fbpx

Танҳоиву қаҳваю сигори Хуршед Мустафоев


3
261 shares, 3 points
Намоишномаи Тартюф

Хуршед Мустафоев ҳунарманди муваффақи тоҷик ба сомонаи YOUR.tj дар бораи зиндагии шахсӣ, фаъолияти эҷодӣ ва мушкилоти рӯзгори хеш қисса намуд. Ӯ танҳоиро дӯст медорад, сигору қаҳваро хушбахтии зиндагиаш медонад, ки сабабашро дар поён ба шумо қисса мекунем.  

Кам нестанд, филму намоишномаҳое, ки Хуршед нақш офаридаасту он аз ҷониби тамошобин гарму самимӣ истиқбол наёфта бошад. Дӯстону ҳамкоронаш мегӯянд, “Хуршед доимо барои иҷрои нақш омода аст ва барои ӯ танҳо 1 финҷон қаҳва ва сигор кифоя аст, ки худро барои иҷрои нақш омода кунад”.

Давраҳои кӯдакӣ – маҳрумӣ аз меҳри падар

Хуршед Мустафоев 3-юми сентябри соли 1978 дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ дар оилае ба дунё омадааст, ки волидонаш аз ҳам ҷудо зиндагонӣ мекарданд. Падараш зани дигаре дошт ва хеле кам ба дидорбинии фарзандаш меомад. Вале новобаста аз ин  айёми кӯдакиашро хеле хуб паси сар кардааст. Ҳама орзуҳо ва хостаҳои кӯдакиашро барояш модар муҳайё мекард. Дар зиндагӣ ба модараш меҳри беандоза дорад ва дар ҳаёти худ ӯро аз ҳама шахс боло медонад.

“Модарам дар ҳаётам ҷойгоҳи махсус дорад, чун ҳама он чизе, ки ман дар зиндагӣ ноил шудам ба шарофати ӯ буд. Хотирае дорам, ки ҳеҷ гоҳ аз ёдам фаромӯш намешавад. Моҳи ноябр ва ҳаво хеле сард буд. Пояфзоли кӯҳнаам танг шуда буду почаамро мезад, дар хунукӣ хеле азоб мекашидам. Аз падарам хоҳиш кардам, то бароям попӯшӣ бихарад. Ӯ хуб гуфту ба ҳамин дигар хона наомад. Ман зиёда аз як ҳафта бо он попӯшии кӯҳна ва танг ба мактаб мерафтам. Почаҳоям обила бастанд, хеле дард мекашидам,вале ба модарам чизе намегуфтам. Рӯзе модарам обилаи пойҳоямро диду бегоҳ рафта бароям попӯшӣ овард. Ин хел воқеаҳо дар кӯдакиям зиёд буданд”,- ба ёд меорад Хуршед.

Намоишномаи Гамлет

Хуршед мехост, ҳадди ақал падараш ӯро сарзаниш кунад, на меҳрубонӣ, аммо ӯ инро низ барои фарзандаш намекард. Бо вуҷуди ин ҳама, Хуршед шукр мегӯяд, ки падар дорад ва орзу дорад, ки ӯ то охири умр соябони сараш бошад.

Ҳуҷҷатсупории тасодуфӣ ба факултаи актёрӣ

Хуршед дар овони кӯдакӣ орзу мекард, ки раққоси рӯи яхӣ ё ҳавонавард шавад, вале ҷанги шаҳрвандӣ, орзуҳои кӯдакии ӯро ба ҳам зад. Баъд аз хатми мактаби миёна хост, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорад, вале бо гумони он ки имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супорида метавонад ё не, аз он даст кашид. Он замон журналистика, яке аз ихтисосҳои серталаб буд ва довталабони факулта хеле зиёд буданд. Бо машварати модар хост, ҳуҷҷатҳояшро ба ихтисоси сурудхонии Донишкадаи санъат супорад, аммо нохост ба факултаи актёрии ин донишкада супорид.

“Ман шахси чапдаст мебошам ва ҳама корро аз тарафи чап шурӯъ мекунам. Вақте ба толори ҳуҷҷатсупории донишкада даромадем аз дасти чап нигоҳ карданро оғоз кардам. Баъдан чашмам ба Фаррух Қосимов афтид ва ӯ маро наздаш даъват кард. Гуфт: “Ба куҷо мехоҳӣ ҳуҷҷат супорӣ?  Намехоҳӣ актёр шавӣ, чун дар он метавонӣ рақс, ҳофизӣ, шеърхонӣ ва чанд касби дигарро омӯзӣ”. Барои ман фарқ надошт, муҳим мехостам, ки донишҷӯ шавам. Фаррух Қосим маро қабул кард ва мо дар театри Аҳорун барои имтиҳонсупорӣ омодагӣ дидем ва онро супорида қабул шудем. Баъд аз хайрухуш бо Фаррух вақти баромадан дидам, ки сурудхонӣ аз тарафи дасти рост будааст”, – бо завқ нақл мекунад ҳунарманд.

Филми тоҷикии “Тасфия”

Ӯ соли 1999 донишкадаро хатм мекунад. Тӯли солҳои донишҷӯи дар театри Аҳорон ба ҳайси актёр фаъолият кардааст ва пас аз хатми донишкада низ дар театри мазкур мемонад.

Ҳунарманди тасодуфӣ, вале муваффақ

Соли 1999 пас аз хатми донишкада Фаррух Қосимов намоишномаи “Қиссаи ишқ”-ро аз рӯи асари “Ромео ва Ҷулиета”-и Шекспир ва “Лайливу Маҷнун”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ба саҳна мегузорад.  Нақши марказиро ба Хуршед бовар мекунад. Намоишномаро тамошобинон хеле хуб қабул карданд ва онро такроран соли 2001 дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту” рӯйи саҳна мегузоранд. Дар ҷашнвора Хуршед аввалин ҷоизаи худ, “Беҳтарин нақши мардона”-ро соҳиб мешавад.

Моҳи августи соли 2001 пас аз ҷашнвораи “Парасту” Хуршедро ба театри русӣ драмавии ба номи Маяковский ба кор даъват мекунад. Ӯ то соли 2005 дар ду театр фаъолият мекард. Аммо пас аз дар як рӯзу вақт иттифоқ афтодани нахустнамоиши ду спектакл ва азоби ҷисмонӣ расман ба театри Маяковский гузашт. То имрӯз онҷо фаъолият дорад. Аз соли аввали фаъолияти худ, то имрӯз танҳо нақшҳои марказиро иҷро кардааст.

Тӯли фаъолияти хеш ҳама нақшҳои дӯстдоштаашро иҷро кардааст: Зардушт, Юсуф паёмбар, Ромео, Гамлет, Эдмонд, Тартюф, Аргон, Шайтон, Гамлет ва ғайраҳо.

“Шайтон” – ро дӯст медорам

Хуршедро иҷрои нақши Сатана (Шайтон) аз намоишномаи “Грех Каина” азоби зиёди руҳӣ додааст. Дар вақти иҷрои ин нақш ҳамкоронаш ба ӯ мегуфтанд, “худатро ба даст гир, боз яке девона нашавӣ”. Гарчанде коргардон аз тарзи иҷрои нақш розӣ буд, вале Хуршед онро қабул намекард ва мехост, ки зеботару ҷаззобтар офарад.

Ӯ мегӯяд: “Ёдам ҳаст, пас аз намоиши спектакл бо коргардон Барзу Абдураззоқов ҳамсуҳбат шудему ӯ гуфт: “Медонӣ барои чӣ ту азоб кашидӣ? Барои он ки ту шайтон нестӣ, ту наметавонӣ шайтонӣ кунӣ”. Шайтон – фариштаи дасти рости Худованд буд ва баъдан ронда шуд. Ман фаришта нестам – инсонам. Он чизҳое ки Шайтон дорад, мо инсонҳо надорем. Ҳар лаҳзаи ба саҳна баромадан аз Худованд ва шайтон бахшиш мепурсидам, то мабодо дар нақш хатоие бикунам. Нақши Шайтонро хеле зиёд дӯст медорам. Он нақши азобдода ва дӯстдоштарини ман аст”.

5 соли бехонагӣ ва зиндагӣ дар як ҳуҷраи театр

Хуршед Мустафоев новобаста аз муваффақиятҳо ва 25 соли рӯйи саҳна будану муаррифии Тоҷикистон дар кишварҳои берун, то ҳол хонаи шахсии худро надорад. Ӯ айни ҳол дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад, ки қисми зиёди маблағи дарёфт мекардаашро ба иҷаропулӣ медиҳад.

Панҷ соли аввали корӣ аз сабаби гирифтани маблағи ночиз дар як утоқчаи театр, бидуни шароит  зиндагонӣ кардааст. Панҷ соли зиндагӣ дар театр беҳтарин солҳои ҳаёташ буд. Буданд шабҳое, ки ҳамкурсонаш Суҳроб Ҷанҷолов, Ҳасан Чиллаев, Нарзулло Абдуллоев ва дигарон ҳамроҳаш меистоданд.

Хуршед мегӯяд: “Рафиқон ва мухлисонам фикр мекунанд, ки ман дар филмҳои зиёд нақш меофарам, маблағи калон дорам ва зиндагиам мисли филмҳо хеле зебо ва боҳашамат мегузарад.  Вақте мебинанд, ки ман на мошин ва ҳатто хонаи шахсиамро надорам ҳайрон мешаванду мепурсанд, “барои чӣ надорӣ?”. Филмҳои тоҷикӣ онқадар маблағи калон намедиҳанд, ки мо хонаҳои боҳашамат дошта бошем. Худамро ба ҳар сӯй мезанам, то пули зиндагиамро диҳам, зиндагии ман ҳамон маблағи квартира мебошад. Пули ҷамъмекардаам барои квартира меравад. Шикоят намекунам, аммо вақте хонаи худ набошад дигар аст. Умед дорам, ки рӯзе дар қатори дигар ҳамкасбон ба мо низ аз ҳукумат хона туҳфа мекунанд(туҳфаи президент ба ҳунармандони “Лаҳзаи гуворо”,- аз идора).

Танҳоӣ ва ҷудоӣ аз маъшуқа

Хуршед айни ҳол танҳост, вале қабл аз ин бо дӯстдоштааш зиндагии муштарак дошт. Бо ҳамроҳи дӯстдоштааш тӯли 8 сол дар никоҳи шаҳрвандӣ (гражданский брак) буданд. Пас аз 8 сол онҳо дарк карданд, ки бо ҳам наметавонанд зиндагии якҷоя созанд ва аз ҳамдигар дӯстона ҷудо шуданд. Онҳо то ҳол байни ҳам риштаи дӯстӣ доранд. Пас аз ҷудоӣ бо маъшуқа Хуршед натавонист ҳаёти худро ба нафари дигар пайвандад.

“Ман эҳсос мекунам, ки то охир ҳаминхел танҳо мемонам, чун ба танҳоӣ одат кардаам. Наметавонам зиндагиамро бо нафари дигар пайвандам. Танҳоӣ, сигор ва қаҳва хушбахтии ман дар зиндагӣ шудааст. Ин чизҳо хушбахтии имрӯзаи ҳаётам ба ҳисоб мераванд. Ҳар пагоҳӣ вақте аз хоб мехезам, қаҳва тайёр мекунам, хонаро бӯйи қаҳва пур мекунад ва ман сигор гирон мекунам, бароям ин хушбахтӣ аст.

Ман хеле зиёд танҳоиро дӯст медорам. Вақте танҳо мемонам хушбахтам. Агар дигарон миллион ёбанду хушбахт шаванд, ман аз танҳоиям хушбахтам”,- мегӯяд Хуршед Мустафоев.

Пандемия зиндагии ҳунармандонро душвор кард

Хуршед дар як моҳ зиёда аз 3500 сомонӣ кор мекард, аз ин 2000 сомониашро ба иҷорапулӣ, 500 сомониро барои хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайраҳо месупорид. Боқимондаи маблағро барои рӯзгузаронӣ сарф мекунад.

Хуруҷи бемории коронавирус ба наворбардорӣ ва дубляжи филмҳо таъсири худро расонид ва сабти онҳо ба муддати муайян ба мавқуф гузошта шуданд. Аз моҳи март инҷониб ҳунарманд маоши театрро интизор мешавад ва бо он рӯз мегузаронад. Ӯ хурсанд аз он аст, ки фаъолияти театрҳоро пурра қатъ накарданд ва ҳунармандонро ба рухсатии бемузд нафиристоданд. Онҳо дар муддати танаффус, ки омадани тамошобинро ба театр манъ карданд, намоишномаеро омода кардаанд. Мунтазиранд, ки кай барои омадани тамошобинон ба театр иҷоза дода мешавад ва онҳо намошро ба саҳна мегузоранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
261 shares, 3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend