fbpx

Донишҷӯи тоҷик дар як радиои Кувейт шеърҳои тоҷикӣ қироат мекунад

Сорбон Ҳомидовро барои кор ба радиои “Kuwait Radio 4 easy” пас аз як баромади шиносоӣ даъват карданд.


6
6 points

Сорбон Ҳомидови 20 – сола донишҷӯи соли дуввуми Донишгоҳи давлатии Қувайт мебошад. Ӯ ҳар ҳафта дар яке аз радиоҳои бонуфузи Кувейт “Kuwait Radio 4 easy” барои шунавандагон шеърҳои тоҷикӣ аз Бедил, Саъдиву Ҳофизу Румӣ ва дигар бузургони адабиёт, қироат мекунад. Сорбонро ба ин радио пас аз як баромади шиносоии шунавандагон бо Тоҷикистон, ки он замон ӯ шеъру таронае бо забони тоҷикӣ хонда буд, даъват карданд.

Мо бо Сорбон оиди чӣ гуна ба донишгоҳи Кувейт дохил шудан ва фаъолияташ дар радио ҳамсуҳбат шудем.

Дар фикри муаррифии Ватан

Барои фаъолияти Сорбон дар радиои мазкур ҳамкурсонаш сабаб шуданд. Аз ӯ доим мепурсидаанд, ки аз куҷо аст, вақте Сорбон аз Тоҷикистонам мегуфт, ҳамкурсон саволборонаш мекарданд, ки Тоҷикистон дар куҷо асту чӣ гуна давлат аст.

“Бо шунидани саволҳои ҳамдарсҳоям бисёр нороҳат мешудам, ки чаро онҳо дар бораи Тоҷикистон маълумот надоранду онро намешиносанд”, – нақл мекунад, Сорбон.

Ба сараш идеяи дар ягон барномаи радиоӣ ширкат варзидан омад. Сорбон ин масъаларо бо Сафири Тоҷикистон дар Қувайт Зубайдуллоҳ Зубайдов ба миён гузошт. Сафир ин фикри Сорбонро дастгирӣ карда, барои ба барномаи радиоӣ роҳ ёфтанаш кӯмак намуд.

“Вақте ба сафири Тоҷикистон дар Кувейт ин иқдомро пешниҳод кардам, он кас хуб қабул карданд ва рақамҳои яке аз шабакаҳои радиоиро ба ман доданд. Ман дар барномаи радиоӣ иштирок намудам ва онҷо дар бораи Тоҷикистон маълумот додам. Дар идома як таронаи хурдеро ки худам барои ватани азизам эҷод карда будам, қироат намудам”, – бо ифтихор афзуд, қаҳрамони мо.

Қироати аввалин ва истиқболи ғайриинтизор

Баъди пахши барнома ба Сорбон аз радио занг зада гуфтанд, ки таронаи қироатнамудаи ӯ ба шумораи зиёди шунавандагон писанд омадааст ва пешниҳод намуданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад, ҳар ҳафта дар радио барои шунавандагон шеърҳои тоҷикӣ қироат намояд.

Сорбон аз шунидани ин суханҳо ва таваҷҷӯҳи хориҷиён ба шеърҳои тоҷикӣ хеле хурсанд шуд ва пешниҳодро бо ҷону дил қабул намуд. Инак тӯли се моҳ мешавад, ки Сорбон Ҳомидов ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа соати 8:30 дақиқа аз мавҷи радиои Кувейт ғазалҳои Мавлоно Румӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар бузургонро қироат мекунад.

Ҳоло бошад аз сабаби паҳншавии бемории коронавирус Сорбон аз хобгоҳ тавассути телефон бо радио пайваст мешавад ва мустақиман барои шунавандагон шеърҳои тоҷикӣ мехонад. Тавре Сорбон мегӯяд, дар бештари маврид адибонро худи шунавандагон интихоб мекунанд.

“Шунавандагон бештар қироати шеъру ғазалҳои Мавлоно Румӣ ва Абдулқодири Бедилро дархост мекунанд. Ман бошам кӯшиш мекунам, ки аз ҳамаи адибони классики тоҷик шеърҳо қироат кунам”, – нақл мекунад, Сорбон.

Аз забондонӣ то нақшаҳои оянда

Сорбон Ҳомидов зодаи ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон буда, хатмкардаи мактаби рақами 7-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ӯ забонҳои арабӣ ва англисиро хуб медонад ва ҳамин забондонӣ барои дар хориҷи кишвар таҳсил намуданаш кумаки калон расонидааст.

Барои тақвияти забондониаш Сорбон хост таҳсили худро дар хориҷи кишвар идома диҳад. Ӯ ҳангоми таҳсил дар синфи 11-ум дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” имтиҳон супорид.

Баъдан пандемияи коронавирус авҷ гирифт ва қаҳрамони мо умеди худро аз таҳсил дар хориҷи кишвар куллан барканд. Баъд аз хатми мактаби миёна тавассути Маркази миллии тестӣ ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд.

Сорбон ду моҳ дар ин донишгоҳ таҳсил намуда буд, ки хабари ба Донишгоҳи давлатии Кувейт дохил шуданаш расид ва ӯ рахти сафар ба хориҷи кишвар баст.

Дар баробари таҳсили хуб ва забондониаш Сорбон дар чандин мусобиқаҳои варзишӣ низ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ дар давраи мактабхониаш аз намуди варзиши чавгонбозӣ соҳиби 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ва аз намуди варзиши гӯштингирӣ соҳиби 6 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардидааст.

Дар Донишгоҳи давлатии Кувейт низ дар озмуни муштзанӣ миёни рақибони зиёд ғолибиятро ба даст овардан барояш боиси ифтихор аст.

Сорбон Ҳомидов айни ҳол дар курси дуюми факултаи илмҳои ҳаётии Донишгоҳи давлатии Кувейт таҳсил менамояд. Ӯ нақша дорад, ки аз рӯи асарҳои бузурги таърихӣ таърихи бузурги халқи тоҷикро тавассути радио барои хориҷиён қироат намояд ва то метавонад муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллати бузурги хеш бошад. Мехоҳад баъд хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта ҳамчун мутахассиси варзида ба халқу Ватани хеш хизмат намояд.

Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

6
6 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
14
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
6
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend