fbpx

Кор дар Британияи Кабир. Чӣ тавр зани тоҷик тасмим гирифт, ба кори мавсимӣ равад

Ӯ барои кор дар Англия бори дуюм аст меравад ва дар бораи ба таври қонунӣ рафтан ба Британияи Кабир мегӯяд. Ҳамчунин, рӯйхати агентиҳое, ки ба кори мавсимӣ сафарбар мекунанд, пешниҳод мегардад.


2
2 points
Духтари тоҷик барои ба даст овардани даромад ба Британияи Кабир рафт
Акс аз бойгонии шахсии Фарангиз

Фарангиз Усмонова дорои маълумоти олӣ, бо тахассуси менеҷер аст. Аммо ба хулосае омад, ки на дар Тоҷикистон ва на дар Маскав, ки орзуи харидани хонаро дорад, наметавонад зудтару бештар пул кор кунад. Ӯ бо ин мақсад ба Британияи Кабир рафт ва дар хоҷагиҳои қулфинайпарварӣ кор кард.

Фарангиз чанде пеш бори дуюм ба Британияи Кабир сафар кард. Ин навбат аз ҷониби худи корфармо – яке аз хоҷагиҳое, ки дар сафари аввалаш дар он ҷо кор кардааст, ба кор даъват шуд.

Қаҳрамони мо бо якчанд омилҳо кор дар хоҷагиҳои Британияи Кабирро аз шароити хуби кори идоравӣ афзал донист. Мақсади аввалиндараҷаи ӯ харидани хона дар Маскав аст. Онро тариқи ипотека мехарад ва ба ин васила акнун метавонад пешпардохташро супорад, ки пештар чунин имконро надошт.

“Орзуи дидани Лондон ва берун аз фазои маъмулӣ ҷаҳонбиниямро васеъ карданро низ доштам”,- гуфт Фарангиз.

Сафари аввал ба ӯ хеле ба осонӣ муяссар гардид.

Кори мавсимӣ дар Британиряи Кабир

“Бо дӯстонам дар бораи барномаи кори мавсимӣ (https://taplink.cc/rabota.anglia – ҳоло аз Русия тариқи ин барнома ҷалб карда намешаванд аз ред.) баробари оғоз кори ин барнома дар кишварҳои ИДМ ва Русия хабар ёфтем. Замоне, ки мо ба он дархост супоридем, ҳанӯз талабот бисёр набуд. Аз ин рӯ, мо дар давоми як моҳ аз интихоб гузаштем ва расо пас аз 40 рӯз ба Британияи Кабир расидем”,- нақл кард Фарангиз.

Дар мавсими дуюми кор Фарангиз тасмим гирифт, ки дар саҳифаи Instagram-и худ дар бораи кор дар Британияи Кабир, чӣ гуна ба он ҷо расидан, чӣ гуна омода шудан ва дар умум афзалиятҳои кор дар хоҷагӣ муфассал нақл кунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Фарангиз (@farangiz_usmonova13)

Меҳнати ҷисмонӣ

Кор дар замин албатта осон нест, заҳмати зиёди ҷисмониро талаб мекунад. Аммо Фарангиз мутмаин аст, ки ҳар касе хоҳиш ва ҳадафи пул кор кардан дошта бошад, аз ӯҳдаи он мебарояд. Пуртоқатӣ ва саломатии хуб яке аз хусусиятҳои асосӣ бояд бошад.

“Дар он ҷо кор кардан ҳаракати зиёди ҷисмониро талаб мекунад, бояд пуртоқат, босабр ва солим бошӣ. Муҳимтар аз ҳама – ҳадафи ба даст овардани маблағ. Баъзеҳо танҳо гирифтани раводид ва ворид шудан ба он кишварро ҳадафи аслӣ қарор медиҳанд. Онҳо намедонанд, ки ба куҷо ва барои чӣ мераванд. Аз ин рӯ, қабули чизе, ки дар он ҷост, барояшон душвор мешавад”,- гуфт Фарангиз.

Кор дар хоҷагии парвариши буттамева дар Британияи Кабир

Бинобар ин ӯ тавсия медиҳад, ки беҳтар аст пеш аз сафар тамоми шароити зиндагӣ, кор, то он чизе ки бо худ бурданиед, хуб биомӯзед. Зимнан, дар ин бора дар саҳифаҳои иҷтимоии Фарангиз маълумот гирифтан мумкин аст. Дар он ҷо ба саволҳо ҷавоб гирифтан имкон дорад.

Барои кор дар Британияи Кабир чӣ қадар музд медиҳанд

Рӯзи корӣ одатан дар Британияи Кабир 8 соат аст. Аммо, беҳтар аст ба он омода бошед, ки дар баъзе хоҷагиҳо бештар кор кардан лозим меояд.

“Умуман рӯзи кори 8-соата дар мавсим муътадил аст. Баъзан дар сурати фаровон будани ҳосили пухтарасида он зиёд шуда метавонад. Вале дар ҳама хоҷагиҳо фарқ дорад. Масалан, дар ҷамъоварии буттамева кор одатан 8-10 соат аст. Боз хоҷагиҳои сабзавоту мева, занбурӯғ, гулпарварӣ низ мавҷуданд. Онҳо метавонанд гуногун бошанд.

Аммо дар маҷмӯъ, қонуни Британияи кабир иҷозат намедиҳад, ки бештар аз вақти муқарраршуда кор кунед. Ҳатто агар баъди вақти асосӣ дар ҷойи кор монданро хоҳиш кунанд, бояд аз рӯйи меъёри дигар музд диҳанд. Аммо ин аллакай аз корфармо вобаста аст”,- нақл кард духтар.

Кор дар ҷамъоварии қулфинай дар Британияи Кабир

Ба гуфтаи Фарангиз, дар ҷамъоварии ҳосил асосан барои иҷрои меъёр дар соати кори муайян музд медиҳанд. Меъёрро бошад, аз ҳосили пухтарасида муайян мекунанд.

“Агар ҳосил пухта бошад, пас кор тез пеш меравад. Меъёр ҳамеша аз рӯйи мантиқ муқаррар карда мешавад, ҳеҷ чизи ғайриоддӣ нест.

Дар ин чо боз ҳам ҳама чиз ба худи одам вобаста аст. Агар мақсадаш пул кор кардан бошад, меъёрро иҷро карда, музд мегирад.

Одам агар танбал бошад, миллион баҳона меёбад ва албатта, дар ниҳояти кор муздаш кам мешавад”,- шарҳ дод Фарангиз.

Ба ғайр аз кор дар хоҷагиҳо дигар навъи корҳое низ ҳастанд, ки ба ҳисоби соати корӣ музд медиҳанд. Меъёри муқарраршуда барои ин гуна корҳо аз 10,10 фунт стерлинг дар як соат аст.

Дар як мавсим дар Британияи Кабир чӣ қадар маблағ ба даст овардан мумкин

Ба саволи дар мавсиме, ки ба ҳисоби миёна шаш моҳ тӯл мекашад, чӣ қадар даромад гирифтан мумкин, Фарангиз мегӯяд, ки ин ба шахс ва маҳсулоти хоҷагӣ низ вобаста аст.

“Дар ин масъала чизе гуфтан душвор аст. Масалан, ман шахсонеро медонам, ки дар як ферма кор мекарданд, аммо яке дар мавсим 6 ҳазор доллар ва дуюмӣ дар ҳамон ҷо 9 ҳазор доллар кор кард. Ба ҳисоби миёна ба ҷуз харҷ дар ҳар хоҷагӣ метавон аз 5 то 10 ҳазор доллар даромад ба даст овард”,- шарҳ дод Фарангиз.

Кор дар Британияи Кабир

Рӯзи кории муқаррарӣ

Бояд гуфт, барои кор донистани забони англисӣ ҳатмӣ нест. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳама сардорону саркорҳо забони русиро медонанд. Инчунин дар хоҷагии деҳқоние, ки Фарангиз кор мекунад, аз ҳисоби корфармо ҳафтае ду маротиба дарси забони англисӣ гузаронида мешавад.

Дар рӯзи бояд хеле барвақт аз хоб бархезӣ. Одатан соати 4:30-5:00 вақти субҳона. Кор соати шаши субҳ cap мешавад, дар ҳар 2-3 соат танаффуси кӯтоҳ дода мешавад. Барои хӯроки нисфирузӣ як соат вақт аст. Рӯзи корӣ аз соати 15:00 то 16:00 ба анҷом мерасад. Баъди он вақти холӣ доред

Дар хоҷагие, ки Фарангиз дар он кор мекунад, се намуд ҷойи зист ҳаст: вагонҳо, ки дар онҳо якчанд нафар зиндагӣ мекунад, хонаҳо барои зиндагии як нафар ва ҷой барои ҷуфти оилавӣ.

Инчунин ҷой барои истироҳат, бозиҳои варзишӣ, толори варзишӣ ва мағозаи хурд мавҷуд аст.

Духтари тоҷик дар Лондон
Рухсатии Фарангиз

Рӯзи истироҳат дар ин ҷо одатан як рӯз аст. Аммо таътили кӯтоҳе низ медиҳанд, ки метавонед дар саросари кишвар сафар кунед ва шаҳрҳоро бубинед.

Дар шаш моҳи кор, 14 рӯз рухсатӣ дода мешавад. Агар онро сарф накарда бошед, баъди аз кор озод шудан ба шумо ҷуброни пулӣ дода мешавад.

Дар бораи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир боз чиро бояд донист

Фарангиз мегӯяд, ки барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир ройгон аст. Шумо метавонед худатон анкетаҳоро пур кунед (онҳо бо забони русӣ ҳастанд), аз мусоҳиба гузаред (он ҳам бо забони русӣ), тамоми бастаи ҳуҷҷатҳоро худатон ҷамъ кунед ва ба кор равед. Барои ин ба касе пардохт кардан лозим нест, ба истиснои пардохтҳои ҳатмӣ барои раводид.

Истироҳат дар Британияи Кабир

Ба гуфтаи Фарангиз, дар бораи ҷойи мерафтаатон маълумот ҷамъоварӣ намуда, ҳама чизро омӯхтан ва дар назди худ ҳадафи пул кор карданро гузоштан хеле муҳим аст. На ин ки танҳо рафтанро мақсад карда бошед.

“Ҳар як хоҷагидоре, ки шуморо интизор аст ва дар асоси даъвати ӯ раводид мегиред, ба шумо умед мебандад. Ӯро ноумед накунед.

Қонунҳои муҳоҷират ва раводидро вайрон накунед. Зеро бо ин шумо дари ин кишварро на танҳо барои худатон, балки барои дигар ҳамватанонамон ҳам мебандед”,- афзуд Фарангиз.

Кадом агентиҳо ба шаҳрвандони ИДМ барои барномаи кори мавсимӣ  кӯмак мекунанд

Дар соли ҷорӣ 45 ҳазор раводиди мавсимии корӣ мавҷуд аст, ки дар байни чанд ниҳод тақсим шудааст.

Дар сомонаи Fruitfuljobs ниҳодҳое мавҷуданд, ки бо кишварҳои ИДМ кор мекунанд. Масалан, Agri-hr.com барои шаҳрвандони Қазоқистон ва Қирғизистон дастрас аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от 🌍 Fruitful Jobs 🇬🇧 (@fruitfuljobs.uk)

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар сомонаи як ниҳоди дигар https://osrodek-hr.com/ru/ муроҷиат кунанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳушдор дода мешавад, ки Osrodek-HR кор намекунад. Он дар қаламрави Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина намояндаҳои ваколатдор надорад.

Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир барои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир фиристода метавонанд. Хоҳишмандон ба “Маркази машварат ва омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар”-и Хадамоти муҳоҷирати вазорат муроҷиат кунанд.

Агентии Pro-force низ муроҷиат ба марказҳои Хадамоти муҳоҷиратро тавсия медиҳад.

Дар сомонаи агентии Concordia феҳристи агентиҳо барои сафарбарӣ ба кори мавсимӣ мавҷуд аст, ки бархе аз онҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend