fbpx

Ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон чӣ тавр худро муҳофизат кунад?

Мо муфассал мефаҳмонем, ки шахси аз хушунати хонаводагӣ зарардида дар чаҳорчӯбаи қонун чӣ ҳуқуқҳо дорад.


-1
-1 points
Хушунати хонаводагӣ
Акс аз интернет.

Дар соли 2023 дар Тоҷикистон чандин мавриди пурсарусадои хушунати хонаводагӣ сабт шудааст: яке аз онҳо хушдомане буд, ки келинашро барои як пора нон сарзаниш карда наворашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд ва дар натиҷа келин ҳамроҳи кӯдакаш хонаро тарк кард. Ҳолати дигар, қасди худкушии модари се фарзанд буд, ки дар шимоли кишвар ба амал омад.

Тибқи омор, ҳар сеюмин зан дар Тоҷикистон мавриди хушунати хонаводагӣ қарор мегирад. Мо тавсияҳоеро гирд овардем, ки ҳангоми қурбонии зӯроварӣ шудан чӣ гуна рафтор кардан, адолатро барқарор намудан ва ба шахси зӯровар ҷазои муносиб доданро мефаҳмонад.

Коршиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» Парвина Наврӯзова ва Лариса Александрова ба мо бо маслиҳату тавсияҳо кӯмак карданд.

Пеш аз он ки дар ҳолати зӯроварӣ чӣ гуна амал кардан ва ба куҷо муроҷиат карданро фаҳмед, бояд бидонед, ки оё шумо аз ҷиҳати ҷисмонӣ ё равонӣ мавриди озор қарор гирифтаед. Муфассалтар дар ин бора метавонед дар маводи мо “Оё ман дар оилаи худ ҷабрдида ҳастам” бихонед.

Ҷароҳатҳоро чӣ гуна ва дар куҷо ба қайд гирифтан мумкин?

Ба назар гиред, ки сухан дар бораи аксҳое, ки худатон дар телефонатон гирифтаед, намеравад. Чунин аксҳо далел шуда наметавонанд.

Дар Тоҷикистон дараҷаи вазнин будани зӯроварии ҷисмонӣ тибқи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад:

  • қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110);
  • қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ (моддаи 111);
  • қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ (моддаи 112);
  • лату кӯб (моддаи 116);
  • азобу уқубат (моддаи 117).

Тибқи ҳамаи моддаҳои дар боло зикршуда (ғайр аз моддаи 116 Кодекси ҷиноятии ҶТ), хулосаи тиббӣ оид ба вазъи ҷисмонии ҷабрдида зарур аст, ки метавонад (ғайримустақим) тасдиқ кунад, ки ҷароҳатҳои бадани ҷабрдида дар натиҷаи зӯроварӣ ба вуҷуд омадаанд. Инчунин он метавонад, ки хусусияти пайдоиши онҳо (ҷароҳатҳо) ва вазнинии оқибатҳои ин ҷароҳатҳоро барои саломатии ҷабрдида муқаррар намояд.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» барои баҳогузорӣ ва қайди зарари ҷисмонӣ фавран дар давоми 2 – 3 рӯз ба Маркази экспертизаи судӣ барои гузаронидани экспертизаи судӣ – тиббӣ муроҷиат кардан зарур аст.

Дар ҳолатҳои вобаста ба таҷовуз ва\ё амалҳои ношоиста, муоина (экспертиза) гузаронида шуда, хулосаи экспертизаи судӣ – тиббӣ аз ҷониби комиссияи судӣ-тиббӣ (бо иштироки коршиноси судии тиббӣ ва ҳатман гинеколог (духтури бемориҳои занона)) дода мешавад.

Донистан муҳим аст!

Муоинаи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила бо баҳодиҳии муоинаи пӯст ва ташхиси иловагии ташхисӣ (МРТ, УЗИ, рентген), муоина ва машварати мутахассисон (нейрохирург, ЛОР, терапевт ва ғ.) вобаста ба ҷароҳатҳои гирифташуда гузаронида мешавад.

Ҳамаи тағйиротҳои дардманд (ҷароҳатдор) ё осебпазире, ки ҳангоми муоина ошкор шуданд, дар шакли хаттӣ муфассал тасвир карда мешаванд.

Мувофиқи талаботи аксбардории судӣ далелҳои ошкоршударо сурат гирифта, аксҳо замима карда мешаванд.

Агар экспертизаи судӣ – тиббӣ дастгоҳи аксбардорӣ надошта бошад, шумо метавонед аксҳои худро пешниҳод кунед.

Нусхаи хулосаи муоина (экспертиза) ба шумо шахсан дода мешавад. Ба ғайр аз ин, ҳатман нусхаи натиҷаҳои санҷишҳои ташхисии иловагӣ ва аксҳоро чун замима талаб кунед.

Оқибатҳои психологиро чӣ гуна бояд исбот кард?

Агар дар кӯча ва ё хона ба шумо бо зӯроварии ҷисмонӣ таҳдид намоянд, таҳқир кунанд ё паст зананд, шаппотӣ, ба пушти сар задан ё дигар усулҳоеро, ки пайваста ва ё зиёда аз ду маротиба такрор мешаванд, истифода баранд, пас ин зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ мебошад, ки ба чавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Барои баҳо додан ва исбот кардани оқибатҳои равонӣ ба Маркази равоншиносӣ барои гузаронидани экспертизаи судӣ – тиббӣ (психологию рӯҳӣ) муроҷиат кардан лозим аст (моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ»).

Кадом мутахассисон барои арзёбии оқибатҳои равонии зӯроварӣ ваколат ва салоҳият доранд?

  • психиатр – коршинос (на камтар аз 3 психиатр);
  • равоншинос.

Муоинаи психологию рӯҳӣ бо истифода аз воситаҳои гуногун гузаронида мешавад. Тадқиқоти иловагии ташхиси МРТ – и мағзи сар, УЗИ – и дил имконпазир аст.

Ҷабрдидаи зӯроварӣ ба чӣ ҳуқуқ дорад?

Бисёриҳо намедонанд, ки ҷабрдидаи зӯроварӣ на танҳо дар чаҳорчӯбаи қонунгузории маъмурӣ, балки дар чаҳорчӯби Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон низ ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад.

Илова бар ин, ҷабрдидаи зӯроварӣ ҳуқуқ дорад:

  • кӯмаки тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ гирад;
  • дар марказҳои дастгирӣ, марказҳо ё шӯъбаҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоии осебдидагон ҷойгир карда шавад;
  • оид ба ҳифзи амнияти худ машварати ҳуқуқӣ ва дигар иттилоотро бигирад;
  • ба мақмоти худидораи маҳал (кумитаҳои маҳаллаҳо) бо мақсади маҳкумкунии оммавии рафтори шахсе, ки зӯроварии оилавиро содир кардааст, муроҷиат намояд;
  • барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсе, ки зӯроварии оилавӣ содир кардааст, ба мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ё суд муроҷиат намояд. (Моддаи 6 Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»).

Дар инҷо шумо метавонед намунаи ариза ба суд ва ШВКДро зеркашӣ намоед (скачать) ва тибқи маҳалли зист муроҷиат кунед.

Чӣ бояд кард, агар шумо аллакай ҷабрдидаи зӯроварӣ шуда бошед?

Ин рақамҳоро дар хотир доред:

1313 – Телефони боварии шабонарӯзии ройгони Маркази захиравии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оилаи назди Кумитаи кор бо занон ва оила. Занг ба ин рақам ройгон аст, аммо дар тавозуни телефон бояд маблағ бошад.

221-21-21 ё 102 – телефони боварии ВКД.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ба занг дархости шумо барои ёрӣ ҷавоб диҳанд ва фавран нозирони минтақавиро фиристанд. Агар ба шумо расонидани кӯмакро рад кунанд, шумо масъулияти онҳоро тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила» хотиррасон намоед.

Ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ

То омадани милитсия чӣ бояд кард?

– Агар таҳдиде вуҷуд дошта бошад, ки то омадани кормандони милитсия зӯровар метавонад шуморо бештар маъюб кунад: ҳамсояҳоро ба ёрӣ даъват кунед, диққаташонро ҷалб кунед, зеро ин одамон баъдтар шоҳидони шумо мешаванд.

– Аз ҳамсояҳо хоҳиш кунед, ки барои муддате (як – ду соат) шуморо ба хонаашон баранд. Агар ҳамсояҳо хоҳиши шуморо рад кунанд, беҳтараш чизҳои омода кардаатонро гиред ва ба ҷои бехатар равед (ба хонаи волидон, дӯстон ё ин ки ба беморхона).

– Агар шумо фикр кунед, ки ҳамсаратон (шарикатон) метавонад ба фарзандонатон низ зарар расонад, дар ҳеҷ сурат онҳоро бо ӯ нагузоред.

– Агар вазъ хеле душвор бошад, пас хонаро зуд тарк кунед, ҳатто агар чизҳои заруриатонро гирифта натавонед. Дар хотир доред, ки ҳаёти шумо ва кӯдакатон дар хатар аст!

– Вақте корманди милитсия омад, бо муомилаи хуш хоҳиш кунед, то худро шинос кунад ва ҳуҷҷаташро нишон диҳад. Ному насаб ва вазифаи корманди милитсияро дар ёд нигоҳ доред, агар тавонед маълумотҳояшро нависед. Натарсида тамоми вазъиятро нақл кунед, ҳатто агар ҳамсаратон (шарикатон) гӯяд, ки шумо худатон лат хӯрдаед ва ҳоло дурӯғ гуфта истодаед.

– Ҳатман дар ду нусха ариза навишта, дар он хоҳиш кунед, ки корманди милитсия зӯроварро бо худ барад ва ба шумо амрномаи муҳофизатӣ диҳад. Як нусхаи аризаро ба корманди милитсия диҳед. Дар нусхаи дигар корманди милитсия бояд сана ва вақтро нишон дода, имзо гузорад. Онҳо ҳаққи рад карданро надоранд.

Ба ҷуз аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» кормандони милитсия инчунин вазифадоранд, ки «Дастурамал оид ба пешгирӣ, рафъ ва вокуниш ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила» – ро риоя кунанд. Шумо метавонед ба корманди милитсия ин санадҳоро асос биёред, агар ӯ вазифаи худро софдилона иҷро накунад.

Фармоиши муҳофизатӣ чист?

Ин ҳуҷҷатест, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ба шахсе, ки зӯроварии хонаводагӣ содир кардааст ё шахсе, ки бо истифода аз он таҳдид мекунад, дода мешавад.

Он ба таҷовузкор дар давоми 24 соат пас аз рух додани зӯроварии хонаводагӣ бо мақсади ҳифзи ҷабрдидаи зӯроварӣ дода мешавад. Он 15 рӯз муҳлат дорад (имкон ҳаст то 30 рӯз дароз карда шавад).

Фармоиш метавонад талаботи зеринро дар бар гирад:

– манъи ҳама гуна зӯроварӣ нисбати ҷабрдида;

– тавсия оид ба сари вақт баргаштан ба манзил;

– манъи истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи масткунанда дар давоми мӯҳлати фармоиши муҳофизатӣ.

Дар хотир доред, ки фармоиши муҳофизатӣ ба таҷовузкор дода мешавад, аммо ҷабрдида ҳақ дорад нусхаи онро талаб кунад, то бидонад, ки оё он воқеан содир шудааст ва аз чӣ иборат аст.

Пас аз содир шудани фармоиш кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд иҷрои онро аз ҷониби таҷовузкор назорат кунанд.

Дар сурати риоя накардани ин талабот, таҷовузкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад ва мумкин аст ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳандаи ҳисобҳо – мутаносибан 290 ва 580 сомонӣ (1 нишондиҳанда барои ҳисоб = 64 сомонӣ) ҷаримабандӣ карда шавад.

Оё ба таҷовузкор танҳо бо фармоиши муҳофизатӣ таъсир расонида мешавад?

Не, на он қадар. Ҳамааш аз ҳолати зӯроварии содиршуда вобаста аст. Қонунгузории кишвар имкон медиҳад, ки худро аз таҷовузкор бо кушодани парвандаи ҷиноӣ муҳофизат кунед, агар зӯроварии ҷисмонӣ ба саломатӣ ё зӯроварии ҷинсӣ ба амал омада бошад.

Қарор оид ба аризаи гирифташуда дар бораи ҷиноят бояд дар муҳлати на зиёда аз се рӯз аз рӯзи гирифтани ариза ва хабар қабул карда шавад.

Агар ба шахс қабули ариза рад карда шавад, ӯ метавонад дар ин бора ба прокуратура ё мақоми болотар аз он (ё суд) шикоят намояд.

Дар кадом ҳолатҳо милитсия шикоят ё аризаи шуморо қабул намекунад?

Агар латукӯб ба саломатӣ зарар нарасонида бошад ё зарари ночиз расонида бошад, метавонанд шикояти шуморо барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ қабул накунанд. Дар ин ҳолат ба шумо лозим аст, ки фавран ба суд шикоят кунед.

Мурофиаи судӣ бояд на дертар аз 14 рӯз аз рӯзи ба суд ворид шудани ариза оғоз шавад. Хусусияти айбномаи хусусӣ дар он аст, ки на муфаттиш алайҳи таҷовузкор далелҳо ҷамъ оварда, ба суд пешниҳод мекунад, балки худи ҷабрдида. Ин барои ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ мушкил аст.

Аммо ҳуқуқшиносоне, ки бо ҷабрдидагони зӯроварӣ кор мекунанд, ҳушдор медиҳанд, ки агар шумо ҳоло аз ҷазо додани таҷовузкор даст кашед, ӯро бубахшед, он гоҳ зӯроварӣ метавонад такрор ёбад, зеро таҷовузкор ба беҷазо монданаш боварӣ дорад. Бинобар ин аз болои таҷовузкор ба суд ариза навиштан ҳатмист.

Тафсилоти муҳим! Агар шумо қарор додед, ки зӯроваррро мебахшед, пас аз ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ даст накашед. Мувофики моддаи 73 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ҷинояти начандон вазнин ё миёна содир кардааст, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад, агар ӯ бо ҷабрдида оштӣ шуда, зарари ба ҷабрдида расидаро ҷуброн намояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend