fbpx

Жапаров аз пешниҳод шудани харитаи соли 1924 дар ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон розӣ нест

Президенти Қирғизистон қайд намуд, ки умед дошт корҳои муайянсозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон то моҳи май ба охир мерасанд.


0
Президенти Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар сӯҳбат бо нашрияи давлатии кишвраш “Кабар” дар бораи масъалаҳои марз бо Тоҷикистон изҳори назар кард.

“Пешравиҳо ҳастанд, аммо хеле суст ҷараён доранд. Агар ҳар ду давлат дар бораи хатти нави сарҳад ба ҳам мувофиқ бошанд, пас барои кор дар қитъаҳо як моҳ вақт басанда аст.

Лекин вақте дар бораи қитъаҳои муайян сухан меравад, ҳамсояҳои мо пешниҳод мекунанд, ки ин масъала бо харитаи соли 1924 ҳаллу фасл шавад. Аз ин рӯ ҷараёни кор бозмеистад.

Чунин пешниҳод ба ягон меъёри ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мувофиқат намекунад. Соли 1924 на онҳо ва на мо мамлакати алоҳида набудем. Агар ҳарду ҷониб дар асоси харитаи соли 1924 дар бораи муайян кардани сарҳад қарор қабул кунанд, пас бояд тамоми хатҳои сарҳадии он аз нав дида баромада шаванд”,- гуфт Садир Жапаров.

Вай гуфт, қаблан умедвор буд, то моҳи майи соли 2023 таъйини хатти марз бо Тоҷикистон анҷом ёбад.

“Он вақт тарафҳо ҳамфикр буданд ва кор тезтар пеш мерафт. Лекин мутаассифона, то ҳол ба итмом нарасонидем”, – гуфт ӯ.

Дар соли 2022 дар доираи кори Комиссияи ҳукуматӣ оид ба делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсия ва гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ 7 вохӯрӣ бо намояндагони Қирғизистон баргузор шуд. Пас аз натиҷаҳои ҷаласаи ҳафтум дар моҳи декабри соли 2022 дар Бодканд хати марз ба дарозии 17,66 км муайян карда шуд.

Моҳи марти соли 2023 (10-16 март) ҷаласаи 8-ум баргузор шуд, аммо натиҷааш эълон нашуд. Дар ҳамин ҳол, тақрибан дар ҷараёни мулоқот Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо нашри як баёния ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Ҳарчанд Тоҷикистон ба фарқ аз Бишкек вуруди шаҳрвандони Қирғизистонро ба кишвар манъ накардааст. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон марзҳои Қирғизистон аз 21 майи соли 2021 баста аст.

Дарозии умумии сарҳади ду ҷумҳурӣ тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти сарҳад аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътирофи мутақобила шудааст, қитъаҳои боқимонда – беш аз 400 километр баҳснок дониста мешаванд.

Харитаҳои гуногун ва солҳои гуногун

Тавре “Азия-Плюс” навиштааст, мушкили асосӣ дар он аст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа наомадаанд, ки кадом харитаро барои минбаъд муайян кардани сарҳадҳои давлатӣ ҳамчун асос гиранд: ҳар як тараф ҳангоми муайян кардани сарҳад харитаҳои шӯравии солҳои гуногунро пешбарӣ карда, мехоҳанд корро ба манфиати худ ҳал кунанд.

Тоҷикистон омода аст масъалаи сарҳадро бар асоси санадҳои ҳуқуқӣ ва харитаҳои зерин баррасӣ кунад:

харитаи соли 1924. Дар ин сол бо қарори Ҳизби коммунисти болшевикон, бори аввал сарҳад байни ноҳияи Исфара ва ноҳияи Бодканд, он замон Вилояти мухтори Қара-Қирғиз дар ҳайати Федератсияи Россия  муайян карда шудааст;

харитаи соли 1927. Қарори маҷлиси Президиуми КИМ ИҶШС аз 04.05.1927 кабул карда шуд. Ин Қарор дар Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Узбекистон аз 23 май соли 1927 №15/4 ва Қарори Президиуми КИМ ҶШС Қирғизистон аз 7 июни соли 1927 №27 ба эътибор гирифта шуд;

— санади муайянкунандаи сарҳади байни ноҳияи Исфара ва ноҳияи Бодкандро, ки онро Шӯрои Комиссарони халқии ИҶШС соли 1947 ҳангоми саҳеҳ намудани ихтилофот дар муайян кардани хати сарҳади байни Узбекистон ва Қирғизистон қабул карда буд.

Бар асоси ин санаду харитаҳо ҷамоати Ворухи Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон анклав нест. Гузашта аз ин, бештари минтақаҳои баҳсбарангез дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошта, марзҳои Тоҷикистон ба умқи марзҳои феълии Қирғизистон дохил мешаванд.

Дар навбати худ, Қирғизистон харитаҳои солҳои 1958-1959 ва 1989-ро асос мегирад, ки дар он Ворух анклав ҳисобида мешавад ва аксари минтақаҳои баҳсбарангез дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Ҷониби Қирғизистон, инчунин бо такя ба Эъломияи Алмато (с. 1991) дар бораи соҳибистиқлолӣ, дахлнопазирӣ ва тамомияти арзии собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) пешниҳод мекунад, ки хати сарҳади давлатӣ ба ҳолати истифодаи ҳозираи он муайян шуда, аз эътирофи сарҳади давлатӣ мутобиқи санадҳои меъёрии замони муосир худдорӣ меварзад.

“Азия-Плюс” бо такя ба хабарнигори тоҷик Неъматулло Мирсаидов дар робита ба масоили марзӣ навиштааст, ки дар давраи аз соли 1924 то соли 1989-ум 2,1 ҳазор километри мураббаъ хоки Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба Қирғизистон гузаштааст.

“Дар бештари ҳолатҳо, бо қарору иродаи Кремл. Ба сурати умум, қаламрави Қирғизистон дар давраи аз соли 1936 то  1989 ба андозаи 3 ҳазор километри мураббаъ васеъ шуд, пеш аз ҳама, аз ҳисоби заминҳои атрофи ноҳияи Сӯхи Узбекистон ва ноҳияи Исфараи Тоҷикистон. Кофист ба маълумоти расмӣ бингарем, ки дар солҳои 1936, 1959 ва 1989 қаламрави Қирғизистон чӣ қадар буд”,- зикр кард Мирсаидов.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend