fbpx

Вазири собиқ гуфт, писаронаш фирор накардаанд. Ҷузъиёти занозание, ки ду захмӣ ба ҷой гузошт

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъи роҳҳо $132 миллион ҷудо мекунад

Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъи роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дошта ба Тоҷикистон бо маблағи 132 миллион доллар кӯмаки ройгони молӣ мерасонад. Ҳуҷҷати дахлдорро вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар Ян Питер Олтерс имзо карданд.

Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокии тиҷорати наздисарҳадӣ, тобоварӣ ба офатҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои минтақавӣ дар Суғд ва ВМКБ мебошад. Интизор меравад, ки лоиҳа аз соли 2021 то 2026 татбиқ мешавад.

Вазири собиқ гуфт, писаронаш фирор накардаанд. Ҷузъиёти занозание, ки ду захмӣ ба ҷой гузошт

Пайвандони Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтанд, ки фарзандони онҳо дар моҷарои рӯзи 16-уми май дар наздикии тарабхонаи “Сим-Сим”-и Душанбе ширкат доштанд, вале занозанӣ бо гуноҳи онҳо сар назадааст.

Мақомоти интизомӣ як писари Гул Шералиро бо иттиҳоми иштирок дар муноқиша дастгир карда, дигареро кофтукоб доранд. Дар ин моҷаро ду кас маҷруҳ шуда, дар бемористон ҳастанд. Вазорати корҳои дохилӣ расман дар бораи ҳодиса хабар надод.

Яке аз пайвандони Гул Шералӣ гуфтааст, моҷаро баъд аз он шуруъ шудааст, ки гуё шахсе бо номи Фирдавс Муродов ба пойи Шаҳбоз (Амирхон Сангалиев), писари холаи Гуловҳо, бо корд зарба задааст. Дар он ҳангом Диловар ва бародараш Алишер Гуловҳо ба ҳимоят аз писари холаи худ бархостаанд. Назари пайвандони Фирдавс Муродов ба ҳодиса дастрас нест.

Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика, дар бораи қазияи фарзандонаш зиёд суҳбат накард, аммо гуфт, писаронаш ба ҳеч куҷо фирор накардаанд. Ӯ тасдиқ кард, ки писараш Алишер дар боздошт аст ва Диловар дар озодист.

Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Алишер ва Диловар Гуловҳо фирор карда, аввалӣ субҳи 17-уми май дар вилояти Суғд боздошт шудаааст, вале дар бораи дар куҷо будани Диловар Гулов хабаре нест.

Вазирони корҳоии хориҷии СААД дар Душанбе ҷамъ меоянд

Пагох дар Душанбе вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон гирдиҳам меоянд. Онхо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин таъсири он ба амнияти кишварҳои узви ин созмонро баррасӣ мекунанд.

Дар ҷаласаи мазкур қабули як қатор изҳороти муҳими сиёсии марбут ба ҳамкории ин созмон бо ташкилотхои байнулмилалӣ, тамдиди муҳлати амали СНВ-3  ва 75-солагии Ҳукми Трибунали байнулмилалии ҳарбӣ дар Нюрнберг дар назар аст. Пагох дар нимаи аввали рӯз президенти Эмомалӣ Раҳмон, ки соли ҷорӣ раёсати Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмонро бар дӯш дорад, вазирони корхои хоричиро ба ҳузур мепазирад.

Тоҷикистон “шарт”-и Қирғизистонро барои “танбеҳ” додани шаҳрвандонаш пазируфтааст

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон натиҷаи музокиротро бо ҷониби Қирғизистон расман эълон накарданд, манобеъ баъзе аз ҷузъиёти онро фош карданд. Мулоқот шаби 17-уми май дар марзи Исфараву Бодканд гузашт. Як намояндаи Тоҷикистон бе зикри номаш рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар музокирот асосан масъалаи таъмини амнияти сокинон дар роҳҳои минтақаҳои баҳснок баррасӣ карда шуд.

Ба иттилои ӯ, “танҳо баъд аз иҷрои шарти ҷониби Қирғизистон, яъне чораҷӯӣ нисбат ба раиси маҳаллаи Тоҷикони Исфара, Ғафур Ҷӯраев, убури амн аз деҳаҳои қирғизнишин таъмин карда шуд. Намояндагони Қирғизистон даъво карданд, ки ӯ дар латту куби сокинони боздоштшудаи қирғиз даст дорад.”

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар музокироти шаби гузашта раҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд иштирок доштанд. Ба иттилои ин ниҳод, ду тараф ба хулоса расидаанд, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар латукӯби сокинони боздоштшудаи Қирғизистон даст доранд, “ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.

Аммо намояндаҳои мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Исфара ба таври расмӣ ба ин тарз ҳал шудани масъалаи роҳбандиро тасдиқ накарданд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои як оилаи аз сел зарардида манзили истиқоматӣ месозад

Роҳбарият ва муаллимони донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тасмим гирифтанд, ки барои як оилаи аз офати табиӣ зарадида манзили истиқоматӣ бунёд кунанд. Инчунин онҳо ба муҷаҳҳазгардонӣ бо ашёи зарурӣ ба соҳибхона кӯмак мекунанд.

Омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ 15 гурӯҳи мададрасон таъсис додаанд, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе барои тоза ва ба тартиб даровардани хонаҳо ва ҳавлии одамони аз офати табиӣ зарардида кумаки амалӣ мерасонанд.

Дар кӯчаи марказии Душанбе ба барчидани антеннаҳои параболикӣ оғоз карданд

Кормандони коммуналӣ ба барчидани антеннаҳои параболикӣ аз боми хонаҳои истиқоматии воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз карданд.

Сокинон як ҳафта пеш аз  дархости барчидани антенаҳо огоҳ шуда буданд. Ин бо он асоснок карда шудааст, ки  антеннаҳо намуди зоҳирии шаҳрро хароб мекунанд. Ин вазъ ба дигар ноҳияҳо ё биноҳои пойтахт дахл надорад. Қаблан ҳуқушиносон гуфта буданд: “агар хона давлатӣ неву хусусӣ бошад, тибқи қонун соҳибони манзилҳо ҳақ доранд аз моликияти умумӣ истифода баранд”.

Дар як рӯз шаш додраси тоҷикро аз кор гирифтаанд

Бар асоси фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 18-уми май нашр шуд, шаш додраси тоҷикро аз мансабҳояшон гирифтаанд. Хадамоти матбуоти президент навишт, ки Мавҷуда Шарифзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва Ҳабибулло Мирбобозода, раиси Додгоҳи ноҳияи Деваштич бознишаста шуданд.

Манбаъ афзуд, Искандар Давлатзода ва Муҳаммад Расулзода, додрасҳои Додгоҳи вилояти Хатлон, Эраҷ Ализода ва Фирӯза Аминзода додрасҳои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо хоҳиши худ аз кор рафтаанд. Сабаби чунин рафтори додрасҳо маълум нест.

Феълан дар Тоҷикистон 450 додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир беш аз 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend