fbpx

Дар Чоркӯҳ ба зарардидагони муноқишаи марзӣ калиди хонаҳои навсохтаро супориданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадомоти матбуотии раиси вилояти Суғд

Академик Акбар Турсон ҳам аз бемории монанд ба COVID ранҷ мебарад

Донишманди барҷастаи тоҷик, академик Акбари Турсон ҳам бештар аз як ҳафта шудааст, ки аз бемории монанд ба коронавирус ранҷ мекашанд. Дар ин бора наздикони эшон ба “Азия плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, ки Акбар Турсон ҳоло дар хона муолиҷа мешаванд ва духтурон барои табобаташон ба хона омада мераванд.

Яке аз наздикони Акбар Турсон гуфт, ки назар ба як ҳафта пеш, замони хуруҷи беморӣ ҳоло вазъи саломатиашон хуб аст ва ҳарорати баландашон ҳам паст шудааст, вале беҳоливу бемадорӣ то ба ҳол ҳаст. “Аз “COVID-19” тест супоридем, хушбахтона, натиҷааш манфӣ баромад, вале нишонаҳояш ба коронавирус монанд аст, махсусан беҳолӣ ва ҳарорати баланд”,-гуфт ин хешованди академик.

Ба зарардидагони  муноқишаи марзӣ дар Чоркӯҳ калиди хонаҳои навсохтаро супориданд

Баъди ду моҳи даргирҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хонаҳои тахрибшудаи сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз нав бунёд ва ба соҳибонашон супорида шуданд. Имрӯз, 2-юми июл раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳи ҳайатҳои дигари ҳукумат калиди хонаҳои навсохтро супурдаанд.

Мақомот мегӯяд, хонаҳо бо тарҳи нав бунёд шуда бо ҳама лавозимоти рӯзғор ҷиҳозонида шудааст.

Дар даргириҳои марзӣ аз ҳама бештар хонаи сокинони деҳаи Сомониён оташ гирифтаву зери шилику тирборон монда буд ва мақомот мегӯяд, 17 хонаи пурра вайроншуда дар ин деҳаро аз нав барқарор кардаанд.

Роҳбари Ситоди вилоятӣ дар умури барқароркунии оқибатҳои низоҳои наздисарҳадии вилояти Суғд  Маъруф Муҳаммадзода гуфтааст, барои 29 оила дар 16 мавзеи маҳаллаҳои деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён хонаи нав сохтанд. Ӯ гуфта хонаи 29 хонавода дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел осеб дида, 22 хона пурра вайрон шудааст. Дар ин хонаҳои вайроншуда беш аз 130 нафар зиндагӣ мекарданд ва ҳамакнун соҳиби хонаҳои нав худ шуданд ва ба зиндагии муқаррарӣ идома медиҳанд.

Тибқи лоиҳа хонаҳои типи деҳот бунёд шуд ва бино ба маълумот барои як хонавода ду хона, як даҳлезу айвон, ки ҳудуди 100 метри мураббаъ аст бо зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ масраф тамом шудааст.

Сироҷиддин Муҳриддин дар Вашингтон бо вазири корҳои хориҷии ИМА дидору гуфтугӯ кард

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амрико дар Вашингтон бо ҳам мулоқот намуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳсу баррасӣ кардаанд. Масъалаи сулҳи пойдор дар Афғонистон аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи дипломатҳои баландпояи Тоҷикистону Амрико будааст. Ҳамзамон дар Вашингтон ҳаштумин даври машваратҳои сиёсӣ байни Амрикову Тоҷикистон баргузор шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Амрико хабар дод, ки мулоқоти Антони Блинкен ва Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 1-уми июл баргузор шуд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Амрико таъкид кардаанд, ки сулҳи пойдор дар Афғонистон ба рушди иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат мекунад. Ҳамкориҳои дуҷонибаи бештар дар заминаи пешбурди ҳуқуқҳои инсон, озодиҳои асосӣ ва рушди иқтисодӣ, аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи Антони Блинкен ва Сироҷиддин Муҳриддин будааст.

Ҳайатҳо дар ин мулоқот роҷеъ ба масоили амниятӣӣ, ҳуқуқи башар, энержӣ ва иқтисод, расидагии муштарак ба таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа, ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, мусоидат ба озодиҳои динӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон, гуфтугӯ кардаанд.

Фарида Мансурова, пизишки шинохтаи тоҷик даргузашт

Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб ва духтари Ҳомид Мансуров – раҳбари пешини Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология дар синни 69-солагӣ даргузашт. Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, ки аз дӯстони хонаводагии ин пизишки собиқадор аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ аз чанд рӯз ба ин тараф гирифтори КОВИД-19 шуда буд.” Пизишкон расман сабаби марги ӯро шарҳ надодаанд.

Фарида Мансурова солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология кор мекард.  Ҳомид Мансуров, падари ӯ соли 1959 нахустин пажӯҳишгоҳи бемориҳои дарунӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро дар Душанбе таъсис дод, ки то ҳол бо номи “клиникаи Мансуров” шӯҳрат дорад.

Сӯхтор дар бузургтарин тарабхонаи шаҳри Хоруғ “Марко Поло”

Дар яке аз калонтарин тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ бо номи “Марко Поло” сӯхтор ба амал омадааст.

Оташсӯзи ҳафтаи ҷорӣ ва замоне сар задааст, ки дар ин тарабхона ҷашни арӯсӣ ҷараён дошт. Дар наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ рӯзи 2-уми июл аз шаҳри Хоруғ фиристодаанд, дида мешавад, аз боми тарабхона дуд ба ҳаво мепечад ва меҳмонони тӯй ба кӯча баромадаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон боми тарбахона сӯхта, касе дар ин ҳодиса осеб надидааст. Сабаби оташсӯзӣ ва хисороти расида аз он расман эълон нашудааст.

200 ҳазор тоҷик дар панҷ соли гузашта шаҳрвандии Русияро пазируфтанд

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия аз соли 2016 то соли 2020 196 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин рақам баробар ба аҳолии Рашту Нуробод аст, ки дар якҷоягӣ 200 ҳазор нафар сокин доранд.

Ба ин тартиб, ҳар сол ба ҳисоби миёна 40 ҳазор тоҷикистонӣ, шиносномаи Русияро гирифтааст. Дар 5 соли охир шумораи тоҷиконе, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд 3 баробар афзудааст. Агар соли 2016 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд, соли 2020 ин рақам ба 63 ҳазору 389 нафар баробар шудааст.

Яъне дар соли 2020 ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 174 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудааст. Дарёфти босуръати шаҳрвандии Русия дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон соли пеш эълон карданд, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар 8 соли ахир беш аз 80 дарсад кам шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend