fbpx

Таҳсилу кор дар Олмон. Ҷавони тоҷик дар бораи афзалиятҳои таҳсилаш нақл кард

"Таҳсил дар Олмон душвор аст ва дар омӯзишгоҳи мо фасод ва ришваситонӣ нест. Боре ҳам надидам, ки донишҷӯйе ба муаллим ва ё имтиҳонгиранда пул дода бошад".


-1
-1 points
Ҷавони тоҷик дар Олмон таҳсил ва кор мекунад
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии Маъруф дастрас гардид

Маъруф Туробов донишҷӯйи соли дуюми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Эрлангени Олмон (Staatliches Berufliches Schulzentrum für Gesundheitsberufe Erlangen) аст ва ҳар моҳ 800 евро идрорпулӣ мегирад. Ҷавони 23-солаи тоҷик нахуст дар ихтисоси тарҷумони забони олмонии факултети Забонҳои Аврупо ва Осиёи Донишгоҳи миллӣ таҳсил карда буд. Пасон, тасмим гирифт, ки таҳсилро дар Олмон идома медиҳад.

Муаллифи Your.tj аз Маъруф дар хусуси таҳсили ройгон дар Олмон, ба даст овардани даромад аз таҷрибаомӯзӣ ва фоидаи кори иловагӣ дар ин кишвар пурсон шуд. 

Донишҷӯйи тоҷик дар Олмон

“Ба омӯзиши забон ҳеҷ гоҳ дер намешавад”

Маъруф Туробов зодаи шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод мебошад. Дар маҳалли зисти онҳо марказ ё муаллиме набуд, ки ба хоҳишмандон забонҳои хориҷиро омӯзонад. Сарфи назар аз ин, ҷавон орзу дошт, ки тарҷумон шавад. Дар айни хатми  синфи 11-ум қарор дошт ва масъалаи муҳиму тақдирсоз, яъне интихоби ихтисос пешорӯяш меистод. Дар ин кор бародари калонӣ  роҳнамояш гардид.

“Мо дар оила 4 фарзандем. Ман фарзанди хурдиям ва се бародарам дар ҳама масъалаҳои муҳим маслиҳатгари беминнатанд. Бародари калонӣ тавсия дод, ки дар Маркази миллии тестӣ ихтисоси тарҷумони забони олмониро интихоб кунам. Тавсияи ӯро пазируфтам, чун мехостам, тарҷумон шавам”,- ба ёд овард ӯ.

ҷавони тоҷик дар Олмон

Маъруф аз рӯзе, ки ин ихтисосро интихоб кард, тариқи Интернет барномаҳои омӯзишии забони олмониро пайгир шуд. Имтиҳонҳоро супорид ва баъди чанд вақт ба телефонаш паёмак омад, ки  донишҷӯи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, ихтисоси тарҷумони забони олмонӣ гаштааст.

“Дар аввал хеле хурсанд шудам, аммо баъдан ғамгин шудам. Медонистам, ки ин дар бораи ин забон одитарин чизҳоро намедонам. Наздиконам маро руҳбаланд карда мегуфтанд, ки зиқ нашав, барои омӯхтани забон ҳеҷ гоҳ дер намешавад.  Хушбахтона, вақте ҳаёти донишҷӯйӣ сар шуд, ба омӯзиши забони олмонӣ ҷиддӣ машғул шудам”, – бо ҳаяҷон нақл кард Маъруф.

Замони донишҷӯйӣ дар Тоҷикистон

Барои Маъруфҷон ду соли таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле айёми пурбор ва хотирмон буд. Ӯ тавонист, дар ин муддат забони олмониро дар сатҳи хуб омӯзад ва дӯстони зиёде пайдо кунад. Мушкилии асосӣ барояш он буд, ки барои аз волидон талаб кардани хароҷоти таҳсил шарм медошт. Аз ин рӯ, хеле сарфакор буд.

“Дар донишгоҳ бештарини ҳамсабақонам забонро ҷиддан меомӯхтанд. Ман бо Муҳаммадҷони Хуршед ном ҷавоне, ки ҳамсабақам аст, дӯсти наздик шудам. Бо ӯ як ҳадаф доштем, омӯзиши забони олмонӣ ва сафар кардан ба Олмон. Дар хобгоҳ бо ӯ ҳамсоя будем.

Ҳар рӯз дар донишгоҳ, китобхона ва хобгоҳ якҷо дарс тайёр мекардем. Девори ҳуҷраи хобгоҳамон пур аз баргаҳои ранга буд, ки дар он луғат ва қоидаҳои сарфу наҳви забони олмониро менавиштам. Ҳатто вақте дар рахти хоб дароз мекашидем, навиштаҷоти баргаҳои рангаро мехондем. Ҳарду дафтари махсуси луғат ҳам доштем. Дар он ҳар калимаро бо рақам ишора мекардем. Дар охир маълум мешуд, ки кадоме аз мо бисёр луғат аз худ кардааст”,- хотироташро нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Баъдан Маъруф аз рӯи барномаи Freiwilliges Soziales Jahr (як соли ихтиёрии фаъолияти иҷтимоӣ дар Олмон), ки аксар вақт барои ҷавонон фароҳам оварда мешавад, ба Олмон сафар кард. Чанде пеш  ба Муҳаммадҷон низ муяссар шуд, ки барои таҳсил ба Олмон равад.

ҷавонони тоҷик дар Олмон таҳсил мекунанд
Маъруф бо дӯсташ Муҳаммадҷон дар Олмон

Тавре Маъруф гуфт, дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон ғайр аз забони олмонӣ боз фанҳои зиёде дар барномаи таълимӣ вуҷуд дошт. Ӯ ба фанҳое, ки барои омӯзиши забони олмонӣ равона мешуд, бештар таваҷҷӯҳ мекард. Вале ба дигар фанҳо, ки ба ихтисос чандон марбут надошт, вақт ҷудо карда наметавонист.

Маъруф бо дӯсту ҳамсабақаш Муҳаммадҷон пас аз дарсҳои донишгоҳ дар чанд маркази забономӯзии шаҳри Душанбе дарси иловагӣ мегирифт. Вақте ба Олмон сафар дошт, забони олмониро дар сатҳи B -1 медонист.

11 моҳи таҷрибаомӯзӣ бо дастмузд

Қаҳрамони мо тибқи барномаи Freiwilliges Soziales Jahr имконпайдо кард, ки соли 2020 ба шаҳри Эрлангени Олмон равад. Ӯ дар Беморхонаи донишгоҳии шаҳри Эрланген (Universitätsklinikum Erlangen) 11 моҳ дар назди ҳамшираҳои шафқат таҷрибаомӯзӣ кард.

“Дар давоми 11 моҳ дар беморхона ба кори ҳамшираҳои шафқат ёрӣ додам. Дар рӯзҳои аввали корӣ лаҳзаҳои аҷибе мешуд. Вақте ба ман мегуфтанд, ки асбоби фишорсанҷиро биёред, саросема шуда, набзсанҷиро мебурдам. Ё ҳамшираҳо ба тезӣ ягон супориш медоданд, ки нафаҳмида мемондам ва чизи хостаашонро дубора мепурсидам. Баъзан вақт гӯйишу таллаффузе, ки доштам, ба онҳо нофаҳмо буд.

Бо гузашти як моҳи фаъолият сатҳи муошират ва ҳам кордониям беҳтар шуд. Чен кардани ҳарорати бадан, фишори хун ва санҷидани набзро пурра ёд гирифтам. Лекин то имрӯз дар гуфтор гӯйиши махсуси тоҷикии ман аён аст, ки бо он баъзан вақт дӯстонро хушҳол мекунам”,- бо лабханд нақл кард Маъруф.

Ҷавони тоҷик дар Олмон ба саёҳат баромад

Ӯ бар ивази таҷрибаомӯзӣ дар Беморхонаи донишгоҳии Эрланген  420 евро маош мегирифт. Вай ба ин фикр аст, ки таҷрибаомӯзии мазкур барояш на фақат аз ҷиҳати молӣ фоида меовард, балки бо шарофати муҳит тавонист, ки бо одамони гуногун муошират карданро омӯзад ва ба малакаҳои забондонию суханронияш боитминон шавад.

Кори иловагӣ

Маъруф соли гузашта ба кори иловагӣ низ вақт ёфта буд. Як бемори солмандеро дар хонааш нигоҳубин мекард. Вақте дар таҳсил вақти зиёд лозим шуд, аз идома додани кори иловагӣ худдорӣ кард.

“Як марди калонсолеро дар хонааш нигоҳубин мекардам. Барои ин кор 520 – 480 евро маош мегирифтам. Ба ин хонавода наздик шуда, фаҳмидам, ки аксари олмониҳо худро ориёӣ медонанд.

Ба тозагӣ аҳамияти калон медиҳанд. Одати дер карданро хеле бад мебинанд. Дар ҳеҷ кор дермонӣ ва файсалпартоӣ намекунанд. Вақте машғулият ва вазифаҳо дар омӯзишгоҳ зиёд шуд, аз идома додани кори иловагӣ даст кашидам”,- афзуд ӯ.

Донишҷӯйи тоҷик дар Олмон

Аз рӯи мушоҳидаҳои Маъруф дар шаҳри Эрлангени Олмон шароит ва сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ хеле рушд кардааст. Роҳҳо ҳам хеле ҳамвору тоза буда, дар ҳар кӯча чароғаки роҳнамо аст.

Ҷавони тоҷик ният дорад имсол шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта, соҳиби мошин шавад.

Соли дуюми таҳсил дар Коллеҷи тиббии Эрланген

Маъруф Туробов пас аз таҷрибаомӯзӣ донишҷӯйи Омӯзишгоҳи тибби шаҳри Эрланген (Staatliches Berufliches Schulzentrum für Gesundheitsberufe Erlangen am Universitätsklinikum Erlangen) шуд.  Дар оғози моҳи апрели соли равон соли дуюми таҳсилаш оғоз шуд. Ӯ бо забони олмонӣ таҳсил мекунад ва дар як моҳ 800 евро идрорпулӣ мегирад, ки хароҷоташро пурра мепӯшонад. Интизорӣ меравад, ки дар соли оянда идрорпулӣ зиёдтар мешавад.

Дар реҷаи рӯзи қаҳрамони мо вақти холӣ қариб, ки нест. Ҳар саҳарӣ дарс меравад. Хӯроки нисфирӯзиро дар омӯзишгоҳ тановул мекунанд. То бегоҳ дар китобхона супоришҳои хонагиро тайёр менамояд. Бо ҳамин як рӯзи дароз тамом мешавад. Ӯ ғайр аз собиқ ҳамсабақаш Муҳаммадҷон боз чанд дӯстони тоҷик дорад, ки дар ҳар чанд ҳафта ё моҳе вомехӯранд.

вохӯрии ҷавонони тоҷик дар Олмон
Донишҷӯёни тоҷик дар Олмон сари як миз ҷамъ мешаванд

“Дар ихтисоси бародари шафқат мехонам. Дарсҳо хеле хуб аст. Муаллимон хеле сахтгиранд. Рост, ки душвор аст, лекин тоқат мекунам, меомӯзам. Бо боварӣ мегӯям, дар омӯзишгоҳ фасод ва ришваситонӣ нест. Боре ҳам надидам, ки донишҷӯйе ба муаллим ва ё имтиҳонгиранда пул дода бошад.

Мехостам, ки дар кишвари мо низ чунин низоми таҳсил ҷорӣ бошад. Дар омӯзишгоҳ бояд 3 сол таҳсил кард. Ният дорам, ки таҳсилро ба охир расонаму якчанд сол  дар беморхона кор кунам. Дар фотеҳа ҳастам.  Аввал мехоҳам, ки корномаи касбиямро (карера) пеш бараму баъд оила барпо кунам”,- орзу дорад Маъруф.

Маъруф Туробов дар шабакаи иҷтимоии Instagram саҳифе бо номи @zabon_olmon  дорад. Ҳар гоҳе вақти холӣ ёфт,  дар он ҷо қоидаҳои сарфу наҳви забони олмониро бо забони сода мефаҳмонад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Донишҷу|Олмон|Саҳифа (@zabon_olmon)

Бо ин роҳ мехоҳад, ба онҳое кӯмак кунад, ки бо сабаби набудани муаллим ва маводи омӯзишӣ имкони ёд гирифтани забонро надоранд.  Замоне ӯ чунин мушкил дошт ва намехоҳад, ки дигарон низ аз ҳамин ҷиҳат бори душворӣ кашанд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend