fbpx

Эмомалӣ Раҳмон: Муовини раис ва 25 мансабдори ноҳияи Ёвон гурӯҳи ҷиноӣ созмон доданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-2
-2 points
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Қосими Роҳбар: “Ба номи ман суратҳисоб кушодаанд”

Раиси навтаъйини шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар қазияи пурсарусадои 9 миллион доллари ба номаш дар бонки Швейтсария пайдошударо шарҳ дод

Ӯ дар суҳбат бо нашрияи СССР пайдо шудани маблағро ба теракти моҳи апрели соли 1997 дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд вобаста донистааст.

Қосим Роҳбар гуфтааст, ки пас аз захмӣ шудан дар ин теракт барои табобат ба Аврупо меравад, аммо клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоботи бонкии аврупоӣ беморонро қабул намекардааст.

Вай гуфтааст, ки он замон ба кумакаш як соҳибкори хориҷӣ, шаҳрванди Австрия омадаст, ки солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд. Ташхису табобати аввала дар Вена низ бенатиҷа анҷомидаст ва ба гуфтаи Қосим Роҳбар ӯ соли 2003 ба 1 табиби дигар дар Вена муроҷиат кардаст.

“Соҳибкор дубора ба кумакам омада, боз кафили ман шуд. Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам”, – изҳор дошт ӯ.

Вай афзуд, то ҷойе огаҳӣ дорад ба номаш дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобаташро аз пули худаш пардохт карда буд.

Мавсуф гуфтааст, ки танҳо дар соли 2007 фаҳмидаст, ки ин соҳибкор ба вай хизмати хирсона кардааст.

Ӯ илова намудаст, ки боре ҳам тавассути ин суратҳисоб доду гирифти бонкӣ накардааст, на пул ворид кардаасту на гирифтааст. Ба гуфтаи Роҳбар, ин соҳибкор феълан дар ҷӯстуҷуи байналмилалӣ қарор дорад

Ёдовар мешавем, ки як Маркази пажуҳиши фасод аз суратҳисоби Қосими Роҳбар дар бонки Швейтсария хабар дод, ки дар суратҳисоби ӯ муодили 9,6 млн доллари амрикоӣ нигоҳдорӣ мешудаст.

Президент: Муовини раис ва 25 мансабдори Ёвон гурӯҳи ҷиноӣ созмон доданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки тайи соли 2021 ба 400 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 133 ҳолат зиёд буда, 79 фоизи онҳо вобаста ба истифодаи замин мебошанд.

“Дар ин давра ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба харидуфурӯши замин 429 ҳолатро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда хеле нигаронкунанда аст”,- гуфт раисиҷумҳур дар суҳбат бо раҳбарони вилояти Хатлон.

Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон А. Набизодаро мисол овард.

Ӯ гуфт, Набизода якҷо бо мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, раиси Кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои деҳот ва шахсони дигар гурӯҳи ҷиноятӣ созмон дода, 331 ҳолати ҷинояти вобаста ба заминро содир намудааст.

“Бо парвандаи ҷиноятӣ 25 нафар шахсони мансабдори ин ноҳия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд ва 10 миллион сомонӣ зарари расонидаи онҳо ошкор карда шудааст”,- афзуд раисҷумҳур.

Гуфта мешавад, дар як соли қаблӣ аз ҷониби Агентии мубориза бо фасод дар самти харидуфурӯши замин нисбати 86 нафар 193 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон (52 ҳолат), Кӯшониён (41), Кӯлоб (19), Восеъ (18), Вахш (15), Ҷайҳун (11) ва Қубодиён (8) содир шудаанд.

Валентина Матвиенко ба Эмомалӣ Раҳмон аз вазъ атрофи Украина маълумот дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25 феврал дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.

Зикр мегардад, ки дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.

Як навраси тоҷик ба Академияи футболи “Реал Мадрид” шомил шуд

Як футболбози навраси тоҷик фаъолияти варзишии худро дар Академияи футболи “Реал” идома медиҳад. Зафар Баҳруллозода ахиран ба Академияи футболи дастаи “Реал Мадрид” воқеъ дар Узбекистон шомил шудааст.

Сомонаи Спорт тҷ, бо нашри ин хабар мегӯяд, Зафар баъди супурдани имтиҳон дар назди муттахассисони испанӣ ба ин муваффақият даст ёфт. Барои ворид шудан ба Академияи “Реал Мадрид” рақобат сахт ва довталаб зиёд будааст. Футболбози навраси тоҷик то ин замон дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Алмосӣ тамрин мекард.

Академияи футболи “Реал Мадрид” соли гузашта дар шаҳри Бекободи Узбекистон таъсис дода шуд. Дар ин Академияи футболбозони наврасу болаёқатро тавассути имтиҳон қабул ва тамрин медиҳад

Расулзода бо раҳбари ширкати “Балтика Групп”-и Русия имкони сармоягузориро баррасӣ кард

Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон бо директори генералии Ширкати нассоҷии “Балтика Групп”-и Федератсияи Русия Михаил Бочаров мулоқот намудаст.

Дар ин мулоқот Расулзода бо Бочаров таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муштарак, сармоягузорӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот ва дар маҷмуъ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ кардаанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имкони хуби сармоягузорӣ дорад ва барои рушди бахши хусусӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соҳаи саноату сармоягузоррӣ имкони созгор фароҳам сохта, татбиқи якчанд имтиёзро ба роҳ мондааст.

Расулзода гуфтааст, ки Тоҷикистон имкони хуби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишорвазиро доро буда, ба василаи то сатҳи ниҳоӣ коркард намудан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, баланд гардидани сатҳи некуаҳволӣ ва дар маҷмуъ, ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend