fbpx

Вазорати маориф: Таътили хонандагон то 16 – уми январ идома меёбад

Сабаб сардиҳои шадид ва ҳифзи саломатии толибилмон.


0
Таътили зимистона дар Тоыикистон тамдид шуд
Акс аз Евгений Золотухин

Бо фармони Вазири маориф ва илми Тоҷикистон таътили зимистонаи мактаббачагон то 16 – уми январ тамдид шуд. Сабаби он сардии ҳаво ва ҳифзи саломатии хонандагон шарҳ дода мешавад.

Қаблан, аз вазорати маориф гуфта буданд, ки дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, аз 1 то 10 – уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи зимистона мераванд.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми кишвар имрӯз, 10-уми январ, ба “Азия-Плюс” иттилоъ додааст, ки бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи соли 2023 дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии кишвар новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 16 январи соли 2023 тамдид карда шуд.

“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад”, – гуфт Эҳсони Хушбахт.

Ҳамзамон, дар асоси фармоиши вазири маориф сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки тибқи пешгӯии мутахассисони ҳавосанҷии кишвар, шурӯъ аз имрӯз, 10 – уми январ, дар Тоҷикистон ҳарорат рӯзона то 2 -7 ва шабона баъзан то 12 -17 дараҷа хунук мешавад. Дар ин рӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ борон ва барфи тар меборад.

Ин гуна ҳавои сард, на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаро фаро мегирад ва дар робита ба ин, баъзе аз ҳамсоякишварҳо таътили зимистонаи мактаббачагонро тамдид намуданд.

Аз ҷумла, чанде пеш мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд. Дар ин кишвар дарсҳо аз 18-уми январ оғоз мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
8
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
9
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
5
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend