fbpx

Туркманистон: Президент дар арафаи Шаби қадр маҳбусонро афв кард

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Президенти Туркманистон
Акс аз шабакаи иҷтимоии Твиттер

Президенти Тоҷикистон ба қарорҳои ҳукумат дар бораи тағйироти кадрӣ имзо монд

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 17 апрел, қарорҳои ҳукумат дар бораи барканории муовинони раиси КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро имзо кард.

Президенти Тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуотии президент

Тавре дар сомонаи президент хабар дода шуд, муовини аввали директори генералии КВД Ғаффорзода Ҷӯрахон Маҳмад аз вазифа озод карда шуд. Ҷабборзода Хуршед Бӯрӣ низ аз вазифаи муовини сардори ин раёсат барканор шуд.

Сабаби барканории ҳарду “дар робита ба кори дигар гузаштан” гуфта мешавад.

Достизода Абдулазиз Абдурашид муовини аввал ва Расулзода Раҷабалӣ Абдусаид муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин гардиданд.

Туркманистон: Президент дар арафаи Шаби қадр маҳбусонро афв кард

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба муносибати Шаби қадр дар моҳи Рамазон 463 шаҳрванди маҳкумшудаи кишварро афв кард.

президенти Туркманистон

Сарвари давлат фармони дахлдорро дар ҷаласаи ҳукумат бахшида ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2023 имзо кард. Санади мазкур афвшудагонро аз адои минбаъдаи ҳукми асосии зиндон озод мекунад, хабар медиҳад Turkmenistan.ru.

Президент бо имзои фармон дар бораи афв ба котиби Шӯрои амнияти давлатӣ, вазири дифоъ Бегенч Гундогдиев супориш дод, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ чораҳо андешанд, то шаҳрвандони афвшуда ҳарчи зудтар ба назди оилаашон баргарданд.

Ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ва дигар роҳбарон супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмини ҷойҳои корӣ барои шахсони афвшуда чора андешанд.

Шаби қадр (шаби 27-уми моҳи Рамазон) яке аз гиромитарин шабҳои исломист ва имсол ба шаби 17 ба 18-уми апрел рост меояд. Тибқи қонунҳои ислом, дар ин шаб Худованди мутаъол аввалин сураҳои Қуръонро ба ҳазрати Муҳаммад (с) нозил кард.

Дар Русия низоми ягонаи мониторинги муҳоҷиронро ҷорӣ мекунанд

Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ки то охири соли 2023 озмоиши низоми ягонаи пайгирӣ (мониторинг) ва сабти иттилоот дар соҳаи муҳоҷиратро роҳандозӣ кунад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар медиҳад.

Тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Акс аз сомонаи migranto.ru

Ҳамчунин ба шакли рақамӣ гузаронидани қисмати асосии хидматрасониҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва имзои созишнома дар мавриди таъсиси марказҳои пеш аз сафар ба муҳоҷират (Ӯзбекистон, Тоҷикистон,Қирғизистон) пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар соли ҷорӣ таҳияи методологияи арзёбии эҳтиёҷоти бахшҳои иқтисоди Русия ба захираҳои меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ва таҷдиди консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои давраи то соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Дар миёнаҳои моҳи апрел раиси собиқи Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфта буд, дар вазъи кунунӣ дар соҳаи муҳоҷират як қатор мушкилоти муҳиму ҷиддӣ рӯйи кор омаданд, ки ҳарчи зудтар онҳоро ҳал мебояд кард.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ин ҷо дар бораи мушкилоти бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ сухан меравад, зеро механизмҳои мавҷуда кӯҳна шуда, ислоҳоти тамоми расмиёт ва равандҳо зарур аст. Дар робита ба ин, Коженов пешниҳод кардааст, ки ба муҳоҷир имкон дода шавад, ки худаш бо истифода аз замимаи ҷудогона ё аккаунт дар портали хидматрасониҳои давлатӣ худро саби ном кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend