fbpx

“Аз Россия сад баробар беҳтар аст”. Кор дар Британия бе донистани забони англисӣ

"Ин ҷо ба қадри меҳнат мерасанд ва ҳуқуқҳоро поймол намекунанд".


-1
-1 points

“Agri HR” барномаест, ки тавассути он Британияи Кабир шаҳрвандони хориҷиро ба кори мавсимӣ ҷалб менамояд. Хайём Ҳакимзода аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар қатори даҳҳо муҳоҷирон ба ин мамлакат сафар кардааст. Бо дарназардошти ҳаводиси охири ҷаҳон аксари шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказӣ ин давлати аврупоиро ҳамчун манбаи даромади худ интихоб мекунанд.

Муаллифи Your.tj бо Хайём дар бораи раванди ҳуҷҷатсупорӣ ба ин барнома ва кору зиндагӣ дар Британия ҳамсуҳбат шуд.

Донишҷӯ дар ҷустуҷӯи кор

Баъд аз он ки Британия аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд ва муҳтоҷи нерӯи корӣ гашт, бар асоси як барномаи ҳукуматӣ, ҳазорон муҳоҷири кориро аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ба худ ҷалб кард.  Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ барои корҳои мавсимӣ асосан киштзорҳои Британия кор мекунанд.

Қаҳрамони мо Хайём Ҳакимзода, тӯли 4 моҳ мешавад, ки Британия кор мекунад. Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳояшро аз рӯи ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон месупорад. Ӯ дар оила фарзанди калонӣ буд ва аз хурдсолӣ кӯшиш мекард, ба падару модараш кӯмак кунад. Бинобар ин бо пайдо шудани кори даромаднок донишгоҳро тарк кард.

Хайём тавассути барномаи кори масимӣ – “Agri HR” ба шаҳри Ледбурии Британияи Кабир сафар кардааст ва ҳоло кор  мекунад. Қаҳрамони мо дар бораи корҳои сердаромади кишварҳои хориҷа бисёр шунида буд. Аз ҳамин хотир бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “TikTok” видеоҳои вобаста ба кор дар Британияро меҷуст.  Дар онҳо муҷоҳироне, ки аллакай дар хориҷа кор мекарданд тавсия медоданд, ки чӣ гуна барномаро пур кардан лозим аст.

“Ман ба чандин барномаҳо мехостам ҳуҷҷат супорам, аммо  боварӣ надоштам. Дӯстонам ва муҳоҷироне, ки дар Британия аллакай кор мекарданд, сабаб гаштанд, ки ба барномаи “Agri HR” ҳуҷҷатҳоямро супорам. Чун ҷавоби мусбат ёфтам, зуд роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам. Инак 4 моҳ мешавад, ки дар Британия қарор дорам. Умедворам, ки баъди 2 сол, яъне баъди тамомишавии мавсим, боз маро даъват мекунанд”,- мегӯяд Хайём.

Таҷрибаи  кор дар кишвари сербориш

Ӯ дар айни ҳол бо дӯстонаш дар ферма ба чидани қулфинай машғул аст. Қаҳрамони мо мегӯяд, аз омаданаш то имрӯз боре ҳам  бекор намондааст ва ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки мехоҳанд аз меъёр зиёд кор кунанд, аммо иҷоза нест.

Хайём мегӯяд, “Чидани қулфинай бароям дар аввал мушкил буд, чун бори аввал ба ин кор пардохтам”. Вале ҳоло ӯ аллакай коргари таҷрибанок аст ва мушкилиеро намебинад, ҳатто аз кори худ лаззат мебарад.

“Ҳавои Британия ҳамеша боронӣ аст. Ҳангоми аз як сардхона ба сардхонаи дигар рафтан либосҳоямон зери борон тар мешаванд. Шамолаш низ бениҳоят сахт аст. Барои ҳамин боэҳтиёт ва танҳо хӯроки гарм мехӯрем, то ба саломатиямон зарар нарасад.”- мегӯяд, ӯ.

“Agri HR”  чӣ гуна барнома аст?

Барномаи мазкур барои корҳои мавсимӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии Британияи Кабир аст, ки аз соли 1945 инҷониб амал мекунад. Қоидаҳои ин барнома борҳо тағйир ёфтааст. Аз соли 2019 “Agri HR” барои шаҳрвандони кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо дастрас шуд.

Мувофиқи қоидаҳои он довталабон дар вақти гирифтани раводиди корӣ синну солашон бояд аз 18 боло бошад. Донистани забони англисӣ шарт нест. Раводиди кории категорияи 5 аз ҷониби Сафорати Британияи Кабир ва консулгариҳои он барои 6 моҳ дода мешавад.

Баъди қабул шудани номзад барои то Британияи Кабир рафтани он кӯмакҳои ҳуқуқӣ расонида мешавад. Маблағи раводид ва чиптаи ҳавопайморо худи  номзад пардохт мекунад.

Шароити зист ва муносибати корфармо дар Британия

Хайём нақл кард, ки масъулон чи гуна онҳоро истиқбол гирифтанд.

“Мо 18 нафар ғолибони барнома дар як ҳавопаймо сафар кардем. Вақте ки аз фурудгоҳ берун шудем, масъулини ферма аллакай дар дасташон бо навиштаҷоти “Agri-HR” моро мунтазир буданд.

Онҳо моро ба ферма бурданд, ки ҷойи зисту зиндагониямон ҳам он ҷост. Коргарон дар чанд намуди хонаҳои сайёр ҷойгир шуданд. Дар ин гуна хонаҳо коргарони одӣ дар ҳуҷраҳои аз 4 то 6 нафара ва тарҷумонҳо дар ҳуҷраҳои аз 2 то 6 нафара зиндагӣ мекунанд. Ҳуҷраҳои мо ҳама гуна шароити муосири зистро дорад ва асбобу анҷоми рӯзгор таъмин мебошад”.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки тибқи қоидаҳои барнома онҳо бояд баъди шаш моҳ боз ба Ватан баргарданд. Вагарна аз боварии корфармо мебароянд ва дар дигар мавсим онҳоро даъват намекунанд.

“Дар Россия муҳоҷирон қадр надоранд”

Пеш аз ин сафар Хайём як маротиба ба муҳоҷирати меҳантӣ ба Федератсияи Россия сафар намудааст. Шароити муҳоҷирони корӣ дар Россия ба ӯ писанд наомад.

“Аз Россия дида, кор дар Британия барои ман сад маротиба беҳтар аст. Дар ин ҷо қадру қимати меҳнатро медонанд. Хӯрокро дар вақту соаташ медиҳанд. Маошро боре ҳам ба таъхир нагузоштаанд ва ягон маротиба аз музди корам кам нагирифтаам.

Ҳатто агар ба ягон беморӣ гирифтор шудӣ корфармоҳо шахсан омада хабар мегиранду духтур даъват мекунанд ва рафти табобататро назорат менамоянд. Ин ба коргарон рӯҳия тоза мебахшад ва бовариро ба корхона зиёд мекунад”,- гуфт ӯ.

Кору зиндагӣ бе донистани забони англисӣ

Барои қаҳрамони мо ин мамлакати  қитъаи Аврупо тамоман ношинос буд. Зеро ӯ бори аввал ба он ҷо сафар кард ва забонашонро хуб намедонист. Ба ҳар ҳол каму беш луғати ангилисиро медонист ва онҳоро ҳангоми сайру саёҳат истифода мекард. Ҳамин тариқ ҳоло ӯ суханҳои ҳамсуҳбатони англисашро мефаҳмад, аммо фикри худашро пурра баён карда наметавонад. Зеро метарсад, ки дар вақти суҳбат ягон хато накунад.

Дар вақтҳои холигӣ Хайём бо дӯстони тоҷикаш ба тамошои шаҳр мебарояд. Сайру гашт карданро дӯст медорад ва махсусан дидани шаҳрҳои бузурги кишварҳое ба монанди Британияи Кабир орзуи кӯдакияш буд.

Хайём Ҳакимзода ба нафароне, ки мехоҳанд ба Британия сафар кунанд, барномаҳое ба мисли, “Fruitful Jobs”, “Conceudia CSPA” ва “ProForce” – ро  тавсия медиҳад.

Барномаи даъват ба ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ дар Британияи Кабир камаш то ду соли дигар идома хоҳад дошт ва сокинони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, метавонанд  ки барои кори даромаднок аз ин фурсат истифода баранд.

Ҳамчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тавассути шартнома метавонад шаҳрвандонро барои кор дар Британияи Кабир фиристад. Мувофиқи омор дар соли 2022 ин вазорат 126 шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор фиристодааст.

Аминҷон РАҲМАТЗОДА


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend