fbpx

Бонуи ҳайкалтароши тоҷик. Чӣ хел бонуи ҷавон ҳайкалтарошӣ мекунад?

Маҳсули дастони Мунира Турсуноваро қариб дар ҳама кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд дидан мумкин аст.


0
Мунира Турсунова

Мунира Турсунова дар кишвар яке аз камтарин бонувонест, ки ба ҳайкалтарошӣ машғул аст. Ӯ дар ҳар кунда, чӯб ва санг, ки барои дигарон як чизи муқаррарианд, зебоиро мебинад. Мунира дар тӯли фаъолияташ наздики 100 адад асарҳои калонҳаҷм дар санъати ҳайкалтарошӣ офаридааст.

Мунира аз рӯйи фармоиши мизоҷон бештар нимпайкараҳо ва барельеф меофарад. Ҳар як пайкара ва муҷассамаҳои худро ин бону аз сидқи дил месозад ва бо муҳаббат номгузорӣ мекунад. Дар колексияи эҷодиёти Мунира асарҳое ба монанди “Модарӣ”, “Шӯълаи оташ”,  “Мазҳакачӣ”, “Сӯфӣ”, “Фаришта”, “Пичиррос”, “Майа”, “Муҳаббат” ва  “Муҳоҷир” ҷойгоҳи хоса доранд.

Мунира Турсунова

“Аз хурдӣ маро ҳайкалҳо ба худ мекашиданд”   

Мунира Турсунова соли 1985 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Аввалан, соли  2008 донишкадаи “Андоз ва андозбандӣ”- ро хатм намудааст. Мунира худро дар соҳаи андоз наёфт, ӯ аз хурдӣ идеяҳои эҷодкорона дошт. Аз ин рӯ, соли 2013 ба  Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизии шаҳри Хучанд дохил шуда онро соли 2017 бо дипломи аъло хатм кардааст.

Муҳаббат

Аз хурдӣ Мунира чандин маротиба тасмими дар оянда кӣ шуданашро иваз кардааст -овозхон, раққоса ё шоира. Баъдан қарор дод, то ба соҳаи андоз биравад, вале роҳи эҷод ӯро ба дунёи ҳайкалтарошон овард. Тавре ӯ мегӯяд, ҳунари ҳайкалтарошӣ интихоби худаш буд.

“Аз хурдӣ ҳамеша маро ҳайкалҳои хурду калон ба худ мекашиданд. Ҳар куҷое ҳайкале ё нимпайкарвае медидам, аз наздик рафта тамошо мекардам ба онҳо даст мерасонидаму бо худ суол мекардам, ки инро чӣ гуна сохта бошанд. Ҳоло акнун ман дар ҳар сангу чӯби дар замин хобида чизеро мебинам ва онро бо худ мегирам”, – нақл мекунад, Мунира.

Барои Мунира дар аввал кор хеле душвор буд, вале як ақида ӯро доим ҳушдор медод, ки қавӣ бошад: “Роҳи мувафақият пурпечу тобу мушкил аст”.

Сӯфӣ

“Дар аввал ҳайкалтарошӣ бароям ба мисли ҳамон ҳайкалҳои азимҷусса вазнин буд. Вале ман пеши худ мақсад гузошта будам, ки ба ҳама мушкилиҳо тобовар бошам. Зеро мехостам ба зиндагӣ аз нигоҳи санъат ва фалсафа нигаристанро омӯзам. Ҳолатҳое мешуданд, ки дигар дари устохонаамро кушодан намехостам, вале боз ба худ меомадаму беихтиёр ба утоқи кориам мерафтам. Хушбахтона бо кӯмаки устодам дар ин ҷода комёб шудам”, – мегӯяд, Мунира.

Фаришта

Устоди Мунира дар ҷодаи ҳайкалтарошӣ Даврон Раҳматов мебошад. То ҳол дар корҳои эҷодиаш Мунира аз устодаш машварат мегирад. Даврон Раҳматов дар мавриди сабки хосаи Мунира чунин мегӯяд: “Мунира пайрави равияи сюреалистӣ аст. Дар аввал асарҳои эҷодкардаи ӯро мебинеду як бардоште мекунед, баъди андешаи чуқур таассуроти тамоман дигаре мебардоред. Асарҳои вай ҷанбаи фалсафӣ доранд”

“Оила”

Яке аз асарҳои Мунира муҷассамаи “Оила” аст, ки дар назди қаҳвахонаи машҳури “Адибон” гузошта шудааст. Ин муҷассмаро “Орзу” низ номидан  дуруст аст.

Муҷассамаи “Оила”

“Духтараки ҷавон орзуи оилаи солим дорад. Дар пайкара симои духтараки ба балоғат расида аён аст. Симои ҷавонписар  ноаён аст. Духтарак фақат ҳамсари ояндаашро дар хаёл мепарварад. Дар байни ҳарду ниҳоли сабзе рустааст. Сабзидани ниҳол дар байни онҳо рамзи хушбахтӣ ва ҳосили зиндагии якҷояи онҳост. Ин идея ба шаҳрдорӣ маъқул шуд. Дар натиҷа  онро дар маркази шаҳр ҷо доданд” –  шарҳ медиҳад,  Мунира.

“Муҳоҷир”

Дар пайкараи  “Муҳоҷир” образи пирамарде, ки бо ҷорӯб ризқу рӯзӣ мечинад, нишон дода шудааст. Мунира қиссаи эҷод шудани ин асарро чунин нақл кард.

Муҳоҷир

“Аввал ман ин асарро “Меҳнаткаш” унвон дода будам. Баъдан тамошобинон  ба он “Муҳоҷир” ном доданд. Чун аксар мардҳои тоҷик новобаста аз синну сол дар мусофират бо корҳои вазнин ризқу рӯзӣ меёбанд. Муроди ман аз асари мазкур нишон додани образи меҳнатдӯст дар он буд, ки дар ҷомеаи мо одамони меҳнаткаш хеле зиёданд. Бояд сафи чунин одамони зиндадил ва аз калонсолии худ навмед набуда зиёд  шаванд” –  нақл кард, Мунира.

Ҳар бону метавонад ҳайкалтарош бошад

Бисёри фармоишгарон ба Мунира бо ҳайрат менигаранд. Чун гумон мекунанд, ки ин касби мардона асту занон на он қадар аз ӯҳдааш мебароянд. Аммо қаҳрамони мо бар он ақида аст, ки ин санъат ба мардонаву занона ҷудо намешавад.  

“Асарҳои ман дар чӯб, санг, металлҳои гуногун ва  гаҷ эҷод  мешавад. Аксаран аз ман мепурсанд, ки барои ҷавонзан кор кардан бо чунин масолеҳи сахт душвор нест. Ба чунин савол ҷавоби қотеъонаи ман доим як аст.

Ҳар бону метавонад ҳайкалтарош бошад. Ин ҳунарест, ки бисёр андеша кардан ва таҳаммул варзиданро талаб мекунад. Чунин табиатро бештар занҳо дороянд. Барои ҳамин аз занҳо ҳам ҳайкалтарош мебарояд”, – хушбоварона мегӯяд Мунира Турсунова.

Модарӣ

Мунираи ҳайклтарош дар офаридани асарҳояш аз исканаҳои махсус, болғаҳои ҳархела, “балгарка”, дастгоҳи  кафшергарӣ ва ғайра истифода мекунад. Ин асбобҳо аслан дар  дасти мардҳо  “ром” мешаванд. Лекин забони кор кардан бо  онҳоро Мунира низ аз худ кардааст. Мунира асарҳояшро аз санг, гаҷ ва метал омода месозад.

Пичиррос

“Аввал гили махсус тайёр намуда, баъд қолабашро ба гаҷ гирифта онро ба бетон мерезем. Бетонрезӣ ҳам нозукиҳои зиёд дорад. Нимпайкараро аз гаҷ низ месозанд. Вақте онро дар дохили бино мегузоранд, аксар вақт бо гаҷ месозанд, чунки дар дарун  аз вайрон  шудан эмин мемонад.  Дар дигар маврид аз металл низ тайёр мекунанд. Вақте аз метал месозанд, арзиши он боз гаронтар мешавад” – шарҳ медиҳад Мунира.

Мизоҷони Мунира мехоҳанд фармоишҳояшон зудтар анҷом шаванд, аммо ӯ мегӯяд онҳо намедонанд, ки кораш нозукиҳо дошта, вақти зиёдро талаб мекунад.

“Албата,  дар муддати як моҳ як нимпайкароро омода мекунам. Нархи кор вобаста ба хаҷми пайкара муайян карда мешавад. Мизоҷон бештар нимпайкара, нақши гаҷӣ (барельеф), фармоиш медиҳанд. Нархи нимпайкараҳо аз 6 ҳазор сомонӣ сар мешавад”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Феълан, бонуи ҳайкалтарош болои лоиҳаи калон, ки воқеъ дар қалъаи Хуҷанд мебошад, машғули кор аст. Ӯ якҷоя бо гурӯҳи калони ҳунармандон дар  қалъаи таърихии шаҳр, ки осорхонаи нав  бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта истодааст, эскизи нақши барҷаста аз санги травертин (барельеф) – ро офарида истодаанд.

Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend