор меноманд, лекин ин тавр нест”, – мегӯяд Наргис Қарачабекова.

Ба гуфтаи занон, акнун суханронии онҳо чандин маротиба дар як рӯз тариқи телевизион пахш мешавад. Онҳо ба ҳамаи мақомоти дахлдор, аз ҷумла бевосита ба худи телевизион, РВКД, КДАМ, мақомоти маҳаллии ҳокимият муроҷиат кардаанд, то ки суханронияшон дигар намоиш дода нашавад, лекин то ҳол касе ба онҳо посух нагуфтааст ва пас аз ин онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба ВАО-и мустақил муроҷиат намоянд.

“Мо ба маълумоти мардум расониданием, ки ин ташаббуси шахсии мо набуд”, – зикр мекунанд занон.

Пас аз воқеъаҳои моҳи ноябр дар Хоруғ, телевизиони маҳаллии “Бадахшон” филмеро бо номи “Неруи қонун” намоиш дод, ки дар он сокини ҳангоми боздошт  кушташудаи деҳаи Тавдем Гулбиддин Зиёбеков бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани низоъ ҷинояткор эълон шуд. Ҳамчунин дар филм зикр гардид, ки эътирозҳо дар Хоруғ аз ҷониби гуруҳҳои ҷиноятпеша ташкил карда шуданд.

 

Пас аз ин дар шабакаи маҳаллӣ гузоришҳое пахш мешуданд, ки дар он низ сокинон эътирозҳоро маҳкум намуда, чунин ибрози ақида мекарданд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша вазъи вилоятро ноором мекунанд.

Ҷашни сада дар Душанбе 30 январ таҷлил мешавад

30 январи соли равон дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад. Дар назар аст, ки дар ин рӯз, ҳамчунин намоиш ва фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ низ баргузор шавад.

Гуфта мешавад, ба ҷуз ин, маҳсулоти кишоварзӣ низ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ низ баргузор мешаванд ва дар фарҷом тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа пешбинӣ шудааст.

– Дар Ҷашни “Сада” намоши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ, афрӯхтани гулханҳо, намоиши техникаю мошинолоти кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати кишоварзӣ

Ҳамчунин дар як гӯша олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба киштукори баҳорӣ тавсияҳо медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳам, 31 январ дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Сада чорабиниҳо баргузор гардида буд.

Дар Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 4 млн. нафар ваксина гирифтаанд

То 20 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 4 миллиону 312 ҳазору 774 нафар воксини зидии бемори коронавирус задаанд. Бар асоси тарҳи давлат, дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафар бояд моякӯбӣ шаванд.

Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҳоли ҳозир 74 дарсади аҳолии кишвар вояи аввали ваксина ва 63 дар сади дигар вояи дувуми  ваксинаро гирифтаанд.

Ҷаъфаров афзуд, “воксинзанӣ дар кишвар идома дорад ва мардум онро бидуни мамониат мегиранд. Тавре маълум аст, моякӯбии зидди бемории коронавирус хеле муҳим аст ва шаҳрвандоне, ки воксин нагирифтаанд, метавонанд дар дармонгоҳҳои маҳалли иқоматашон моякӯбӣ шаванд, зеро дар ҷумҳурӣ аллакай эмкунии такрори сеюм оғоз шудааст».

Ҳамсуҳбати мо афзуд,  ки дар як ҳафта беш аз 2000 корманди тиб дар кишвар алайҳи коронавирус маротибаи сеюм эм карда шуданд.

«Дар Душанбе мо ба ваксинзании табибон бо вояи сеюми зидди коронавирус шуруъ кардем. Аммо, то ҳол мо ваксиназании тамоми кормандони соҳаи тибро пурра оғоз накардем ва интизори рӯйхати коргарони дигар аз минтақаҳо ҳастем», – гуфт ӯ.

Вай гуфт, дар навбати аввал аҳолии осебпазир, аз ҷумла табибон, омӯзгорон, хидматчиёни давлатӣ ва пиронсолон сеюмбора моякӯбӣ мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон бо дарназардошти пайдо шудани навъи нави коронавируси «Омикрон» дар ҷаҳон ва аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба бозмоякӯбӣ (реваксинатсия) шурӯъ кардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend