fbpx

Шерхон Бандар ба дасти “Толибон” афтод. 32 ҳолати сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи "Ховар"

Шерхон Бандар – гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ба дасти “Толибон” афтод

Гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Шерхон-Бандар миёни Тоҷикистону -Афғонистон ба дасти Толибон афтодааст. Дар ин бора Аҷмал Кокар, хабарнигори хабаргузории “Пажвок”-и Афғонистон хабар додааст. Бино ба иттилои манбаъ, “Толибон” чанд соат пеш Шерхон Бандарро суқут додаанд ва бархе аз неруҳои давлатии Афғонистон ба дасти “Толибон” таслим шуда ва бархеи дигар аз ин неруҳои давлатӣ ба ҷониби Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Гуфта мешавад, дар миёни паноҳовардаҳои ҷониби Афғонистон бархе аз мақомдорони маҳаллӣ низ ҳастанд.

Ба гуфтаи манбаъ, раёсати гумруки Шерхон-Бандар бидуни даргирӣ ба дасти “Толибон” афтодааст. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид расман чизе нагуфтааст. Талошҳои “Азия-Плюс” барои ба даст овардани нуқтаи назари мақомоти Тоҷикистон то замони нашри ин хабар натиҷа надод.

ВМКБ омодааст, ки то 10 ҳазор паноҳандаи Афғонистонро бипазирад

Рӯзи якшанбеи 18-уми июн, Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни як ҷаласаи муштарак бо аъзои минтақаи мудофиавии ҳудудии № 1 дар ин вилоят, ки раҳбарони ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба шумор мераванд, аз ноамниҳо дар вилояти Бадахшони ҷумҳурии ҳаммарзи Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ дар мусоҳибаи худ бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки дар ҳолати вахим шудани вазъияти сокинони ҳамсояи он сӯйи марз, ВМКБ омодаааст паноҳдиҳандагонро қабул намояд.

“ Албатта, дар сурате, ки агар онҳо ба ин эҳтиёҷ дошта бошанд. Яъне дар ҳама ҳолат ҳамсояи худро бояд дар рӯзҳои вазнин дастгирӣ намуд. Чун бубинед, даврони ҷанги шаҳрвандӣ ин мардум паноҳандагони моро пазируфтанд ва имрӯз мо низ ба онҳо дасти кӯмак мерасонем. Ҳоло бо имконоти иқтисодиву сиёсиамон омодаем беш аз 10 ҳазор паҳонадагони бародарони афғонро бипазирем ва онҳоро дар ҷойи амн нигоҳубин намоем”, – гуфтааст ӯ.

32 ҳолати сирояти нави коронавирус дар 2 рӯзи охир дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии кишвар иттилоъ медиҳад, ки санаи 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии сокинони кишвар ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 22 июн дар кишвар 13340 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ситоди ҷумҳуриявӣ бар зидди коронавирус ,омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тайи чанд ҳафтаи охир расонаҳои мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз омади дигарбораи коронавирус мегуфтанд, вале мақомот ин гуфтаҳоро рад мекарданд.

Кумитаи дин: намозгузорӣ дар масҷидҳо ҳоло манъ намешавад

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пасманзари таъйиди расмии вуҷуди дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир масҷидҳо баста ва намозгузорӣ манъ намешавад. Ба гуфтаи сухангӯйи Кумитаи дин Афшин Муқим ин салоҳияти Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо паҳншавии коронавирус аст.

Соли гузашта дар пасманзари пайдо шудани коронавирус дар дунё дар Тоҷикистон дар моҳи март намозгузорӣ дар масҷидҳо манъ шуд, вале баъдтар дубора иҷоза доданд. Аммо баъди расман эътироф шудани вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон то 1-уми феврали соли 2021, наздик ба 10 моҳ дари масҷидҳо баста буд.

Хисороти даргириҳои марзӣ: 12 млн сомонӣ ба Тоҷикистону 1 млрд 305 млн сом ба Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зарарҳои расида аз даргириҳои марзии рӯзҳои 29-30-апрели соли равонро ҳисоб кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳарчанд хисороти ворида аз ин даргириҳоро расман эълон накардааст, вале як манбаъ “Азия-Плюс” дар Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Исфара гуфт, онҳо ҳисоботро барои санҷиш ба ҳукумати вилояти Суғд фиристодаанд, ки бино ба ҳисоби пешакӣ ин зарар дар Исфара баробар ба 11 миллиону 901 ҳазору 772 сомонӣ аст. Дар ин ҳисобот хонаҳои вайроншуда, иншооти марказҳои хизматрасонӣ, техникаҳо, чорвову дигар муҳимоти талафшудаи мардум ворид шудааст.

Манбаъ гуфт, ҳисобот хисороти умумии ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Шаҳрак ва Ворухро фаро мегирад, ки дар ин миён зиёни аз ҳама беш ба ба деҳаҳои Хоҷаи-Аъло ва Сомониёни Чоркӯҳ  расидааст.  Ҳамчунин Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода зиёни ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тақрибан 53 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.

Рӯзи 21-уми июн Қирғизистон расман эълон кард, ки дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон 1 миллиарду 305 миллион сом хисороти пулӣ дидааст.

Дар се соли оянда Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 462 миллион доллар мегирад

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 462 миллион доллар медиҳад. Ба гуфтаи Вазорати молияи Тоҷикистон ин маблағ дар давоми се соли оянда дастрас хоҳад шуд. Чунин тасмим дар пайи мулоқоти вазири молия бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Тибқи нақша ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт,маорифу илм,тандурустӣ,амнияти озуқаворӣ,ҳифзи муҳити зист ва идоракунии давлатӣ то соли 2024 равона карда мешавад.

Ҳафтае қабл, Бонки Осиёи Рушд, барои харидории ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 25 миллион доллар кӯмак ҷудо кард. Ин бонк чанд сол инҷониб барои сохтмони роҳу таҷдиди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон кумакҳои бебозгашт ҷудо мекунад, аммо дар иваз шартҳое мегузорад, ки кишвар бояд онро қабул ва иҷро кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend