fbpx

Рӯзи президент. Ин рӯзро дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон чӣ гуна таҷлил мекунанд?

Дар байни собиқ кишварҳои шӯравӣ Рӯзи президентро танҳо дар Тоҷикистон ва Қазоқистон ҷашн мегиранд. Дар Туркманистон Рӯзи президент ба Рӯзи парчам табдил ёфт.


1
1 point
Президенти Тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуоти президент

Дар Тоҷикистон 16-уми ноябр Рӯзи президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мешавад. Дар ин рӯзи соли 1992 Раҳмон раиси Шӯрои олии ҷумҳурӣ интихоб шуд ва аз ҳамон замон корномаи фаъолияти ӯ ба ҳайси раҳбари кишвар оғоз ёфт.

Мо ҷустуҷӯ намуда, дарёфтем, ки боз дар куҷо чунин идро ҷашн мегиранд.

Рӯзи президент чист?

16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонов, ки он замон раиси вилояти Кӯлоб буд, раиси Шӯрои олии кишвар интихоб шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз, 28 сол муқаддам дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии ҷумҳурӣ оғоз ёфт.

Он вақт давлат дар ҳоли бесарусомонӣ буд ва ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Мақсади асосии ҷаласаи вакилон дар шаҳри Хуҷанд хотима бахшидан ба ҷанг ва истиқрори сулҳ буд, вале мутаассифона, он вақт ба ин ноил нашуданд ва танҳо пас аз 5 соли тӯлонӣ ба Тоҷикистон сулҳу оромӣ баргашт.

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 бо мақоми “Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” сарфароз гардонида шуд, ки ӯро аз ҳар гуна ҷавобгарии дар даврони ҳукмронӣ содиркардааш озод намуда, ҳатто пас аз рафтанаш низ нуфузашро нигоҳ медорад.

Рӯзи Президент чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Барои ин дар кишвар рӯзи истироҳат эълон нашудааст. Аммо дар ҳама ниҳоду корхонаҳои давлатӣ ин рӯзро ҷашн мегиранд, ҷамъоматҳои тантанавӣ баргузор мекунанд.

Соли 2016 маҷмӯаи ашъори “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” ба табъ расид, ки дар он 2256 асари дорои хусусияти публитсистию бадеӣ, ки аз соли 1994 то кунун дар бораи раҳбари Тоҷикистон нақл мекунанд, гирд оварда шудааст.

Соли 2016 Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ бо тахаллуси “Ниҳонӣ” матни сурудеро дар бораи Раҳмон навишт, ки онро ҳунармандони маъруф – Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва модари онҳо Сурайё Қосимова иҷро сароиданд.

28-уми ноябри соли 2017 бори нахуст дар Тоҷикистон пйесаи театрии “Назаркарда” дар бораи президенти ҷумҳурӣ навишта шуд. Муаллифи он нависанда, драматург Абдуғаффори Абдуҷаббор мебошад.

Дар он ба ҷуз қаҳрамони асосӣ – Эмомалӣ Раҳмони 40-сола, ки тоза ба мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст, образи аъзои хонаводаи президент ва ҳамчунин президенти собиқи Русия Борис Елтсин низ ҳаст.

Боз дар кадом кишварҳои ИДМ Рӯзи президентро таҷлил мекунанд?

Аз соли 2012 ҳамасола 1-уми декабр дар Қазоқистон рӯзи президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тақрибан давоми 10 сол ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил мешуд ва рӯзи истироҳатӣ эълон шуда буд.

29-уми сентябри соли 2022 президенти феълӣ Қосим-Жомарт Тоқаев тағйирот ба қонунеро имзо кард, ки Рӯзи президентро аз рӯйхати ҷашнҳои давлатӣ берун мекунад ва таҷлили Рӯзи Ҷумҳуриро бармегардонад, ки он дар замони Назарбоев бекор шуда буд. Рӯзи Ҷумҳурӣ 25-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи президент дар баробари Рӯзи рамзҳои давлатӣ ё Рӯзи миннатдорӣ дар қатори “ҷашнҳои оммавӣ” боқӣ монд. Сокинони Қазоқистон дар ин рӯз истироҳат намекунанд.

Дар Туркманистон 19-уми феврали соли 1994 ҳамчун ҷашни миллӣ – зодрӯзи Туркманбошӣ таҷлил шуд. Аммо баъди як сол Сафармурод Ниёзов бо қарори худ ин рӯзро – Рӯзи парчами давлатӣ эълон кард.

Рӯзи президент боз дар кадом давлатҳои ҷаҳон ва чӣ гуна ҷашн мегиранд?

Ҳар сол рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал дар Иёлоти Муттаҳида Рӯзи Президент таҷлил мешавад. Ҳарчанд ҷашн расман бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Ҷорҷ Вашингтон, ки 22-юми феврал таваллуд шудааст, таҷлил мешавад, аммо дар ин рӯз ба ҳамаи президентҳои қаблӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида ҳукмронӣ мекарданд, эҳтиром гузошта мешавад.

Рӯзи президент дар Амрико ҳамчун рӯзи истироҳат эълон карда мешавад ва дар ҳама ҷо чорабиниҳои гуногуни фароғатӣ, ки ба президент марбут нестанд, баргузор мешаванд. Масалан, дар Ню-Йорк барои кӯдакон чорабиниҳои зиёди шавқовар ташкил мекунанд. Ин рӯз барои савдои чакана мусоид аст, бисёре мағозаҳо онро ҳамчун оғози мавсими фурӯш қайд мекунанд.

Дар Ҷазираҳои Маршалл Рӯзи Президент 17-уми ноябр таҷлил мешавад. Дар ин рӯзи соли 1928 нахустин президенти кишвар Амата Кабуа таваллуд шудааст, ки яке аз асосгузорони истиқлолият маҳсуб мешавад, зеро маҳз Кабуа дар музокирот оид ба додани соҳибихтиёрӣ ба давлат аз Иёлоти Муттаҳида ширкат дошт. Инчунин, президенти нахустин муаллифи матн ва мусиқии суруди миллии ин кишвар “Ҷазираҳои Маршалл то абад” мебошад.

11-уми ноябр, дар рӯзи таваллуди пешвои якуми Ангола Антонио Ангостино Нето Рӯзи қаҳрамонони миллӣ таҷлил карда мешавад, ки на танҳо ба президент Нето, балки ба ҳамаи муборизони роҳи истиқлолияти мамлакат, ки соли 1975 таъсис ёфтааст, бахшида мешавад. Маҳз дар ҳамон сол мустамликаи собиқи Португалия истиқлолият ба даст овард.

Дар Ботсвана рӯзи душанбеи сеюми моҳи июн Рӯзи президентро ҷашн мегиранд. Серетсе Хама, аввалин раҳбари ин ҷумҳурии африқоӣ, аз замони истиқлолияти Ботсвана дар соли 1966 то дами маргаш, соли 1980 ҳукмронӣ кардааст.

Ӯро дар Ватанаш ҳамчун муборизи зидди фасод ва ислоҳталаби муваффақ ёдоварӣ мекунанд, аз ин рӯ Рӯзи президент давоми ду рӯз ба таври густурда ва бошукӯҳ таҷлил мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend