fbpx

Аз газетафурӯшиву лаборантӣ то аксбардории Путину Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзгори аксбардори номии тоҷик Дидор Саъдуллоев.


0
Дидор Саъдуллоев

Дар Тоҷикистон аккосони профессионалӣ ангуштшуморанд. Зеро ин касб аз одам таъби нозуку эҳсосоти баландро талаб мекунад. Якчанд соли охир мардуми тоҷик ба ин намуди ҳунар таваҷҷуҳи хоса пайдо намудааст, лекин ҳар як шахсе ки асбоби аккосӣ дорад, суратгир ва дар ин ҷода муваффақ буда наметавонад. 

Мо имрӯз барои хонандагони Your.tj оид ба ҳаёт ва саргузашти аккоси номии Тоҷикистони имрӯза Дидор Саъдуллоев қисса мекунем, ки бо аксҳои ҷолибу диданиаш ба дили мардум роҳ ёфтааст.

Қаҳрамони мо, Дидор, бо доштани собиқаи аксбардории 20 сола узви Иттифоқи аксбардорони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва сомонаи шахсии didorart.ru (аксҳои шоҳкоронаи Дидорро метавонед дар ҳамин сомона дарёфт кунед) мебошад. Ӯ ба мо оиди пастиву баландиҳои рӯзгор ва дастовардҳояш нақл мекунад.

Бачаҳои деҳотӣ дар мавсими тарбуз – акси Дидор

Давраи донишҷӯӣ ва рӯзномафурӯшиву бозорнишинӣ

Дидор Саъдуллоеви 40 – сола зодаи деҳаи Зери Ҳисори шаҳри қадимии Панҷакент аст. Ӯ соли 2000 пас аз хатми мактаби миёна ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Дар давраи донишҷӯӣ барои пӯшонидани хароҷоти таҳсил ба газетафурӯшӣ ва савдои хурди бозор машғул мешавад, бо кӯмаки бародараш ӯ аксбардориро аз назди пайкараи Исмоили Сомонӣ шурӯъ мекунад.

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ – суратгир Дидор

“Пас аз гузоштани пайкараи Исмоили Сомонӣ дар Майдони Дӯстии пойтахт бародарам Шероз Саъдуллоев аксгирӣ мекарданд ва  ман чанд маротиба ба наздаш рафтам, ӯ ба ман нозукиҳои суратгириро омӯзонд. Баъдан рӯзона пас аз дарсҳо ба аксбардорӣ дар Майдони Дӯстӣ машғул мешудам, то ки барои пӯшонидани хароҷотҳоям маблағ ба даст орам. Он замон дар ин майдон зуд-зуд чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешуд ва талабот ба суратгирӣ зиёд буду аксбардор кам” – бо завқ нақл мекунад Дидор Саъдуллоев.

Чанд муддати фаъолияти суратгирӣ дар маркази пойтахт равиши интихоби касби минбаъдаи Дидорро муайян мекунад ва дар пеши худ мақсад мегузорад, ки нисбат ба физик шудан ба ӯ касби аксбардорӣ мувофиқтар аст. Аммо соли 2004 баъди хатми донишгоҳ ба тавсияи Фарҳод Раҳимов (ҳоло Фарҳод Раҳимӣ, Президенти АМИТ) ва мусоидати устодаш Тошбой Бобоев ба лабараторияи факултаи физикаи донишгоҳ ба ҳайси лаборант корро оғоз мекунад.

Зани кӯҳистонӣ дар байни галаи бӯзон – Панҷакент

Тарки факулта ва оғози суратгирии мустақил

Ба нақли Саъдуллоев ӯ пас аз се моҳи кор дар лабараторияи факулта бинобар номувофиқ будани шароити корӣ, паст шудани даромади молиявӣ  он ҷоро тарк мекунад. Дидор минбаъд танҳо худу ояндаашро дар аксбардорӣ медид ва пас аз чанд муддати суратгирӣ дар назди пайкараи Исмоили Сомонӣ дар рӯ ба рӯйи вокзали шаҳри Душанбе назди ҳайкали В. Куйбышев нуқтаи аксбардорӣ ташкил медиҳад. Чӣ тавре ки худи Дидор нақл мекунад, дар тӯли фаъолияти кориаш бо бисёр намуди одамон вохӯрдаасту шоҳиди воқеаҳои бисёре шудааст.

Дидор Саъдуллоев яке аз аккосони номии тоҷик

“Рӯзе дар дӯкони аксбардориам марду занеро акс мегирифтам, ки ногаҳ як бонуи дигар омаду он мардро дар сараш зад ва пасон ба зан дарафтод. Мӯйҳои занро бонуи навомада меканду он мард чӣ кор карданашро намедонист ва ман ки аз ҳайрат шах шуда будам чӣ кор карданамро намедонистам, пасон бо як азоб халосашон кардем. Баъдан фаҳмидам, ки он мард бо зани дувумиаш вохӯрӣ баромадааст ва зани аввал аз куҷое фаҳмида меояду болои суратгирӣ дастгирашон мекунад”,- он рӯзҳоро ба ёд меорад Дидор.

Он замон Дидор то нисфирӯзӣ суратгирӣ мекард, пас аз он ба омӯзиши курсҳои компютерӣ мерафт ва инчунин дар толори варзишӣ машқу тамрин менамуд. Бо мақсади пешравӣ дар фаъолияташ дар маркази савдои Садбарг ба маблағи 75 доллар моҳона иҷораи дӯкони аксбардорӣ мекушояд.  Дар оғоз кор мушкилиҳо ҷой доштааст, зеро муштариён кам буданд, аммо баъдан пас аз таъмир ва таҷҳизотонидани дӯконаш кор рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аммо бахт дар ин ҷо ҳам ба Дидор нахандид, зеро дар муддати кутоҳ бинобар мушкилоти ҷойи иҷораи дӯкон ба ҳар тарафи нуқтаи маркази савдои Садбарг ӯро мекӯчониданд ва дар охир тасмим гирифт, ки он ҷоро тарк кунад.

Дидор дар ҳалқаи ҳамкурсон

Мастер-класси суратгири тоҷик ва роҳ сӯйи Москва

Дидор Саъдуллоев соли 2013  пас аз иштирок дар як мастер-класс, ки аз ҷониби аксбардори тоҷики муқими Россия Шуҳрат Юлдошев дар шаҳри Душанбе, назди худ мақсад мегузорад, то касби суратгириро пурра аз худ кунад. Ӯ баъд аз мастер-класс шабро дар интернет барои ҷустуҷӯйи мактаби олии суратгирӣ дар хориҷи кишвар рӯз мекунад. Субҳи барвақт чиптаи арзонтарини хатсайри Кӯлоб-Маскавро ба нархи 100 доллар харида сӯйи Русия роҳ пеш мегирад. Он ҷо бо кумаки хешону дӯстон ба чанд мактаби академии суратгирӣ меравад, аммо ба ӯ усули таълим ва гаронии нахри таҳсил писанд намеояд.

“Рӯзе ба Донишгоҳи давлатии дизайн ва технологияи Маскав рафтам, ки он ҷо довталабон имконият доштанд се рӯз ба ҳайси шунаванда дар дарсҳо иштирок кунанд. Вақте огаҳӣ ёфтам, ки дар ин донишгоҳ фотожурналисти машҳури Россия Владимир Юрьевич Вяткин дарс мегӯяд, ман тасмим гирифтам то он ҷо хонам. Имконият доштам, ки дар донишгох таҳсил кунам, чун соҳиби маълумоти олӣ будам. Имтиҳони тестиро супорида, аз сӯҳбати мутахассисон гузаштам ва ба таҳсил роҳ ёфтам. Баъд аз пардохти маблағи якмоҳаи таҳсил дарсро оғоз кардем”. – нақл мекунад, Дидор.

Дидор бо аксбардорони номии Россия

Иштибоҳи Вяткини рус ва якравии Дидори тоҷик

Дар донишгоҳ барои ҷолибу диққатҷалбкунанда шудани дарсҳо ба онҳо аксбардорони номӣ ва ҷаҳонгардони машҳур дарс мегуфтанд. Зеро вақте онҳо аз ҷойҳои рафтаву ҷойҳои дидаи худ ва аксбардориҳо қисса мекарданд шавқу завқи касб дар дили аксбардорон бештар мешуд. Онҳо моҳе дар оғоз 9 000 рубли русӣ ва баъдан 15 000 рубли русӣ моҳона маблағи таҳсил пардохт мекарданд. Д.Саъдуллоев бо ҳамкурсон, ки байни онҳо ягона тоҷик буд, хуб унс мегирад ва якҷо ҳангоми фориғ аз машғулиятҳои назариву амалӣ нозукиҳои акбардориро бозомӯзӣ мекарданд.

“Владимир Вяткин пас аз чанд моҳи таҳсил ба мо дарс гуфтанро оғоз кард ва ӯ дар аввал ба 15-16 нафари мо, ки дар як гурӯҳ таҳсил мекардем, шинос шуданро сар кард. Вақте навбати ман омад, гуфт “Аз куҷоӣ” ва ҳангоме ки ман гуфтам “Аз Тоҷикистон” ӯ бинобар доштани маълумоти куҳна ва нодуруст дар бораи кишварамон авзояш тамоман тағйир ёфт, – мегӯяд Дидор. –  Баъдан ӯ аз мақсади омадани ман пурсид ва чанд андешаи ғалат дар бораам гуфт ва ҳарчанд исрор мекардам ин тавр нест, аммо боварам намекард. Ба гуфти В.Вяткин ба ӯ дар бораи Тоҷикистон Мария ном як шогирдаш, ки ба ҷумҳуриямон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ омада мерафт, маълумот додааст, ки он ҷо ҷанг асту мардум дар фақру бекасӣ зиндагӣ мекунанд. Ин фаҳмишҳои Вяткин оид ба вазъи Тоҷикистон пас аз даҳсолаҳо низ дар зеҳни ӯ монда буд ва бинобар ин ба суханҳои ман бовар накард”.

Владимир Вяткин устоди касбии Дидор ва духтари рус

Аммо пас гузашти чанд моҳ андешаи Вяткин дар бораи Тоҷикистон ва Дидор тамоман тағйир меёбад.  Зеро В. Вяткин Дидорро замони иҷроиши супоришҳояш оид ба фоторепортаж гирифта омадан аз ҷойи ҳодисаҳо санҷида буд ва талошкорӣ ва якравии ӯ андешаашро тағийр дод. Чун ӯ ҳангоми касе аз уҳдаи иҷроиши супориш намебаромад дашному суханҳои кабеҳ мекард. Дидор ба гуфтаҳои ӯ эътибор намедод ва аз пайи ислоҳи камбуди худ мешуд.

Аз ин баъд Вяткин барои Дидор устоди идеал ва Дидор барои Вяткин шогирди наздик мегардад. Зеро ӯ ягона шогирде барои В.Вяткин буд, ки супоришҳои додашударо омода мекард ва аз гирдиҳамоиву эътирозҳои сокинон ва ҳизбҳои сиёсии Россия суратҳои диданӣ мебардошт.

Занони деҳот табакро ҳимел доранд – соли 2004

Атрфурӯшӣ дар Садовод ва як соли аксбардорӣ бо мӯйсафеду пиразани рус

Дидор баъди чор-панҷ моҳи таҳсил бинобар мушкили молиявӣ ба корҷӯӣ мебарояд ва ба мағозаи атриёте дар бозори Садоводи Москва ба кор медарояд. Ӯ муддати чанд ҳафта рӯзона ба маблағи 1500 рубли русӣ аз субҳ то нисфирӯзӣ машғули кор дар мағозаи атриёт мешавад. Баъдан ӯ тасмими тарки ҷойи кор мекунад ва барои ҷустуҷӯи кори касбии суратгирӣ чанд моҳ корҷӯӣ мекунад. Рӯзе ба эълони ҷойи коре занг зад, ки онҳо ӯро пас аз нисфирӯзӣ ба коргоҳашон даъват карданд. Ба суроғаи воқеъбуда меравад ва он ҷо муйсафеду пиразани русро дар дӯконе машғули суратгирӣ мебинад. “Пиразан баъди шиносоӣ бо ман барои санҷидан дар студия аксбардори маро аз имтиҳонаш гузаронд. Вақте дид дар суратгирӣ мушкиле надорам, маро рӯ ба рӯйи компютер шинонид ва гуфт дар барномаи Photoshop чанд аксро коркард кунам. Супориши додаашро дар 3-4 дақиқа анҷом додам, қоил шуд ва гуфт инҷо бо мо кор кун. Ман ҳам ҳамин тавр кардам ва бо он мӯйсафеду пиразани рус як сол кор кардам ва ҳар рӯз аз 1300 то 1500 рубли русӣ пул кор мекардам”. – мегӯяд, Дидор.

Муҳоҷирон бо қатора равонаи Россия – аксгир Дидор

Кор бо муҳоҷирон ва аксбардорӣ дар пресс-конфронси Путин

Дидор Саъдуллоев дар муддати таҳсил бо Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва рӯзномаи “Тоҷикони Россия” ҳамкориро ба роҳ мемонад. Ӯ дар чорабиниҳои сафорат иштирок менамуд ва барои онҳо ва рӯзномаи “Тоҷикони Россия” аксҳо пешниҳод менамуд. Дидор баъдан бо роҳбари созмони ҷамъиятии Салиби Сурхи Россия (Российский Красный Крест – РКК) Даврон Муҳаммадиев шиносоӣ пайдо мекунад. Бо даъвати ҳамкории Д.Муҳаммадиев Дидор соҳиби иҷозатнома ва ҳуҷҷати озоди фаъолияти суратгирӣ дар ҳудуди Россия мегардад. Дидор дар чанд лоиҳаи Салиби Сурхи Россия ба ҳайси суратгир оид ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунад.

Дар ин миён Саъдуллоев ду маротиба соли 2014 ва 2015 ба Бошқирдистон ба фото-тур меравад ва бо чандин суратгирони номии кишварҳои Осиё шиносоӣ пайдо мекунад.

Влидимир Путин зери дурбини Дидор соли 2015

Баъдан соли 2015 Дидор бо Шодмон Ибрагимов, тоҷики муқими Россия, сармуҳаррири газетаи ҷамъиятӣ-сиёсии “ВВП-Провинция» – и портали иттилоотӣ-таҳлилии “Центральная Азия сегодня”- и шаҳри Нижний Новгород шиносоӣ пайдо мекунад ва пас чанд муддати ҳамкорӣ бо мусоидати ӯ барои аксбардорӣ дар Пресс-конференсияи Президенти Россия Владимир Путин роҳ меёбад.

Худи ҳамон сол дар чорабинии сарони кишварҳо дар Қасри давлатии Кремл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони ИДМ – ро низ аккосӣ мекунад. Инчунин дар чорабинии бахшида ба 70 – солагии Иди Ғалаба бар фашизм дар Майдони Сурхи шаҳри Москва барои суратгирӣ ҳамроҳи аккосони расонаҳои Россия мушарраф мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Путин, Назарбоев ва Саргсян

Ҳимояи кори дипломӣ, қиссаи дасгиршавӣ ва бозгашт ба Ватан

Ба тавсияи устодаш Владимир Вяткин Дидор мавзӯи кори дипломияшро кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ қарор медиҳад. Барои омӯзиши мавзӯъ ӯ бо ҳаёт ва рӯзгори муҳоҷирони корӣ аз наздик шинос мешавад. Ба нақли Дидор рӯзе ӯ барои аксбардории раванди кори муҳоҷирон ба мавзеи сохтмоне меравад ва онҷо ба воқеаи дастгиршавии муҳоҷирон аз ҷониби пусилони рус мешавад.

Дасгиршавии муҳоҷир аз ҷониби пулиси Россия

“Вақте ки ман дидам онҷо милисаҳо муҳоҷиронро лату куб мекарданду зуран ба мошинҳояшон савор мекунанд, чанд акс гирифтам, ки яке аз милисаҳо маро дид ва ҳамроҳи муҳоҷирон дастгир кард. Чун аз аввал медонистам, ки суратгирии муҳоҷирон кори хатарнок аст, бинобар ин ҳамавақт ҳамроҳи худ ду флешкорт доштам ва он ҳангом, ки моро ба идораи пулис мебурданд, ман аллакай флешкортро иваз карда будам, – бо як эҳсосоти ҷолиб нақл кард Дидор. –  Вақте ба идораи пулис расидем аввал гуфтанд “он журналистро биёред” ва маро пеши як майор бурданд. Аммо ман журналистиамро пинҳон кардам ва гуфтам, ки донишҷӯям ва касеро сурат нагирифтаам. Ҳуҷҷати донишҷӯиямро диданд ва суратгиракамро тафтиш карданд, аммо чизе наёфтанд, чун ман аллакай флешкорти дувумиро монда будам. Диданд, ки зоҳиран бегуноҳам ҷавобам доданд.”

Пас аз ҳимояи рисолаи дипломӣ зери роҳбарии Юрий Вяткий ва гирифтани дипломи касбии омодакунии фотожурналистикаи Донишгоҳи давлатии дизайн ва технологияи Москва ӯ ба Ватан бар мегардад. Пас аз бозгашт Саъдуллоев чанд муддат дар ҳафтаномаи Тоҷикистон ва АМИТ “Ховар” ба ҳайси аксбардор кор мекунад.

Иштирок дар конкурсҳои байналмилалӣ

Зимни фаъолияти аксбардорӣ дар Тоҷикистон Дидор Саъдуллоев чанд маротиба барои иштирок дар конкурсҳои аксбардорони ҷаҳонӣ иштирок мекунад.

Зани кӯҳистонии ангишткан – аккос Дидор

Соли 2017 дар Қазоқистон аксҳои Дидор оид ба ҳаёти муҳоҷирон дар аксфестивали байналмилалии “Мигранты не видимое сила” соҳиби ҷойи дувум мегардад. Дар соли 2018 дар конкурси байналмилалии “50 образов изменения климата” сурати ӯ, ки зани кӯҳистони ангишт меканад, дар номинатсияи “Роль женщины в устойчивом использовании природных ресурсов в условиях изменяющегося климата” соҳиби ҷойи якум мегардад. Дар ин байн ба Дидор Саъдуллоев ҷоизаи “50 – хушсалиқаи Душанбе” – ТОП-50 дар соли 2017 дода шуд.

Ҷоизаву дипломҳои байналмилалии Дидор Саъдуллоев

Баъдан соли 2019 ӯ пас аз гузоштани аксҳояш дар 4-умин фестивали аккосон ба номи Сигизмунд Юрковский дар кишвари Белорусия соҳиби ҷойи дувум мегардад. Дар баробари ин моҳи майи соли 2019 Саъдуллоев дар 4-умин Ҷоизаҳои байналмилалии аксбардорӣ 35 AWANDS иштирок намуда, ба қатори 100 акс ва 100 аккоси беҳтарин ворид ва соҳиби сертификат мегардад.

Ҳамзамон 4 намоишномаи аксҳои Дидор Саъдуллоев яке соли 2014 дар шаҳри Москва дар мавзӯи “Мигранты. Профилактика ВИЧ-инфицированных и больных туберкулезом”, дар як вақт соли 2016 ду намошномаи суратҳои ӯ вобаста ба ВИЧ/СПИД ва 71 – солагии Иди Ғалаба бар фашизм дар шаҳри Душанбе ва соли 2017 дар шаҳри Алмато дар мавзӯи “Мигранты не видимое сила” баргузор гардидааст.

Тоҷикдухтар бо либоси чакан – акси Дидор

Инчунин ӯ дар озмунҳои дохили кишвар иштирок карда соҳиби ҷоиза ва диплому ифтихономаҳо гардидааст. Имрӯз ӯ бо созмонҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолият дошта – СММ, ЮНИСЕФ, САҲА ва ташкилотҳои ватанӣ пайваста дар ҳамкорӣ аст. Қаҳрамони мо таъкид дошт, ки ӯ бо дилхоҳ намуди дастгоҳи аксбардорӣ кор карда метавонад ва пайваста ба ҷустуҷӯйи қаҳрамонҳои нав ва манзараҳои диданибоб ба мавзеъҳои кишвар сафар мекунад.

Дидор дар деҳоти кӯҳистон дар ҷустҷӯи манзара барои аккосӣ

Дидор мегӯяд, барои интихоби касби аккосӣ падари шодравонаш Неъматулло дуогӯ ва устоди аввалин бародараш Шерзод ва устоди касбиаш Владимир Вяткин мебошанд. Ҳоло аккоси мустақил Саъдуллоев бо оила ва чаҳор писараш дар Душанбе кору фаъолият дорад.

Нуралӣ Карим, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
7
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend