fbpx

Фаъолони ҷамъиятӣ аз президент хостанд, ки ҷазои таҷовузгарони кӯдакон сахттар карда шавад


0
Акс аз сомонаи unn.com.ua

Роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони иҷтимоӣ, коршиносон ва рӯноманигорон ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар муроҷиат карда, хостори он шудаанд, ки ҷазо нисбати кӯдакозорон сахттар карда шавад.

Дар муроҷиатнома 54 созмонӣ ҷамъиятӣ ва фаъолони иҷтимоӣ имзо гузоштаанд. Ин гуруҳ хостори такмил ва дигаркун кардани бандҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оид ба масоили озорӣ ҷинсӣ нисбати кӯдакон шудаанд.

Матни пурраи муроҷиатномаро, ки дастраси сомонаи Your.tj гардид, дар зер мегузорем.

Зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон проблемаи умумиҷаҳонӣ мебошад. Мутобиқи Ҳисоботи Хазинаи кӯдакони СММ “Чеҳраи шинос: Зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва наврасон” аз соли 2017 дар миқёси ҷаҳон тақрибан 15 миллион духтарон дар синни 15 то 19 сола аз маҷбуркунӣ ба алоқаи ҷинсӣ дар давоми ҳаёти худ азият кашидаанд. Танҳо 1 фоизи духтарони навраси барои алоқаи ҷинсӣ маҷбуркардашуда ба кӯмаки мутахассисон муроҷиат кардаанд. Зӯроварии шаҳвонӣ алоқаи ҷинсии бе розигӣ ё ҳаракати хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бе алоқаи мустақим содир мешавад, ё кӯшиш барои содир кардани чунин алоқа ё амал; амали савдо бо мақсади истисмори шаҳвонӣ нисбати шахсоне, ки барои розигӣ додан ё даст кашидан имконият надоранд; ва истисмор дар интернетро дар бар мегирад.

Сатҳи паҳншавии зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номаълум аст. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2020 оид ба 16 ҳолатҳои овозадори зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон маълум гардида, танҳо ҳолатҳоеанд, ки дар бораи онҳо ба шарофати паҳнкунии маълумот тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гардидааст. Яке аз ҷабрдидаи чунин ҷинояти содиршуда ҳамагӣ се сола буд. Пас аз ҷарроҳии бисёрсоата кӯдак тақрибан як моҳ дар шӯъбаи эҳё бистарӣ шуд. Дар як ҳолати дигар духтари 12-сола якчанд маротиба ба зӯроварии шаҳвонӣ аз ҷониби хеши худ дучор гардида, оқибат фарзанд таваллуд кард.

Ҷазои нисбати шахси зӯровар дар доираи парвандаи мазкур таъингардида беғаразии мақомоти судӣ ва дарназардошти манфиатҳои кӯдакро зери шубҳа мегузорад. Номукаммалии қонунгузорӣ ва кӯшиши худи ҷамъият барои сукут дар бораи чунин ҳолатҳо бо мақсади роҳ надодан ба “шарманда” шудан ё аз ҷамъият берун мондани қурбониёни зӯроварӣ ё сӯиистифодаи шаҳвонӣ худ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи ноболиғони ба зӯроварии шаҳвонӣ гирифторшуда мебошад.

Мо, имзогузоштагон, ҳамчун ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мехоҳем диққати шуморо ба нуқтае ҷалб кунем, ки ҳам Ҳукумати кишвар ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба таври дақиқ дарк намоянд, ки чӣ гуна наслро мо мехоҳем ба воя расонем ва чӣ тавр онро метавонем аз муносибати бераҳмона ва зӯроварӣ эмин дорем. Дар ин ҷода мо бояд нисбати тақдири хушбахтонаи кӯдак эҳтиёткор бошем ва самаранокии чораҳои андешидашавандаро таъмин намоем. Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои мукаммал гардонидани қонунгузорӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҷодаи пешбинӣ намудани ҷазои сахттар барои ҷинояти хусусияти шаҳвонӣ дошта нисбати кӯдакон, хусусан духтарон, инчунин оид ба ҳифз ва пешгирии зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон, бахусус духтарон чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Мехоҳем диққати шуморо ба он ҷалб намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Конвенсияи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон буда, дар конвенсияҳои мазкур ба андешидани тамоми чораҳои самаранок барои ҳифзи кӯдакон, хусусан духтарон аз тамоми намудҳои зӯроварӣ, аз ҷумла зӯроварии шаҳвонӣ даъват ба амал оварда мешавад. Дар қатори чораҳои самаранок на танҳо чораҳо оид ба муайянсозӣ ва тафтиши ҳолатҳои зӯроварӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон, балки инчунин чораҳои маърифатӣ оид ба тағйири анъанаҳо, урфу одат ва рафторе,ки зӯроварӣ нисбати кӯдаконро амали маъмулӣ ҳисобида, то ҳатто ба чунин амал ҳавасманд мекунад, дохил мешавад.

Кумитаи ҳуқуқи кӯдак диққати ҳамагонро ба он ҷалб менамояд, ки тафтиши ҳолатҳои зӯроварӣ бояд аз ҷониби мутахассисони баландихтисосе пеш бурда шавад, ки дар курсҳои пурраи омӯзишӣ оид ба нақши махсуси муфаттиш дар тафтиши чунин ҳолатҳо бо дарназардошти манфиатҳои кӯдак иштирок намудаанд. Бо мақсади мазкур, инчунин зарур аст тартиботи муфассали тафтиш бо дарназардошти манфиатҳои кӯдак, ки барои муайян намудани ҳолати зӯроварӣ ва дар қатори чораҳои дигар инчунин ба дидани чораҳои зарурӣ оид ба ҳифзи кӯдак аз зӯроварӣ ва ҷазои ҷиноятии гунаҳкорон имконият медиҳад, таҳия карда шавад.

Дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд”. Дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ҳуқуқи кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ муқаррар гардидааст. Новобаста аз ӯҳдадориҳои мазкур, низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, хусусан духтарон ҳоло ҳам самаранок набуда, ба ислоҳоти ҷиддӣ барои таҳияи механизмҳои нисбатан самаранок оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, хусусан духтарон аз ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ, хусусан зӯроварии шаҳвонӣ ниёз дорад. Вобаста ба ин мо андешидани як қатор чораҳои зеринро пешниҳод мекунем:

Дар соҳаи қонунгузорӣ:

1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дохил карда шавад: 

– Дар моддаи 141-и нашри ҷории Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст” синну соле, ки барои алоқаи ҷинсӣ розигии шахс зарур аст, дар синни 14 солагӣ муайян карда шавад. Истилоҳи пешбиникунандаи розигӣ бо мақсади он пешниҳод карда мешавад, ки розигӣ ба алоқаи ҷинсӣ бо кӯдаки ба синни чордаҳсола расида бояд тавассути ташхис (экспертиза)-и психологии кӯдак тасдиқ карда шавад ва синну соли шахси ҷиноят содирнамуда ҳамчун асос ба назар гирифта шавад. Дар ҳолати набудани чунин тасдиқот, инчунин фарқияти калони синнусолӣ байни ҷабрдида ва шахси ҷинояткор ҳаракатҳои мазкур бояд ҳамчун таҷовузи ҷабрдидае, ки баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ё хеши наздик гурӯҳбандӣ карда шаванд (сархати «а» қисми 3 моддаи 138-и нашри ҷории Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

– Ҳама гуна алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни 14 солагӣ нарасида, ҳатто дар ҳолати розигии ҷабрдида, хусусан бо дарназардошти синну соли шахси ҷинояткор ҳамчун таҷовуз гурӯҳбандӣ карда шавад.

– Дар таҳрири нави КҶ ҶТ имконияти татбиқи авф ва бахшиши ҷазо барои ҷинояти шаҳвонӣ нисбати кӯдакон бекор карда шавад.

2. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйироти зарурӣ ворид карда шавад:

– Бо мақсади кам кардани шумораи пурсишҳои такрории ҷабрдидагон ва имконияти тамоси шахси зӯровар ва хешовандони ӯ бо ҷабрдида, инчунин таҳкими нақши психолог ва гузаронидани экспертизаи психологии ҳатмии ҷабрдидаи зӯроварӣ ҷиҳати муайян кардани зарари психологӣ, ва дар ҳолатҳои кӯдакон инчунин тасдиқи далели розигии шахси ба синни 14 солагӣ расида барои алоқаи ҷинсӣ дар КМҶ пешбинӣ намудани тартиби махсуси баррасии парвандаҳо оид ба ҷинояти шаҳвонӣ зарур аст. Ҳамзамон, ба намояндаи қонунии ҷабрдидаи ноболиғ ваколат дода шавад, ки дар бораи аз иштирок дар амалиётҳои мурофиавӣ, аз ҷумла амалҳои тафтишотӣ хориҷ кардани ноболиғ, агар иштироки ноболиғ ҳатмӣ набошад (аз ҷониби ноболиғ фаҳмидани маънои амалҳои мурофиавии иҷрошуда, таъмин намудани таъсири осеб ба ӯ), дархост пешниҳод кунад.

– Бо мақсади гирифтани пеши роҳи имконияти қатъ намудани таъқиби ҷиноӣ бо сабаби оштишавии ҷонибҳо мутобиқи қисми 1, моддаи 138 “Таҷовуз ба номус” ба моддаи 24 КМҶ ҶТ тағйирот ворид карда шавад, зеро дар таҷриба ҳолатҳои қатъ намудани парванда оид ба таҷовуз ба номус дар ҳолати ақди никоҳ бастани шахси ҷинояткор бо ҷабрдида бисёр дида мешавад.

– Ба КМҶ ҶТ ва ба моддаи 21 Қонуни ҶТ “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” (соли 2020) тағйиротҳо оид ба имконияти пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгон ба ҷабрдида мутобиқи моддаҳои КҶ ҶТ марбут ба дахлнопазирии ҷинсӣ, хусусан агар ҷабрдида шахси 18 сола ё аз он ҷавон бошад, инчунин барои ёрии психологии ройгон ба ҷабрдида ва аъзои оилаи ӯ ворид карда шавад.

– Дар сатҳи давлатӣ бояд марказҳои тавонбахшӣ кушода шавад, ки дар он хизматрасониҳои фарогири тавонбахшӣ, аз ҷумла дастгириву кӯмаки тиббӣ, психологӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад. Ин марказ бояд ройгон ва бо риояи принсипи махфият дастрас бошад.

– Ҷорӣ намудани феҳрасти ягонаи шахсони барои содир намудани ҷинояти шаҳвонӣ нисбати кӯдакон маҳкумшуда бо мақсади пешгирии содиркунии такрории чунин ҷиноятҳо аз ҷониби онҳо.

Дар соҳаи кор бо аҳолӣ ва профилактикаи зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон бояд кӯшишҳои Ҳукумати ҶТ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони стратегӣ оид ба рушд бо мақсадҳои зерин якҷоя карда шавад:

– Таҳияи сиёсати миллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон, хусусан духтарон, ки дар меҳвари он фаъолияти бисёрсоҳавӣ дар асоси принсипҳои манфиатҳои баландтарини кӯдак асос меёбад.

– Дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба профилактикаи зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон.

– Таҳияи барномаҳои омӯзишӣ барои муфаттишон, прокурорҳо ва судяҳо оид ба муайянкунӣ ва тафтиши ҷиноятҳо нисбати дахлнопазирии ҷинсӣ бо ҷалби диққати хоса ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳуқуқҳои ҷабрдидагон.

– Таҳия, қабул ва татбиқи барномаҳо оид ба мубориза бо қолаб (стереотип)-ҳои гендерӣ, анъана ва урфу одат ва рафторе, ки зӯровариро дар оила, ҷамъият ва хусусан нисбати кӯдакон амали маъмулӣ мешуморад (сафед мекунад) ё ба он ҳавасманд мегардонад.

– Ба низоми таҳсилот ҷорӣ намудани фанҳои тарбия/таълими масоили ҷинсӣ барои кӯдакони аз синни 4 сола ва боло мутобиқи инкишоф ва дарки масоили мазкур дар гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ асосёфта.

– Тезонидани ҷараёни баимзорасонадан ва татбиқи ташаббуси “Нури рӯшноӣ”, ки ба бартараф намудани сабабҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон тавассути роҳу василаҳои фаъолияти бисёрсоҳавӣ ҷиҳати дастгирии шахсони зӯровариро аз сар гузаронида бо кӯшишҳои муштараки сохторҳои “СММ-Занон”, БРСММ, ХНСММ (ЮНФПА) ва ХКСММ (ЮНИСЕФ) дар шарикӣ бо Ҳукумати ҶТ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма ва ташкилотҳои динӣ равона карда шудааст.

– Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла ташрифи мунтазам ба оилаҳо ва таълими падару модарон.

Ба сифати шахси масъул дар мукотибот аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкилоти ҷамъиятии «Маркази хукуки инсон», роҳбар Гулчеҳра Раҳманова баромад мекунад. Телефон барои тамоc – (+992( 934187007.

Зери муроҷиатнома имзо кардаанд:

Дибар Тураханова, коршиноси гендерӣ

Субҳия Мастоншоева, коршинос ва муҳаққиқ оид ба масъалахои гендерӣ

Наҷиба Ширинбекова, роҳбари ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ»

Нодира Абдуллоева коршиноси мустақил, намояндаи ТҶ «Маркази ҳуқуқи башар»

Шоира Давлатова, роҳбари ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

Манучехр Холикназаров, роҳбари ТҶ «Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Помир»

Гулчахон Бобосадыкова, роҳбари Иттифоки ташкилотҳои ҷамъиятии ҶТ «Аз баробарии хукукӣ- ба баробарии вокеи»

Хабибахон Хамидова, роҳбари Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халкии ҶТ»

Тахмина Саидова, роҳбари ФҶ «Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон»

Косимова Курбонгул, роҳбари ТҶ «Начоти кудакон»

Мамадшоева Улфатхоним, роҳбари ТҶ «Номус ва Инсоф»

Рахматова Зульфия Юнусовна, роҳбари гуруҳи иҷтимоии «Нури Фирдавс»

ва дигарон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend