fbpx

Тавассути “Ориёнбонк”. Арзиши сафари ҳаҷҷи имсола муайян шуд

Сафари зоирони тоҷик барои адои ҳаҷҷи фарзӣ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.


-2
-2 points
Сафари Ҳаҷ
Акс аз Кумитаи дин

Арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷи соли равон 57 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд, хабар медиҳад Кумитаи дин.

Гуфта мешавад, ин нарх дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар карда шудааст.

“Довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд”,- менависад Кумита.

Гуфта мешавад, ин пул ба харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф хоҳад шуд.

“Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст”,- хабар медиҳад манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар соли 2023 арзиши сафар ба Ҳаҷ 59 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд.

Бар асоси эълони ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол тақрибан 7000 аҳолии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба он кишвар мераванд.

Зимнан, Кумита ҳушдор медиҳад, ки сафари ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ афроди бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба сафари ҳаҷ рафтаро, ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13300 доллари амрикоӣ), ба муддати шаш моҳ ҳабс, инчунин ба муддати 10 сол ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳдид мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend