fbpx

Манижа Сангин чеҳраи Equal интихоб шуд. Акнун аксҳои ӯ кӯчаҳои Ню–Йоркро зеб медиҳанд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-2
-2 points

Дар ҷои зисти адибони тоҷик шаҳраки “Олимақом” месозанд

Биное, ки манзили зисти шуморе аз шоиру нависандагон дар он аст, тахриб ва ба ҷойи он шаҳраки “Олимақом” бо тарҳи муосир сохта мешавад.

Ин бино дар пушти бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 12-и шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ки дар он бархе аз чеҳраҳои саршиноси адабу фарҳанги тоҷик зиндагӣ мекунанд. Далели тахриби биноро шаҳрдории Душанбе мутобиқ набудани ин биноҳо ба нақшаи генералии шаҳр марбут медонад.

Огоҳнома дар мавриди тахриби биноҳо, рӯзи 7 январи соли 2022 бо имзои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф аллакай ба бошандагони ин биноҳо ирсол шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки дар муддати 7 рӯз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хонаҳоро барои омӯзиш ба ҳукумати ноҳия пешниҳод кунанд.

Аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ба сокинони биноҳо, ки бештарашон чеҳраҳои саршиноси кишвар мебошанд, бо қарори шаҳрдорӣ дар ҷойи хонаҳояшон хонаҳои нав дода шавад.

– Вобаста ба ҳаҷми хона ба ҳар як бошанда бо илова дар ҷойи ҳамин бино хонаҳои нав дода мешавад. Агар касе намехоҳад, ширкати сохтмонӣ маблағи хонаҳоро ҳисоб крада тибқи қонунгузорӣ медиҳад”, – гуфтанд аз шаҳрдории Душанбе.

Манбаъ гуфт, огоҳинома дар мавриди тахриби бино аллакай исрол шудааст ва баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва баррасии масъалаҳои дигар дар фурсатҳои наздик бошандагон кӯчонида шуда, баъд тахриби бино оғоз мешавад.

Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, то анҷоми сохтмони бинои нав бошандагони бино аз ҷониби ширкат бо хонаҳои истиқоматии муваққатӣ таъмин мешаванд ва ё ба онҳо маблағ пешниҳод мешавад, ки дар ҷойи хостаашон хонаи иҷора бигиранд.

– Ба ҷойи ин биноиҳои се-чорошёна, биноиҳои зебову хуштарҳи замонавӣ сохта мешавад ва ҳамаи онҳо барои иқомати шаҳрвандон мебошад, – гуфтанд аз шуъбаи иттилооти шаҳрдории Душанбе

Дар ин бино, ки замони Шӯравӣ бо ташабуси Қаҳрамони Тоҷикистон, раиси вақти Иттифоқи нависандагон Мирзо Турсунзода сохта шудааст, то ҳол чеҳраҳои саршиносе, мисле ҳунарпешаи  шинохта Марям Исоева, нависандаи саршинос Урун Куҳзод, сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ва хонаводаи Гулназар Келдиву Салимшо Ҳалимшо зиндагӣ мекунанд.

Пештар ин бино макони зисти худи Мирзо Турсунзода, шоири шаҳир Бозор Собир, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва дигар адибону фарҳангиён буд.

Манижа Сангин чеҳраи Equal интихоб шуд. Акнун аксҳои ӯ кӯчаҳои Ню–Йоркро зеб медиҳанд

Тоҷикдухтари муқими Русия Манижа Сангин чеҳраи барномаи байналмилалии дастгирии занон дар соҳаи мусиқии Equal интихоб шуд. То ҳол ягон маротиба ҳунарманде аз Русия чеҳраи ин барнома нагардида буд.

Манижа нахустин намояндаи Русия мебошад, ки ба ин сазовори чунин боварӣ гардидааст. Ҳоло аксҳои Манижа дар лавҳаи таблиғотии Таймс-сквери Ню-Йорк пайдо шудааст.

Зимнан, Рустам Киреев, сардори шӯъбаи кор бо лейблҳо ва ҳунармандони Spotify дар Русия, дар робита ба интихоб шудани Манижа ҳамчун чеҳраи Equal чунин зирк намуд, ки интихоби ин ҳунарманд қарори муштараки кормандони Spotify аст, ки дар лоиҳаи Equal дар саросари ҷаҳон кор мекунанд.

” Суруди Манижа “Now or Never” аз ҷониби ҳамкасбони хориҷии мо баҳои баланд гирифт ва тамоми кишварҳое, ки ин барнома дар он ҷо вуҷуд дорад, ба ҳунари Манижа баҳои мусбат доданд”, – афзуд Киреев.

Ёдовар мешавем, Манижа, сафири Русия дар СММ дар умури паноҳандагон ин кишварро дар озмуни “Eurovision – 2021” намояндагӣ кард, ки ҷои нуҳумро гирифт.

Вай бо таронаи “Russian Woman” баромад кард, ки боиси эътирози ҷомеаро ба бор овард. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст задани фарҳанги кишвар муттаҳам карданд.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон зимни як назарпурсие, ки ҳафтаномаи “Ҷумҳурият” доир намуд, Манижа Сангин “Чеҳраи сол” интихоб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз ин овозхон 3612 нафар раъй доданд.

Амрико ба Тоҷикистон гуфт чархболҳои Афғонистонро ба Толибон надиҳад

Вазорати дифои Амрико гуфтааст, чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон, ки пас аз расидани “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар тоҷикистон мамнӯъ) ба қудрат дар Кобул ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мунтақил шуда буданд, бозпас дода намешавад. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати дифои Амрико Ҷон Карбӣ, рӯзи 18-уми январ дар нишасти матбуотие гуфтааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як ҳафта пеш иҷрокунандаи вазири мудофиаи “Толибон” Муҳаммад Яъқуб аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон талаб карда буд, ки ин чархболҳо бояд баргардонида шаванд.

Ҷон Карбӣ дар масъалаи тақдири ояндаи чархболҳо гуфтааст, ки ҳанӯз сари ин мавзуъ кор мекунанд ва онҳо ба Афғонистон фиристода намешаванд, то аз ҷониби Толибон истифода шаванд.

Ӯ дар мавриди он ки дар ниҳоят чӣ коре анҷом медиҳанд ва ин чархболҳо ба куҷо мераванд, танҳо гуфтааст, ки баррасиҳо идома дорад.

Як ҳафта пеш Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб дар мавриди баргардонидани чархболҳо гуфта буд, ки намегузоранд, ки ин чархболҳо дар хориҷа бимонанд ва ё аз ҷониби ин кишварҳо истифода шаванд.

Ӯ Тоҷикистону Ӯзбекистонро огоҳ карда буд, ки агар онҳо чархболҳоро барнагардонанд, ба оқибатҳояш дучор хоҳанд шуд ва набояд дар ин маврид сабр ва таҳаммули афғонҳоро озмоиш кунанд.

Баҳси чархболу тайёраҳо миёни ҳукумати Толибон ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистонаш ҳанӯз пас аз чанд рӯзи расидани толибон ба қудрат дар Кобул оғоз шуда буд.

Сухан аз чархболҳову тайёраҳои низомие меравад, ки баъди ба дасти Толибон афтидани Кобул бархе аз халабонҳои низомии Афғонистон чархболҳоро аз Афғонистон парвоз дода, ба Тоҷикистону Ӯзбекистон оварданд.

Инъомуллоҳ Самангони, сухангӯйи толибон ба “Тулуънеюс” гуфтааст, ки гуфтушуниди онҳо бо кишварҳои ҳамсоя барои баргардонии 40 чархбол аст. Аммо ҳоло маълум нест, ки чӣ миқдор аз ин чархболҳо дар Тоҷикистон асту чӣ миқдоре дар Ӯзбекистон.

Дар замони суқути Кобул наздик ба 150 халабони низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳанда шуда буданд, ки баъди чанд вақти иқомат дар Тоҷикистон, онҳо аз сӯйи Амрико ба кишвари сеюм мунтақил шуданд.

Ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-ро барои интиқоли тоҷикон 20 ҳазор рубл ҷарима карданд

Идораи беҳдоштии Русия ё “Роспотребнадзор” ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-и Русияро бо далоили бидуни ташхиси тиббии коронавирус аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додани мусофирон ба маблағи тақрибан 3 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор рубли русӣ) ҷарима кардааст.

Додгоҳи ҳакамӣ ё арбитражӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ширкати ҳавопаймоии «Сибир»-ро тибқи қисми 1 моддаи 14.4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия қонунӣ эътироф кардааст.

“Қаблан, масъулини Идораи “Роспотребнадзор” дар вилояти Нижний Новгород дар ҷараёни назорати санитарию карантинӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни ҳуҷҷати тиббии тасдиқи гузариши ташхиси лабораторӣ барои “COVID-19” бо усули ПСР-тест муайян карданд, ки тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сибир» омада буданд”, – менависад сомонаи хадамоти мазкур.

Гуфта мешавад, ки қонуншикании ошкоршуда барои оғоз кардани парвандаи маъмурӣ асос шуда, 20 ҳазор рубл (2 ҳазору 950 сомонӣ) ҳамчун ҷарима ситонида шудааст.

Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ бо ин қарор розӣ набуда, аз болои он ба Додгоҳи ҳакамии вилояти Новосибирск шикоят бурд. Аммо додгоҳи ҳакамӣ ин қарорро бетағйир гузошт ва шикояти ширкати ҳавопаймоии “Сибир” қонеъ нашуд.

Гуфта нашудааст, ки ширкати ҳавопаймоӣ бидуни ташхиси ПСР-тест аз Тоҷикистон бо кадом хатсайр мусофиронро интиқол додааст.

Ёдовар мешавем, ки шахсоне, ки ба Русия сафар мекунанд, бояд хулосаи муассисаи тиббӣ бо забони русӣ аз рӯйи натиҷаҳои ПСР-тест дар бораи сироят надоштан аз коронавирусро бо худ дошта бошанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend