Занону кӯдаконе, ки аз Сурия оварда шуданд, дар истироҳатгоҳҳо нигоҳдорӣ мешаванд
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар гуфт, 42 зан ва 104 кӯдаке, ки чанд рӯз пеш аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, дар истироҳатгоҳҳои кишвар нигоҳдорӣ мешаванд ва зери назорати мақомот қарор доранд.
Қурбонзода имрӯз, 2 август дар нишасти матбуотӣ ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба он ки гуфта мешавад, бархе заноне, ки аз Сурия оварда шуданд, дастгир ва дар боздоштгоҳ қарор доранд, ҷавоби рад дод ва гуфт, ҳамаи онҳо дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Номбурда афзуд, ки дар масъалаи бозгардонии занону кӯдакон ду сол гуфтушунид идома дошт ва ахиран бо ташаббуси роҳбарияти давлат онҳо баргардонида шуданд,
“Аз ҷониби тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон, вазоратҳои маориф ва илм, танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки ба онҳо вобастаанд, гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ин гурӯҳ қариб ҳамарӯза аз аҳволи онҳо хабар мегирад ва бо онҳо суҳбат мекунад”, – гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Ӯ эътироф кард, ки вазъияти равонии онҳо бад буда, баъди баргаштан дар минтақаҳои ҷангӣ ба онҳо вақт лозим аст, ки ба шароти имрӯза мутобиқ шаванд.
“Чунки солҳои зиёд онҳо дар дохили ҷанг буданд. Имрӯз ҳам аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи кор бо занон гурӯҳҳои кории ҳуқуқшиносон ва равоншиносон кор карда истодаанд. Як рӯз равоншиносони гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва рӯзи дигар равоншиносони Кумитаи кор бо занон ва оила бо онҳо кор карда истодаанд, – афзуд раиси кумитаи занон ва оила.
Қаблан, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд, ки, 146 зану кӯдаке, ки аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, пурра солиманд ва эҳтимол дар зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ҷой дода шаванд.
Вазири тандурустӣ дар робита ба тақдири 84 кӯдаке, ки моҳи апрели соли 2019 аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуда, дар сохторҳои тобеи вазорат нигоҳдорӣ мешуданд, гуфта буд, ки онҳо дар 2 маркази дастгирии модару кӯдаки муассисаҳои Вазорати тандурустӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва то ба ҳол ба наздиконашон дода нашудаанд.
“Вақте онҳо ба синни 7- солагӣ мерасанд, барои таҳсил ба Вазорати маориф ва дар синни 16-солагӣ барои касбомӯзӣ ба Вазорати меҳнат равона карда мешаванд”, – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Шаш моҳи охир дар Тоҷикистон 250 ҳолати зӯроварии занон алайҳи мардон сабт шудааст
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 250 мавриди хушунати занон алайҳи мардон сабт шудааст. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотӣ Хилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Номбурда зикр кард, ки тибқи омори Вазорати корҳои дохилӣ, шумораи умумии муроҷиати шаҳрвандон оид ба зӯроварӣ ё хушунат 1 ҳазору 523 нафарро ташкил медиҳад. Бештари шикоятҳо (1273) аз заноне будааст, ки нисбати онҳо аз ҷониби мардон зӯроварии оилавӣ истифода шудааст.
Далелҳои шикоят дар бораи зӯроварӣ дар оила нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳамагӣ 9 ҳолат кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, дар марказҳои иттилоотии ноҳияҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр 478 мавриди зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст.
«Бо мақсади ҳалли ин мушкил аз ҷониби кумита як қатор чорабиниҳои пешгирикунанда ва сӯҳбатҳо бо оилаҳо ва ҳамсоягони онҳо гузаронида мешавад, то ҳамаҷониба омӯхтани мушкилот ва мусоидат ба наҷоти оилаҳо мусоидат намояд», – гуфт раиси кумита.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон 548 далели хушунати занон нисбат ба мардон сабт шудааст.
Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз 3 млрд доллар зиёд шуд
Қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи соли равон 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август сардори раёсати молиявии ширкат Рустам Маҷидзода.
Ӯ зикр кард, ки ширкат аз НБО “Сангтӯда-2” – 2,8 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-1” – 2,4 млрд сомонӣ, “Ориёнбонк” – 2 млрд сомонӣ ва Вазорати молия (ҳукумат) – 23,6 млрд сомонӣ қарздор аст.
Қарз дар назди Вазорати молия аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ба вуҷуд омадааст. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои гуногун қарзҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогона ҷалб шуданд. Бо истифода аз ин қарзҳо неругоҳҳои барқи обӣ таъмиру навсозӣ гардида, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин дигар иншооти зербиноӣ сохта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, қарзи дебитории ширкат (қарзҳои дигарон аз худи ширкат) ба ҳолати 1 июли ҳамин сол зиёда аз 3,4 млрд сомониро ташкил додааст, аз ҷумла аҳолӣ барои истифодаи барқ 1,3 млрд сомонӣ қарздор шудааст.
Қобили зикр аст, ки байни ҳамаи корхонаҳои кишвар “Барқи тоҷик” аз ҳама зиёдтар қарз дорад. Қарзи кредитории ширкат (қарзи ширкат аз дигарон) ба аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.
Яке аз далелҳои вазъияти душвори молиявии худро ширкат чунин маънидод мекунад, ки таърифаҳо (тарифҳо) ба барқ паст аст.
Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизмати десантчиёни тоҷик шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 2 август ҷиҳати иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик ва бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши ҳайати шахсии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, ба машқгоҳи ҳарбии “Фахробод” дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф овард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҳудуди машқгоҳи мазкур бо намунаи як қатор техникаҳои вазнини муосири ҳарбӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозирамони ҷангӣ ва аз бинову иншооти ёрирасони ҳайати шахсии ин ҷузъи низомӣ шинос шуд.
Гуфта мешавад, президент ҳамчунин аз нонпазхона ва ошхонаи саҳроӣ, ки дар як гӯшаи дигари машқгоҳи Фахробод, ба таври намунавӣ ташкил гардида буд, боздид намуд.
Зикр мегардад, ки дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод, теъдоди муайяни як ҷузъи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешавад. Машқгоҳ ҳамчун Маркази таълимӣ низ барои тайёр намудани десантчиёни ҷавон истифода мегарданд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба маркази баргузории чорабинӣ, ки машқҳои махсуси тактикӣ ва гузашти низомӣ пешбинӣ гардида буд, ташриф овард.
Дар ин ҷо ба сарвари давлаӣ тарзи ташкил ва тарҳрезӣ намудани амалиёти десантчиён, бурдани разведкаи заминиву фазоӣ, интиқоли қувва ва воситаҳои гурӯҳҳои баталионӣ-тактикии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба минтақаи иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, бо тактикаву усулҳои хос тасарруф ва нобудсозии пойгоҳи террористӣ, тавассути чархболу ҳавопаймо дар баландиҳои гуногун ва талу теппаҳои ноҳамвор бо усули ҷаҳидану тариқи парашутҳо аз ақибгоҳи душман фуруд овардани десанти фазои тактикӣ, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона таъмини ҳайати шахсӣ бо воситаҳои моддиву техникӣ, пурра торумор намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва дигар унсурҳои зиддитеррористӣ амалан нишон дода шуд.
Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, яке аз нерӯҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб рафта, он дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ як қатор уҳдадориҳои муҳимро доро мебошад. Аз ҷумла, се баталиони десантӣ аз ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати нерӯҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ва Бригадаи десантии он бошад, пурра ба ҳайати Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомиланд.
Баъд аз анҷоми машқҳои махсуси тактикӣ ва дигар бахшҳои ин чорабинӣ, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, дар маркази майдони машқгоҳи ҳарбӣ саф оростанд.
Баъди садо додани Суруди миллӣ президенти Тоҷикистон дар назди ҳайати шахсӣ бо нутқи пурмӯҳтаво суханронӣ кард. Пас аз анҷоми суханронии сарвари давлат, бо амри командири Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва таҳти созу навои оркестрӣ ҳарбӣ-нафасӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид.