fbpx

“Забони англисӣ моро ба ҳам овард”. Дарсҳои шавқовари оилаи ҷавон дар “Instgram”

Олимҷон ва Таҳмина ба наздикӣ ғолиби  гранти  EWB (English Without Borders) - "Англисӣ бидуни сарҳадҳо" - и Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои блогерон гардиданд.


0
Ин ва дигар аксҳо аз хазинаи шахсии қаҳрамонони мақола дастрас гардид.

Олимҷон ва Таҳмина – оилаи ҷавон чанд сол боз ба мардум забони англисӣ меомӯзонанд. Ҳарду таҷрибаи беш аз панҷсолаи омӯзгорӣ доранд ва  дар якчанд мактабу марказҳои омӯзиши забонҳои  хориҷӣ кор кардаанд.

Саҳифаи “Instagram” – и қаҳрамонони мо, ки диққати ҳазорон корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ кашидааст, майдони асосии муҳтавои муосири дарсҳои забони англисӣ гардидааст. Муаллифи Your.tj бо онҳо ҳамсуҳбат шуд аз ҳаёт ва фаъолияти забономӯзӣ ва муваффақиятҳои онҳо қисса намуд.

Даврони донишҷӯӣ ва оғози муваффақиятҳо

Олимҷон ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба омӯхтани забони англисӣ шавқманд шуд ва тариқи худомӯзӣ онро азхуд кард. Аммо Таҳмина баръакси ӯ бештар орзуи духтур шуданро дошт ва фанҳои химияву биологияро дӯст медошт. Падари Таҳмина барои духтур шудани фарзандаш розигӣ надод ва ин сабабгори ба забономӯзӣ машғул шудани ӯ гардид. Маҳз забони англисӣ боис гашт, ки ин ҷуфт  бо ҳам оила бунёд намоянд.

Олимҷон Ҷураев ва Таҳмина Саидова дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадаанд. Олимҷон хатмкардаи Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Таҳмина бошад Мактаби миёнаи умумии рақами 28 мебошанд. Олимҷон чун аз хурдӣ ба забони англисӣ шавқи зиёд дошт,ҳуҷҷатҳояшро ба риштаи тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорид ва бомуваффақият хатм кард.  Таҳмина низ аз рӯйи ихтисоси забоншинос – тарҷумони забони англисӣ Донишгоҳи славяниро бо дипломи сурх ба итмом расонид.  Ҳанӯз аз даврони донишҷуйи онҳо дар маркази забономӯзӣ кор мекарданд.

“Дар даврони донишҷӯйӣ Таҳмина яке аз беҳтаринҳо буд, вале ман бо сабаби он кӣ дар яке аз марказҳои омӯзишӣ кор мекардам бештари вақт имкони ба ҳамаи дарсҳо иштирок карданро надоштам. Кӯшиш мекардам дар баробари таҳсил дониши худро дар амалия мукаммалтар гардонам”,‑ мегӯяд Олимҷон.

 

Онҳо муддати ду сол дар маркази омӯзишии PROGRESS.TJ фаъолият намуданд ва айни ҳол бошад ба одамон забони англисиро тариқи онлайн меомӯзонанд. Ҳамчунин дар  Instagram саҳифае бо номи _jseng ташкил намуданд,ки бештар аз 44 ҳазор нафар обуначӣ дорад.

“Дар давраи карантин тасмим гирифтем дар Instagram саҳифае боз кунем, то дар онҷо ба мардум ҳамчун дониши иловагӣ калимаву ибораҳо ва грамматикаи забони англисиро омӯзонем. Ин идеяро Таҳмина пешниҳод намуд ва сари номгузорӣ ва логотипи саҳифа бо ҳамдигар фикр кардем. Бо пешниҳоди ӯ саҳифаро JSENG номгузорӣ кардем. Калимаи  _jseng  акроним мебошад. Ҳарфи аввал “J” – Juraev,  яъне насаби ман  “S” – Saidova – насаби Таҳмина ва “ENG” – English яъне англисиро ифода мекунад”,‑ нақл намуд Олимҷон.

Олимҷон ва Таҳмина дар аввали кор дар омодасозии наворҳои дарсӣ ва танзими он ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданд, аммо оҳиста – оҳиста тарзи сабти видео ва монтажи онро Олимҷон омӯхт. Дар омодасозии видеодарсҳо Таҳмина асосан бо сторисҳо ва омодакунии матни наворҳо сарикор дорад.

“Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй”

Қаҳрамонони мо масали “Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй” – ро ҳадафи зиндагии худ медонанд. Онҳо ҳам меомӯзонанд ва ҳам аз рӯйи дониши худ кор мекунанд, зеро илм сарҳаду канор надорад.

Таҳмина роҳи омӯзониши онлайниро нисбат ба ҳузурӣ дарс додан муфид арзёбӣ мекунад.

“Онлайн дарс омӯзонидан нисбат ба шакли ҳузурӣ хеле қулай ва муфид аст, чунки дарсҳо ройгонанд. Аз ҳама муҳимаш ин ки агар дар як синфхона муаллим ба 10 нафар дарс гузарад, тариқи онлайн метавон ба ҳазорон  нафар таълим дод”, – афзуд ӯ.

Тавсияҳои муфид ба забономӯзон

Дарсҳои онҳоро натанҳо дар дохили кишвар балки берун аз он ҳам пайгирӣ мекунанд. Ҳоло ба тоҷикони Амрикову Аврупо ва Русия низ забони англисиро меомӯзонанд.

Қаҳрамонони мо забонҳои англисӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва арабиро медонанд ва роҳи дар забономузӣ муваффақ гардиданро дар шавқу рағбати зиёд доштан  медонанд.

“Аввал бояд вақт ҷудо кард,муҳимияти забономузиро барои худ муайян намуд ва баъдан дар масири омӯзиш доимияту тартиб доштан лозим аст. дониши омухтаро,  ҳатман дар таҷриба санҷид ва бо ин роҳ дониши худро қавӣ гардонид. Роҳи дигар ин тамошои силсилафилмҳо бо забони англисӣ мебошад”,‑ мегӯяд Олимҷон.

Таҳмина мегӯяд, ки асоси зудтар забонро омӯхтан ин шавқу завқи зиёд доранд ва дар назди худ мақсад гузоштаанд.

“Аудиторияи мо гуногун аст махсус гуфта наметонем, ки киҳо бештар муроҷиат мекунанд. Ба нафароне, ки аллакай мақсади худро дар ин ҷода муайян кардаанд ва мотиватсия доранд, дарс гузаштан осонтар аст. Ба шахсоне, ки ягон мақсади аниқ надорад ва ба қавле ҳавасакӣ ҳастанд омӯзонидан душвор аст. Дар ҳафта се рӯз дарсҳои омӯзишӣ мегузаронем ва давомияти як давраи омӯзиш аз ду то чор моҳро ташкил медиҳанд, ки ин вобаста ба малакаи зеҳнии забономӯзон мебошад” ,- иброз дошт Таҳмина.

Ишқ аз нигоҳи аввал

Олимҷон ва ҳамсараш  бори аввал ҳамдигарро дар яке аз спикинг – клабе, ки аз ҷониби Таҳмина дар Донишгоҳи славянӣ ташкил шуда буд, диданд. Ба қавли Олимҷон ишқ аз нигоҳи аввал дар қалби онҳо пайдо гардид.

“Дар спикинг – клаб машқи забони англисӣ буд, ки ҳамаи иштирокчиёнро ду нафарӣ рӯ ба рӯ ҳам мешинонданд ва шарти асосӣ бо забони англисӣ муаррифӣ кардани ҳамдигар буд. Дар онҷо ман ва Таҳмина рӯ ба рӯи ҳам нишаста будем ва дар бораи ҳамдигар бо забони англисӣ маълумот мегирифтем. Ҳамон замон, яъне аз нигоҳи аввал ба ӯ ошиқ шудам. Аввал бо ҳамдигар дӯст будем, ки ягона омили муштаркамон забони англисӣ буд ва донишҳои илмии худро бо ҳам тақсим менамудем. Оҳиста‑оҳиста ҳамдигарро шинохтем ва рӯзе ман ба ӯ ҳиссиётамро эътироф намудам. Таҳмина дар аввал дар шок буд ва ҳеҷ чиз нагуфт. Баъди чанд рӯз дубора дар ҳамин масъала бо ҳамдигар суҳбат кардем ва тасмим гирифтем, ки оила бунёд намоем. Ҳоло меваи ишқи мо ин духтарамон Танзила аст. Хислату табъи ҳардуямон қариб ки як аст, ҳамдигарро дар тамоми масъала мефаҳмем ва оши паловро дӯст медорем. Ҳоло шукргузор ва хеле хурсанд ҳастем,ки дар зиндагӣ ҳамдигарро пайдо намудем”,‑ бо лабханд нақл намуд Олимҷон.

Дастовардҳо ва муваффақиятҳо

Таҳмина мегӯяд,ки барои забон омӯхтан ҳатман набояд, ки ба хориҷи кишвар сафар намуд, балки бо роҳи омӯзиш метавон забонро ба пуррагӣ омухт. Ӯ дар масъалаи ба дигар давлат рафтан ва дар онҷо муқимӣ зиндагӣ намудан чунин изҳори назар намуд.

“Сафар кардан ва атрофи ҷаҳон гаштан хеле хуб аст, лекин муқими он ҷо шудан намехоҳем. Мо зиёдтар мехоҳем ба мардуми худамон дар масири омӯзиши забон кӯмак кунем, то ки барои давлату миллат хизмат намоем”,‑ мегӯяд ӯ.

Олимҷон ва Таҳмина ба наздикӣ ғолиби  гранти  EWB (English Without Borders) – “Англисӣ бидуни сарҳадҳо” – и Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои блогероне, ки ба дигарон забон меомӯзонанд, гардиданд. Дар озмуни дарёфти ин грант аз Тоҷикистон 10 нафар иштирок намуданд, ки қаҳрамонони мо ғолиби грант шуданд. Ин грант барои пеш бурдани омӯзиши забони англисӣ тариқи блогинг мусоидат менамояд.

Оилаи ҷавон ҳамчунин яке аз аввалин блогероне ҳастанд, ки дар лоиҳаи нави Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо номи “Ташаккули тамоюли миллии ҷавонон” мастер‑класс гузарониданд.

Ангезандагони шавқи забономӯзӣ

Қаҳрамонони мо дар баробари омӯзонидани забон дар маҳфилу конфронсҳо фаъолона ширкат менамоянд ва роҳи муваффақияти худро ба дигарон мегӯянд ва ангезаи ба худ бовар доштанро дар одамон ба вуҷуд меоранд.

“Агар дар зиндагӣ дар сари шумо ягон идеяи хуб пайдо шуд, ҳатман онро иҷро кунед, ба таърих нагузоред. Ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед ва ба худ бовар дошта бошед. Идея ин чизи қимматтарин аст ва ба ҳарфи мардум аҳамият надиҳед. Чи кори хуб куниву чи бад баъзеҳо ҳамавақт камбудӣ меҷӯянд. Ба хотири ҳамин ба худ бовар дошта бошед ва ба пеш ҳаракат кунед, ҳатман ба муваффақият мерасед”,‑ мегӯянд онҳо.

                                        Шаҳноз АЛИЗОДА


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
15
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
13
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend