Маъруф Давлатов сокини 58-солаи деҳаи Зарнисори ноҳияи Дӯстӣ бо кӯмаки асобағал роҳ меравад. Ӯ аз деҳа ба ноҳия мусофиркашонӣ мекунад ва рӯзгорашро пеш мебарад. Маъруф як замон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомад. Аммо бар асари як ҳодисаи фалокатбор ӯ пойҳояшро аз даст дод ва дигар натавонист ба муҳоҷират равад.
Маъруф Давлатов ба Your.tj дар бораи ҳаёти муҳоҷирӣ ва зиндагии пас аз маҷруҳ шуданаш қисса кард.
Муҳоҷират
Маъруф мегӯяд, ки пас аз хатми коллеқи политехникӣ як муддат дар колхози ноҳия кор кардааст, аммо бо маоши ночиз таъмини оила барояш мушкил буд. Аз ин рӯ тасмим мегирад, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равад. Чандинд сол дар сохтмонҳо Русия кор карда пули хубе ба даст меовард ва дар як ё ду сол ба ватан омада мерафт.
“Вақте ки корҳоям дар Тоҷикистон барор нагирифт ва зиндагиям рӯз то рӯз мушкилтар шуд, маҷбур шудам, ки ба муҳоҷират равам. Корам дар Федератсияи Россия хуб пеш мерафт. Ҳар соле як маротиба ба дидорбинии наздикон ба ватан меомадам ва баъзе мушкилиҳои рӯзгорро ҳал карда, боз мерафтам”, – нақл кард, Маъруф Давлатов.
Баъди 3-соли кор дар сохтмоҳои Россия соли 2004 дар натиҷаи фурӯ рафани як девори сохтмон пойҳои Маъруф маҷруҳ мешаванд ва ӯ аз роҳгардӣ мемонад.
“Рости рӯзи ҳодисаро дар хотир надорам, вақте ба худ омадам алакай дар беморхона будам. Духтурон гуфтанд, ки пойҳоят шояд тамоман дигар ба кор надароянд, агар ҳаракат кунаму хуб табобат гирам шояд дубора роҳ гашта тавонам”, – ба хотир меорад, Маъруф.
Маъруф Давлатов баъди ин ҳодиса тӯли шаш моҳ дар беморхонаву санаторияҳои Русия табобат мегирад ва вақте ки тамоми пулҳои ҷамъкардааш тамом мешаванд, ба Тоҷикистон бармегардад.
Талош ва боварӣ
Табибон тавсия медиҳанд, ки ягона роҳи наҷот аз ин маъюбият тамрини ҷисмонӣ аст. Аз ин рӯ, Маъруф Давлатов гуфтаи табибонро шиори худ дониста, кӯшиш мекунад, ки бемор гуфта дар ҷое нашинаду ба коре машғул шавад.
“Духтуре, ки дар Россия маро табобат мекард, гуфта буд, ки агар хоҳи ки дубора саломатият хуб шавад, ҳамеша машқу тамрин ва ҳаракат кун. Бо ин мақсад вақте ки ба Тоҷикистон омадам, як сечарха гирифтам ва ҳар рӯз 2-3 км ба воситаи он мегаштам. кӯшиш мекунам, ки ҳамеша ба коре банд бошам. Маҳз ҳамон замон ба таъмири асбобҳо оғоз кардам. Ҳамсояҳо техникаи аз кор мондаашонро меоварданд ман таъмир мекардам”, – мегӯяд, Маъруф.
Ба ғайр аз ин қаҳрамони мо барои барқарор кардани саломатии хеш ба пайваста табобат мегирифт, аммо чун мебинад, ки табобат дар ватан чандон натиҷа намедиҳад боз ду маротибаи дигар, солҳои 2006-2009 ба Россия сафар мекунад.
“Дар Тоҷикистон ба табобат машғул шудам, аммо чандон натиҷа надод. Духтурон маслиҳат доданд, ки табобатро дар хориҷа идома диҳам. Аз ин рӯ, ду маротибаи дигар бо ҳамин аҳвол ба Федератсияи Россия рафтам. Шукри Худо, ки саломатиям хеле беҳтар шуд ва ҳаракати пойҳоям хуб шуданд. Лекин мақсад дорам, ки як бори дигар дар хориҷа рафта табобат гирам. Чунки ман умед ва боварӣ дорам, ки саломатиям мисли пештара барқарор мешавад”, – гуфт, Маъруф Давлатов.
Маҳз, иродаи қаввӣ, заҳмату талошҳои пайваста ва тамрину ҳаракатҳои зиёд боис гашт, ки Давлатов Маъруф аз нотавонӣ ва беҳаракатии пойҳо наҷот ёбад. Чун вазъи саломатии Маъруф то як андозае беҳтар мешаваду ӯ бо кӯмаки асобағал роҳ мегаштагӣ мешавад, кори ронандагиро оғоз мекунад.
“Вақте ки дӯстону назикон диданд, ки пойҳои ман беҳтар шуданд ва худ ҳаракат карда метавонам, бароям мошин харида доданд. Ман бошам дар вақтҳои холигӣ, дар ҳудуди ноҳия ба мусофиркашонӣ машғул мешавам. Шукр мекунам, ки ҳоло бе кӯмаки касе роҳ мегардам ва ҳам метавонам, ки барои пешбурди зиндагӣ ва нони ҳолол хӯрдан кор кунам”, – мегӯяд Маъруф.
Баъд аз гирифтор шудани падар ба чунин ҳолат таъмини зиндагӣ бар души ду писари Маъруф, ки яке дар муҳоҷират ва дигаре дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, афтодааст. Ӯ мегӯяд, ки мехост фарзандонашро худаш хонадора кунад, аммо тақдир имконро барояш надод. Маъруф ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда, кӯшиш мекунад, ки бари фарзандон бошад ва ба онҳо каме ҳам бошад ёрӣ расонад ва сарборашон набошад.
“Ман кӯшиш мекунам, ки саломатиямро пурра барқарор созамба ин бовар дорам, умедамро канда наметавонам, ки рӯзе пойҳоям ба пуррагӣ хуб мешаванд. Бо ин ҳадаф бори дигар ба Россия сафар кардан мехоҳам, то беҳтар шаваму дар таъмини рӯзгори хонавода канори фарзандон бошам”, – гуфт Маъруф Давлатов.
Шералӣ Давлатов, Умедҷони Каримхон махсус барои Your.tj