fbpx

Таҳсилу кор дар Кореяи Ҷанубӣ. Тоҷике, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ забони кореягӣ меомӯзонад кист

Ӯ 5 забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва кореягиро медонад ва роҳи дар забономӯзӣ муваффақ гардиданро аз шавқу рағбати зиёд медонад.


0
Шӯҳрат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ забони кореягӣ меомӯзонад.
Шуҳрат дар шаҳри Сеул - пойтахти Кореяи Ҷанубӣ. Ин ва дигар аксҳо аз хазинаи шахсии қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Шуҳрат  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ забони кореягӣ  меомӯзонад.   Ӯ донандаи панҷ забон аст.  Саёҳаташ ба кишвари Кореяи Ҷанубӣ боис гардид, ки забон ва фарҳанги  ин кишварро дар муддати дуюним сол аз худ кунад. 

Қаҳрамони мо дар YouTube, Instagram ва  Tik‑Tok  саҳифаи худро дорад, ки  дар онҳо  калимаву ибораҳои  забони кореягӣ, видеодарсҳо, маълумотҳои муфид оиди кору таҳсил дар Кореяро пайдо кардан мумкин аст. Саҳифаи ӯро дар Instagram бештар аз 65 ҳазор ва дар Tik‑Tok   зиёда  аз  50 ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ИДМ  пайгирӣ мекунанд.

Муаллифи  Your tj бо Шуҳрат  ҳамсуҳбат шуда,  аз ҳаёту фаъолият, шароити зисту таҳсил ва муваффақиятҳояш дар Корея  қисса намуд.

Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Instagram ва Tik Tok саҳифаи худро бо номи “shuhratkorea” боз намудааст.
Шуҳрат ҳангоми яке аз мастер – классҳои забономӯзаш.

Блогер – омӯзгор

Шуҳрат аз кӯдакӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳавасманд буд. Вақте забони кореягиро азхуд кард, хост онро ба дигарон низ омӯзонад. Ҳамин тавр тасмим гирифт, то аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ истифода барад. Ӯ оғози соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Instagram ва  Tik‑Tok  саҳифаи худро бо номи “shuhratkorea”  боз намуд.

Ҳоло онҳое, ки дарсҳои Шуҳратро тариқи интернет пайгирӣ мекунанд  сину соли  гуногун доранд. Ба гуфти худаш “шогирдони маҷозӣ” – и ӯ одамони аз 12  то 60 – соларо дарбар мегиранд.  Қаҳрамони мо ҳамчунин лоиҳа‑курси забони кореягии  “Аз Пусана то Сеул”‑ро ташкил намудааст, ки аллакай фасли якуми онро шогирдон хатм кардаанд. Ӯ тасмим дорад ба зудӣ дуввумин лоиҳа‑курси забономӯзиро таъсис диҳад.

Ба назари қаҳрамони мо омӯзиши онлайнӣ нисбати дарсҳои ҳузурӣ муфидтар аст.

“Омӯзиши фосилавӣ як қатор афзалиятҳо дорад. Бартарии аз ҳама муҳим дар он аст, ки вақт сарфа мешавад. Ба Шумо лозим намеояд, ки барои омӯхтан ба ҷойе биравед. Ҳар нафар метавонад  дар вақти холияш  ба омӯзиши забон машғул шавад.

Агар хоҳиши омӯхтан танҳо ҳангоми танаффус дар ҷои кор пайдо шавад, шумо метавонед дарсҳои видеоиро тамошо кунед ва ҳатто баъдтар дубора аз назар гузаронед.  Тариқи ҳузурӣ ба теъдоди кам имкони дарс гузаштан ҳаст, аммо дар шакли онлайнӣ метавонӣ ба ҳазорон нафар аз ҳар гӯшаву канори дунё таълим диҳӣ”,‑ афзуд ӯ.

Шуҳрат дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошкент мастер класс гузаронидааст.
Шуҳрат ҳамроҳи забономӯзон.

Ташкили мастер – классҳо ва дидор бо забономӯзон

Шӯҳрат  дар баробари омӯзонидани забон маҳфилу тренингҳо ташкил менамояд. Ӯ ба ин васила роҳи муваффақияти худро  ба дигарон мегӯяд ва ангезаи бовариро дар одамон ба вуҷуд меорад. Ҳамсуҳбати мо моҳи августи соли равон  дар шаҳри Душанбе ва ба наздикӣ дар шаҳри Тошкент мастер‑класси худро гузаронид.

“Охири фасли тобистон барои истироҳат ба Тоҷикистон омадам. Чун аз шаҳри Душанбе  ҳавасмандон зиёд буданд, тасмим гирифтам тренинг ташкил намоям. Ин аввалин вохӯрии мустақими ман бо обуначиён буд, ки дар бораи чӣ гуна омӯхтани забони кореягӣ, дохил шудан ба донишгоҳҳои Корея суҳбат кардем.

Ҳамчунин калимаву ибораҳои сурудҳои машҳури кореягиро таҳлилу барассӣ намудем. Ба наздикӣ дар Тошкент низ чунин маҳфил ташкил намудам ва дар оянда тасмим дорам дар шаҳрҳои дигар бо одамон мустақиман вохӯриҳо гузаронам”,‑ мегӯяд Шӯҳрат.

Шуҳрат пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул бори аввал соли 2017 сафар кардааст.
Шуҳрат дар муддати зиндагӣ дар Кореяи Ҷанубӣ фарҳангу маданияти мардуми онро дӯст дошт.

Даврони донишҷӯӣ ва саёҳат дар Сеул

Шуҳрат Исломов дар шаҳри Душанбе  ба дунё омадааст.  Ӯ 24 сол дорад ва фарзанди хурдии оила аст. Падараш  хизматчии ҳарбӣ ва модараш табиб аст.  Оилаи Шуҳрат аз тоҷикони Самарқанд мебошанд. Бо сабаби корҳои падар соли 1996 хонаводаи онҳо аз Самарқанд ба Тоҷикистон меояд ва соли 1998 Шуҳрат ба дунё меояд.

Баъди чанд моҳ онҳо дубора ба Самарқанд  бармегарданд ва кӯдакиву наврасии Шуҳрат дар ин шаҳр гузаштааст. Ӯ кӯдаки оромтабиат ва ба таҳсилу тадрис алоқаманд буд. Мисли дигар наврасон  кашидани расм ва сохтани ашёҳоро дуст медошт. Давраи мактабии ӯ дар ду шаҳр гузаштааст.  То синфи 9 дар мактаби рақами 46‑и шаҳри Самарқанд таҳсил намудааст. Соли 2012 оилаи онҳо ба шаҳри Санкт‑Петербург кӯчид ва Шуҳрат таҳсилашро дар инҷо идома дод.

Ба Шуҳрат таомҳои Кореягӣ писанд омаданд.
Аз назари ӯ Кореяи Ҷанубӣ яке кишвари зебо ва бехавфтарин аст.

Ӯ баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисод ва менеҷменти Донишгоҳи технологии Санкт‑Петербург супорид ва ҳамчун мутаххасиси забон онҷоро хатм кард. Дар давраи донишҷӯияш тасмим гирифт, ки таътили тобистонаро дар сайёҳат ба кишварҳои хориҷа гузаронад. Соли 2017 ӯ  ба пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул  сафар кард.

“Давоми ду ҳафта дар Сеул зандагӣ карда, бо фарҳангу таърихи он ҷо аз наздик шинос шудам. Мардмаш муносибати хуб доштанд ва меҳмондӯстияшон бароям писанд омад. Рӯзе ҳангоми тамошои шаҳр роҳгум задам. Мардуми маҳаллӣ  бо хурсандӣ ба ман кӯмак расониданд.

Ҳамчунин таомҳои Кореяро дӯст доштам. Умуман Корея кишвари зебо ва бехавф аст. Даромад ва шароити зиндагӣ дар ин кишвар олӣ аст. Корея аз ҷиҳати техникаву технология низ хеле пешрафта аст. Ҳамин тавр тасмим гирифтам, ки дар ин кишвар зиндагӣ кунам”,‑ нақл кард Шуҳрат.

Забону фарҳанги Корея

Пас аз хатми донишгоҳи шаҳри Санкт – Петербург қаҳрамони мо ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи миллии Сеул супорид. Ӯ давоми дуюним сол забони кореягиро дар сатҳи баланд омӯхт. Дар баробари таҳсил Шуҳрат кор ҳам мекард. Тавре мегӯяд, дар оғози будубошт дар ин кишвар ба мушкилиҳо низ дучор омада буд.

“Мушкилии асосӣ ин надонистани забон ва фарҳанги  онҳо буд, чун вақте ба ин кишвар рафтам, тамоман забонашонро балад набудам. Бо кореягиҳо забони муштарак пайдо карда наметавонистам. Аз ҳамин сабаб дӯст пайдо карда наметавонистам. Бо гузашти вақт аз фарҳангу хислати мардуми Корея бештар огоҳӣ меёфтам.

Рӯз пас аз дарс хастаҳол ба хона бармегаштам, ки бо як марди солхӯрдаи  кореягӣ рӯ ба рӯ шудам. Мо ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ дар наздикии ҷойи зисти мо тарабхонаи худро доштааст. Маро ба он ҷо таклиф намуд. Ман аввал рад намудам ва баъди исрори зиёди ӯ, қабул кардам. Маро меҳмондорӣ кард ва боз барои бо худ бурдан хӯрок дод. Баъди ин ҳис кардам, ки кореягиҳо мардуми меҳмондӯст ва саховатманд ҳастанд”,‑ нақл намуд Шӯҳрат.

Ҷиҳатҳои хуби ин кишварро пеш аз ҳама дар музди маоши баландаш медонад.
Шуҳрат сатҳи таҳсилот дор Кореяро хеле олӣ арзёбӣ мекунад.

Зиндагӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. Ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ

Қаҳрамони мо дар баробари омӯзиши забон аз рӯйи истисоси худ  дар ширкати Yoowon ба сифати ёрдамчии мудири шуъбаи забоншиносӣ кор кардааст. Ӯ ҷиҳатҳои мусбат ва манфии зиндагӣ дар кишвари Кореяро чунин иброз намуд.

“Ҷиҳатҳои хуб ин пеш аз ҳама музди маош аст. Дар Корея шумо метавонед моҳона ҳадди аққал 2000 доллар ба даст оред. Донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ дар қатори сад  донишгоҳи  беҳтарини ҷаҳон қарор доранд, бинобар ин, пас аз хатм метавонед дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон кор кунед. Сеюм ҷиҳати хубиаш ин, ки дар Корея сатҳи ҷинояткорӣ хеле паст аст. Ин кишвар аз лиҳози амният пурқудрат аст ва ҳатто шабона низ бо дили пур метавонӣ ба берун бароӣ.

Аз тарафи дигар барои як хориҷӣ дар Корея ба кор қабул шудан душвор аст. Зеро, Кореяи Ҷанубӣ пеш аз ҳама шаҳрвандони худро ба ширкатҳои бонуфуз ба кор қабул мекунад.  Дигар ин, ки барои мардуми ИДМ ба таомҳои кореягӣ одат кардан хеле душвор аст, зеро қариб ҳама хӯрокҳояшон  тунд аст.  Мушкилии дигар ин қиматии иҷораи манзилҳои истиқоматӣ  аст. Масалан, гузоштани муҳр 500 доллар арзиш дорад ва пасандоз барои иҷораи хона одатан  10 000 долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин доруворӣ низ дар ин кишвар гарон аст”,‑ мегӯяд Шӯҳрат.

Қариб ҳама навъи хӯрокҳои кореягӣ тунд аст.
Дар Кореяи Ҷанубӣ нархи иҷора баланд ва кор ёфтани шаҳрванди хориҷӣ мушки аст.

Тавсияҳои муфид ба забономӯзон

Қаҳрамони мо ғайр аз Кореяи Ҷанубӣ ба кишварҳои Русия, Ҳонконг, Италия, АМА, Туркия, Филиппин, Тайланд ва Макао  сафар кардааст.  Ӯ калиди асосии муваффақияти худро  донистани забонҳои хориҷӣ меҳисобад.  Ӯ 5 забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва кореягиро медонад ва роҳи дар забономӯзӣ муваффақ гардиданро аз шавқу рағбати зиёд медонад.

“Роҳи осонтарини омӯзиши забон ин худтанзимкунӣ ва худомӯзӣ  аст. Ба тарзи гуфтор, хондан ва  навиштан диққат додан лозим мебошад. Муҳите, ки Шумо дар он забон меомӯзед, дар ҷараёни омӯзиш  бо ҳамон забон муошират намудан ба фоидаи кор аст.  Ҳамчунин азхудкунии калимаҳо хеле муҳим аст ва такрори донишҳои бадастомада имкон медиҳад, ки муддати тӯлонӣ дар хотира нақш бандад”,‑ мегӯяд қаҳрамони мо.

Ӯ калиди асосии муваффақияти худро донистани забонҳои хориҷӣ меҳисобад.
Шуҳрат мехоҳад дубора ба Корея сафар карда, ба одамон ҷойҳои таърихӣ ва зеборо нишон диҳад.

Ҳадафу мақсадҳои нек

Қаҳрамони мо ҳоло дар шаҳри Самарқанд фаъолият мекунад. Ӯ  то ҳол ба омӯзиш машғул аст ва аз рӯйи дониши худ кор мекунад, чунки ба қавли ӯ илм сарҳаду канор надорад. Мехоҳад боз забонҳои дигарро биомӯзад, чун ба қавли ӯ забон донистан ин роҳи осони ба муваффақият ноил гардидан мебошад.

“Ҳоло тамоми талошамро барои рушди саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф мекунам. Бештари вақтамро барои мутолиа ҷудо менамоям ва кӯшиш мекунам, ки ба хонавода ва дӯстонам бештар таваҷҷуҳ зоҳир созам. Дар оянда нақша дорам, ки курсҳои муаллифиро оид ба забони кореягӣ таъсис диҳам, ки дар он ҳама маълумот ба таври дастрас ва фаҳмо пешкаш карда мешаванд. Илова бар ин,  мехоҳам бештар дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Корея дубора сафар кунам ва ба одамон  ҷойҳои таърихӣ ва зеборо  нишон диҳам”,‑ иброз дошт ӯ.

Шаҳноз АЛИЗОДА


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
9
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend