fbpx

29 соли зиндон ба қотил ва таҷовузгари духтари 14-сола 

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0

Дар Тошканд Рӯзҳои синамои кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад

Рӯзи 13 – уми сентябр дар ҳошияи ҷашнвораи 14 – уми байналмилалии синамои Тошканд Рӯзҳои синамои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ифтитоҳ мешавад.

Тавре директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов қайд кард, дар фазои кишварҳои узви созмон санъати синамо барои инъикоси фарҳанги бой, таърих, анъана ва мероси фалсафӣ имкони беназир фароҳам меорад.

«Ҳоло ба маҷмӯаи филмҳои Агентии кинематография беш аз 15 филми муштарак бо кишварҳои узви СҲШ шомиланд», – гуфт ӯ.

Устодони синамои кишварҳои узви СҲШ – Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи ҷашнвораи 14-уми байналмилалии синамои Тошканд беҳтарин филмҳои худро намоиш медиҳанд.

Кишварҳои нозир (Беларусия, Эрон, Муғулистон) ва кишварҳои шарики муколамаи СҲШ (Озарбойҷон, Арманистон, Туркия) низ дар ин ҷашнвора бо филмҳои худ иштирок мекунанд.

Рӯзҳои синамои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд ва дар вилоятҳои Узбекистон, инчунин дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон баргузор мегардад. Илова бар ин, дар “Узбекфилм” анҷумани синамои кишварҳои СҲШ баргузор мешавад, ки ширкаткунандагон дар он масоили ҳамкорӣ, нақшаҳои тавлиди муштараки филмҳо ва табодули афкори эҷодиро баррасӣ мекунанд.

Шабакаи умумии паҳнкунии кишварҳои иштирокчӣ таъсис дода, маконҳо барои туризми кино ва такмили низоми баргардонидани имтиёзҳо дар қаламрави кишварҳои СҲШ баррасӣ ва тартиб дода мешавад.

Дар Рӯзҳои синамои кишварҳои узви СҲШ дар баробари намоиши филмҳо, дарсҳои маҳорат, семинарҳо, нишастҳои матбуотӣ ва мулоқотҳои эҷодӣ низ баргузор мешаванд.

29 соли зиндон ба қотил ва таҷовузгари духтари 14-сола

Владимир Шерстнёв, як сокини шаҳри Душанбе, ки моҳи феврали соли равон бо гумони таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ дастгир шуда буд, 29 сол зиндонӣ шуд. Дар ин бора “Азия плюс” бо такя ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ навиштааст, ки Шерстнёв бо моддаҳои 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят), 138 қисми 3 банди “а” (сӯиқасди таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба сини  чордаҳсолагӣ нарасида) ва 104 қисми 2 банди “в” (одамкушӣ нисбати шахси баръало ноболиғ) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ҳукми ӯ аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ содир шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, 28 феврали соли 2022, ҷинояткор дар ҳоли мастӣ ноболиғи хурдсол Марҳабо Ғоибназарова, ки дар якҷоягӣ бо модараш дар хонаи ӯ зиндагӣ мекард, дар манзили зисти шаҳрванд Ҷаҳонгир Юсупов, ки Шерстнёв дар онҷо бо корҳои таъмирӣ машғул буд, таҷовуз мекунад ва сипас барои рӯпуш намудани ҷинояташ духтарро буғӣ карда мекушад ва байни кӯрпаҳо пинҳон мекунад.

“Баъдан либосҳои аз танаи марҳум Ғобиназарова М.М. кашидаро бо худ гирифта, ҷасадро дар зери кӯрпаҳо пинҳон намуда, дари хонаро махкам карда, ба самти корхонаи Сабзазоркунӣ рафта, либосҳои марҳумро дар онҷо партофтааст. Худаш бошад, дигар ба ин манзил нарафтааст”,- гуфта мешавад дар иттиллоияи Додситонии кул.

Бори нахуст дар мавриди ин ҳодиса “Азия-Плюс” хабар дода, навишта буд, ки рӯзи 10 март сокини кӯчаи Қаҳҳоров 149 дар ҳамсоягии худ ҷасади як духтари 14-соларо дар миёни рахти кӯрпаҳо дарёфт кардааст.

Ду рӯз пас, ВКД Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят, шаҳрванди 40 – сола Шерстнёв Владимир Илич дастгир гардид.

Ин ниҳод афзуд, ки Шерстнёв ҷиноятро 28 феврал содир карда, ҷасади духтарро 10 рӯз пас – 9 – уми март бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар байни кӯрпаҳо пайдо кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир ҳодисаҳои пурсарусадои таҷовуз ва қатли ноболиғон дар кишвар зиёд садо медиҳад. Аз ҷумла, аввали моҳи июли соли 2021 сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятоваи 7-сола мавриди таҷовуз қарор гирифта, кушта шуд.  Рӯзи дигар ҷасади пурзахму пора-порашудаи ӯро дарёфтанд. Баъди боздошт шудани гумонбар, ки аз он Раҳматулло Гадоев, ҳамсояи онҳо ном бурда мешавад, зикр шуд, ки ӯ бо роҳи фиреб ноболиғро таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.

Ин ҳодиса дар ҷомеа сарусадоҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дархост намуданд, ки ҷазо нисбати чунин шахсони ҷинояткор сангинтар карда шавад. Гумонбари ин ҳодиса, бо қарори додгоҳ ба ҳукми абад маҳкум шуд.

Ҳамин тариқ, моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон гумонбар ба таҷовуз ва қатли ноболиғи 9-сола дар ноҳияи Хуросонро ба ҳукми абад маҳкум кард.  Гуфта мешуд, ки 16 августи соли 2021 сокини 45-солаи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон Рустам Болтахонов ба номуси духтари 9-солаи маҳаллӣ дастдарозӣ намуда, сипас барои пинҳон кардани аломатҳои ҷиноят кӯдакро буғӣ карда куштааст.

БОР барои беҳбуди таҳсилоти миёна дар Тоҷикистон 1 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки Осиёии Рушд (БОР) як гранти техникӣ барои кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистон дар беҳбудии дастрасӣ ва сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ дар риштаҳои илм, технология, муҳандисӣ ва риёзӣ (STEM) 1 миллион доллари амрикоиро тасвиб кардааст.

Гранти кӯмаки техникӣ ба таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи минбаъдаи сармоягузорӣ барои таҳкими таҳсилоти миёнаи STEM дар Тоҷикистон, ки ба синфҳои 5-11 нигаронида шудааст, мусоидат хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе, тарҳи минбаъдаи сармоягузорӣ ба барномаи индикативии тарҳҳои БОР дар Тоҷикистон барои соли 2023 шомил шудааст.

Дар баробари ҳамбастагии илм, технология, муҳандисӣ ва риёзиёт, STEM ба ҳамкорӣ, муошират, иктишоф, ҳалли мушкилот, тафаккури интиқодӣ ва заковат мусоидат мекунад. Гранти кӯмаки техникӣ таҳлили муфассали таҳсилоти миёнаи STEM дар кишварро омода намуда, мактабҳои миёнаро барои таъмир ва тармим ҳамчун як қисми лоиҳаи минбаъдаи сармоягузорӣ интихоб мекунад ва нақшаҳои хариду ҳуҷҷатҳои тендериро барои мактабҳои интихобшуда омода месозад. Лоиҳа ҳадафҳо ва амалҳоро дар соҳаи тағирёбии иқлим ва баробарии гендерӣ дар бар мегирад.

Аз замони пайвастани Тоҷикистон ба БОР дар соли 1998, ин бонк ба бузургтарин шарики бисёрҷонибаи рушди кишвар табдил ёфта, ба маблағи 2,4 миллиард доллар кӯмак, аз ҷумла 1,8 миллиард доллар кӯмаки молӣ кардааст. Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се авлавияти стратегӣ тамаркуз мекунад: ислоҳоти сохторӣ барои беҳтар кардани тақсимот ва сафарбаркунии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат тавассути рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ тавассути сармоягузорӣ ба иқтисоди замин.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend