fbpx

Таҷлили Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон

Мо дар бораи чанде аз расму оинҳои зебою қадимаи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маълумот гирд овардем, ки то замони мо расидаанд.


0
Наврӯз

Дар арафаи Наврӯз – яке аз дӯстдоштатарин ва муҳимтарин ҷашнҳои бостонии тоҷикон тасмим гирифтем, дар бораи чӣ гуна таҷлил шудани он дар минтақаҳои гуногуни кишвар маълумот бидиҳем. Муаллифи Your.tj дар бораи анъанаҳои ғайриодии Наврӯз, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, далелҳои ҷолиберо гирд овард.

Наврӯзи Бадахшон

Дар Бадахшон ин ид аз замонҳои қадим бо эҳтироми хоса таҷлил мешавад. Аз замонҳои қадим фарорасии Наврӯз, ки дар забони шуғнонӣ “Хидирайём” ном дорад, бо усули махсуси ҳисоб муайян мешуд.

Дар водии Вахон, дар деҳаи Ямг “Санги офтоббин” мавҷуд аст, ки пайдоиши онро дар асри гузашта ба номи файласуф Суфӣ Мубораккадами Вахонӣ алоқаманд донистаанд.

Ӯ бо ёрии сӯрохии ин санг рӯзи идро аник муайян мекард. Тибқи ҳисобҳои ӯ, он замон таҷлили Наврӯз дар Бадахшон аз 16-18 март оғоз мешуд ва ҳоло 22-23 март ҷашн гирифта мешавад.

Аз “Остонбаро” то “Шогункунӣ”

Мардуми Бадахшон то фарорасии Наврӯз чанд маросими хурди омодагӣ анҷом медиҳанд. Яке аз онҳоро “Остонбаро” – рафтани мардум ба ҷойҳои муқаддас ё боғҳо меноманд.

Ҷашни Наврӯз дар Бадахшон

Тибқи эътиқоди ниёгон, сокинон пеш аз пок кардани хонаҳои худ аз арвоҳи бад, бояд хонаи Худоро, ки худи замин маҳсуб мешавад, пок мекунанд.

Наздик ба рӯзҳои 1 март онҳо ба таъмири ҷойҳои муқаддас ва боғҳо шурӯъ мекунанд.

Субҳи барвақт сардори оила маросими “Дудбарорӣ”-ро оғоз намуда, дар оташдон оташ меафрӯзад. Ҳарчи зудтар ин корро анҷом диҳад, барои хонавода ҳамон қадар беҳтар аст. Маросим барои нест кардани рӯҳҳои бад аз хона кӯмак мекард.

Инчунин, маросими “Сурхбарорӣ” гузаронида мешавад, ки дар он соҳиби хона ҳар чизеро, ки аз матои сурх аст, аз хона берун карда, болои теппае мегузорад.

Ранги сурх – рамзи ҳаёт ва шукуфоӣ аст.

Барои дар офтоб шамол додан қолину кӯрпача ва либосҳоро аз хона берун мебароранд, ки ин маросимро “Дудазанӣ” мегӯянд.

Баъдан занҳо орди сафедро гирифта, кафи дасти росташонро гузошта, бо он ба тамоми деворҳои қисми болоӣ, махсусан ба сутуни асосии хонаи бадахшонӣ – чид, молида, аз Худо ризқу рӯзӣ талаб намуда, соли навро табрик мекунанд.

Ин маросим “Шогункунӣ” ном дорад.

Маросими “Пичром”

Баъд аз он, занҳо рӯбучин мекунанд, аммо онро хомӯшона анҷом медиҳанд, зеро боварие ҳаст, ки агар хомӯшии мутлақ набошад, рӯҳҳои бад метавонанд ба хона баргарданд.

Ин маросим “Пичром” ном дорад, ки маънои мамнӯъ, манъшударо дорад.

Наврӯз дар Бадахшон

Ҳуҷраро бо ду намуд ҷорӯб тоза мекунанд. Бо яке, ки ба он дастаки сурх баста шудааст, гирду атрофи шифтҳоро тоза мекунанд ва баъди анчоми кор онро на аз дари одӣ, балки аз рудз – тирезаи хонаи бадахшонӣ баровардан лозим аст.

Чорӯби дуюмро, ки барои рӯфтани фарш истифода мешавад, якҷо бо партов ба таври муқаррарӣ аз дар берун баровардан мумкин аст.

Ғайр аз ин, ҳангоми аз хона баровардан ва ба як ҷои махсуси дастнорас партофтани партов, ба ақиб нигоҳ кардан мумкин нест, то арвоҳи бад барнагардад.

“Шогун баҳор муборак!”

Дар рӯзи Наврӯз пири гиромии деҳа бояд дарро кӯбад ва ҳангоме ки соҳибхона мепурсад: “Кист?”, чунин муколама байни онҳо ба миён меояд: “Аттори маркабсавор”. – “Чӣ овардӣ?” – “Бӯи баҳор”. – “Боз чӣ?” – “Уштур ба қатор”. – “Боз чӣ?” – “Тахт ва бахт, намаки Калавгон, лаъли Бадахшон, тутаки Шуғнону курчи Рӯшон, ғаллаи Зебоку Ишкошим, шарбати Қошғару Ҳиндустон, обаки равон, нони фаровон”.

Сипас ба муйсафед дар кушода мешавад ва ӯ: “Шогун баҳор муборак!”,- гӯён дохили хона мешавад.

Дар ҷавоб “Ба руйи шумо муборак”,- мегӯяд соҳибхона.

Соҳибхоназан бояд ба китфи рости меҳмон орд пошад, ки бун-сафедӣ ном дорад ва рамзи сафедӣ ва файзу баракатро дорад.

Мӯйсафед ба соҳибхоназан як коса боҷи аз хонааш овардаро медиҳад ва бар ивазаш соҳибхоназан боҷеро, ки дар хонааш омода кардааст, медиҳад. Ин амал мамнуъияти вуруд ба хона пас аз поксозии ид барои хешу табор ва ҳамсоягони дигарро, ки “пичирумч” номида мешавад, аз байн мебарад.

“Хонагаштак” ва бозиҳои наврӯзӣ

Мардум барои табрик ба назди хешу табор мераванд, ки “Хонагаштак” ном дорад.

Бо худ нони махсус тайёркарда – “бирух”-ро гирифта, ба миқдори муайяне, ки барои ҳама хешовандон кофӣ бошад, тақсим карда, бо ини гӯё рӯҳи гузаштагонро ором мекунанд, ки авлоди онҳо муттаҳид.

Инчунин, дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз гулхан афрӯхта, маросими “Аловпарак” (ҷаҳидан аз болои оташ), ҳойсаворӣ ва дигар бозиҳо оғоз мегардад.

Дар баробари ин расму оини “килогузгуз” бо иштироки кӯдакону наврасон сурат мегирад. Моҳияти ин маросим аз он иборат аст, ки кӯдакон хоҳиши иҷрои ягон корро талаб мекунанд.

Талабкунанда ба болои боми хона мебарояд ва ресмонеро, ки ба он рӯймол баста шудааст, ба рудз дохил карда, шеър мехонад ва аз сохиби хона амалӣ кардани хоҳишашро талаб мекунад.

Азбаски тиреза дар шифт маънои муқаддас дорад ва иртиботи байни инсону Худоро ифода мекунад, соҳиби хона бояд дархостро иҷро кунад.

Мегӯянд, ки дар гузашта бархе аз ҷавонон аз фурсат истифода бурда, аз падару модари духтареро, ки ба онҳо писанд омада буд, хостгорӣ мекарданд ва онҳо низ дар навбати худ наметавонистанд рад кунанд, то Худоро ба хашм наоваранд.

“Парчумбандӣ” ва “Хоҷаи Хизр”

Дар поёни рӯзи аввали ид, шомгоҳон маросими “Парчумбандӣ” оғоз мешавад, тамоми аҳли хонавода наздики шом ба сӯи хонаашон медаванд, то паси дар намонанд.

Сокинони як ҳавлӣ дар яке аз хонаҳо ҷамъ омада, хӯроки шом мехӯранд. Сипас бонуи хона орд ба даст гирифта, бо тамоми мардону писарони хонадон ба ҳавлӣ мебарояд ва шавҳараш ба кишти донаи гандум шурӯъ мекунад, ки дар ин вақт зан бояд ба онҳо орд пошад.

Ҳамин тавр, ҳама якдигарро бо саршавии мавсими кишт табрик мекунанд.

Баъд, зан зуд ба хона даромада дарро мебандад ва мард ба боми хона мебарояд.

Зан қошуқи чӯбиеро, ки ба он ду чӯбчаи хурд баста шудааст, гирифта, қошуқро тавассути рудз аз бом мепартояд.

Мард бошад, аз ин тиреза ба хона дона мепартояд.

Агар қошуқ ба дарун афтад, имсол шир ва агар ба пеш афтад, гандум зиёд мешавад.

Пас аз он мард аз бом фуромада, писарбачаро ба гарданаш шинонида ба сараш чапон мепӯшонад, гӯё ӯ Хоҷаи Хизр аст.

Мард дарро мекӯбад, барои даромадан иҷозат мепурсад ва бо овози баланд мегӯяд, ки бо дасти холӣ наомадааст, балки хушбахтӣ, бахт ва сарват овардааст.

Дарро ба рӯяш боз мекунанд, “Хоҷаи Хизр”-ро дар ҷойи боиззат мешинонанд, дар як косаи калони сафолин хўрок меоранд ва мард дуои шогун мехонад.

Тарзи омода кардани суманак

Пас аз маросими дарҳо танҳо саҳар кушода мешаванд.

Дар Бадахшон ғизои шоҳонаи Наврӯз, яъне суманакро ба таври махсус омода мекунанд. Донаи гандуми то 2-3 сантиметр сабзида баромадаро, дар Офтоб ё дар оташ хушк карда, баъд бирён мекунанд.

Танҳо баъд аз он орд мекунанд.

Субҳи Наврӯз тахминан соатҳои 4-5-и саҳар соҳибхоназан бояд аз ҷӯйбор оби тоза оварда (бояд дар ин вақт касе онро набинад) аз ин обу орд хамир тайёр карда, суманак мегузорад.

Наврӯзи Хатлон

Хатлониён низ мисли бадахшониён то фарорасии Наврӯз хонаҳои худро тоза карда, ба сабзонидани гандум барои суманак шурӯъ мекунанд.

Занон ба худ куртаҳои гулдӯзии чакан, инчунин аз гулбаст (докаи пахтагин бо гулҳои наққошӣ) медӯзанд.

Як ҳафта пеш аз Наврӯз кӯдакон гулҳои аввалини баҳорро чида, барои табрики ҳамсояҳо ва хешу табор ба деҳа мераванд.

Ин маросимро “Гулгардонӣ” мегӯянд.

Бо ин амал онҳо одамонро аз фарорасии Наврӯз хабар медиҳанд ва дар иваз шириниҳо мегиранд.

Наврӯз дар Тоҷикистон

Занон ба миқдори зиёд “чапоти” мепазанд ва ба ҳама тақсим мекунанд.

Чунин нон дар дастархони тоҷикон танҳо дар рӯзҳои ид пайдо мешавад.

“Ҳафт син” ва “Ҳафт шин”

Дар дастархони ҷашни Наврӯз ба ҷуз таомҳои маъмулӣ бояд ҳафт хӯрок, меваҷот, ашёе бошад, ки номашон бо ҳарфи “с” – “Ҳафт син” ё бо ҳарфи “ш” – “Ҳафт шин” оғоз мешавад.

Масалан, себ, санҷит, сир, сипанд, сирко, сабза ва суманак.

Дар суфраи “Ҳафт шин” бояд шамъ, шакар, шир, шаҳд (асал), ширинӣ, шарбат ва шона бошад.

Дар замонҳои қадим ба ҷои шона шаробро истифода мебурданд, ки бо зуҳури ислом мамнӯъ шуд.

Дар шаби Наврӯз занҳо донаи гандуми сабзида, бо навбат омехта карда, ба омода намудани суманак шурӯъ мекунанд.

Ҳар як зан ё духтар бояд на камтар аз се маротиба ба омехта кардани суманак кӯмак кунад ва ба он санг андохта орзу кунад. Муҳим аст, дар ин вақт дар сар рӯймол дошта бошад, то орзуяш амалӣ шавад.

Тамоми шаб занҳо мерақсанду сурудҳои махсус мехонанд, зеро дар урфият ибтидои соли навро бо шодӣ ҷашн мегиранд.

Суманак субх, ки тайёр шуд, ба хешу табор ва ҳамсояҳо тақсим карда мешавад. Ба ғайр аз суманак дар ҷануби Тоҷикистон “далда” тайёр мекунанд, ки дар дигар манотик онро ба таври дигар “гандумкуча”, “кашк”, “гандумоб” ва ғайра ном мебаранд.

Ин таомро низ аз гандум ва дигар зироатҳои лубиёгӣ (нахӯд, лӯбиё, мош) дар дегҳои калон омода мекунанд, то ба ҳама расад.

Аз аёдат то бозиҳои наврӯзӣ

Барои сокинони минтақаи ҷануб дар рӯзи Наврӯз ба аёдати беморон, пиронсолон ва бекасҳо рафтан муҳим аст.

Хатлониён низ бозиҳои худро доранд. Давоми як моҳ дар ҳама ҷо чорабиниҳои идона барпо мегарданд: мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ, хурӯсҷанг дар майдонҳо, пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ.

Бузкашӣ аз ҷолибтарин бозиҳои варзишӣ дар Тоҷикистон аст.

Қоидаҳои бозӣ одиянд: човандоз бояд бузи сарбуридаро гирифта, то ҳадди имкон бештар бо худ нигоҳ дошта, аз “дарвоза” гузарад.

Барои ҳар як қисм ғолиби он тӯҳфа мегирад. Дар рӯзҳои Наврӯз туҳфа метавонад ҳатто мошин, қолини гаронбаҳо ё пули калон бошад.

Наврӯзи Суғд

Дар вилояти Суғд Наврӯз нисбат ба дигар манотиқи Тоҷикистон барвақттар оғоз мешавад.

Ҳанӯз 7-8 март суғдиён “Иди сари сол”-ро ҷашн мегиранд.

Шоми 6 ба 7-уми март оши палав омода карда, “ошалишакон” (ба маънои табодули оши палав) ташкил мекунанд. Ҳамсояҳо ба ҳамдигар дар зарфе оши палав фиристода, бо иди сари сол табрик мекунанд.

Субҳи рӯзи 7-уми март мардону занон ва кӯдакон ба қабристон мераванд ва дар он ҷо дар гузаштагон дуо мехонанд. Инчунин, қабрхоро тоза карда, як навъ шанбегӣ ташкил мекунанд.

Онҳо бояд то шом маросими “фотиҳахонӣ” ва поксозии қабрҳоро анҷом диҳанд.

“Бойчечак”

Ҳамчунин, дар ин рӯз кӯдакон дар даст гули бойчечак хона ба хона мегарданд.

Ҳамин ки дарро кушодед, кӯдакон ба хондани суруди махсус дар бораи бойчечак шуруъ намуда, онро ҳамчун рамзи омадани баҳор ба шумо медиҳанд.

Бар ивази ин, шумо бояд ба онҳо чизе диҳед. Аксар вақт танга (1-2 сомонӣ) ё ширинӣ медиҳанд.

Калонсолон гулро гирифта, ба чашму абрувони худ мемоланд.

“Эй худованди замину осмон, то ба Наврӯзи дигар моро расон”,- гӯён Худоро шукр мегӯянд.

Кӯдакон асосан бегоҳӣ, вақте одамон аллакай дар хонаҳои худ ҳастанд, меоянд.

Маросими “Сайри Теппача”

Дар байни сокинони ноҳияи Деваштич анъанае бо номи “Сайри теппача” вуҷуд дорад.

Вай бо арӯсон алоқаманд аст. Ҳар сол бо фарорасии фасли баҳор духтарон ба зиёрати хонаҳое мераванд, ки чанде пеш дар онҳо тӯй барпо шуда буд.

Арӯсони чавон барои духтарон дастархони идона бо ҳар гуна нозу неъмат тайёр мекунанд, рақсу бозӣ ороста, суруд мехонанд.

Арӯс пеш аз рафтан ба дугонаҳояш туҳфаҳои хурд: рӯймо, дастрӯймол, атр, шона, ки барои истифода дар оянда нигоҳ дошта мешаванд, медиҳад.

Пеш аз фарорасии Наврӯз бошад, бо ҳамроҳии хушдоман ё модараш либоси зебоеро ба бар карда, ба мавзеи бо номи Теппача меравад, ки миёни деҳаҳои Ғазантарак ва Сой ҷойгир аст.

Дар ин ҷо аз тамоми деҳаҳои ҳамсоя наварӯсони зиёде ҷамъ омада, бо худ хӯроку шириниҳои гуногун оварда, дастархон меороянд.

Иди “Сайри Теппача” бо рақсу хурсандӣ, сурудҳои ҷаззоб ва бозиҳо чашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки ба ин хурсандӣ танҳо наварӯсоне меоянд, ки дар давоми як соли охир ба шавхар баромадаанд.

Малика Сафарова


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend