fbpx

“Парчами санъат дар дасти ман аст”. Муруре ба 80 соли ҳаёти Ҷӯрабек Муродов

"Ку шермарде, ки парчами санъати тоҷикро аз дасти ман бигирад?"


1
1 point
Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии СССР

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС ва хушномтарин сарояндаи тоҷик имрӯз ба синни 80-солагӣ қадам гузошт. Мавсуф 24-уми декабр дар сардиҳои зимистони рустои Кӯҳрӯд дар Айнӣ ба олам омадааст ва 60 сол инҷониб санъати миллии тоҷикро бо меҳру муҳаббат гарм нигаҳ медорад.

Муаллифи Your.tj тасмим гирифт, ки ба ифтихори солгарди юбилейии Ҷӯрабек Муродов чанд порае аз зиндагонии ӯ нақл кунад.

Ҷӯрабек Муродов соли 1963 ба саҳнаи ҳунари тоҷик қадам гузошта, бо ҳунар ва истеъдод бар дилу дидаи миллати тоҷик ва халқи олам ҷой гирифт. Садои Ҷӯрабек Муродов беш аз ним аср садои тоҷикон гашта ва дар берун аз маҳдудаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ маъруф гаштааст.

Ин устоди ҳунар мегӯяд, “дар 15 давлати Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои араб ва ҷаҳони ғарб суруду фарҳанги халқи тоҷикро бо худ тӯша мегирифтам ва ба гӯши ҷаҳониён мерасонидам, ки тоҷик ҳаст, фарҳанги бузург дорад ва соҳиби тамаддун аст”.

“Саҳнаҳои бузург ва майдонҳои пур аз одам пеши чашмонам меоянд. Бидуни микрафон барои 15-20 ҳазор нафар суруд мехондам. Халқ ҳамоҳанг мешуд ва баробарам замзама мекард. Суруду наво марзҳоро шикаста буд”, – меафзояд Ҷӯрабек Муродов.

Ҷӯрабек Муродов соли 1963 ба саҳнаи ҳунари тоҷик қадам гузошт
Ҷӯрабек Муродов ва Лоиқ Шералӣ

Раҳораҳ

Ҷӯрабек Муродов дар деҳаи Куруд ё худ Кӯҳрӯди ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, пас аз хатми мактаби деҳа, ба ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (имрӯза ДДХ) дохил мешавад. Пас аз хатми он танҳо 1 сол ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи синфҳои ибтидоӣ дар Донишкадаи омӯзгории Ленинобод кор кардааст. Аммо сар аз соли 1963 роҳи санъатро пеша карда, ба қуллаи муроди ин касб расидааст.

Мавсуф дар солҳои 1963-1992 – сароянда, роҳбари дастаи бадеӣ, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз соли 1992 ба ҳайси сароянда дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад. Як замон роҳбари бадеии ансамбли “Шашмақом”-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд. Ҳоло устоди факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, боргоҳе, ки онро 60 соли пеш хатм карда буд, ҳаст.

Ҷӯрабек Муродов ҳоло устоди факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст

Як лаҳза ва як унвон

Хоксорӣ ва фурӯтании Ҷӯрабек Муродов ҷои гуфтан ва таъкид карданро дорад. Дар мавриди ӯ гуфта мешавад, ки ҳар боре ба деҳа меояд, ҳамаи бачаҳо сари роҳ мебароянд. Ӯ бо ҳар яки онҳо алоҳида-алоҳида даст дода, вохӯрӣ мекунад. Шаб, ки шуд, бому дари хонаи онҳоро бачаҳо зер мекунанд. Вай ҳар дафъа бачаҳоро ҷамъ карда, бо онҳо якҷоя суруд мехонад. Дар ин дақиқаҳо аз бачаҳои  деҳи мо хушбахт касе нест.

“Ҳар як омадани ӯ тӯй аст. Тӯйи ҳама, тӯйи ҳар хонадон, зеро ӯро ҳама фарзанди худ мехонанд: Фарзанди халқ… Чӣ унвони баланде”, – гуфта мешавад дар мавриди Ҷӯрабек Муродов.

Бузургтарин инсонияти ӯ дар он зоҳир мегардад, ки аз кӯдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсолае, ки  рӯ ба рӯяш ояд нахуст шуда даст болои дил гузоштаву бо як табассуми зебое салом медиҳад.

Гуфтовардҳо барои андеша

Аммо ҳунари ӯ қобили ситоиш аст. Дар мавриди истеъдоди фитрӣ ва ҳунари нотакрори ин устоди ҳунар ҳанӯз дар нимаи дуюми садаи ХХ Мирзо Турсунзода, шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон, гуфта буд:

“Ҷӯрабекро ба чашми кам набинед, халқи мо хушбахт аст, ки Ҷӯрабек барин сарояндаву мутриби нотакрорро пайдо кардааст…”.

“Ҷӯрабек аз ҳофизони муосир ягона касест, ки… шеърро гӯёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу мағзи шунаванда мерасонад”, – афзуда буд Мирзо Турсунзода.

Бар замми ин ҳама сифатҳои мумтози сарояндагӣ заҳмати шабонарӯзии тозакориву бозофаринӣ барои ӯ имкон дод, ки бо афроди барӯманди адабиву фарҳангӣ ба монанди Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Раҷ Капур, Аҳмад Зоҳир, Муҳаммадризо Шаҷариён, Саттор, Пӯлод Булбул-уғлӣ, Зейнаб Хонларова, Вахтанг Кикабидзе, Роза Римбаева, Людмила Зикина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, София Ротару, Шералӣ Ҷӯраев  ва дигарон аз наздик ошноӣ пайдо кунад ва бо онҳо иртиботи ногусастанӣ дошта бошад.

Дар ин баробар, ҳунари ӯро шинохтатарин чеҳраҳои олам эътироф карда, барои ҳунар ва матонаташ аҳсан хондаанд. Ба ин минвол, Чингиз Айтматов, нависандаи қирғиз гуфтааст, “ҳар раҳ, ки як раҳ қадам занӣ, тиллохез гардад!” ва Қайсин Қулиев, шоири маъруфи булғор, афзуда, ки “рӯди кӯҳӣ шӯхобу серобу файзбахш аст. Ба шумо ҳам ҳамин хислатҳоро орзу мекунам. Шумо онҳоро доред; ҳеҷ гоҳ гум накунед!”

Дар ин баробар, Отахон Латифӣ, журналисти шинохтаи тоҷик дар ин маврид гуфта, “ошёни баландро пояҳои ҳазорсолаи мо нигоҳ медоранд” ва мавсуф афзуда, ки “бигузор дар рӯзи садсолагии Ҷӯрабек фарзандони мо ба ӯ ҳайкал гузоранд”.

Дар мавриди Ҷӯрабек Муродов шахсиятҳоги шинохтаи тоҷик сухан гуфтаанд.
Ҷӯрабек Муродов ҳамроҳи устод Мирзо Турсунзода

Се хотираи Ҷӯрабек Муродов

Дафтари хотираи Ҷӯрабек Муродов бой ва рангоранг аст, ки 60 соли фаъолияти эҷодиро дар ин ҷамъ овардаааст. Мо танҳо се хотираи ҳунармандро ёд мекунем:

1. “Вақте ки дастаи ҳунарии мо бо Токио ва мардуми санъатдӯсти япон  «То боздид» гӯён ба автобус савор мешуданд, духтарчаи 13-14 солае давида наздамон омад. Вай Миноба ном дошта, дар дасташ сурати  Артисткаи халқии СССР Малика Собирова буд.

Вай аз Малика Собирова пурсон шуд ва гуфт, ки вай ҳамроҳи падараш баромади ин ҳунарпешаи беҳамторо дар Токио дидааст. Мо ба ростӣ, ба духтарак чизе ҷавоб доданамонро намедонистем. Забон намерафт бигӯем, ки он ситораи тобон акнун хомӯш аст” (Июли соли 1982).

2.“Ҳодисаҳои соли 1992 маро ба гирдоби азобҳо андохт. Бисёр дӯстонам аз бисёре аз кишварҳои хориҷӣ даъват намуданд. Ман хостам барои санҷиш фикри писаронамро фаҳмида гирам. Онҳо гуфтанд:

Мо бо сурудҳои «Модар»-у «Ватан»-у «Замин»-и Шумо ба воя расидем. Хайр агар танҳо 4-5 сол дар хориҷа монем-чӣ гуфтам ман. «Агар баъди 5 сол ба Душанбе баргардед, шумо Ҷӯрабеки Муроди имрӯза буда наметавонед, гуфтанд писаронам ва ман дарк кардам, ки тарбияи ман беҳуда нарафтааст.

Миллати тоҷик овозхон, шоир, журналистро бо бисёр душвориҳо тарбия мекунад. Ҳамин миллат маро Ҷӯрабек кард, агар аз ӯ рӯ гардонам кӯр мешавам. Ман ба ин халқ саҷда мекунам. (Соли 2004).

3.Ёд дорам, он рӯзҳо Раиси Совети Вазирони республика Абдулаҳад Қаҳҳоров бо устод Мирзо Турсунзода ва Муҳаммад Осимӣ дар даст рӯзнома маро ҳузури хеш хонда, бо ифтихор дар саҳифаи маҷаллаи кишвари Аврупо акси маро аз консерти баргузоргардида нишон доданд.

Лаҳзаҳои хотирмону таърихӣ бароям, инчунин аз ин рӯзҳое мебошанд, ки дар назди зиёда аз 50-ҳазор нафар мардуми гуногунмиллат, дар сарзамини Ҳиндустон якҷоя бо санъаткори машҳури ҳинд Раҷ Капур паҳлӯ ба паҳлӯ истода суруд хонда будам. (Моҳи майи соли 2014).

Роҳи тайкардаи Ҷӯрабек Муродов на он қадар ҳамвор буд
Ҷӯрабек Муродов бо ҳамсараш

Фаровард

Дар ин баробар, роҳи тайкардаи Ҷӯрабек Муродов на он қадар ҳамвор буд. Ӯ худаш мегӯяд

Дар ин 60 соли фаъолияти эҷодӣ бисёр душвориҳоро паси сар кардам ва тӯҳматҳои гӯшношунид шунидам. Хабари маргамро ба модарам расониданд ва он кас аз ин хабари бардурӯғ бемор шуда, билохира, пас аз 6 моҳ даргузаштанд. Марги чанд нафари дигарро дар атрофи номам печониданд, ки тӯҳмат буд. Ҳамааш ба Худо маълум аст ва шукр, ки гузашт.

Вале ин  нобиғаи  санъати тоҷик ҳама  гарониҳо ва мушкилотро  таҳаммул  намуда, бақо ва ҳастии миллатро тавъам бо мусиқӣ ва суруд дониста, худро дар ин ҷода фидоӣ сохт. Ин шеъри шоири зиндаёд Қутбӣ  Киром бозгӯ аз рӯзгор ва кору фаъолияти устод Ҷӯрабек Мурод аст:

Дар мӯи ман ғубори раҳ кам нест, бингаред,

Аз рӯи абру аз таги дарё гузаштаам.

Умре пиёда рафтаам дар водии хаёл,

Аз сангпули асрҳо танҳо гузаштаам.

Бар нокасони зиндагӣ гардан надодаам,

Аз зери теғ бо сари боло гузаштаам…

Ҷӯрабек Муродов 60-солагии фаъолияти эҷодиашро дар шаҳри Душанбе таҷлил кард
Ҷӯрабек Муродов, Аҳмад Зоҳир ва Нигина Раупова

Устоди ҳунар ахиран 60-солагии фаъолияти эҷодиашро дар шаҳри Душанбе таҷлил кард ва дар 80-солагии худ тӯли 4 соат рӯйи саҳна буду суруд мехонд. Ин ҷо ӯ гуфт:

Ман парчами санъатро дар соли 1963 ба даст гирифта будам, ҳоло ҳам он дар дасти ман боқӣ мондааст. Ку шермарде, ки онро аз дасти ман бигирад?

Ба парчамдори санъати тоҷик 80-солагӣ муборак бод!

М.РАҲМАТ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend