fbpx

Як қатор парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия мувақаттан қатъ гардид

Инро кормандони ҳавонавардӣ ба вазъияти Украина рабт додаанд


0
Акс аз ТАСС

Дар робита ба вазъият дар Украина чанде аз парвозҳо аз Тоҷикистон ба баъзе шаҳрҳои Русия боздошта шуданд, гуфтанд, аз Агении авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон.

Як намояндаи агентӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”  гуфтааст, ки аз Тоҷикистон ба се шаҳри Русия, ки бо қарори Росавиатсия 12 фурудгоҳи ҳаммарз бо Украина баста шудааст, парвоз анҷом мешуд: Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж.

Ба гуфтаи манбаъ, хатсайрҳое, ки ба шаҳрҳои зикршуда ба нақша гирифта шудааст, шояд ба фурудгоҳҳои наздики ин шаҳрҳои Русия сурат бигирад.

“Ин тадбирҳои муваққатӣ то 2 март идома ёфта, минбаъд ба вазъият вобаста хоҳад буд. Ҳамаи ин тадбирҳо баҳри таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти мусофирон рӯйи даст гирифта мешавад”, – изҳор доштанд дар Агентӣ.

Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар Душанбе изҳор намуданд, ки дарвоқеъ ҳам парвоз бо чанде аз хатсайрҳоро боздошта, ба мусофироне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, ивази билетҳо ба рӯзи дигарро пешниҳод мекунанд ё пулашонро бармегардонанд.

“Фурӯши билетҳо ба смати Краснодар, Воронеж ва Ростови лаби Дон муваққатан то 2 март боздошта шуд. Ба мусофироне, ки то боздошти парвозҳо билет гирифта буданд, ивази он ба рӯзи дигарро пешниҳод мекунем ё пулашонро бармегардонем”, – гуфтанд дар ин нуқтаи фурӯш.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии S7-и Русия, ки бо хатсайри Хуҷанд – Воронеж парвозҳо анҷом медиҳад, иттилоъ доданд, ки рӯзи 2 март иҷрои ду парвозро ба Воронеж ба нақша гирифтаанд.

“Бароямон ҳоло маълум нест, ки рӯзи 2 март ба парвозҳои пешбинишуда иҷоза медиҳанд ё не. Моро дар бораи мутаваққиф намудани онҳо огоҳ накардаанд ва билетҳо ҳоло дар фурӯшанд”, – иброз доштанд дар ширкат.

Дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар атрофи Украина кори баъзе фурудгоҳҳо дар ҷануби Русия муваққатан боздошта шудааст: Ростов (Платов), Краснодар (Пашковский), Анапа (Витязево), Геленжик, Элиста, Ставропол, Белгород, Брянск, Орел, Курск, Воронеж, Симферопол.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend