fbpx

Нигаронии вазири маориф аз кам будани муаллимони ҷавон дар мактабҳои Суғд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҷумҳурии Корея ният дорад, ки дар Тоҷикистон донишгоҳи муштарак боз кунад

Дар Душанбе рӯзи 25 май вохӯрии вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот аз ҷониби меҳмонон пешниҳод гардид, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея омода аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як донишгоҳи муштаракро дар самти омодасозии мутахассисони техникӣ, хусусан соҳаи лифтсозӣ таъсис диҳад.

Гуфта мешавад, дар идома, ҷонибҳо вобаста ба созишномаи имзошуда миёни Коллеҷи лифти Корея ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи лифтсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Зикр шуд, ки дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон – Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода мешавад.

шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея санадҳои гуногуни ҳамкориро ба имзо расонидаанд, ки Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва Донишгоҳи тиббии Тегу Ҳании Ҷумҳурии Корея яке аз намунаи ҳамкориҳо мисли муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар мебошад.

Зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илми и Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ аз 12 апрели соли 2015 ба роҳ мондааст.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудааст.

Дар охир, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм тадбирҳои субманду дахлдор андешида мешавад.

Нигаронии вазири маориф аз ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳои Суғд

Дар пайи як санҷиши гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илм дар вилояти Суғд маълум шудааст, ки сабаби асосии ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳо дар баробари сабабҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамчунин пешниҳод нашудани имтиёзҳои фароҳамкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ аз сӯйи ҳукуматҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Суғд  будааст.

Гуфта мешавад, ки зимни тафтиш дар муассисаҳои таълимии вилояи Суғд ошкор гардид, ки ба 67 нафар мутахассиси ҷавон қарзҳои имтиёзнок ва ба 22 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст, ки дарсадии ниҳоят кам мебошад. Ба истиснои шаҳри Хуҷанд (2 нафар), Исфара (1 нафар) ва ноҳияи Ашт (17 нафар) дар дигар шаҳру ноҳияи санҷидашуда ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, замин барои кишту кор ва боғдорӣ дода нашудааст, – хабар додааст Дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта мешавад, ки далели ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара ба ҳамин мушкил марбут будааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф аз ин шеваи кор изҳори нигаронӣ карда, дастур додааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ин мушкил ва аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод шавад.

Вазорати маориф мегӯяд, ки аз шумори мактабҳои санҷидашуда, танҳо дар мактабҳои ноҳияи Мастчоҳ 12 нафар муаллим намерасад.

Дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд 23 ҳазору 948 омӯзгор (18668 зан) кор мекунанд. Аз шумора 20679 нафар маълумоти олӣ дошта 3269 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ дарс мегуфтаанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлат барои омӯзгорони ҷавон дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок  барои беҳ кардани шароити зисту зиндагӣ, аз ҷумла чорводорию занбӯрпарварӣ пешниҳод мегардад. Ин имтиёзи давлатӣ  ҳамасола барои 333 омӯзгор дар сар то сари кишвар пешбинӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар отряди марзбонии “Шамсиддин Шоҳин” бар мазори сарбозони кушташуда гул гузошт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як сафари худ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз Фармондеҳии сарҳадии «Сари ғор»-и Отряди сарҳадии «Шамсиддин Шоҳин» дидан карда, дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки соли 1993 кушта шуда буданд, гулчанбар гузошт.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар, субҳи 26 май, бо нашри хабари оғози сафари сардори давлат ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин навиштааст, ки ӯ зимни суҳбат бо хидматчиёни ҳарбии Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо ишора ба вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон аз сарбозу афсарон талаб намуд, ки ба ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаҳои хидматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.

– Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзудааст, ки ҳоло ҷузъу томҳои Неруҳои марзбонӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ба талаботи замона мутобиқ гардонида шудаанд.

Дар идома, сардори давлат, марзбонони Фармондеҳии сарҳадии «Сари ғор»-ро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсиси Неруҳои марзбонӣ табрик кардааст.

Ҳамчунин, раисҷумҳур дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ кушта шуда буданд, гулчанбар гузоштааст.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат менависад, ки ки моҳи июли соли 1993 қисмҳои низомии мухолифин – Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи назҳати ислом аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳамла карданд.

– Ҳангоми ҳуҷум намудани Ташкилоти террористию экстримистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми Тоҷикистону Федератсияи Русия 25 нафар сарҳадбони рус ба ҳалокат расид. Новобаста аз вазъи мураккаб ва нооромии сиёсии минтақаи сарҳадӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли фоҷеа ташриф оварда, бо сарбозон мулоқот анҷом доданд, – навиштааст хадамоти матбуотӣ.

Ин ниҳод, ҳамчунин гуфтааст, ки 24 майи соли 1994 низ Эмомалӣ Раҳмон аз дидбонгоҳи сарҳадии “Сари ғор” дидан намуда, дар назди маҷмааи ёдгории сарҳадбонон гулчанбар гузошта буд.

Муноқишаи гуруҳии мактабхонҳо дар Гипрозем ва ҷаримаи волидони онҳо

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни муноқишаро дар маҳаллаи Гипрозем муайян карда, 12 нафар волидони мактабхонҳоро ҷарима карданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, 25 май дар як қатор шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як гурӯҳ наврасон инъикос ёфтааст.

“Дар зимн шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, то нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, дар ин робита кормандони милитсия як қатор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, маълум шуд, ки ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт рух дода, як гурӯҳ наврасон – хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ миёни ҳамдигар муноқиша кардаанд, ки дар натиҷа ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.

Зикр мегардад, ки шахсияти ҳамаи ноболиғони дар ин муноқиша иштирокдошта муайян карда шуда, 12 нафар волидони онҳо мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷарима шуданд.

Дар ин модда огоҳӣ ё ҷарима дар ҳаҷми аз 3 то 7 нишондиҳандаи барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 64 сомонӣ) пешбинӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 17 май дар яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода низ бар асари лату кӯби гуруҳӣ хонандаи синфи 10-уми ин мактаб Шуҳрат Холмуродов осеб дида, дар бемористон бистарӣ шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend