fbpx

Раддабандии Global Firepower: Артиши Тоҷикистон заифтарин дар Осиёи Марказӣ

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points
Артиши Тоҷикистон - заифтарин дар Осиёи Марказӣ

Вакили дифоъ аз ҳимояи минбаъдаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ даст кашид

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз идомаи кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин рӯзноманигори зиндонии тоҷик даст кашидааст. Ӯ аз ҷониби Маркази мустақили оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳимоя мекард.

Вакили дифоъ аз ҳимояи Абдуллоҳ Ғурбатӣ даст кашид.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Ин хабарро пайвандони рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда гуфтанд, нияти аз болои ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур ба зинаҳои болоӣ шикоят карданро доштанд, вале вакили дифоъ гуфт, дигар кӯмак карда наметавонад.

Абдураҳмон Шарипов дар шарҳи даст кашидани идомаи ҳимоят аз рӯзноманигорон гуфтааст, дар доираи як лоиҳа ба журналист ройгон хидмат мерасонид ва пас аз анҷоми лоиҳа дигар чунин имкон надорад.

Наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтанд, барои идомаи кӯмак ба вакили дифоъ ҳаққи кор пешниҳод карданд, бо ин ӯ вуҷуд розӣ нашуд. Абдураҳмон Шарифов гуфтааст, бисёр банд аст ва дигар имкони ҳимоят аз журналисти зиндониро надорад.

Абдураҳмон Шарипов, аз ҷониби Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳаққи Абдуллоҳ Ғурбатиро аз додгоҳ ҳимоят мекард.

Қаблан, ӯ аз ҳимояти Далери Имомалӣ, рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик даст кашид ва гуфт, ин ба он рабт дорад, ки наздикони Далери Имомалӣ вакили дифои алоҳида гирифтанд.

Рӯзи 4-уми октябри соли равон Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми декабр дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳро бетағйир гузошта буд ва баъди чанде ӯ аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи “1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Мурофиҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.

Аз ин пештар Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ аз СИЗО ба зиндони “1-ум Советский” интиқол дода шуда буданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони куштор дар Русия

Дар Русия як зани 36-сола – шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар куштори корманди қаҳвахонаи гурҷӣ, ки дар он ҷо кор мекард, ба ҳабс гирифт.

Зани 36 - солаи тоҷик бо гумони куштор дар Русия боздошт шудааст.

Дар ин бора портали VM.ru бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 4 январ дар қаҳвахонаи «Хинкальная Тбилисо» дар Митишии вилояти Маскав рух додааст. Ҳангоми муноқиша бо ҳамкори 50-солаи худ Дусаева бо корд ба қафаси синаи мард якчанд бор зарба мезанад. Мард то омадани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ҳалок шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонбаршудар баъди якчанд соати рух додани ҳодиса боздошт намудаанд.

“Шаҳрванди зани 36-солаи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори ҳамкори 50-солаи худ ба ҳабс гирифта шуд. Айни замон дар робита ба ин ҳодиса тафтишот роҳандозӣ шуда, ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ин ҷиноят таҳқиқ мешаванд”, – зикр мегардад дар хабар.

Раддабандии Global Firepower: Артиши Тоҷикистон заифтарин дар Осиёи Марказӣ

Артиши Тоҷикистон дар як сол дар раддабандии қавитарин артишҳои ҷаҳон 21 зина поён рафта, аз Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон ақиб монд.

Артиши Тоҷикистон дар раддабандӣ 21 зина поён рафт.
Акс аз сомонаи bankstoday.net

Раддабандии қавитарин артишҳои ҷаҳон дар портали Global Firepower нашр шудааст.

Дар он захираҳои низомӣ, нерӯҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва хушкии кишвар ба инобат гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон тибқи маълумоти овардашуда дар байни 145 кишвари ҷаҳон мақоми 120 – умро гирифт. Як сол пештар дар мақоми 99 – ум қарор дошт.

Узбекистони ҳамсоя низ дар муқоиса бо соли 2021 7 зина поин рафта, дар зинаи 62-юм қарор гирифт.

Мавқеъгирии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ин рӯйхат чунин аст:

  • Қазоқистон — 63;
  • Туркманистон — 82;
  • Қирғизистон — 107;
  • Афғонистон – 114.

Русия, Чин ва ИМА дар се зинаи аввал, Молдова, Бенин ва Бутан бошанд, дар се зинаи охири ин раддабандӣ қарор гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки портали Global Firepower аз соли 2006 инҷониб 140 артиши ҷаҳонро арзёбӣ мекунад.

Ҳангоми таҳияи рейтинг тақрибан 50 омил бо назардошти теъдоди нерӯҳои мусаллаҳ, сатҳи таҷҳизоти техникӣ, маблағгузорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва имконоти моддию техникӣ ба назар гирифта мешавад.

45 ҳазор сомонӣ ҷаримаи 65 корманди соҳаи тиб дар Суғд дар соли 2022

Дар соли 2022 дар вилояти Суғд 65 корманди соҳаи тандурустӣ барои роҳ додан ба камбудӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои касбӣ ба маблағи тақрибан 45 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Илҳом Пӯлотзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб як баробар зиёд аст.

Ба иттилои ӯ, дар соли 2021-ум 35 корманди тибби вилоят 25,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буданд.

Номбурда гуфт, ки дар соли 2022 инчунин, ба 70 корманди тиб муҷозоти интизомӣ гирифтаанд.

Ин масъул, сабаби муҷозот ва ҷаримаи кормандони бахши тандурустии вилояти Суғдро амалӣ нагардидани дастурамали вазифавӣ, ба роҳ монда нашудани ҳуҷҷатгузорӣ дар самти коргузорӣ, таъмин карда нашудани парвандаҳои шахсии баъзе аз кормандон, набудани назорати доимӣ тарафи маъмурияти марказ, худсоз будани ҳуҷҷатгузории шуъбаҳо, набудани китоби қайди муроҷиаткунандагони амбулаторӣ ва ғайра маънидод кард.

Ёдовар мешавем, ки соҳаи тандурустӣ бо вуҷуди ҳаётан муҳим будан ҳамасола бо ҷой доштани камбудҳо, аз ҷумла ҳолатҳои зиёди коррупсионӣ дар сархатти расонаҳо қарор мегирад. Инчунин, дар ҳисоботи омории  мақомоти коррупсия ҳамасола номи ин соҳа ҳамчун “пешсаф” зикр мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend