fbpx

Президент гуфт, “ҳатто дар тобистон истифодаи самараноки обу барқро қатъиян таъмин намоем”

Сабаби ин ҳолат “омилҳои пешгӯинашаванда”, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ будааст.


0
Президенти Тоҷикистон
Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 10 апрел,  зимни як машварат бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон гуфт, “дар ҳама сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем”.

Тавре АМИТ “Ховар” менависад, роҳбари давлат сабаби ин ҳолатро ба “омилҳои пешгӯинашаванда”, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ рабт додааст.

“Тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамлакати мо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ идома дошта, илова бар ин, шиддат гирифтани низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё низоми муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии моро таҳти таъсир қарор дода истодааст. Вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, бештар фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятро истифода барем”, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Бо назардошти ин омилҳо президенти мамлакат роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, тамоми хизматчиёни давлатӣ, фаъолон ва умуман аҳли ҷомеаро вазифадор кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ баҳри иҷрои дурнамои кишти зироат, истифодаи самараноки об ва ҳар ваҷаб замин чораҷӯӣ намоянд.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл “Барқи тоҷик” барои шарҳи сабабҳои “лимит”-и дарозмуддат дар Тоҷикистон як гурӯҳ рӯзноманигоронро ба НБО “Норак” бурда, бо ҳолати  обанбор ва фаъолияти имрӯзаи ин нерӯгоҳ “шинос кард”.

Ба гуфтаи Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси “Норак”, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 сатҳи об дар обанбори “Норак” беш аз 50 метр паст шудааст.

“Лимит” ё маҳдудияти барқ дар ноҳияҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳҳои октябр ҷорӣ шуда буд. Шурӯъ аз сардиҳои аввали моҳи март сокинони пойтахт низ ба ин мушкилӣ дучор шуданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend