fbpx

Қатли ноболиғ барои маъшуқа ва 17 солу 6 моҳи зиндон

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-2
-2 points
Ҷавоне ки дар Душанбе ноболиғро куштааст
Акс аз Суди шаҳри Душанбе

Аз 1-уми июл маошу нафақа дар Тоҷикистон 20 % зиёд мешавад

Аз 1-уми июли соли 2023, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва ҳаҷми нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 ба имзо расида буд.

Маош дар Тоҷикистон

Дар асоси фармони мазкур

– андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба 440 сомонӣ баробар мешавад;

– стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД) 20 фоиз зиёд мешавад;

– нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ баробар мешавад;

– нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16 фоиз индексатсия карда мешаванд;

– нафақаҳои дигари амалкунанда 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ зиёд мешаванд.

Барои баланд бардоштани ҳаҷми маошу нафақа аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳо ҷудо мешавад.

То 20 дарсад зиёд шудани ҳаҷми маошу нафақа дар ҳолест, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 андозаи миёнаи маош дар Тоҷикистон беш аз 1700 сомонӣ буда, андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 323 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ 395 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ 311 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 213 сомониро ташкил медиҳад.

Қаблан, аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз баланд шуда буд.

Дар бораи баланд кардани маошу нафақа ва стипендия Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2022 дастур дода буд.

Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.

Қатли ноболиғ барои маъшуқа ва 17 солу 6 моҳи зиндон

Бо қарори Суди шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми июни соли равон як ҷавонро барои авбошӣ ва одамкушӣ 17 солу 6 моҳ равонаи зиндон шуд. Дар ин бора сомонаи суд хабар додааст.

Ҳамлаи ноболиғ бо корд дар Душанбе
Акс аз сомонаи inbusiness.kz

Манбаъ аз ин ҷавон Валиҷон Шеров ном бурда, гуфтааст, баҳси ӯ бо як ҷавони дигар, ки аз он ном бурда намешавад, бар сари як духтар оғоз ёфта, ниҳоят ба кордкашӣ ва хунрезӣ расид.

Ҳодиса дар кӯчаи Н.Махсум 10/2-и шаҳри Душанбе (дар наздикии маркази савдои “Сомон”) рӯзи 2-юми феврали соли равон, баъди суҳбати як ҷавони дигар бо дӯстдоштаи Валиҷон Шеров сар зада, дуввуи он ҷавонро ба “разбор” даъват кардааст.

Манбаъ менависад, ҳарду иштирокчиёни муноқиша бо рафиқонашон ба ҷои таъиншуда меоянд ва “дар аснои суҳбат онҳо бо ҳам ба созиш омада, бо якдигар даст дода, муросо намуданд”.

Вале дар ҳамин лаҳза як нобилиғ, ки ҳамроҳи ҷониби дигар омада буд, “маҳкумшуда Шеров В.А-ро ба назди худ даъват намуда, бе асос як мушт ба қисмати рӯйи охирин зада, муноқиша ба миён овард”.

Дар ҳамин лаҳза, дигарон низ ба муноқиша ҳамроҳ мешаванд ва “Шеров В.А. аз ҷайбаш корди бо худ доштаро бароварда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ноболиғ Ҳ.И. ба узвҳои ҳаётан, махсусан, муҳими бадани ноболиғ Ҳ.И. (ба қисмати шикамаш) як зарба зад. Ин ҳолатро ноболиғ Ҳ.И. дида, бо овози баланд гуфт, ки “гурезен, ки дар дасташ корд дорад, рўдаҳоям баромад”.

Дар идома Валиҷон Шеров ҳангоми гурехтани ноболиғ Ҳ.И. ду маротибаи дигар ба қисмати пушти баданаш ва бо илова “боз шаҳрванд А.А.-ро бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қисмати болои оринҷи дасти чапаш зада, охиринро захмӣ намуд”.

Ҳамин тариқ, дар натиҷа А.А. ноболиғ Ҳ.И. ҳангоми дастрас кардан ба беморхонаи “Шифобахш” дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Валиҷон Шеров барои одамкушӣ ва авбошӣ (моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои “в” ва “к” ва моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе 17,5 сол равонаи зиндон гардид.

11 нафарро дар Тоҷикистон барои “облава” ба ҷавобгарӣ кашидаанд

Дар робита ба сарбозшикор ё даъвати маҷбурии ҷавонон ба артиш, 11 касро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, бар зидди ин афрод соли гузашта додситонии ҳарбӣ парванда кушодааст, аммо натиҷаашро нагуфтанд.

Донишҷӯёнро дар Тоҷикистон маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ мебаранд

Ба иттилои манбаъ, ин 11 нафар мансабдорон аз ноҳияҳои Восеъ, Шаҳристон, Ҳисор, Кӯшониён, Рашт, Шоҳмансур, Ишкошим, Кӯлоб ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон буданд. Аз инҳо 9 нафараш корманди комиссариат, як пулис ва як муовини раиси ҷамоат будаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар гузориши ахираш намунае аз сарбозшикорро овардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, соли гузашта корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ ҳамроҳ бо як пулис ва муовини раиси ҷамоат, ҷавонеро худсарона “облава” карда, ба ӯ зарари ҷисмонӣ расондаанд.

Омбудсмен гуфтааст, алайҳи ин афрод барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парванда боз шуда, ба додгоҳ фиристода шуд. Аммо дар гузориши Ваколатдор наомадааст, ки ин нафарон чӣ ҷазо гирифтанд.

Ҳуқуқшиносони Омбудсмен гуфтаанд, ҳозир кардани ҷавоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунад танҳо салоҳияти пулис аст ва кормандони комиссариати ҳарбӣ чунин иҷозаро надоранд.

Тақрибан дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон ба артиш шикоятҳо аз “облава” расонаӣ мешавад, аммо мақомот хеле кам ҷой доштани ин гуна ҳолатҳоро эътироф мекунанд. Мақомот баръакс аз афзоиши теъдоди хоҳишмандон барои хизмат дар артиш хабар медиҳанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, барои аз байн бурдани сарбозшикор, “ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандон баланд бардошта шуда”, таълими омодагии ҳарбӣ дар мактабҳо бештар шавад. Ин ниҳод ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки “масъулияти волидоне, ки фарзандони синни даъватии худро пинҳон мекунанд ё мегурезонанд, баланд бардошта шавад.”

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, барои онки ҷавонон аз артиш фирор накунанд, “дедовшина” аз байн бурда шавад ва шароити хизмати сарбозонро беҳтар кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend