fbpx

Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо ҷашни истиқлоли давлатӣ табрик кард

Ӯ гуфт бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем


-1
-1 points

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мардуми кишвар ва тамоми ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ табрик намуд.

Сарвари давлат дар Паёми шодбошии худ гуфт, истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон наздик гардонид.

Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

“Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб медонанд, ки аз давраи бисёр вазнини хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ то расидан ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон чӣ заҳмати бузургеро талаб менамуд”,- қайд кард, Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид кард, ки мардуми тоҷик бояд минбаъд низ муттаҳиду сарҷамъ бошанд ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз ноилшударо таъмин намоянд.

“Шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи «ҷанги сард», мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.
Дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем”,- омадааст, дар паëми президент.

Эмолалӣ Раҳмон гуфт: “Бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем”

“Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар як ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошанд.

Мо – фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем.
Бори дигар ҳамаи мардуми сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони кулли сокинони мамлакат хушбахтӣ, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии ҷовидона ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям”, – гуфт дар охир, президент.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend