fbpx

Аз Осорхонаи Мавлоно то рақси Само дар Қуния

Қуния шаҳрест, ки дар он анъанаҳои қадимӣ ва симои муосири Туркия бо ҳам омехта мешаванд.


0
Шаҳри Қуния дар Туркия

Қуния шаҳри қадимест дар маркази Туркия, дар минтақаи таърихии Анатолия. Ин шаҳри бой аз таъриху фарҳанг яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин ҷойҳои Туркия аст.

Хусусияти асосии Қуния мероси динии он аст. Шаҳр бо манзили файласуф ва шоири бузург Ҷалолиддини Балхӣ, маъруф ба Румӣ ё “Мавлоно”, асосгузори равияи тасаввуф машҳур аст.

Боигарии мадании Қуния дар мероси меъмории он низ аён аст. Шаҳри кӯҳна бо кӯчаҳои танг оро ёфтааст ва қисми марказии он дар Рӯйхати мероси умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.

Шоҳкориҳои меъморӣ, аз қабили Караҷа Хидирлик, масҷиди Азизӣ ва масҷиди Иморат бо зебоӣ ва азамати худ шахсро дар ҳайрат мемонанд.

Фарҳанги таомҳои Қунияро махсус кайд кардан лозим аст. Дар ин ҷо метавонед аз таомҳои аслии туркӣ бо истифода аз забудаҳои маҳаллӣ ва дастурҳои анъанавӣ таомҳои гуногунро чашида, лаззат баред.

Қуния шаҳрест, ки дар он анъанаҳои қадимӣ ва симои муосири Туркия бо ҳам омехта мешаванд. Дар кӯчаҳои он сайру гашт карда, худро дар гузашта эҳсос намуда, аз муносибати гарми сокинони маҳаллӣ рӯҳбаланд мешавед ва эҳсосоти нотакроре шуморо фаро мегирад.

Чатал – Хёюк – мӯъҷизаи меъморӣ дар маркази Туркия

Он дар водии Қизилирмоқ ҷойгир аст. Он яке аз аввалин шаҳрҳо дар таърихи инсоният ба ҳисоб меравад. Номи “Чатал – Хёюк” аз туркӣ ҳамчун “тоҷ-кӯҳ” тарҷума шудааст, ки дар илми бостоншиносӣ аҳамияти хоси он инъикос ёфтааст.

Ин шаҳр тақрибан дар асрҳои 8-6 пеш аз милод вуҷуд доштааст ва яке аз маконҳои беназири бостоншиносии давраи неолит мебошад. Вай аз кабатҳои зиёд иборат аст, ки ҳар кадоми он давраи муайяни тараққиёти ҷамъиятро инъикос менамояд.

Хусусияти хоси Чатал – Хёюк меъмории он аст – хонаҳои ба ҳам зич часпидае, ки манзилҳои бисёреро ташкил медоданд. Тааҷҷубовар аст, ки ҳар як қабати нав бевосита дар болои қабати қаблӣ сохта шуда, манзараи нотакрори ҳаёти сокинони қадимаро ба вуҷуд меорад.

Бостоншиносон дар ин ҷо тавонистанд ҷавоҳирот, сафолҳо, фрескаҳо ва асбобҳоеро пайдо кунанд, ки ба мо имкон медиҳад тарзи зиндагӣ ва фарҳанги ҷомеаҳои қадимиро беҳтар дарк намоем. Ин маҷмааи археологӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун объекти Мероси ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Масҷиди Алоуддин

Ин масҷид дар Қуния қадимтарин шоҳасари меъморӣ мебошад. Масҷид дар болои теппаи марказии таърихӣ, ки он низ номи Алоуддинро дорад, ҷойгир буда, на танҳо макони муқаддас, балки оромгоҳи султонҳои Салҷуқиён низ мебошад.

Дарҳол пас аз забти Қуния аз ҷониби Салҷуқиҳо дар соли 1080, бисёре аз маъбадҳои Византия, ба масҷид табдил ёфтанд. Тағйироти аввалин соли 1150 дар замони Султон Масъуди I оғоз ёфт.

Асари барҷастаи масҷид минбарест, ки соли 1155 сохта шудааст ва қадимтарин намунаи санъати даврони салҷуқӣ дар Анадолу мебошад. Инчунин аз ин давра меҳроби зебо ва гунбази боҳашамати марказӣ боқӣ мондааст.

Соли 1219 дар замони султон Кайковуси I, бозсозии куллӣ ва васеъ намудани масҷид оғоз ёфт. Намои боҳашамати масҷид, ки ба тарафи шаҳр, инчунин қасри султон нигаронида шудааст, маҳз дар ҳамон давра бунёд ёфтааст.

Дар тӯли беш аз шашуним аср, ба истиснои сохтмони манора ва бунёди меҳроби мармарии нав дар соли 1891 намои масҷид амалан бетағйир монд.

Маркази намоишгоҳи “Дор-ул-мулк”

Дар Маркази намоишгоҳи “Дор-ул-мулк” бахшида ба ҷангҳое, ки давлати Салҷуқиён дар онҳо иштирок карда буд, намоишҳои ҷаззоб пешниҳод мешаванд.

Бахши махсусан таъсирбахши намоишгоҳ намоиши сулолаи Салҷуқҳои турк – “Қабри султонҳо дар Қуния” мебошад. Ин макони таърихӣ ба як навъ ёдгорие табдил ёфтааст, зеро 12 султон дар як ҷо ба хоби абад рафтаанд ва аҳамияти онҳо дар ташаккули таърихи кишвар ниҳоят муҳим арзёбӣ мешавад.

Пайкараҳои султонҳои Салҷуқӣ диққатро ҷалб мекунанд. Муҷассамаҳои силиконии онҳо бо дақиқии баланд бозсозӣ карда шудааст, ки ба чеҳраҳои воқеӣ ва симои султонҳое, ки ҳашт аср пеш зиндагӣ кардаанд, наздик будани онҳо кафолат дода мешавад.

Ҳайкалҳои силикониро дар маркази намоишгоҳи “Дор-ул-мулк” ройгон тамошо кардан мумкин аст. Меҳмонон метавонанд тавассути тасвирҳои воқеии бадеӣ ба таърих ва фарҳанги Салҷуқиён ворид шаванд. Қабри султонҳо ба қабристони нодири сулола дар таърихи Туркия табдил ёфтааст.

Осорхонаи Мавлоно дар Қуния

Ин осорхона ба ҳаёт ва осори шоири сӯфии форс Ҷалолиддини Балхӣ бахшида шудааст. Таърихи ин макони нотакрор аз пешниҳоди Султон Алоуддини Кай Қубоди I дар бораи додани гулбоғи садбаргҳояш барои дафни падари Балхӣ, ки соли 1231 даргузашт, оғоз шудааст. Пас аз маргаш Балхӣ дар соли 1273 дар паҳлӯи падараш ба хок супурда шуд ва вориси ӯ Ҳисомуддини Чалабӣ дар болои қабрҳои онҳо мақбара сохт.

Сохтмони мақбара соли 1274 ба анҷом расид. Маблағи онро маликаи гурҷӣ Гурҷу Хотун, ҳамсари амир Сулаймониддини Парвон ва амир Аламиддин Қайсар пардохт кардаанд.

Мақбараи Мавлоно то миёнаҳои асри 19 амалан бетағйир монд. Дар соли 1854 ба ороиши дохилии он баъзе тағйирот ворид карда шуд, аз ҷумла аробаи чӯбини кандакории тобуткашӣ.

Маҷлиси Туркия дар соли 1926 маҷмааи қабрҳои дарвешҳои сӯфиро ба осорхона табдил дод, ки дар соли 1927 дарҳои худро боз кард. Мақбара номи ҳозираи худ “Осорхонаи Мавлоно”-ро соли 1954 гирифтааст.

Ансамбли меъмории осорхонаи Мавлоно дар тӯли ҳафт аср ташаккул ёфтааст. Объекти асосии зиёрат оромгоҳи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки дар зери гумбази Фирӯза воқеъ аст. Дахмаи Балхӣ, ки бо ояҳои Қуръон оро дода шудааст, намунаи олии ҳаккокӣ дар асри 13 мебошад.

Дар осорхона ҳамчунин толори маросими Самохонӣ, ки таҳти фармони Султон Сулаймони Аъзам сохта шудааст, мавҷуд аст. Дар ин ҷо дарвешҳо рақси маросими худро иҷро мекунанд.

Дар маҷмӯаҳои осорхона китобҳои қадимӣ, асбобҳои мусиқии мавлавӣ, лавозимоти намозгузорӣ ва ҷиҳози шахсии Балхӣ мавҷуданд, ки ба меҳмонон имкон медиҳад, дар фарҳанги тасаввуф ғарқ шаванд ва аз раванди таълими дарвешон ошно шаванд.

Қуттии марворидӣ, ки дар он порае аз риши пайғамбар Муҳаммад (с) мавҷуд аст, ҷойи махсус ва ғайриодӣ дорад.

Дарвешҳои чарханда, Само, Шаби арӯс, Рӯзи тӯй

Шаби арӯс маросимест, ки ба пайвастани Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо Аллоҳ бахшида шудааст. Ба ин хотир ҳамасола рӯзи 17-уми декабр пас аз намози шом дар шаҳри Қуния шоми ёдбуди шоири бузург ва сӯфӣ баргузор мешавад, ки бо қироати сураҳои Қуръон ва маросими Айн-ул-Ҷом, бештар бо маросими Само маъруф аст.

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки Само маросими чархзанӣ аст ва пайравони Мавлавиро “дарвешҳои чарханда” меноманд. Аммо дар одатҳои Мавлавӣ истилоҳи “чархзанӣ” вуҷуд надорад ва пайравони ӯ чарх намезананд, балки маросими Саморо иҷро мекунанд.

Калимаи Само дар ин ҷо ба ду маъно – ба маънои “осмон, олам” ва ба маънои “шунидани овози олам” истифода шудааст. Яъне садои он чиро ки Аллоҳ офаридааст, шунида, ба он посух додан.

Ҳаракатҳо дар Само рамзи пайдоиши олам, ба дунё омадани инсон ва ҳамзамон муҳаббат ба Офаридгори бузург ва хоҳиши хидмат ба Ӯст.

Ҳаракатҳои Саморо мусиқии тасаввуф ҳамроҳӣ мекунад, ки оҳанги набзи дили инсонро дорад ва барои дарки амиқтари амали иҷрошуда мусоидат мекунад.

Дар замони Мавлоно маросими Само бе мусиқӣ сурат мегирифт ва шеваи иҷрои дақиқе надошт. Асосаш шавқу илҳоми динӣ буд, ки дар заминаи тасаввуф ба вуҷуд меомад. Далелҳое ҳастанд, ки Балхӣ метавонист дар кӯча, бозор, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба чархзании Само шурӯъ кунад.

Пас аз марги Мавлоно дар замони писараш Валад Чалабӣ ва ворисони ӯ Само шакли муайяни ташаккулёфта пайдо кард ва аз соли 1460 сар карда, то имрӯз бетағйир боқӣ монд. Акнун оини Саморо метавон омӯхт ва ба дигарон ёд дод.

Толорҳое, ки барои маросими Само муҷаҳҳаз шудаанд, “Самохона” ном доранд. Барои таъмини масофаи баробар байни раққосон, ин толорҳо одатан ҳамчун доира шакл мегиранд.

“Водии шабпаракҳо”

Биҳишти тропикии Қуния, ки бо номи “Водии шабпаракҳо” маъруф аст, макони беш аз 12 ҳазор шабпарак аст. Ин махлуқоти аҷиб дар боғи тропикии махсус сохташуда зиндагӣ мекунанд.

Рамзи асосии водӣ гунбази шишагин дар шакли шабпарак мебошад. Майдони “Водии шабпаракҳо” 38 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ҳавзҳои ороишӣ, варзишӣ ва дилхушӣ мавҷуданд.

Дар ҳудуди он, инчунин осорхона ҳаст, ки саёҳати ҷолиб ба олами ҳашаротҳоро пешкаш мекунад.

Деҳаи Силле

Ин деҳа дар наздикии Қуния ҷойгир аст. Яке аз ҷозибаҳои он калисои Еленаи муқаддас аст, ки гуфта мешавад, дар ҷои калисои Микоил, модари Константини Кабир, ки дар соли 327 ҳангоми сафараш ба Байтулмуқаддас таъсис ёфтааст, бунёд гардидааст.

Дар роҳ ба Байтулмуқаддас аз Қуния гузашта, Еленаи муқаддас ба вазъияти масеҳиёни дар наздикии он истиқоматкунанда, ки дар ибодатгоҳҳои аз санг сохташуда ибодат мекардаанд, таваҷҷуҳ карда фармон медиҳад, ки барои онҳо калисо бунёд кунанд.

Ҳоло калисои Еленаи муқаддас бозсозӣ карда шуда, ҳамчун осорхона фаъолият мекунад.

Масолеҳи сохтмонии он сангҳои маҳаллӣ буд, ки онро Силле – таши меноманд. Гунбаз бо нақши геометрии аз хишт сохташуда оро дода шудааст.

Худи деҳаи Силле низ сазовори таваҷҷуҳ аст: он деҳаи зебоманзарест, бо хонаҳои нотакрори қисман барқароршудаи давраи усмониён ва ғорҳои кӯҳӣ, ки аз зиндагии аввалин масеҳиён дар ин ҷо шаҳодат медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines аз 20-уми майи соли 1933 бо панҷ ҳавопаймо ва камтар аз 30 корманд фаъолияти худро шуруъ карда, имрӯз нисбат ба дигар ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон ба кишварҳо ва самтҳои байналмилалии бештар парвоз мекунад. Имрӯз бренди ҷаҳонии ҳавопаймоӣ аз хонаи замонавии худ “Фурудгоҳи Истанбул” бо маҷмуи 439 ҳавопаймо ба 129 кишвари ҷаҳон парвозҳо анҷом медиҳад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend