fbpx

Тоҷике, ки дар Амрико доктори илм шуд. Ӯро дар Тоҷикистон бо дипломи Ҳартфорд ба кор қабул накарда буданд

Иброҳим Рустамов дар Донишгоҳи Ҳартфорд зинаи магистрӣ ва дар Мичигани ғарбӣ зинаи докториро хатм кардааст.


4
4 points
Доктори тоҷик, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад
Иброҳим Рустамов

Иброҳим Рустамов хатмкардаи донишгоҳҳои бонуфузи ИМА, яке аз ташкилдиҳандагони Википедияи тоҷикӣ  аст. Ӯ зодаи шаҳри Исфара буда, айни ҳол дар ИМА кору зандагӣ мекунад. Иброҳим Рустамов имсол рисолаи докториашро дар Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ ҳимоя кард.

Ӯ ба мо дар бораи роҳи пурпечутоби муваффақиятҳояш гуфт.

Аз таҳсилоти олӣ то сафари аввал ба Амрико

Қаҳрамони мо маълумоти олии якумро дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар риштаи забонҳои англисӣ ва форсӣ гирифта, онро соли 2002 бо дипломи аълочӣ хатм кардааст.

Вале пас аз хатми донишгоҳ имкони ҳамон ҷо истода кор карданро намеёбад. Ҳатто ба шуъбаи аспирантура ҳам дохил шуда наметавонад, чун он замон шахс танҳо бо ёрии хешу табор ба ин мақсадаш мерасид. Маҳз ҳамин ноадолатиҳо роҳи наверо дар зиндагии ӯ кушод.

“Маҷбур ҳамон сол ба зодгоҳам баргаштам. Борҳо ба Донишгоҳи давлатии Ботканди Қирғизистон ба кор даъват шудам. Чун хизмат ҳарбиро адо карда набудам, рафтуомад аз Исфара ба Бодканд бароям мушкил буд”, – ёди рӯзҳои машкил кард, қаҳрамони мо.

Чанд муддат дар мактабҳои шаҳри Исфара ба ҳайси муаллими забони англисӣ кор мекунад. Соли 2004 ба ташкилоти байналмиллалии “Релиф Интернешнл” (Relief International), ки бо кӯмаки Ҳукумати ИМА дар як мактаби Исфара маркази омӯзиши интернет боз карда буд, ҳамчун муаллим – тренер ба кор қабул мешавад.

То соли 2007 дар ин марказ бо хонандагон ва омӯзгорон кор мекунад ва моҳи мари ҳамон сол бо пешниҳоди Сафорати ИМА бори аввал ба Амрико сафар мекунад.

“Ин сафари корӣ барои иштирок дар Конфронси байналмиллалии омӯзгорони забони англисӣ “TESOL – 2007” буд, ки дар шаҳри Сиетл мегузашт. Аз замони шуруи кор дар вазифаи омӯзгори забони англисӣ саъю кӯшиш мекардам, ки бо истифода аз фанновариҳои муосир дарс гӯям ва дар конфронсҳо ва чорабиниҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок кунам.

Борҳо дар конфронсҳои омӯзгорони забони англисии Осиёи Миёна иштироку баромад карда будам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Такмили саҳифаи тоҷикии Википедиа

Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ Иброҳим солҳои 2004 – 2005 ҳамроҳи шогирдонаш ба саҳифаи тоҷикии Википедиа (донишнома) дар тарҷума ва эҷоди мақолаҳо кӯмак мекард. Он замон Википедиа бо забони тоҷикӣ камтар аз 50 саҳифаи нопурра дошт, ки аз суӣ роботҳо ва ё корбарони сабтиномнакарда эҷод шуда буданд.

“Бо маслиҳати устод Рустам Қосимов, ки дар офиси Релиф Интернешнл дар Душанбе кор мекарданд, тасмим гирифтем, ки ба ғанӣ гардонидани донишнома кӯмак расонем.

Ҳамин тавр, бо шогирдон хеле саҳифаҳои илмии википедиаи англисиро кӯтоҳ ва ба забони тоҷикӣ тарҷума карда саҳифаҳои нав эҷод мекардем. Бо ин роҳ боз забони англисиро хубтар меомӯхтем ва дар як вақт ба рушди саҳифаи тоҷикии Википедиа саҳмгузор будем”,- ёди рӯзҳои гузашта кард Иброҳим.

Нармафзори Википедиа имкон медиҳад, ки ҳар як саҳифааш аз ҷониби чанд корбар эҷоду таҳрир шавад. Дар Википедиа саҳифаҳои тоҷикӣ ба таври худкор аз тарафи Бунёди Викимедиа боз шуда буд, аммо он замон корбари фаъоле надошт, то нармафзори интерфейсашро тарҷума кунад ва бо эҷоди саҳифаҳои нави пурмуҳтаво саҳмгузор бошад.

Иброҳим Рустамов мегӯяд, корбарони Википедиа ройгон ва ихтиёрӣ кор мекарданд ва замони аввал бисёр саҳифаҳо кӯтоҳ ва бемаъно буданд, ки ба таҳриру такмил ниёз доштанд. Ин вазифаро қаҳрамони мо бо шогирдонаш то ҳадде иҷро карданд.

Магистратура дар Амрико

Соли 2007 ташкилоти байналмиллалии “Релиф Интернешл” саъю кӯшиши қаҳрамони моро ба назар гирифта, ба вазифаи ҳамоҳангсози барномаҳои таълимӣ ба дафтари марказӣ дар Душанбе даъват мекунанд. Маҳз дар ҳамин давра ӯ роҳҳои нави муваффақиятҳояшро кашф мекунад.

“Аз соли 2007 то 2009 дар Душанбе кор кардам ва тобистони 2009 бо барномаи “Эдмунд Маск” – и Ҳукумати Амрико, ки имкони таҳсил дар магистратураро фароҳам мекард, ба Донишгоҳи Ҳардварди иёлати Коннектикут омадам ва онро тобистони соли 2011 хатм карда, ба Тоҷикистон омадам”,- хотироташро варақ зад Иброҳим.

Корҷӯйӣ дар Ватан ва муваффақияти ногаҳонӣ

Дар Ватан чанд муддат ҷойи кори муносибе пайдо намекунад ва ахиран моҳи сентябри соли 2011 ба ташкилотии байналмиллалӣ ғайридавлатии “IREX” ба ҳайси ҳамоҳансози барномаҳои таълимӣ ба кор қабул мешавад.

Ӯ дар ин вазифа то тобистони 2015 кор мекунад. Ҳамон сол якбора ба шуъбаи докторантураи чанд донишгоҳи амрикоӣ ва бритониёӣ, ба мисли Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (Western Michigan University), Донишгоҳи Пенсилвания (University of Pennsylvania), Коллеҷи донишгоҳии Лондон (University College London) қабул мешавад.

“Дар байни инҳо ягона донишгоҳе, ки пурра маблағи таҳсилро мепардохт ва бо кор низ таъмин мекард, Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (Western Michigan University) буд. Охири моҳи августи 2015 ҳамроҳи оилаам ба Мичиган омадем ва ман ба таҳсил дар докторантура ва кор дар бахши барномаҳои фосилавии Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ шуруъ кардам”,- нақл кард Иброҳим Рустамов.

Таҳсил дар зинаи докторантура ва ҳимояи рисолаи докторӣ дар Амрико

Фикри идомаи таҳсил дар зинаи докторӣ замони фаъолият дар дафтари ташкилоти ғайритиҷоратии байналмиллалии “IREX” дар Душанбе ба сари ҳамсуҳбати мо меояд. Он вақт ӯ бо донишҷӯёни тоҷик ва пажӯҳишгарони амрикоӣ кор мекард.

Пас чанд соли таҷрибаи корӣ бо олимони амрикоӣ дар “IREX” ва ҳамкорон аз кишварҳои Осиёи Миёна, Иброҳим Рустамов мисли онҳо ба таҳсили докторӣ рафта, бо интихоби мавзӯи муносиб ба таҳсили қаблиаш дар магистратура ва таҷрибаи кориаш, таҳсил дар зинаи докторантураро дар Амрико давом додан мехоҳад.

“Пас аз дохил шудан ба докторантура ва шурӯи кор дар бахши барномаҳои фосилавӣ ва кор бо филиалҳои Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ, мавзӯи рисолаам муайян шуд. Се соли аввали таҳсил бо адабиёти нав, роҳҳои пажӯҳиш ва методология тавассути дарсҳои гуногун аз наздик шинос шудам.

Пас аз хатми дарсҳо ба имтиҳони номзадӣ роҳ ёфта, бо муваффақият ба омода ва пешкаш кардани лоиҳаи кори илмиам ба кумитаи докторӣ роҳ ёфтам. Бо роҳбари илмиам саволҳо ва абзорҳои корро таҳия намуда, назди кумита пешниҳод карда, ба номзадӣ гузаштам ва ба кори илмиаам шурӯъ кардам.

Мавзӯи рисолаи докторӣ: “Баррасии раванди таҳия ва пешкаши барномаҳои пас аз дипломии навоварона ба донишомӯзони калонсол дар яке аз донишгоҳҳои давлатии минтақаи Миёнағарбии Иёлоти Муттаҳида”,- ёд аз машаққату муваффақиятҳои беназираш кард Иброҳим Рустамов.

Ӯ рисолаи докториашро бо интихоби ду барномаи навоваронаи магистрӣ ва омӯзиши раванди таҳияву пешниҳоди онҳо омода мекунад.

Муҳтавои кори Иброҳим Рустамов то чӣ андоза навовар ва ҷавобгӯ будани ин барномаҳо ба талаботу ниёзи тарафҳои манфиатдор – донишҷӯён, корфармоён ва худи донишгоҳро дарбар мегирад.

Ӯ дар ин самт бештар ба асноди гуногун, мубоҳиса бо устодон, маъмурият ва кормандони донишгоҳ ки ин ду барномаҳоро таҳия ва пешниҳод кардаанд, такя кардааст. Ҳамчунин ба саволҳои то чӣ андоза навовар ва ҷавобгӯи замона будани ин барномаҳоро ҷамъоварӣ намуда, таҳлил кардааст.

“Додаҳои ҷамъоваришудаи кори ман аз тарафи донишгоҳ барои таҳрир, эҷод ва қабули сиёсати дохилии донишгоҳ истифода шуданд.

Мавзӯи рисолаи ман яке аз роҳҳои ҳал ва ислоҳи макотиби олӣ дар Амрико мебошад, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар дохил шуда, аз сабаби гаронӣ, нарасидани вақт ва вазъи оилавӣ хатм карда наметавонанд. Рисолаи докториамро 12 – уми май ҳимоя кардам”,- гуфт бо ифтихор Иброҳим Рустамов.

Кор дар замони донишҷӯйӣ ва ёде аз ноадолатиҳо

Қаҳрамони мо дубора ёди солҳои донишҷӯйӣ дар Тоҷикистон ва кӯшишҳои бесамари корҷӯӣ дар Ватан кард. Ӯ дар давраҳои тиллоиаш ҳам дар Исфара ба кӯдакон ройгон дарси забони англисӣ мегуфтааст.

Ҳатто дар якҷоягӣ бо онҳо маҳфили шунавандагони радио ҳам ташкил кардааст, ки забонҳои гуногунро тавассути радио меомӯхтаанд.

“Шояд солҳои 2002-2005 ман унвони илмӣ мегирифтам, агар таҳсилу корамро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд давом медодам, вале тақдир ба ман дигар роҳро нишон дод.

Аз педагоги як барномаи кӯчаки ташкилоти байналмиллалии Релиф Интернешнл дар як ноҳияи дурдаст ба ҳамоҳансози барномаҳои таълимии сатҳи ҷумҳурявӣ баромадам.

Як замон дар Душанбе Acting Country Director шуда ҳам кор кардам. Дар ин вазифа бевосита бо вазорату оҷонсиҳои давлатӣ, хусусан Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамкорӣ доштем”,-илова кард ҳамсуҳбати мо.

Пас аз хатми магистратура дар Донишгоҳи Ҳартфорд ҳам ба Коллеҷи техникии Исфара бо мақсади кор ёфтан рафтааст, вале директори он замонааш “дипломи Ҳартфорд дошта бошӣ ҳам, дар ин ҷо кор намеёбӣ” гуфтааст. Аслан замони дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳам барояш бисёр мушкил будааст.

“Соли 1997 ҳуҷҷатҳоро супоридам, вале аз имтиҳон нагузаштам, чун “шинос” надоштем. Гурӯҳи буҷавиро пурра фурӯхта буданд ва рӯзи имтиҳон маълум буд, ки маро қабул намекунанд.

Модарам орзуҳои кӯдакии маро амалӣ кардан мехост ва медонист, ки чӣ қадар барои дохилшавӣ омодагӣ дида будам. Ҳамон рӯз аз куҷое роҳи дигар ёфта, ба ман имкони дуюм пайдо кард ва ба гурӯҳи шартномавӣ воридам карданд”,-ба хотир овард Иброҳим Рустамов.

Таассурот аз таҳсил дар Амрико

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, аз се донишгоҳи таҳсилкардааш танҳо дар аввалааш азобу мушкилиҳоро дидааст ва танҳо аввалааш маблағи зиёдеро талаб кардаанд.

Дар ду донишгоҳи амрикоӣ, ки Иброҳим Рустамов зинаи магистрӣ ва докториашро гузаштааст, ҳама ройгон ва бемушкилӣ будаанд, дар ҳоле, ки Амрико гаронтарин системаи таҳсилоти олии дунёро дорад.

“Магистратура ва докторантура агар расман гирем, ин ҷо барои хориҷиён гаронтар аст. Танҳо маблағи таҳсил дар маҷмӯъ ним миллион доллар аст”,- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо аз таассуроти нахустин сафараш ба Амрико нақл кард. Бори аввал вакте бо ҳавопаймо аз Маскав ба Ню – Йорк фуруд меояд, парвози дигар ба шаҳри Сиетл як соат ба таъхир меафтад.

“Ба парвози дигар аз Ню – Йорк ба Сиэтл дер кардам ва хеле тарсидам, ки чиптаам сӯхт ва дар фурудгоҳ танҳо мондам. Ман ба ҳолати шок афтода будам.

Вақте ба худ омадам, андаке эҳсосӣ шудаму ашк мерехтам ки чӣ кор мекунам. Ин лаҳза корманди фурудгоҳ ба ман фахмонд, ки субҳи рӯзи дигар парвоз мекунам ва бояд ҳамин ҷо мунтазир шавам”,- қисса кард Иброҳим.

Роҳи мушкилу пурпечутоби қаҳрамони мо бо ҳама ноадолатиҳояш ҳоло паси сар шудаанд. Иброҳим Рустамов мақому манзалати худро берун аз Ватан дарёфт ва ба ин танҳо рӯҳи шикастнопазири ӯ сабаб шуд.

Шодмон КЕНҶАЕВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

4
4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
21
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
9
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend