fbpx

Аз хушунати оилавӣ то бемории ду фарзанд. Қиссаи зане, ки дар Хуҷанд бо нонфурӯшӣ рӯз мегузаронад

Сайиднисо дар синни 17-солагӣ бо тасмими волидайн бо писари аммааш хонадор дар 25-солагӣ бо ду фарзандаш аз шавҳар ҷудо мешавад.


0
Зани тоҷик дар Хуҷанд нон мефурӯшад

Сайиднисо Қобилова, сокини 47 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ 22 сол боз дар бозори маъруфи “Паҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд нонфурӯшӣ мекунад. Канори роҳрави бозор аз соати 8-и пагоҳӣ то 18-и бегоҳӣ савдо мекунад. Дастмуздаш аз рӯйи ҳаҷми савдо маълум мешавад, ки бештари вақт ба 30 – 40 сомонӣ дар як рӯз баробар аст.

Муаллифи Your.tj бо зане, ки аз никоҳи хешутаборӣ, хушунати хонаводагӣ, пошхӯрии оила ва садамаи нақлиётӣ зарарҳои зиёди равонӣ, ҷисмонӣ ва молӣ кашидааст, аммо то ҳол меҳнати ҳалол мекунад, ҳамсуҳбат шуд.

Зани тоҷик ҳангоми нонфурӯшӣ

Дар 25 солагӣ бо ду кӯдак танҳо монду дигар шавҳар накард

Сайиднисо дар синни 17-солагӣ бо писари аммааш хонадор мешавад. Ин тасмими волидон буд ва ӯ ҷуръат надошт, ки рад кунад. Пас аз 8 соли ҳамзистӣ оилааш пош мехӯрад.

“Мутассифона, солҳои ҷавонии мо аксари волидон хеле барвақт ва маҷбурӣ фарзандонашонро бо хешу табори худ оиладор мекарданд. Ҳанӯз 17-сола будам, ки падарам маро ба писари хоҳарашон доданд. Ба тасмими падару модар норозӣ будани худро ошкор карда наметавонистам.

Ҳамин тавр, тӯй шуд. Аз оғози зиндагии якҷоя ба хушунат, ҷабру зулми шавҳар тоб оварда зиндагӣ кардам. Чӣ хел 8 сол дар ин вазъи зиндагӣ тоқат кардам, намедонам. Баъд аз 8 соли оиладорӣ (соли 1997) оила вайрон шуд. Бо духтарчаам Фирӯза ба хонаи падар омадам. Духтарам Фарида дар батнам буд”,- ғамгинона нақл кард Сайиднисо.

Ҳанӯз духтарчаи дуюмаш ба дунё наомада, модари Сайиднисо вафот кард. Дар хона падари танҳо бо ду хоҳари нимятимаш монда буданд. Аз ин рӯ, нахост, ки дубора оила барпо кунад. Хостгоронро рад мекард, зеро намехост, ки наздиконро танҳо гузорад. Аз ҷониби дигар аз шавҳар дилмонда шуда буд ва рисолати муҳими худро дар тарбияи неки духтаронаш медид.

“Падарам даромади зиёд надоштанд. Барои ҳамин, ҳар коре, ки даромаде дорад, мекардам, то ризқу рӯзии фарзандонамро ёбам. Падари онҳо ба мо кӯмак намекард. Алимент намесупорид. Бо машаққат духтарҳоямро калон мекардам. Бадбахтона, соли 2008 ба сарамон мусибати дигаре омад, ки то имрӯз азобашро кашида истодаем”,- бо алам илова кард зан.

Садамаи даҳшатбор

Дар соли 2008 духтари хурдии қаҳрамони мо – Фарида Қодироваро мошин мезанад. Он вақт духтараки маъсум 11 сол дошт. Бори азоби бепадарӣ мекашид, боз ба ин фалокат дучор шуд.

Зани тоҷик бо духтараш
Сайиднисо бо духтараш Фирӯза

Он рӯз Фарида ҳамроҳи хоҳари калониаш Фирӯза буд. Вақте мошин Фаридаро мезанад, Фирӯза тарсида, ба ваҳм меафтад. Фаридаи 11 соларо ронандаи солманде бо мошинаш пахш мекунад. Вай дар аввал барои табобати ӯ камубеш кӯмак мекунад, вале баъдан аз ёрӣ худдорӣ мекунад.

Сайиднисо ба суд шикоят накард, танҳо талаб кард, ки табобати духтараки беморашро ба зимма гирад. Ронанда дар аввал ваъда медиҳад, аммо баъд ҷанҷол мебардорад, ки дигар қуввати табобати Фаридаро надорад.

“Рӯзи сахту сиёҳи ба сарам омадаро ягон инсон набинад. Тасаввур кунед, бо ду кӯдак дар айни ҷавонӣ бева монда, дар хонаи фақиронаву бе шароити волидон омада зистам. Умед доштам, ки дар оянда ду фарзандам ба воя расида, дастбакор мешаванду болу парам мешаванд. Аммо ҳарду дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ саломатияшонро аз даст доданд”, – илова кард Сайиднисо.

Фарида баъди ин фоҷеа ба бемории Артрози буғуми корсу рони чап гирифтор мешавад.

Ҷарроҳии Фарида ва ояндаи неки ӯ

Сайиднисо тамоми азобҳои кашидаашро пурра ба хотир оварда наметавонад. Зеро ғаму дарди беш аз 30-сола асабҳои ӯро харобу хаста кардааст.

“Мани бева ва камбизоат маҷбур шудам, ки дари шахсони хайрхоҳ, ташкилотҳои хайриявӣ ва билохир барномаҳои телевизиониро кӯбам. Хайрият, ки барномаи телевизионии “Ормон” дастгирӣ кард ва маблағ барои ҷарроҳии Фарида муҳайё шуд. Он вақт духтараки нокомам бори 5-ум ҷарроҳӣ шуд”,- ба ёд овард ӯ.

Ҳамин тавр, ба ҷойи пайванди устухони рону корси пойи чапи Фарида баъди 10 соли садама – 3-юми октябри соли 2018 бо як ҷарроҳии дигар протез мегузоранд.

Модари Фарида барои бесамар нашудани умраш ӯро ба коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон (Қайроққум) дохил кард. Азбаски бо протез дар нақлиёти ҷамъиятӣ рафтуомад кардан мушкил аст, модараш ӯро ҳамарӯза бо таксӣ ба дарс гусел мекард. Якрӯза музди кори модар ба равуо Фарида намерасид.

Бо азоби сахте тавонист, ки 3 сол духтарашро хононад. Дар шароити хона самбӯса пӯхта, ҳамроҳи нон мефурӯхт, то даромади зиёдтаре гирад.

Фарида бо дониши хуб, баъди хатми коллеҷ ба СЭС-и шаҳрӣ ба кор даромад. Модар аз хатм кардани коллеҷ ва бо ҷойи кор таъмин шудани духтараш хурсанд буд. Фарида ду сол пеш бо як ҷавони ҳамтақдираш оиладор барпо кард ва соҳиби фарзанд шуд.

Духтари хурдии зани нонфурӯш

Вазъияти мушкили Фирӯза

Сайиднисо мегӯяд, дар фосилаи вақте, ки барои табобати Фарида сарф шуд, онҳо аз саломатии духтари калониаш Фирӯза бехабар монданд. Ӯ тӯли ин муддат бисёр дард мекашидааст.

“Кор то ҷое расид, ки Фирӯза бемор ва сардард шуда, хотираи худро гум кард. Таҳаммули дарди духтари калониам ҳам хеле вазнин аст. Аз садама 15 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, Фирӯза ранҷи тарсу ваҳми бардоштаашро мекашад”,- гуфт бо ашки чашм ҳамсуҳбати мо.

Фирӯза айни замон хонашин. Вай дар гармӣ ба ҷое рафта наметавонад. Сардардӣ намегузорад, ки ба бозор назди модараш равад.

“Баъди гузашти солҳо барои рафъи тарс ӯро ба чандин духтурони асаб бурдам. Ба даҳҳо домулло хонондам, аммо бефоида. Ҳар гоҳ ба назди духтур барам, мегӯянд: “Ин дарди духтурӣ нест”. Агар ба мулло барам: “Ин дарди муллоӣ” нестро мешунавад”, – ро мешунавам. Афсӯс, дер кардам. То ҳол умед дорам, чун умед ризқу рӯзии бечорагон аст”, – бо ҳазинӣ илова кард зани танҳо.

Фарзона Муродӣ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend