fbpx

Сергей Лавров: Русия манфиатдор аст, ки парвозҳоро пурра бо Тоҷикистон барқарор кунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар Тоҷикистон
Акс аз маркази матбуотии Сомон Эйр

Агентӣ парвозҳои чартерии ду ширкати русиро боздошт

Агентии авиатсияи гражданӣ парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сибир» ва «Северный ветер»-ро манъ кард. Дар ин бора директори агентӣ Икром Субҳонзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои мазкур нархи чиптаҳоро бар хилофи созишномаи қаблан бадастомада боло бурдаанд. Қарори мо танҳо ба ҳимояи манфиатҳои мусофирон нигаронида шудааст»,  гуфт директори агентӣ. Қаблан Агентии авиатсияи гражданӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии Россия «Уральские авиалинии», «Ютэйр», «Сибир» ва «Северный ветер» арзиши чиптаҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Россияро мувофиқа карда буд. Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки нархи чиптаи ҳавопаймо набояд аз 8500 сомонӣ зиёд бошад.

Аммо, бисёре аз мусофирон шикоят мекунанд, ки арзиши он ба 15 ҳазор сомонӣ расидааст ва чиптаҳо дар ширкатҳо дар давоми ду моҳ харида мешаванд. Як манбаи огоҳ аз бозори авиатсия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло ширкатҳо аз як парвоз то 100 000 доллар даромад  мекунанд. Тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, як ширкати дигари ҳавопаймоии Россия – «Azur Air» низ чанде пеш иҷозаи парвозро гирифтааст.

Сергей Лавров: Русия манфиатдор аст, ки парвозҳоро пурра бо Тоҷикистон барқарор кунад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷидин Муҳриддин гуфт, Русия ба Тоҷикистон ваксинаи Sputnik V -ро ройгон дастрас хоҳад кард ва манфиатдор аст, ки парвозҳоро пурра барқарор кунад. “Мо ба Душанбе дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳама кӯмакҳоро мерасонем”, – Лавров гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, Русия дар бунёди посгоҳи муосири марзӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон кумаки молӣ хоҳад кард. Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар Душанбе нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ оғоз шуд. Зимни ҷаласа оид ба ҳолат ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалӣ бо баҳодиҳии таъсир ба амнияти кишварҳои узви созмон, инчунин оид ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба мубодилаи афкор сурат гирифт.

БАТР барои барқарорсозии хатҳои троллейбус дар Душанбе 8 миллион доллар ҷудо мекунад

Парлумони ҷумҳурӣ имрӯз якдилона созишномаро бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба ҷудо кардани 8 млн доллар барои барқарорнамоии хатсайрҳои тролейбусгард тасдиқ намуд. Маблағҳои қарзӣ 5,2 млн доллари амрикоӣ ва маблағҳои грантӣ аз Бонк 2,8 млн долларро ташкил медиҳад. Инчунин барои амалӣ гардонидани лоиҳа Бонк дар ҳаҷми 750 ҳазор евро кумаки техникӣ пешниҳод менамояд.

Дар кишвар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту 2021» оғоз шуд

Дар мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту 2021» оғоз шуд. Озмуни мазкур бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов гузаронида мешавад. Дар Фестивал-озмун  11 театри касбии ҷумҳурӣ  иштирок карда, ба он беҳтарин намоишҳое пешниҳод мешаванд, ки тӯли солҳои 2019-2021 рўи саҳна омадаанд.

Натиҷагирии Фестивал-озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мунаққидон ва коршиносони театри кишвар гузаронида мешавад. Дар  ҷараёни баргузории Фестивал-озмун рӯзона ду се спектакл ба саҳна гузошта мешавад ва даромад ба ҳамаи онҳо ройгон аст. Дар доираи озмун ду  ҳамоиш дар назар аст: «Ато Муҳаммадҷонов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон”.

Тоқаев озими Душанбе шуд, ӯро Президент дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Қосим Ҷомарт Тоқаевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Қазоқистонро дар фурудгоҳи Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт. Гуфта мешавад, ба хотири пазироии меҳмони олимақом, майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд. Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Қазоқистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Маскав. 6 кас захмӣ, 9 нафар дастгир шудаанд

Хабаргузории расмии ТАСС (Русия) иттилоъ дод, ки як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Маскав занозанӣ кардаанд. Дар натиҷа, шаш захмиро барои муолиҷа ба шифохона ва нӯҳ каси дигарро барои тафтишоти иловагӣ ба идораи полис бурдаанд.

Хадамоти матбуоти Идораи полиси Маскав рӯзи 19-уми май ба ТАСС гуфтааст, занозанӣ байни муҳоҷирон дар як қаҳвахона дар ҷанубу ғарби Маскав сар зад, вале маълум нест аз тарафи кӣ.

Манбаъ афзудааст, ду нафар барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират (то 7 ҳазор рубл ҷарима ё ихроҷ аз ҳудуди Русия) ва ҳафт кас ба майдаавбошӣ (то 1 ҳазор рубл ҷарима ва ё 15 рӯз ҳабми маъмурӣ) муттаҳаманд.

Намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия то ҳанӯз қазияро шарҳ надодааст. Рӯшан нест, чӣ қадар аз муҳоҷирони тоҷик дастгир ва ё ба бемористон бурда шуданд.

Як манбаи ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, муноқишаи лафзӣ байни шаҳрвандон ба задухӯрд печид ва дар он 15 нафар аз шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон иштирок карданд.

Uzbekistan Airways аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост тавассути Тошканд ба Маскав бираванд

Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways дар бораи хатсайрҳои чартерии кафолатнок ба Маскав эълон нашр кард, ки ба онҳо натанҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, балки Тоҷикистону Русия низ билет харида метавонанд.

Дар хабари кӯтоҳи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон гуфта мешавад, шумори ҷойҳо маҳдуд буда, дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид шуда метавонад. Ҷадвали хатсайрҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ низ қобили дарёфт аст.

Ба иттилои манбаъ, ба парвози шаҳрвандон аз шаҳрҳои Русия ба Ӯзбекистон танҳо бо пешниҳоди ҳатмии маълумотнома (справка) дар бораи гузаштан аз тести ПСР (на пештар аз 72 соат то парвоз гирифта шуда бошад) ва риояи реҷаи раводиди Ӯзбекистон иҷоза дода шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend