fbpx

ВКХ Русия қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро вобаста ба бекор шудани маҳдудиятҳо шарҳ дод


0
Фото с сайта klodnitskiy.ru

Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 10 июл боқӣ мемонад

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 8 июл дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ чангу ғубор боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки аз охири ҳафтаи гузашта фазои шаҳри Душанберо тадриҷан чангу ғубор фаро гирифт ва обуҳавошиносон пешгӯӣ карда буданд, ки он то рӯзи чоршанбе боқӣ мемонад.

Ҳарорат давоми ин рӯзҳо дар кишвар дар сатҳи 35-40 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бе осеб ба саломатӣ гузаронидани ин рӯзҳои пурчангу ғубор чунин тавсияҳо медиҳад:

– Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;

– Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

– То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред;

– Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳ
ое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Ҷойҳо иваз шуданд: рубл беқурбу доллар гарон мешавад

Қурби рубли Русия пас аз болоравии мунтазам нисбат ба сомонӣ, аз аввали ҳамин моҳ тадриҷан беқурб мешавад.

Мувофиқи қурби расмии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 7 июл 1 рубл ба 0.1671 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 1 июл – он 0.1773 сомонӣ нарх дошт.

Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ нисбат ба сомонӣ то сатҳи ду соли пеш поин рафта буд, ба болоравӣ оғоз намуд.

Тибқи қурби Бонки миллӣ, нархи 1 доллар имрӯз 10,5794 сомониро ташкил дода, як рӯз пеш – 10,4554 сомониро ташкил медод.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд. Баръакс, БМТ қурби худро, аз ҷумла бар асоси тамоилҳо дар бозори нақдии асъор муқаррар мекунад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар аввал сомонӣ нисбат доллар хеле беқурб шуда, нисбати рубл боло рафт. Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди аз 1 апрел пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, ки ба таҳримҳо ҳамроҳ шуда буданд, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.

Вазорати маориф: “Барномаи таҳсилоти томактабӣ иҷро намешавад”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро дар иҷро накардани барномаи таҳслоти томактабӣ мавриди интиқод қарор дод. Дар ин бора дар мушовараи Вазорат оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввал сухан рафт.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зикр шуд, ки дар 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 10 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе (3 адад), Исфара, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Файзобод 1 ададӣ ба истифода дода шуда, мутаассифона, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ягон муассиса бунёд нагардидааст.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки яке аз мушкилоти мавҷуда дар ин самт, ба таври зарурӣ иҷро нагардидани қарори ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар ҶТ барои солҳои 2020-2025“ мебошад. Дар асоси Барнома ҳар сол бояд 100 муассисаи томактабӣ (кӯдакистону боғчаҳо) ва дар се сол 300 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода мешуд.

Гуфта мешавад, дар дуюним соли амалишавии Барнома аз 68 шаҳру ноҳия дар 24 шаҳру ноҳия муассисаи томактабӣ сохта шудааст, ки иҷрои Барнома дар ним соли равон 12 % ва дар маҷмуъ, ба ҳисоби миёна 15,6 %-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи Стратегияи миллии рушди кишвар дар давраи то соли 2030, фарогирии кӯдакони синни аз 3 то 6-сола дар муассисаҳои томактабӣ дар ин сол бояд дар сатҳи 40% қарор гирад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта сухангӯи Вазорати маориф Эҳсони Хушбахт дар шарҳи норасоии кӯдакистонҳо изҳор дошта буд, ки ин ҳолат бо сабаби маблағгузории нокофӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст.

“Таҳлил нишон медиҳад, ки  яке аз мушкилоти асосӣ – маблағгузории нокофӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муносибати хунукназарона ба таҳсилоти томактабӣ аст”, – изҳор дошта буд ӯ он замон ба “Азия-Плюс”.

ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид) низ чунин изҳори назар карда буд.

“Маблағгузории давлатӣ ба таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 6% аз буҷети умумӣ ба соҳаи маориф ва 0,34% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад”, – зикр шуда буд он замон дар гузориши онҳо.

ВКХ Русия қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро вобаста ба бекор шудани маҳдудиятҳо шарҳ дод

Вазорати корҳои хориҷии Русия қоидаҳои вурудро ба шаҳрвандони хориҷӣ пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 шарҳ дод, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

“Ситоди фаврии муқовимат бо сирояти нави коронавируси Русия тасмим гирифт, ки маҳдудиятҳои муваққатии марбут ба эпидемия барои гузаштани сарҳади давлатии Русия бекор карда шавад”, – зикр кардаанд дар ВКХ Русия.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз бекор шудани маҳдудиятҳо, мисли пешин ба ҷуз шиноснома ва раводид (дар сурати зарурат), боз ПСР-тест бо натиҷаи манфии сироят аз коронавирус лозим аст.

“Талаботи пешниҳоди асноди тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии ташхиси омзишгоҳӣ ба COVID-19 бо методи ПСР барои хориҷиёни ба Русия воридшаванда (ба истиснои шаҳрвандони Беларус, ки бо нақлиёти автомобилӣ меоянд) боқӣ мемонад”, – зикр мешавад дар хабари ВКХ.

Ғайр аз ин, дар ВКХ изҳор доштаанд, ки аз 15 июли соли равон маҳдудиятҳои сафари шаҳрвандони Русия ба берун аз ҳудуди кишвар тариқи гузаргоҳҳои заминӣ низ бекор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз 15 июли соли 2022 ҳамаи маҳдудиятҳои муваққатӣ, ки бо сабаби муқовимат бо коронавирус дар Русия ҷорӣ гардида буданд, бекор карда мешаванд.

Аз ҷумла реҷаи ниқобпӯшӣ, манъи кори шабонаи нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва як қатор маҳдудиятҳои дигар аз ин ҷумлаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend