fbpx

Духтаре, ки бо шеърхонияш Раҳмон ва Мирзиёевро ба ваҷд овард кист?

Рӯзноманигор Наврӯза Мамирова дар назди Эмомали Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв баромад карда соҳиби ҷоиза шуд.


1
1 point
Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Наврӯза Мамирова зимни мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қасри Арбоби Хуҷанд бо зиёиёни вилоят бо суханронӣ ва тарзи қироаташ бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сарони давлатҳоро дар ҳайрат гузошт. Пас аз ин Наврӯзаро ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон бо ҷоизаи “Ӯзбекистон белгиси” (Нишони Ӯзбекистон) сарфароз гардониданд.

Наврӯза Мамироваи 25 сола зодаи деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич аст. Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна соли 2014 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ихтисоси рӯзноманигорӣ дохил шудааст. Муҳаббат ба касби рӯзноманигорӣ аз хурдӣ дар замири ӯ аланга дошт. Аз ин рӯ, риштаи магистратураро низ аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм менамояд.

Гарм шудани муносибатҳо Наврӯзаро ба телевизион овард

Аз соли 2018 инҷониб Наврӯза дар Телевизиони Суғд ҳамчун муҳаррир ва барандаи барномаи ӯзбекии “Қадрият” фаъолият карда истодааст. Қаҳрамони мо, таърихи дар телевизион ба кор омаданашро чунин нақл кард.

“Соли 2018 замоне, ки дар курси чорум таҳсил доштам, дар таърихи давлатдории ду миллати ба ҳам дӯсту бародар тоҷику ӯзбек воқеаи муҳиму таърихӣ рух дод ва марҳилаи нав дар масири муносибатҳои ҷонибҳо оғоз гардид.

Аз ҷумла, сарҳадҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз шуда, машъалаи умеду боварҳои сокинон ба фардои дурахшони робитаҳои байни ду миллат фурӯзон гардид. Ҳамон сол ман дар ТВ Суғд таҷрибаомӯзӣ доштам. Ва маҳз дар ҳамин соли таърихӣ идеяи таҳияи барномаи ӯзбекӣ ба миён омад. Аз сабаби он ки, миллати ман ӯзбек аст, роҳбарияти телевизион барномаи “Қадрият”- ро ба инҷониб бовар намуданд”, – нақл мекунад, Наврӯза.

Акс аз саҳифаи Facebook-ии Озод Мелибоев

Ҳамин тавр, дар фазои иттилоотии Суғдзамин барномаи “Қадрият” падид омадаст, ки ҳамакнун ҳаводорону мухлисони зиёд низ дорад.

Наврӯза Мамирова ба он бовар аст, ки агар дастгириву ҳамдигарфаҳмӣ дар оила пойдор бошад, ҳар кор бе мушкил хоҳад буд. Ӯ тамоми мувафақиятҳояшро мадюни шавҳараш медонад, ки дар ҳама кору ҳолат дастгираш аст.

“Якдигарфаҳмӣ дар оила барои инсон неъмати бебаҳост. Албатта барои як зан ҳам аз ӯҳдаи фарзандон баромадан ва ҳам кор кардан мушкил аст. Лекин вақте коратро аз таҳти дил дӯст медорӣ ва наздиконат дар паҳлӯятанд, ягон кор амалиношаванда нест.
Хушбахтии як зан дар фаҳмишу иродат ва дастгириҳои оилааш маҳсуб меёбад, ки хурсандона ман ин саодатро соҳибам,” – бо хушнудӣ мегӯяд Нарвӯза.

“Бовар надоштам, ки сухарониам ба ҳама писанд меояд”

Ба қавли Наврӯза фаъолият дар телевизион нозукиву мушкилиҳои худро дорад. Чун дар он тамошобин ҳам туро мебинад, ҳам мешунавад, ки ин масъулияти журналистро дучанд мегардонад. Яке аз сабабҳои суханронии Наврӯза дар назди Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барномаи “Қадрият” буд.

Чӣ тавре Наврӯза нақл кард, ҳангоми баромад кардан ӯро як ҳиссиёти тасвирнашавандае фаро гирифт. Ӯ ҳангоми суханронӣ дар худ эҳсоси масъулият кард, чун аз миёни садҳо ҷавонон ин имконият танҳо ба ӯ даст дода буд.

Суханронии Наврӯза дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуду вокунишҳои мусбатеро ба боровард. Ӯ таассуроташро аз ин суханронӣ баён дошт.

Акс аз саҳифаи Facebook-ии Озод Мелибоев

“Ин рӯйдоди фараҳбахш тавонист, ки маро боз ҳам бештар муаррифӣ намояд. Вақте аксу навори суханрониамро дар шабакаҳои иҷтимоӣ медидам, шарҳ (коментария)-и корбарони интернетро мехондам, вуҷудамро эҳсоси хурсандиву хушҳолӣ фаро мегирифт. Тасаввур ҳам намекардам, ки як суханрониам то ин ҳад мақбулу қабули ҳамкорону дӯстон ва мардуми зиёд мегардад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нишони сарисинагии “Ӯзбекистон белгиси” қадршиносӣ шудан бароям дастоварди беҳтарин аст. Ин нишон натанҳо нишони ман, балки нишони тамоми ҷавонони кишварамон мебошад, ки рамзи дӯстии ду миллатро ифода мекунад”, нақл карда Наврӯза.

Файзуллохон Обидов барои Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
8
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend