fbpx

20 соли зиндон ба сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан, ки ҳамсарашро куштааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи liter.kz

Сафорати Тоҷикистон дар Русия: Ҳар чор ҳалокшудагон дар садама шаҳрвандони Тоҷикистонанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия тасдиқ кард, ки ҳар чор нафар дар садамаи 9 – уми январи соли равон дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия ҷон дода, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Марги чор шаҳрванди Тоҷикистон дар садама дар Русия
Акс аз сомонаи sever138.ru

Қаблан, шоми дирӯз гуфта буд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, шахсияти ду нафари дигар аз ҷониби мақомот маълум карда мешавад.

“Сафорати Тоҷикистон дар Русия вобаста ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух дода буд, бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти мақомоти дахлдори кишвари иқомат ҳар чор нафар ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”, – омадааст дар иттилоияи сафорат, ки имрӯз, 10- уми январ нашр шуд.

Мусъулини сафорат гуфтаанд, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан ба наздикону пайвандони фавтидагон кӯмак мерасонад.

“Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад”, – зикр мешавад дар иттилоияи онҳо.

Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, 9-уми январи соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётӣ, ки гуфта мешуд, дар натиҷаи он, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, паҳн гардид.

Аз ниҳоди дипломатӣ дирӯз, 9-уми январ гуфтанд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои муайян кардани шахсияти ду нафари дигар кор идома дорад

Пардохти моҳонаи кӯдакистонҳо баланд шуд

Аз 1-уми январ нархи моҳонаи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафт. Акнун барои як кӯдак ба ҷойи 128 сомонӣ 136 сомонӣ талаб карда мешавад.

Нархи моҳонаи кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон боло рафт
Акс аз “Азия плюс”

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри эълоне дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боло рафтани ҳаққи моҳонаи кӯдакистонҳо хабар дода гуфтааст, сабаб ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар рабт дорад.

Дар эълони сарраёсат гуфта шудааст, ки “… андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳатии ҳисобкунии андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз 1 январи соли 2023 дар ҳаҷми 68 сомонӣ муқарар гардидааст.

Вобаста ба ин нигоҳубинӣ кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳри Душанбе ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо,  яъне 136 сомонӣ дар як моҳ муайян гардидааст”.

Дар ин эълон ҳамчунин аз шаҳрвандон хоста шудааст, ки моҳонаро тариқи бонки давлатии “Амонатбонк” супорида, расидро ба муассиса дастрас кунанд.

Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидон аз боло рафтани ҳаққи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо нигаронӣ мекунанд. Бархеи онҳо мегӯянд, дар бархе аз кӯдакистонҳо бар иловаи моҳона, ҳаққи мураббияҳо низ талаб карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтааст, дар сурати аз ҷониби масъулини боғчаҳо зиёд талаб намудани хаққи моҳона, онҳо метавонанд ба рақами телефони боварии ин ниҳод – 2213092 тамос бигиранд.

Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе 150 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд аст, ки наздик ба 31 ҳазор  тарбиятгирандагонро фаро гирифтаанд. Аз ин теъдод, 92 муассиса буҷавӣ, 46 муассиса хусусӣ ва 12 муассисаи дигар вобастаи корхонаву ташкилотҳо мебошанд.

20 соли зиндон ба сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан, ки ҳамсарашро куштааст

Дар шаҳри Истаравшан марди 37 – сола барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар шаҳри Истаравшан марди 37 – сола барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.
Акс аз сомонаи realist.online

Бино ба навиштаи “Азия-Плюс” Баҳоваддин Нарзуллоев бо ҳукми Суди вилояти Суғд аз 17 – уми ноябр барои одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ҳабс шуд.

Гуфта мешавад, ки сабаби қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар то ду соат бедарак шудани ӯ будааст.

“Ӯ моҳи августи соли 2022 бо ҳамсараш Уғулой Пӯлотова ба Бозори марказии шаҳри Истаравшан рафта, барои харидории оби нӯшокӣ ба мағоза медарояд. Баъди баромадан ҳамсарашро дар ҷое, ки бояд меистод, намеёбад. Дар  ғазаб шуда, машрубот менӯшад ва хона омада ҳамсарашро намеёбад”, – гуфт манбаъ аз Суди вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди он ки ҳамсараш ба хона меояд, ӯро пурсуҷӯ карда, то аз ҳуш рафтан латукӯб мекунад.

“Бо ин ҳам қаноат накарда, бо “термос”-и пури оби ҷӯш ронҳои занро месӯзонад ва баъдан буғӣ карда мекушад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба таъкиди манбаъ, Баҳоваддин Нарзуллоев бо мақсади пинҳон кардани амалаш сару лисоби хунолуди ҳамсарашро иваз карда, як рӯз пас волидони марҳумро огоҳ кардааст, ки гӯё духтарашон бо марги худ фавтидааст.

Вале хулосаи экспертизаи судӣ маълум кардааст, ки ӯ аз латукӯб ва буғӣ фавтидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола даҳҳо ҷинояти куштор, аз ҷумла куштори зан аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои хонавода рух медиҳад. Аз ҷумла 28- уми ноябр дар ноҳияи Зафаробод Зокир Аъзамов ҳамсараш Фируза Аъзамова ва писарчаи 9 солаашро бо бераҳмии махсус кушта ҷасади онҳоро оташ зада буд.

Нисбати ду духтари ноболиғ дар Исфара парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Нисбати ду духтари ноболиғе, ки дар шаҳри Исфара як ҳамсоли худро латукӯб карда, ба об андохта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Паврвандаи ҷиноӣ нисбати ду духтари ноболиғ дар Исфара
Акс аз интернет

Қаблан бар зидди волидайни се духтари ноболиғ, ду нафаре, ки як ноболиғи 14-соларо латукӯб карданд ва нафаре, ки рафти ҳодисаро ба навор гирифта, баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой кард, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) парвандаи маъмурӣ боз шуда буд.

Моддаи мазкур огоҳӣ ё таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (як нишондиҳанда барои соли 2022 64 сомонӣ) пешбинӣ менамояд.

Худи духтарони ноболиғ дар қайди шуъбаи кор бо ноболиғон гузошта шуданд.

Ҳамакнун, бо гузашти наздики як моҳ аз хабари латукӯб, мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Исфара гуфтааст, ки алайҳи ду духтари ноболиғе, ки дар наворе ҳамсолашонро латтукӯб карда, ба дарё партофта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Онҳо бо гумони авбошӣ ва ғоратгарӣ боздошт шудаанд.

Мақомоти милисаи шаҳри Исфара дар гузорише ахиран қазияро батафсил шарҳ дода гуфтаанд, духтарон бо ин роҳ барои саркашии ҳамсолашон аз иҷрои дастури онҳо, ӯро ҷазо додаанд. Сабаби дигари мавриди латту куб қарор додани духтари наврас, писаре будааст, ки гӯё бо гуноҳи ӯ кораш ба милиса афтодааст.

Назари духтарони боздоштшуда ва пайвандони онҳо ба қазия дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоии лаҳзаи ҷанҷоли се духтари зоҳиран ноболиғ дар Исфара нашр шуд.

Дар видео дида мешуд, ки ду духтар як духтари дигарро шаттазанон  ва аз мӯяш кашида, ба лаби об мебаранд. Дар роҳ, вақте ки мӯяшро мекашанд, духтари ҷабрдида нола мекунад ва чанд бор ба замин ҳам меафтад, вале боз зери мушту шатта қарор мегирад.

Дар ниҳоят, он ду духтар ҷабрдидаро ба лаби дарё мебаранд ва бо вуҷуди ҳавои сард ӯро ба даруни об тела медиҳанд. Ин духтар бо овози тарсхӯрда ва гирёну нолон аз он ду нафар илтимос мекунад, ки ин корро бо ӯ накунанд, аммо онҳо ба кори худ идома медиҳанд.

ВКХ Тоҷикистон аз Русия таҳқиқи одилонаи парвандаи зани муҳоҷиреро, ки ба куштор гумонбар аст, хост

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз Русия хост, парвандаи як зани муҳоҷирро, ки ба куштани ошпазе дар Маскав гумонбар аст, одилона таҳқиқ кунанд.

Шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 4-уми январи имсол ба иттиҳоми даст доштан дар куштор боздошт карданд.
Акс аз интернет

Мақомоти Русия Сайёра Дусаеваи 36-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 4-уми январи имсол ба иттиҳоми даст доштан дар куштор боздошт карданд.

Ӯ ба он гумонбар аст, ки ҳангоми ҷанҷол ошпази ошхонаи гурҷиро бо корд задааст.

Ҳамкорони Сайёра ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, “ҷанҷол пас аз шӯхӣ ва дастдарозии мард ба зан оғоз ёфт.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе рӯзи 10-уми январ гуфт, “ошпази тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб карда, нисбат ба ӯ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дидааст. Шаъну шарафи ӯро паст задааст. Номбурда маҷбур шудааст, барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад.”

Ин қаҳвахонаи гурҷӣ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав ҷойгир аст.

Дар наворҳое, ки зоҳиран аз дурбини ошхона ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки мард аз мӯйи сари зан дошта, ӯро латукӯб мекунад. Дар навор дида мешавад, ки зан ба қафаси синаи мард мезанад.

Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба вуҷуд овард. Баъзе аз корбарони тоҷик навиштаанд, ки кирдори зан набояд ҳамчун куштор, балки кӯшиши ҳимоят аз худ баррасӣ шавад.

Бар асоси ҳисобҳои расмӣ аз ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик наздик ба 80 ҳазор зани тоҷик дар Русия кор мекунанд. Шароити кор барои занони тоҷик дар Русия душвор гуфта мешавад.

Марги мӯйсафеди 80-сола ва заҳролудшавии ҳамсараш аз дуди ангишт дар Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич ду узви як хонавода аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.

Дар ноҳияи Деваштич ду узви як хонавода аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.

Ба навиштаи нашрияи “Азия плюс” ҷабрдидаҳо зану шавҳари солхӯрда будаанд.

Дар натиҷаи заҳролудшавӣ марди 80 сола ба ҳалокат расида, ҳамсари ӯ ки 77 сол дорад, дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона интиқол дода шудааст. Вазъи зан “вазнини миёна” арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи пизишки шӯъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Деваштич, аз соли нав ин аллакай дуввумин ҳолати заҳролудшавӣ аз дуди ангишт мебошад.

Ҳамасола бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend