fbpx

Табибе, ки устоди рақс шуд. Чӣ тавр ҷавони хуҷандӣ ансамбли рақсии мардона ташкил кард

Ба Қобилҷон барои хизматҳояш дар соҳаи фарҳанг аз ҷониби президент хонаи истиқоматӣ туҳфа карданд.


2
2 points
Аксҳо аз бойгонии шахсии Қобилҷон Комилзода

Қобилҷон Комилзода, ки дар риштаи тиббӣ таҳсил ва фаъолият мекард, дар шаҳри Хуҷанд ансамбли рақсии мардона ба номи Ғаффор Валаматзодаро таъсис дод. Ӯ мегӯяд, ки меҳри фарҳангу ҳунар боло гирифту кор дар беморхонаро барои ҳамеша тарк карда, ба дунёи рақс омадааст.

Ӯ ба Your.tj сабаби аз тиб ба фарҳанг рӯ оварданашро гуфт.

Нахустин ҳунарнамоӣ ва туҳфаи президент

Аввалин ҳунарнамоии ансамбли рақсии мардонаи ба номи Ғаффор Валаматзодаи вилояти Суғд дар назди президенти кишвар сурат гирифт. Пас аз ин баромад Эмомали Раҳмон ба Қобилҷон хонаи истиқоматӣ туҳфа кардааст.

“25 сентябри соли 2016 буд, он рӯз ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, зеро ансамбли ман бори нахуст дар саҳнаи сатҳи олӣ ҳунарнамоӣ кард. Вуҷуди маро тарсу ҳарос фаро гирифта буд. Метарсидам, ки ансамбли навтаъсисамон хуб ҳунарнамоӣ намекунад, зеро ҳамагӣ чанд моҳ пеш ба фаъолият шурӯъ карда будем, аммо ҳамааш баръакс шуд. Баъди ҳунарнамоӣ занг зада гуфтанд, ки “аз ҷониби Президент ба шумо хона туҳфа шуд”, – ба ёд меорад Қобилҷон Комилзода.

Таваққуф оғози дигар аст

Қобилҷон Комилзода бори аввал дар синни 7-солагӣ дар мактаб ҳунарнамоӣ кард. Аммо, ин баромад то замони донишҷӯи аввалину охирин қадами ӯ дар саҳна гашт.

Ӯ баъди хатми мактаби миёна, аввалан ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорид. Соли 2015 пас аз хатми ин донишгоҳ ӯ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Исҳоқӣ таҳсил кард.

“Аз хурдӣ орзу доштам, ки хилъати сафед ба бар карда, беморонро шифо бахшам. Маҳз ҳамин орзу маро ба Коллеҷи тиббӣ овард. Хондам ва корманди соҳаи тиб шудам. Чанд сол дар беморхонаи шаҳрӣ низ фаъолият кардам”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Қобилҷон дар ансамбл фаъолият менамуду, ҳамзамон дар беморхона навбатдор меистод ва дар амалиёти ҷарроҳӣ иштирок мекард. Чун ба чорабиниҳо бештар ҷалб мекарданд, дигар фурсат намеёфт, ки ба беморхона равад. Ӯро лозим омад, ки як ҷодаро интихоб кунад ва аз баҳри дигаре гузарад.

Сипас Қобилҷон ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода супорида, дубора ба соҳаи санъат баргашт.

“Роҳи чашмаро бандед, аз дигар ҷой ҷӯш мезанад” мегӯянд. Маҳз таваққуфи чандсола боис гашт, ки дубора ба ин ҷода баргардам. Он иқтидоре, ки то имрӯз истифода набурдам, ҷамъ шуда, ахиран ҷӯш зад”, – мегӯяд, Қобилҷон.

Аз “Маҳастӣ” то “Ғаффор Валаматзода”

Қобилҷон Комилзода баъди дубора ба соҳаи санъат баргаштан, корро аз ансамбли рақсии “Маҳастӣ”-и назди Кохи фарҳанги ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд оғоз кард. Дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии сатҳи шаҳру вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ иштирок мекард. Ӯ ба ҳайси ҳунарманди дараҷаи олии балет дар Театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров кор кард.

Баъди таъсиси ансамбли рақсии ба номи Зебо Аминзода, Қобилҷон устоди ин даста таъйин шуд. Ба духтарон нозукиҳои рақсро омӯзонида, ҳунари онҳоро сайқал медод.

Маҳз ҳунари асил боис гашт, ки ба Қобилҷон пешниҳод карданд, то бахшида ба 100-солагии устоди саҳна, раққоси номӣ Ғаффор Валаматзода ансамбли рақсии мардона таъсис диҳад ва рӯҳи эшонро шод гардонад.

“Ба мӯъҷиза бовар намекунанд, аммо он вуҷуд дорад ва дар ҳаёти ман рух додааст. Орзуи кӯдакиам буд, ки ансамбли худро дошта бошам ва саҳнаро ба ларза орам. Вақте ба ман гуфтанд, ки “ансамбли рақсии мардона ташкил кун, мо дастгирӣ мекунем”, аз ғояти шодӣ ҳамаи дилсардиҳо ва нокомиҳо фаромӯш шуданд”, – ба ёд меорад ӯ.

Ин иқдоми наҷиби роҳбарияти вақти вилояти Суғд роҳи қаҳрамони моро ботамом кушод ва ӯро ба қуллаҳои баланди фарҳангу санъат роҳнамоӣ кард. Ансамбли рақсии мардонаи ба номи Ғаффор Валаматзода ҳамчун ситорае дар осмони санъат дурахшид.

“Давоми се моҳ тагудав карда, ҳайати ҳунариро аз ҳисоби ҷавонон пурра гардонидем. Шахсан худам ҳар як довталабро санҷида, баъд ба ансамбл қабул намудам. Зеро барои мо шахсе лозим буд, ки баъди “пухта расидан” тарки саҳна накунад”, – мегӯяд Қобилҷон.

Воқеан, чанд шогирди ӯ, ки аллакай ҳамчун ҳунарманди асил тайёр шуда буданд, баъди хонадоршавӣ тарки ансамбл карданд ва ин ба Қобилҷон зарбаи шадид гардид. Новобаста аз ин, ӯ рӯҳафтода нашуда, шогирдони нав ба нав омода менамуд.

“Барои роҳкиро 1 дирам намеёфтем

Ҳоло дар ҳайти ансамбли рақсии мардона 16 духтар, 14 писар ва 20 духтараку писараки наврас машқи рақс мекунанд.

“Ансамбли мо расман мардона бошад ҳам, дар он духтарон низ машқ мекунанд. Ба шогирдҳо талқин мекунам, ки омӯзанд ва ҳамеша омодаи ҳунарнамоӣ бошанд. Зеро, гоҳо мешавад, фаврӣ супориш медиҳанд, ки дар фалон ҷой ҳунарнамоӣ кунед. Ёд дорам, ки ҳам дар сафари Қатар, ҳам дар сафари Сочӣ моро вақте огоҳ карданд, ки фурсати кам монда буд. Хушбахтона, ҳамааш сарбаландона гузашт”, – афзуд вай.

Қобилҷон аз он хушҳолӣ мекунад, ки оила ӯро ҳамвора дастгирӣ мекунад. Дар ғаму шодӣ шарик мешавад.

“Аз дӯстону пайвандон ҳамеша сипосгузор ҳастам, ки маро танҳо намегузоранд. Хоса, аз ҳамсарам, ки дар ҳама кор мададгорам аст. Фарзандонамро дар роҳи рост тарбия мекунад ва дар ниҳоди онҳо ҳисси илмомӯзиро мепарварад. Бояд дар ҳама зинаҳои ҳаёт сабр кард, душвориҳоро паси сар намуд. Вақте дар “Падида” фаъолият мекардам, гоҳо аз бепулӣ танқисӣ мекашидем, барои роҳкиро 1 дирам намеёфтем.  Ҳоло бошад роҳбари ансамблам”, – мегӯяд Қобилҷон.

Қобилҷон ният дорад, ки дар ҷодаи рақс навоварӣ ё худ қолабшиканӣ кунад. Барои амалӣ намудани ин ниятҳо дар ҳар як чорабиние, ки ӯро режиссёр таъин мекунанд, дигаргуние ворид месозад, то барномаи консертӣ рангоранг гузарад.

Ӯ боварӣ дорад, ки рақси мардона дар баробари дигар навъи санъат рушд карда, як василаи хуби муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар арсаи олам мегардад.

Амони Муҳаммад


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend